
АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ҶОМЕА
2025-05-15 17:18:19
Оила
арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии
инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки
барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила
устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва
амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии
ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекукнад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи
насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад.
Дар
замони пуртаҳаввули ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои инсонӣ бо суръат тағйир
меёбанд ва равандҳои иҷтимоиву фарҳангӣ шаклҳои навро касб мекунанд, арзишҳои
оилавӣ ҳамчун сутуни устувори ахлоқ ва маънавияти ҷомеа боқӣ мемонанд. Рӯзи
байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, на танҳо як санаи
рамзӣ, балки фурсати муҳимест барои андеша кардан перомуни нақши оила дар
тамаддуни инсоният, тарбияи фарзанд, ва таҳкими пояҳои маънавии зиндагии
инсоният.
Фалсафаи
ҳастии инсон ҳамеша ба масъалаи оила ва рисолати он дар шаклдиҳии шахсият
таваҷҷуҳи амиқ доштааст. Аз Арасту то Фаробӣ ва аз Зардушт то Ҷалолиддини
Балхӣ, мутафаккирон ва пайғамбарон оиларо ҳамчун мактаби аввалини ахлоқ ва муҳити
ташаккули муҳаббат, эҳтиром ва масъулият мешумурданд. Ин арзишҳо имкон
медиҳанд, ки инсон дар муҳити орому боэътимод ба камол расад ва муносибатҳои
иҷтимоии солимро дар ҷомеа бунёд намояд.
Дар фарҳанги тоҷик, ки бар пояи анъанаҳои
бостонӣ ва динию маънавӣ устувор аст, оила ҳамеша мақоми муқаддасро ишғол
мекунад. Оила на танҳо пайвандест миёни наслҳо, балки як низоми пурраи ахлоқӣ
ва маънавист, ки дар он кӯдак аз рӯзҳои аввали зиндагӣ забон, одоб, меҳрубонӣ
ва эҳтиромро меомӯзад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои
худ борҳо таъкид кардаанд, ки "Оила - асоси ҷомеа ва мактаби аввалини
зиндагист" ва маҳз тавассути эҳёи арзишҳои оилавӣ метавонем ба тарбияи
насли солим ва ватандӯст ноил гардем.
Дар шароити имрӯза, ки масъалаҳои
муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии тарзи ҳаёт, ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба
муносибатҳои анъанавии оилавӣ рӯ ба афзоиш дорад, нақши давлат ва ҷомеа дар
ҳифзи пояҳои оилавӣ муҳимтар мегардад. Барномаҳои тарбиявӣ, дастгирии иҷтимоӣ,
баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону мардон ва рушди фарҳанги масъулияти
оилавӣ метавонанд воситаи муассири ҳифзи арзишҳои маънавӣ бошанд.
Таҳкими оила ҳамчун муҳити маънавии инсон
бояд як вазифаи умумимиллӣ бошад. Зеро ҳар гоҳе ки оила суст гардад, ҷомеа низ
ба буҳронҳои ахлоқиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегардад. Оила маҳз он муҳитест, ки
инсон муҳаббат, меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, сабру таҳаммул ва масъулиятро дар он
таҷриба мекунад, яъне унсурҳое, ки барои ҳама гуна рушди шахсӣ ва устувории
ҷомеа заруранд.
Рӯзи Оила - на танҳо як иди рамзӣ, балки
имконияти ҷиддӣ барои таҳкими муколама дар дохили оила, баланд бардоштани
маърифати оиладорӣ ва бознигарии нақши ҳар як узв дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
Он моро водор месозад, ки ба оила ҳамчун як арзиши муқаддас ва бунёдӣ нигоҳ
кунем ва барои ҳифзи он тамоми саъй ва нерӯямонро равона созем.
Оила - макони тарбияи ахлоқ, мактаби
муҳаббат ва асоси суботи иҷтимоист. Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза, маҳз
арзишҳои оилавӣ метавонанд ҷомеаро аз парокандагӣ ва бенизомӣ нигоҳ доранд. Дар
Рӯзи байналмилалии оила мо бояд на танҳо онро ҷашн гирем, балки бо масъулияти
баланд дар бораи рисолати оила дар зиндагии шахсӣ ва ҷомеа андеша намоем. Оила
бояд дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта бошад, зеро оила решаи
ҳама гуна арзишҳои инсонӣ ва кафолати ояндаи солим ва устувори миллат аст.
Дар ҷомеаи муосир, ки бо рӯ овардан ба
технология ва масоили моддӣ рӯҳ ва маънавиятро камтар эҳсос мекунанд, нақши
оила ҳамчун манбаи эҳсоси инсонӣ ва сарчашмаи ахлоқ дубора эҳё ва бознигарӣ
мегардад. Оила ҳамчун макони шинохти арзишҳои аслии инсонӣ - муҳаббат, эҳтиром,
поквиҷдонӣ ва садоқат боқӣ мемонад. Ҳамагон бояд дарк намоем, ки рушди иқтисодӣ
бе асоси маънавӣ, яъне бе оилаи солим, муваффақ намешавад.
Ба ҳамин хотир, давлат ва ҷомеа
вазифадоранд, ки на танҳо оиларо ҳамчун як воҳиди иҷтимоӣ ҳифз намоянд, балки
онро ҳамчун муҳити афкори солим ва тарбияи маънавии насли навин тақвият
бахшанд. Танҳо тавассути таҳкими асосҳои маънавии оила мо метавонем дар
баробари таҳдидҳои замони муосир муқовимат кунем ва барои рушди устувори кишвар
ва бақои фарҳанги миллӣ замина гузорем.
Меҳроб ҲАЙДАРЗОДА,
директори
Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат