Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли
2023) бори дигар ба ин нукта ишора карда, зикр намуданд, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Бо мақсади
назорат намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи
касбӣ ва соҳибкасб
гардидани шаҳрвандон бо
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъсис дода шуд. Айни замон дар назди Кумитаи мазкур 63 муассисаи таҳсилоти
ибтидоии касбӣ ва 88
муассисаи таҳсилоти
миёнаи касбӣ фаъолият
мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисони дорои
таҳсилоти
миёнаи касбӣ ва соҳаи коргарӣ омода
карда мешавад.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ чунин корҳоро ба анҷом расонид:
Дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки
63 –тои он давлатӣ, 2 –тои он ғайридавлатӣ ва 1 филиали литсейи
касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон мебошанд.
Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 525 нафар хонанда
ба таҳсил фаро гирифта шуда,
аз ин шумора 4 ҳазору 576 нафар духтар, 46 нафар ятими
кулл, 689 нафар нимятим ва 211 нафар маъюб мебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3 ҳазору 857 нафар корманд, аз ҷумла 1 ҳазору 875 нафар омӯзгор (3 нафар номзади
илм) ва 904 устои таълими истеҳсолӣ фаъолият дошта, 33 нафар устои
таълими истеҳсолӣ ва 83 омӯзгор намерасад. Дар ин зинаи таҳсилот аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 -то зиёд
карда шавад.
Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 62,0% китоби дарсии
фанҳои умумитаълимӣ ва 35,1% китоби дарсии
фанҳои тахассусӣ таъмин мебошанд.
Муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоии касбӣ дорои 1849,87 га замин буда, аз ин 107,54 га боғ, 223,75 га ғайрикишоварзӣ, 536 га чарогоҳ,
96,22 га зербино, 330,5 га корами лалмӣ,
636,71 корами обӣ мебошад, ки дар онҳо зироатҳои кишоварзӣ, ба монанди пахта,
гандум, ҷав, картошка, пиёз, юнучқа, маҳсулоти полезӣ ва боғу токзор парвариш ва
кишт карда мешавад.
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дорои 96 бинои таълимӣ буда, аз ин 14
муассисаи таълимӣ ба сохтмони бинои нав
(комплекс), 22 муассисаи таълимӣ ба
сохтмони бинои иловагии таълимӣ, устохона, ошхонаю толорҳои варзишию маҷлисгоҳ ва ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мунтазам шанбегиҳои дастаҷамъона гузаронида шуда,
зиёда аз 1321 бех дарахти мевадиҳандаю ороишӣ ва зиёда аз 15 ҳазор гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 5 номинатсия (физика, математика,
тех.информатсионӣ, биология ва химия) дар
ду давр олимпиада ташкил карда шуд.
Даври якум дар дар сатҳи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид, ки дар
он 426 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз рӯйи номинатсияи
математика - 84 нафар, аз рӯйи номинатсияи физика – 87 нафар, аз
рӯйи номинатсияи химия –
83 нафар, аз рӯйи номинатсияи биология – 84 нафар ва аз рӯйи номинатсияи технологияи
информатсионӣ 88 нафар хонанда иштирок
намуда, барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиада 235 нафар хонанда роҳхат гирифт.
Даври ниҳоии олимпиада рӯзҳои 13 ва 14-уми июни соли 2024 дар коллеҷи технологии шаҳри Душанбе гузаронида
шуд. Ғолибон бо Ҷом, дипломҳои дараҷаҳои 1, 2 ва 3 ва сипосномаю
ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ даври аввали озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва гузаронида
шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ширкат варзида, дар озмуни «Илм - фуруғи маърифат» аз 234 нафар
иштирокдоштагон 90 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» 112 нафар
иштирок намуда, 23 нафар ғолибон ба даври дуюми озмуни
номбурда роҳхат гирифтанд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” дар даври
якум 108 нафар иштирок намуда, 23 нафар ба даври шаҳриву вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Бо мақсади иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 4 ҳазору 82 нафар, аз ҷумла 1017 нафар зану
духтарон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ хатм карданд.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардидаи
бахши идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ сатҳу сифати азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз фанҳои умумитаълимӣ ба ҳолати моҳи майи соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии
шаҳри Душанбе - 62,3% ва
27,7%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 67,9% ва 24,9%, вилояти Суғд - 70,4% ва 26,4%,
вилояти Хатлон - 70,0% ва 26,7% мебошад.
Дар маҷмуъ, сатҳи донишандӯзии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз фанҳои умумитаълимӣ дар ҷумҳурӣ - 68,7 дарсад ва сифати дониш - 26,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида давомоти хонандагон дар
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии
мамлакат аз 75 то 84 дарсадро ташкил медиҳед.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мунтазам аз ҷониби роҳбарият ва роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ вохӯриҳо бо иштироки падару модарони
хонандагон гузаронида шуда, зимни баргузории вохӯриҳо ба волидайн аз тарафи роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ доир ба тартибу
интизом, давомот, муваффақияту камбудиҳои ҳар як хонанда дар раванди таҳсил маълумоти муфассал
дода мешавад. Ҳамчунин, дар ин вохӯриҳо ҷиҳати
таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти
падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид мегардад. Ҳамзамон, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштарак аз тарафи кормандони
Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Кумита дар
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон аз қабили терроризм,
экстремизм, савдои одамон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ вохӯриву суҳбатҳо баргузор карда шуданд.
ДАР САМТИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият
менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 10 самт ва аз рӯйи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90096 хонанда ва донишҷӯй (67641 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шуда,
ба онҳо 7 ҳазору 416 омӯзгор (3681 зан) дарс
медиҳанд, ки аз онҳо 23 нафар (10 нафар
зан) доктори илм ва 240 нафар (44 нафар зан) номзади илм мебошад.
Соли ҷорӣ дар озмуни „Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“ 4234 нафар
донишҷӯю омӯзгорон иштирок намуда,
176 нафар ба даври шаҳриву вилоятӣ роҳ ёфтанд.
Инчунин, озмуни ҷумҳуриявии „Тоҷикистон - Ватани азизи ман“ аз 1620
нафари дар даври аввал иштироккарда, 76 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023,
№АП-470 «Оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар муассисаҳои таълимӣ озмун баргузор гардид.
Дар даври якуми озмун
зиёда аз 1073 нафар донишҷӯ иштирок
намуданд. Ба даври ҷумҳуриявии озмун 190 нафар пешниҳод гардид.
Байни донишҷӯёну омӯзгорон тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки бо Амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024,
№АП-481 тасдиқ шудааст, аз рӯйи номинатсияҳои математика
(арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология
(ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ даври якум
гузаронида шуд.
Мавриди қайд аст, ки дар даври якум дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ 4 ҳазору 711 нафар донишҷӯю омӯзгор дар озмун иштирк намуда, аз онҳо 900 нафар
барои иштирок ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд.
Дар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ имтиҳонҳо тариқи Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 9 муассисаи соҳаи фарҳанг тариқи анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.
Натиҷаи бақайдгирӣ нишон дод, ки 17061 нафар
хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) ва 11219
нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) аз рӯйи интихоби якум ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро интихоб
кардаанд, ки мутаносибан 61,9% -и нақшаи қабули умумиро ташкил медиҳад.
Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 25 май аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дар кулли дунё ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эътироф гашт. Бо ин мақсад бозии футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси Кумита дар ду
давр, даври якум дар минтақаҳо (шаҳри Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон,
вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ) ва даври ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид
ва ғолибон бо медал, диплом
ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Рӯзҳои 5-6 июни соли 2024
байни муассисаҳои таълимии мазкур бозии
мусобиқавии ҷамъбастӣ гузаронида шуда, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ғолиби ҷойи якум, Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Ховалинг ғолиби ҷойи дуюм ва Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ғолиби ҷойи сеюм дониста шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар самти корҳои тарбиявӣ ва
вобаста ба он дар муассисаҳои
таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, доир ба эълон гардидани соли 2024 соли "Маърифати ҳуқуқӣ" дар моҳҳои март-майи соли 2024 дар
ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо иштироки кормандони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, олимону профессорони
соҳаи ҳуқуқ, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳо чорабинии сиёсӣ, вохӯриҳо ва конференсияҳо баргузор карда шуд.
ДАР САМТИ ТАҲИЯИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ
ҲУҚУҚӢ
Лоиҳаҳои зерини қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия карда
шуда, дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои пешниҳоди хулоса
ба вазорату идораҳои дахлдор
ирсол гардиданд. Ба Кумита оид ба онҳо хулосаҳои вазорату
идораҳои дахлдор ворид шуданд ва дар муҳлатҳои наздик
санадҳои мазкур барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда
мешаванд. Аз ҷумла:
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» (дар таҳрири нав) аз
7.05.2024, №17680 (26.5) ;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» (дар таҳрири нав) аз 7.05.2024, №17682 (26.5);
-Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16.05.2024, №18862
(26.5);
-Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16.05.2024, №18863 (26.5);
-Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5.06.2024, №20662
(26.5);
-Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи
намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12.06.2024, №22736 (26.5).
Ҳамзамон, бо мақсади тибқи талабот ба роҳ мондани
фаъолияти Кумита ва муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқи зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла
низомнома, қоида ва
тартиб ба нақша гирифта
шудааст, ки онҳо то охири
соли ҷорӣ омода ва дастраси муассисаҳо гардонида мешаванд.
ДАР САМТИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар ин давра бо як қатор созмону ташкилот,
муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва дигар шарикони рушд гуфтушунидҳо ба роҳ монда шуд ва санадҳои зерини ҳамкорӣ таҳия гардид, ки тасвиби онҳо дар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла:
1.Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти технологияи
байналмилалии и «NALIKE»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой (хулосаи Вазорати адлия
гирифта шудааст, дар баррасии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад);
2. Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумита ва Муассисаи таълимии
давлатии буҷетии таҳсилоти олии «Донишгоҳи давлатии ПЕНЗА» (барои
имзо омода аст);
3.Созишнома байни Кумита ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия
(имзо шудааст);
4.Лоиҳаи Созишнома байни Кумита ва Корпоратсияи таълимии техникии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (омодаи имзо);
5. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумита ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид (дар баррасии вазоратҳо);
6.Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии
Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - GIZ (имзо
шудааст);
7.Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумита ва Донишгоҳи федералии Швейтсария
оид ба таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзӣ (дар баррасии вазоратҳо).
ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КАДРӢ ВА КОРҲОИ МАХСУС
Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 23.05.2024,
№81 «Дар бораи баргузории озмун барои
ишғоли мансабҳои холии маъмурии
хизмати давлатӣ дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии
хизмати давлатӣ баргузор гардид ва
кормандон ба кор қабул гардиданд.
Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 17 апрели соли 2024, №07 «Дар
бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2024» ва «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани
мутахассисони ҷавон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 27 майи соли
2017, №262) тақсимоти хаткунандагони
ихтисосҳои омӯзгорӣ гузаронида шуд.
Дар соли 2024 745 нафар мутахассисони ҷавон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ
таҳсилкарда тибқи роҳхати Кумита ва шартномаи
се ҷониба ба ихтиёри раёсату
шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор фиристода шуданд.
Дар
робита ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти
соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ва мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, № 04-854 фармоиши раиси Кумита
аз 1 апрели соли 2024, №09 бо замимаи ҷадвали дарсӣ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он барои кормандони кумита ҳафтае се маротиба дарси омӯзиши забони русӣ ва англисӣ, бо ҷалби омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ташкил карда шудааст.
Дар
асоси нақшаи корӣ ҳар моҳ як маротиба бо иштироки кормандони Кумита хонишҳои идоравӣ баргузор карда мешавад. Дар хонишҳои идоравӣ мутахассисону коршиносони варзида низ барои
маърӯза
намудан даъват карда мешаванд.
ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО
Дар назди Кумита Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият
менамояд. Лоиҳаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани нуфуз ва сифати таҳсилот ва омӯзиши касбӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар нигаронида шудааст.
Самтҳои фаъолияти лоиҳа:
Лоиҳа аз панҷ қисмат иборат мебошад, аз ҷумла:
Қисмати 1. Барқарорсозӣ ва cохтмони муассисаҳои таълимии касбӣ;
Қисмати 2. Баланд бардоштани нуфуз
ва сифати таҳсилот ва омӯзиши касбӣ;
Қисмати 3. Хизматрасонии аудити
молиявӣ;
Қисмати 4. Дастгирии идоракунии
лоиҳа;
Қисмати 5. Қисмати шартӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқуллода.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар давраи ҳисоботӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои соҳавии худро саривақт ва бо сифати баланд ба
иҷро расонад.
ТАЪСИСИ РӮЗНОМАИ “ҶАҲОНИ ҲУНАР”
Дар давраи ҳисоботи нашрияи расмии Кумита рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар” таъсис дода шуд, ки ҳуҷҷатҳояш омода гардида, барои бақайдгирӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар назар аст,
ки аввалин шумораи он дар оғози соли нави хониш ба нашр хоҳад расид.
Сомонаи расмии Кумита
оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меърёҳо сохта шуда, фаъол гардид www.tahsilot.tj.
Ҳамзамон, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳамарӯза хабару гузоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва
Кумита ҷойгир карда мешавад.