Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОИЛА - МАКОНИ МАЪРИФАТ, МЕҲР ВА САДОҚАТ
single-product

ОИЛА - МАКОНИ МАЪРИФАТ, МЕҲР ВА САДОҚАТ

2025-05-15 17:25:44

«Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Оила ин аввлмабдаи тарбияи ҳар як инсон, сарчашмаи омӯзиши ақлу хирад, мактаби инсонпарвариву ватандӯстӣ, макони меҳру муҳаббат ва асоси саодати мардуми ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамбастагӣ ба мавқеи оила бояд гуфт, ки ҳамасола 15-май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳҳид эълон гардидааст. Дар пайвастагӣ ба ин қарори болозикр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила мавқеи арзишнок дошта, баҳри устуворӣ ва ҳифзу нигоҳдошти он чораҳои зарурӣ андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва кодекси алоҳида амал мекунад.

Ҳифзу ҳимояи оила ҳамчун асоси солимии ҷомеа аҳамияти бештар пайдо карда, давра ба давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, барои танзими кори оила, ҳифзи арзишҳои он, баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо ва дигар унсурҳои мусбати оилаҳо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 №682, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 28 феврали соли 2013 №478, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълим ва тарбияи кӯдак" аз 20 июни соли 2024 №2049 амал мекунанд.

Ёдовар шудан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ пурра барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти оилаҳо равона гардидааст. Ин қонун ба он мусоидат мекунад, ки оилаҳо ба исрофкорию зиёдаравӣ даст назада, маблағҳои худро сарфи корҳои манфиатдор намоянд.

Масъалаи дигари асосӣ дар ин ҷода дар кишвар ин пешгирии пошхӯрии оилаҳост. Маврид ба зикр аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шуда истодаанд. Барои амалисозии ин ҳадаф ва профилактикию ташвиқотӣ роҳбарони ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзиш, Вазорати адлия (раёсату бахшҳои САҲШ), мақомоти суд ва прокуратура ва дигар институтҳои иҷтимоӣ, ба монанди донишгоҳу донишкада ва коллеҷу муассисаҳои таълимӣ муваззафанд.

Хуллас, метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ниҳоди хеле муҳим ва муқаддаси ҷомеа буда, хушбахтӣ, дӯстӣ, меҳру муҳаббат ба ватану модар аз он ба фарзандон омӯзанда мешавад. Солим ва маърифатнок будани оила пеш аз ҳама аз волидон вобаста аст, то фарзандони хушахлоқу ватандӯсту инсонпарварро барои ҷомеа тарбия созанд.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,н.и.п.,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб