Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОИЛА - ТАКЯГОҲИ АСОСИИ ҶОМЕА ВА КАФИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ
single-product

ОИЛА - ТАКЯГОҲИ АСОСИИ ҶОМЕА ВА КАФИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ

2025-05-15 17:35:14

Ҳамасола 15 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин санаи муҳими иҷтимоӣ бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти оила, эҳтиром ба арзишҳои суннатии миллӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои оиладорӣ, тарбияи фарзандон ва таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа пазируфта шудааст.

Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Оила ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими ҷомеа ва аввалин муҳити тарбиядиҳандаи инсон дар пойдории давлат ва рушди миллат нақши бузург дорад».

Оила, дар фарҳанги миллати куҳанбунёди мо, на танҳо як воҳиди иҷтимоист, балки мактаби инсонсоз, пояи ахлоқ, маркази муҳаббат ва таҷассуми меҳру садоқат ба ҳисоб меравад. Дар он наслҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба арзишҳои анъанавӣ ва умумибашарӣ тарбия меёбанд.

Имрӯз, дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоиву фарҳангӣ бо суръати бесобиқа ҷараён доранд, ҳифзи арзишҳои оилавии миллӣ ва таҳкими пояҳои ахлоқиву маънавии он муҳимтарин вазифаи ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, таъсири омилҳои беруна, шомилшавии ҷавонон ба фарҳангҳои бегона, коста шудани эҳсоси масъулият ва сардшавии муносибатҳои оилавӣ дар баъзе ҳолатҳо боиси мураккаб гардидани вазъи равонии ҷавонон ва косташавии устувории хонадони онҳо мегардад.

Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба масъалаҳои иҷтимоии оила, хусусан дастгирии оилаҳои ҷавон, тарбияи маърифатии волидон ва таъмини заминаҳои иқтисодии устувории хонавода таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Қабул ва амалисозии қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, худ шаҳодати он аст, ки оила дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.

Бо ифтихори баланди ватандорӣ изҳор медорам, ки ҳар яки мо бояд дар роҳи устувор нигоҳ доштани оила, тақвияти меҳру муҳаббат миёни ҳамсарону фарзандон, эҳтиром ба калонсолон, дастгирии модарону хоҳарон ва тарбияи фарзандони боодобу ватандӯст талош намоем.

Изатулло РАҲМОНЗОДА,

директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор