Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...
single-product

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...

2025-03-15 10:13:30


Миллати тоҷик аз азал бо сиёсати сулҳпарварона, сулҳофарӣ ва рафоқату ҳамдилӣ дар байни миллатҳои ҷаҳон шинохта шудааст. Чун ба таърихи давлатдории Тоҷикон назар андозем мебинем,ки шахсиятҳои бузург ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, ки ҳамеша сулҳу дӯстӣ ва рафоқатро мехостанд ва барои поянда будани он талош меварзиданд, аз худ номи нек ба наслҳо гузоштаанд.

Ҷои зикри хос аст,ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон чун анъанаи гузаштагони некномамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими дӯстию рафоқати миллати худ ва тамоми дунё нақши арзанда гузошта истодааст.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфӯзи ҷаҳонӣ пешниҳод гардидани "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" гувоҳи возеҳи сулҳофарии миллати Тоҷик мебошад. Қайд кардан ба маврид аст,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлол гардидан, муносибатҳо ва раводити ҳасанаи хешро бо эълон доштани сиёсати иқтисодии "Дарҳои кушод", бароҳ монда, ҷонибдори таҳкими робитаи мутақобилан судманд бо ҳамсояҳои худ ва ҷаҳон мебошад.

Сани 13-уми марти соли ҷорӣ дар остонаи Наврӯзи байналмилалӣ,ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳонӣ гаштааст, дар таърихи муносибатҳои дӯстии ду давлати ҳамсоя яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон саифаи нави умедбахш боз гардид. Зимни сафари кории Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар баробари бастани шартномаҳои ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ, гузаргоҳҳои марзӣ низ ва хатсайри ҳавоӣ кушода гардиданд, ки ба воситаи онҳо робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рафту омадӣ шаҳрвандон ва гардиши молу маҳсулот миёни ду миллати дӯсту бародар, фароҳам омад. Иброз доштан ба маврид аст,ки шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз умқи таърих бо ҳамдигар робитаи хешу таборӣ доштан ва фазои ҳамдиливу муттаҳидиро мехостанд. Хушбахтона бо хиради азалии сарони ду давлати ба ҳам дӯст марзҳо кушода шуданд, ки дар таҳкими амнияту субот ва рушди ҳамаҷонибаи миллатиҳои ба ҳам дӯсту бародари тоҷику қирғиз заминагузор мебошад. Мо боварии комил дорем, ки ин дӯстӣ тамоми мамолики ҷаҳонро фаро мегирад. Шоири зиндаёд устод Мирзо Турсунзода гуфтааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.

Зиндаву ҷовид бод дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон.

Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ - директори Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент