Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МОДАР - ОБОДИИ ХОНАДОНУ ҲАСТИИ ФАРЗАНДОН
single-product

МОДАР - ОБОДИИ ХОНАДОНУ ҲАСТИИ ФАРЗАНДОН

2025-03-08 20:51:35

Рӯзи Модар рамзи ҳақиқии баҳор гардида, умеди дигаргуниҳои беҳтари ҳаёт бо он алоқаманд аст. Дар ин вақт табиат бедор мешаваду гул мекунад, нақшаҳо ва орзуҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки шодӣ ва умед мебахшанд.

Модар шахсест, ки умр мебахшад ва ба ивазаш чизе наметалабад, дар тақдири хар яки мо муҳаббати ӯ аз ҳама меҳрубонтарин, самимитарин, поктарин ва садоқатмандтарин аст. Ӯ дар қалби фарзанд ҷои махсусро ишғол намуда, ҳамеша бо меҳрубонӣ, муҳаббати беандоза ва гармтарин эҳсосот алоқаманд аст.

Модар осоиши хонадон, осудагии оила, саломатӣ ва ояндаи фарзандонро бар души худ гирифта, дунёро равшану равшантар мегардонад рӯҳи моро гарм мекунад. Ӯ ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Дар васфи модарон чи қадар сухан гӯем кам аст, Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтиром ҳастанд.

Модарон ситораи зиндагии мо фарзандон ҳастанд. Ба қадри модарон имрўз бояд мо расем, зеро аввалин устоди мо дар зиндагӣ ин модарон ба ҳисоб мераванд. Хушбахтарин инсон ҳамонест, ки модар дорад. Тамоми ифтихори рўйи дунё аз модарон аст. Ӯ ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Модарон дурахшандаи зиндагии мо фарзандон ҳастанд. Ба қадри модарон имрўз бояд мо расем.

Бузургони олам беҳуда нагуфтаанд, ки зеботарин фаришта, олитарин олиҳа, оқилтарин бону ва меҳрубонтарину нармдилтарин фард зан –модар аст. Бояд мо ба қадри ин ганҷинаи бебаҳо бирасему доимо омодаи хизматаш ба ҷон бошем. Имрӯз занону бонувони моро қадру манзалаташон дар ҳама соҳаҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар ҳақиқат хубӣ, зебоиву тозагии зиндагӣ мансуб ба зан-модар аст. Пас, мо чаро ҳурмату эҳтироматро ба ҷо наорем, эй модари азобдидаам? Ман дар наздат қарздор ҳастам, модарҷон, зеро бароят хизмати шоистае накардаам ва бароят сухани волотарине нанавиштаам, эй қиблагоҳи марҳумам.

Модар, ту азизи дили ман будӣ, ту аз ҳама шахси наздиктарин бароям будӣ, ту зиндагиву орзуҳои ман будӣ. Шабу рӯз фикру ёди ман бо туст, эй модари гумгаштаи ман! Модар, номи некатро дар қалби худ ҷой кардам.

Модар, миёни ҳама он муқаддасоте, ки посу азизашон медонанд, исми шарифи ту дар мадди аввал меистад. Модар, ту бузург будӣ, аз нигоҳи чашмони ту меҳрубонии умед мерехт, хасу хор, буттаву санг, гулу гиёҳ, боду борон кӯҳҳои сангину дарёи равон дар ҳастии дидори рӯйи ту аст. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман будӣ, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳвораам нишаста, бехобӣ кашидӣ. Туро ёд меораму дар хоб мебинам, парешон парвоз мекунӣ модар! Аз ин дурӣ дилам шикастааст.

Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбалантарин шахси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли бӯи модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат пайваста дар ёди фарзанд аст. Модар ин шахси боҳиммат буда, дидори шарифи ӯ ғанимат аст. Зан модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад.

Хушбахтарин инсон ҳамонест, ки модар дорад. Инсоният замоне ба муроди дили худ мерасад, ки розигии модарашро ба даст оварда бошад.

Мардон БУХОРИЗОДА,

сармутахассиси Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ