
"АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИНЪИКОСГАРИ ТАЪРИХИ ГУЗАШТАВУ ИМРӮЗ"
2025-05-15 17:17:04
Таҳти
ҳамин унвон дар "Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода", бо ташаббуси
кафедраи "Фанҳои гуманитарӣ" оид ба асарҳои Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд. Чорабинӣ бо садо додани
суруди миллӣ оғоз гардида, сипас аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои илм
ва инноватсия, Ҳикматова Шоира Ҳидоятовна меҳмонон муарифи карда шуд.
Дар
конференсия Маҳмудов Давлатшоҳ, омӯзгори калони кафедраи таърихи халқи тоҷики
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамзамон мудири
шуъбаи робита бо ҷомеаи донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд
карданд, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши
амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ,
ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин
васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои
миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ,
ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи
Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус
донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли
таҳсили 2024-2025 “Соли мутолиаи асарҳои Пешвои миллат" эълон карда
шудааст.
Дар
кори конференсияи маърӯза аз ҷониби мудири кафедраи "Фанҳои
гуманитарӣ" Шарипов Зариф Зайниддинович дар мавзӯи китоби Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон "Уфуқҳои истиқлол", маърӯза аз ҷониби ҳуқуқшиносӣ муассиса
Ғафуров Умед Меликбоевич, дар мавзӯи "Аҳамияти таърихии асарҳои Пешвои
миллат" ва маърӯза аз ҷониби омӯзгори кафедраи "Фанҳои
гуманитарӣ" Холова Нисо дар мавзӯи "Зиндагинома ва корнамоиҳои
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, ки
иштирокчиён ба худ ғизоӣ маънавӣ гирифтанд.
Дар
фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуда аз
донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамеша дар пайи омӯзиши асарҳои Пешвои
миллат бошанд, зеро дар онҳо таърихи пурифтихори миллати тоҷик дарҷ гардидааст.
