Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ОИЛА ДАР РУШДУ УСТУВОРИИ ҶОМЕА
single-product

НАҚШИ ОИЛА ДАР РУШДУ УСТУВОРИИ ҶОМЕА

2025-05-15 17:14:23

Оилаи устувор ячейкаи муҳими пешбарандаи ҷамъият аст. Аз ин рӯ, мустаҳкамии оила, маърифату маданияти волидон дар инкишофи насли наврас ҳамчун узви ҷомеа таъсири назаррас мерасонад. Пойдевори оилаи бо муҳаббату меҳр, ҳамдигарфаҳмӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бунёд гардида, устувор мебошад. Ба ақидаи олимон фарзанд дар чунин муҳит сарбаланд, қавиирода, босадоқат, боимон тарбия меёбад. Маҳз таълиму тарбияи дурусти шахс, қабл аз ҳама, аз муҳити оила сарчашма мегирад.

Ҳеҷ кас аз ибтидо комил ва рушдёфта ба дунё намеояд, шахс дар муҳити оила аввалин тасаввурот оид ба давлат, президент, қонун, рамзҳои сиёсӣ ба вуҷуд меояд, ки дар ин самт нақши волидон, яъне оила хеле назаррас мебошад.

Дар баробари волидон давлат низ талош менамояд, ки институтҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ он маърифатеро ба насли наврасу ҷавон таълим диҳанд, ки ба ҳифзи суботу амният ва рушди минбаъдаи ҷомеа кӯмак намояд. Мутобиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди оила ҳамчун институти муҳимми ташаккулдиҳандаи шахс таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Дар ин самт барномаҳои махсус қабул карда шудаанд. Низоми сиёсиро лозим аст, ки чунин шароитеро фароҳам оварад, ки волидон ба насли наврас донишҳо ва арзишҳои бунёдии сиёсиро интиқол дода тавонанд. Агар дар инкишофи оилаи солим заминаи кофии моддиву маънавии рушд фароҳам нагардида бошад, он аз уҳдаи анҷоми вазифаи муҳими тарбияи сиёсӣ баромада наметавонад.

Дар замони муосир, ки ҳоло шароит нисбат ба чанд солҳои пеш беҳтар гардидааст, оилаҳо ҳадди аксари кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки фарзандони мустақил ва аз ҷиҳати моддӣ ҳаматарафа қонеъ ба воя расанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи насли ҷавон қонуни махсус – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро қабул намуд. Қонуни мазкур боз ҳам талош бештар барои тақвият бахшидан ва боло бурдани масъулияти волидон дар ташаккули шахсияти кўдакон ва омода намудани онҳо ба сифати субъекти мустақили сиёсӣ дар ҳаёти ҷомеа мебошад.

Дар моддаи 16-и қонуни мазкур дар мавриди ўҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд чунин қайд гардидааст: «кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;». Ҳамчунин, дар ҳамин модда омадааст: «Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд; барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмони, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд».

Бояд гуфт, ки волидон на танҳо дар таъминоти моддиву молиявӣ, ҳамчунин, дар ташаккули маънавӣ, яъне иҷтимоъгароии онҳо, инкишоф додани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ўҳдадор мебошанд. Падару модар ба фарзанд он донишу таҷрибаеро интиқол медиҳанд, ки худ дар раванди таълиму тарбия ва аз таҷрибаи зиндагӣ касб карда бошанд. Таҷрибаи андӯхтаи хешро ба фарзандон меомўзонанд ва бо ин роҳ фарзандро ба муҳити ҷомеа вобаста ба урфу одат, арзишҳо ва қонунҳои навишта ва нонавишта мутобиқ месозанд. Оила маҳз бо ҳамин роҳ дар раванди тарбияи сиёсии шахс саҳмгузор мешавад.

Зикр бояд кард, ки дар тарбияи сиёсии ҳар шахс дар баробари оила, ҳамчунин давлат ва ҷомеа низ вазифадор мебошанд. Зеро дар ҳолати ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифта нашудани шахс ва аз ҷиҳати сиёсӣ рушд наёфтани ӯ, метавонад он на танҳо бар зарари падару модар ва ҳамчунин давлату ҷомеа гардад. Фаъол набудан ва ё муқобили қоидаву арзишҳои сиёсии ҷомеа мавқеъ гирифтани шахс боиси суст шудани рушд ва нооромии ҷомеа мегардад.

Қонуни мазкур замоне қабул гардид, ки ҷомеа рў ба рўи раванди ҷаҳонишавӣ ва зери таъсири манфии рӯзафзуни он қарор дошт, ки бетаваҷҷўҳӣ нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, коста гардидани ахлоқ ва паҳн шудани тамоюли бетарафии сиёсии наврасону ҷавонон ба заиф гардидани арзишҳои миллӣ ва маданияти онҳо оварда расонида, дар оянда барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар монеа мегардад.

Бо дарназардошти вазъи баамаломада соли 2015 «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян месозад. Қабули консепсия ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила мебошад. Асоси ин ҳуҷҷати муҳимро, ки оила дар он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф мегардад, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила ташкил медиҳад.

Консепсияи мазкур масъалаҳои заминаи қонунгузории ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо дарназардошти замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ, инчунин танзими оила ва солимии репродуктивиро дар бар мегирад.

Хулоса, барои рушди ҷомеаи демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам овардани шароити лозимаи рушди сиёсии шаҳрвандон нисбат ба ҳар давраи пеш муҳим ба назар мерасад. Мутаасссифона, бинобар мавҷуд будани мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавӣ дар оилаҳои ҷавон ва торафт зиёд гардидани шумораи ҷудошавии оилаҳо ба раванди таълиму тарбияи сиёсии кӯдакону наврасон, ҳамчунин садди роҳи дуруст сурат гирифтани тарбияи сиёсии онҳо гардида истодааст.

Аз ин рӯ, боз ҳам ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву маърифатӣ ҷиҳати мустаҳкамсозии оилаҳои ҷавон ва беҳтар сохтани имконотҳои моддиву маънавии онҳо дар оянда ба устувории ҷомеа мусоидат намуда, ба пешрафти давлат таъсири назаррас мегузорад.

Зарина БУРИХОНОВА,

директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор