
АРТИШИ МИЛЛӢ - ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ
2025-02-20 10:29:40
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва кӯшишҳои
шабонарӯзиву дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои
Мусаллаҳи мамлакат генерали - артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди
Тоҷикистон ҳамасола 23 - февралро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ бо шодию
нишоти беандоза ва масъулияти баланди меҳандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн
мегиранд.
Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи
давлатдории навини Тоҷикистон огаҳӣ дорем, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои
таъсиси Артиши миллӣ заминаҳои моддиву техникӣ ва умуман он чизе, ки зарур буд,
вуҷуд надошт. Кишварро нооромӣ, ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони
шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, одитарин техникаву таҷҳизоти
ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибтаҷриба тақрибан вуҷуд надоштанд.
Дар ҳамин ҳолати сангину мушкил
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба кӯшишу талош
ва матонати мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик ба бунёду таъсиси Артиши
миллии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон шуруъ намуданд. Дар чунин ҳолати
ногувор ва пур аз мушкилоту таззод 23-юми феврали соли 1993 аввалин гузашти
ҳарбии Артиши миллӣ баргузор шуд ва афсарону сарбозони содиқу сарсупурдаи асили
Ватан бо ифтихор ва эҳсосоти баланди ватандӯстӣ аз он сарбаландона гузаштанд.
Бояд зикр намуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз рӯзи
таъсисёбӣ то ба имрӯз аз бисёр имтиҳону озмоишҳои душвору сангин бо масъулияти
баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро ботантана адо
намуданд. Бо азму талошҳо ва кӯшишҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат,
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти
маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 32 соли мавҷудияти Артиши миллӣ
тағйироти кулливу ҷиддӣ ба миён омада, шароити хубу арзандаи муносиб барои
афсарону сарбозони шуҷои ватан таъмин гардидааст.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси
фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як
ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат, худогоҳиву
меҳанпарастӣ хизмат мекунад”. Ин нуктаи муҳимро низ дарҷ намудан лозим аст, ки
имрӯз мо қудрату иқтидори Артиши миллиро тавсиф намуда, ҳаргиз ҳуқуқи маънавии
фаромӯш кардани мардонагии ҳазорҳо нафар ҷавонмардони шуҷои дар роҳи таҳкими
сулҳу субот ва тамомияти арзии давлат ҷонбохтаро надорем. Ин ҷавонмардони шуҷои
Ватан барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва иҷрои супориши ҳарбӣ қаҳрамониҳои
бемислу монанд нишон дода, амният ва сулҳу суботро дар мамлакат таъмин
намуданд. Пешвои миллат дар раванди татбиқу амалисозии барномаҳои ислоҳоти
сохторӣ ба масъалаи тақвияти иқтидори ҷангии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои
низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба бунёду азнавсозии иншооту биноҳои
зарурии замонавӣ ва бо техникаву лавозимоти ҷангии муосир таъмин намудани
Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси
шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як
шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон
мекунад. Тибқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан,
ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он
вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.
Бо итминон метавон гуфт, ки шароити беҳтарини ҷузъу томҳои Қувваҳои
Мусаллаҳи кишвар, фазои сулҳу субот, назму тартиби хизматчиёни ҳарбӣ ҳар як
ҷавони тоҷикро вазифадор месозад, ки барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ,
муқаддасоти миллӣ ҳифзи якпорчагии Ватан аз мактаби ҷавонмардии Артиши миллӣ
гузашта, обутоб ёбанд. Ҳамчунин, ба муқобили ашхоси бадхоҳу ғаразнок ва
душманони давлату миллати тоҷик матину қавиирода бошанд ва бо ҳам дӯст, иттифоқ
ва якдилу якмаром бошанд.
Имрӯз, бо боварии комил гуфта метавонем, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои
Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии
худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд.
Неъматулло ФАТТОЕВ,
директори Литсейи касбии политехникии
шахри Душанбе