
НАҚШИ ОИЛА ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
2025-05-16 11:28:35
Оила ин сарчашмаи муҳаббат, боварӣ, эҳтиром, якдилӣ ва
дилбастагӣ мебошад, ки маҳз бар ин мафҳумҳо ҷомеаи мутараққӣ рушд ёфта, бе онҳо
мавҷудияти инсон ғайриимкон мебошад. Тавре, ки ба мо маълум аст дар даврони
Шуравӣ мафҳуми оила ҳамчун ячейкаи аввали ҷомеа муаян шуда воҳиди ҳисобгирӣ дар
омори давлатӣ ба ҳисоб мерафт.
Бояд қайд намоем, ки то
инҷониб таърифҳои бисёри оила ҷой дорад, ки онҳо аз шароитҳои конкретии таърихӣ
этникӣ ва иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва инчунин вазифаҳои татқиқотӣ вобаста буда, ячейкаи
мустаъқили ҷомеъа ба дигар институтҳои иҷтимоӣ алоқаманд мебошад.
Маҳз
ба ҳамин хотир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи
хеш ба роҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо таъкид намуданд, ки дар панҷ соли
оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки
100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои
зарурӣ андешанд, ки ин барои солимии ойла, баланд бардоштани сатҳи дониши
кӯдакон дар рушди давлатдории миллӣ мебошад.
Ҳамзамон 22.12.2022 қайд намуданд, ки бо
мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода
мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани
андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии
амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур
мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблаѓҳо чораҷӯӣ
намояд, ки ин бо пуррагӣ амалӣ гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки хоҷагии хонагӣ-ячейкаи
иҷтимоӣ-иқтисодиест, ки одамонро пайдоиши муносибат ҳангоми ташкил ва зиндагии
муштарак мутаҳид месозад. Фарқияти принсипиалии мафҳуми хоҷагиҳои хонагӣ аз
мафҳуми оила аз он иборат мебошад, ки хоҷагии хонагӣ аз руи ҳайати шахсон, ки
бо аҳли оила хоҷагии хонагиро пеш мебаранд вале бо аъзоёни оила хешу таборӣ
надоранд васеътар мебошанд. Ба чунин шахсон дохил мешаванд: хизаматгорҳо,
дояҳо, муаллимони хонагӣ коркунони кироя ва ғайраҳо.
Ҳайати оила бо ёрии тақсимоти оила
хоҷагиҳои хонагӣ аз руи аломатҳои демографӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва
мувофиқаоварии аз рӯи сину сол, ҳолати никоҳ, ҳолати оилавӣ, миллати аъзоёни
хоҷагии хонагӣ, манбаҳои зиндагӣ, шуғл ва ғайра тавсиф карда мешавад.
Хонавода - ин маҷмӯи шахсоне мебошанд, ки
дар як хонаи истиқоматӣ чӣ алоқаманд ва чӣ муносибати хешовандӣ надошта
истиқомат мекунанд ва буҷети умумӣ доранд. Хонавода метавонад аз як нафар
иборат бошад.
Танзими оила - ин аз тарафи зану шавхар
(фард) қабул намудани қарори оид ба теъдоди оила, хусусан оид ба теъдоди атфол,
ба фаъолияте, ки барои амали кардани чунин қарорҳо мусоидат мекунад. Аз тарафи
Қонунгузории Ҷумҳури бошад «Дар ҳолатҳое, ки муносибатхои байни аъзои оила бо
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида
бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи граждани, ки бевосита ин
муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи
мохияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқии оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи граждани, ки
муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун),
истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу ухдадориҳои аъзои
оила, бо назардошти асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи граждани (қиёси ҳуқуқ),
инчунин принсипи башардӯсти, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд.
Танзими оила натанҳо барои таваллуд шудани
адади дилхоҳи фарзандон дар оила ва ҳифзи онҳо, балки барои муайян намудани
вақти таваллуди фарзанд вобаста аз синну соли волидайн ва шароити иҷтимоӣ -
иқтисодӣ, танзим сохтани фосилаи байни таваллудшавии фарзандон ва роҳ надодан
ба ҳомиладории ғайридилхоҳ, аҳамият дорад.
Танзими оила барои кам шудани фавти
кӯдакон, таҳкими саломатии модару фарзанд, камшавии безуриётии дубора мусоидат
мекунад. Самаранокии танзими оила аз огоҳии одамон дар бораи усулҳои назорати
таваллуди қудакон, дастрас ва қобили қабул будани ин усулҳо барои навъҳои
гуногуни оила, вобастаст.
Умуман, дар баъзе давлатҳои хориҷӣ ва
ташкилотҳои байналмилалӣ зери унвони банақшагирии оила барномаҳои танзими оила,
ки баъзан онҳо барномаҳои «Назорати тавлид» ном доранд, фаҳмида мешаванд, яъне
маҷмӯи иқдомоте, ки барои ташвиқи маҳдудкунии таваллуд дар оилаҳо равона карда
шудаанд.
Тиллоева
Ситора, директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуповаи шаҳри Душанбе