Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > “ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ”
single-product

“ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ”

2025-05-15 17:32:39

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назира Ҳайдарова, мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Кӯлоб Марям Саймуминзода ва мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро муовини директор оид ба корҳои таълим Ҳусейнов З. А. ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро барои ташрифашон ба чорабинии мазкур хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдориву устувории истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд.

“Ташкил намудани оила, ки он ба сифати муҳимтарин ва хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Таъсири рафтор бештар аз таъсири гуфтор аст. Ин маъно ифодагари он аст, ки инсон бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештарро дар оила ва ҷомеа мегузорад. Ҳамин василаи муносибат метавонад, ки дар сиришти инсони дигар хулқу атвори созандаву накӯро парвариш диҳад”, - гуфт номбурда.

Дар идома меҳмонон ба сухан баромада, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳозиринро ба Рӯзи байналмилалии оила табрик намуданд.

Онҳо зимни суханронии худ иброз доштанд, ки дар кишвари мо дар асоси сабти никоҳ, ки дар идораҳои давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта мешавад, ҷавонон бо хоҳиши тарафайн оила бунёд мекунанд. Хушбахтии оила маҳз аз ҳамин паймони дуҷониба сарчашма мегирад. Солимии рӯҳиву ҷисмии аъзоёни оила солимии ҷомеаи моро муайян менамояд. Оилаҳои як қавм масъуду бахтиёр набошанд, он қавмро масъуду бахтиёр гуфтан хатост.

Дар идомаи ҳамоиш сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот Ҳамроева С. бо маърӯза дар мавзӯи «Оила-ниҳоди муқаддас» ва муаллими калони кафедраи педагогика ва психология Султонова М. дар мавзӯи «Оила пойдевори давлатдорист» баромад намуданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни муассиса пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гашт.