
ДАВРИ ХОТИМАВИИ ФАЪОЛИЯТИ ВАРЗИШИИ КРИКЕТ - ҲАМЧУН ЯК НАВЪИ БОЗИИ ВАРЗИШ
2025-06-03 07:37:17
15.05.2025.
ш. Душанбе
Тибқи
баррасии мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳоди раиси федератсияи крикет бо
мақсади баланд бардоштани рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш семинари
омӯзишӣ таи се рӯз бо ихлосмандон дар муассисаи таълимии бо дараҷаи баланди
навъи хоси варзишии "КРИКЕТ" доир ва баргузор гардид, ки дар ин
замина, дӯстдорони ин навъи варзиш низ муайян гардиданд ва барои вусъат бахшидан
дар ин самти соҳа, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуданд...!
Гуфта
мешавад, ки шахсони масъули соҳа дар муассисаи таълимӣ бо баланд бардоштани
одоби варзишгар ва пурзур намудани талаботҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ё
худ аз бар намудани боз ҳам як усули хоси варзиш таҷрибаҳои худро дар тули се
рузи фаъолияти арзандаашон равона карданд...!
Маврид
ба зикр аст, ки дар як мавриди кӯтоҳ ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ва мактуби
пешакӣ сарпарастони самти соҳаи ин навъи варзиш дар муассисаи таълимӣ қарор
доданд, ҳозиринро сари як пиёлаи чой даъват намуда, барои рӯҳбаланд гардидани
мухлисони ин навъи бозии варзишӣ ки тайи 13 сол ин ҷониб дар ватани хеш арзи
вуҷуд дорад, шиносоӣ намуда, дар қисмати хотимавӣ барои иштирокдорони ин
семинари варзишӣ як сару либрси намунавии варзишӣ ҳадя намуданд...!
Дар кори
ҷаласа муовинони директор ва сардори шуъбаи таълим саҳми бориз дошта,
меҳмононро ки аз хориҷи кишвар ҳузур доштанд хайрамақдам намуда таваҷҷӯҳ зоҳир
намуданд.
Меҳмонони
рушди соҳаро хайрамақдам мегӯем!
Дуруд ба
иштирокчиёни хоси варзиш.
