Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ГЕОМЕТРИЯ ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ МАНТИҚӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР
single-product

НАҚШИ ГЕОМЕТРИЯ ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ МАНТИҚӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

2025-06-02 17:17:27

Дар замони муосир, ки пешрафти илм ва техника бо суръати бесобиқа сурат мегирад, нақши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ дар тарбияи насли огоҳу закӣ беш аз пеш меафзояд. Бо мақсади тақвияти ин раванд ва фароҳам овардани заминаи устувор барои рушди илмҳои дақиқ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, солҳои 2020 - 2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиши фанҳои риёзӣ ва табиӣ эълон гардид.

Ин иқдом нишондиҳандаи сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат дар самти баланд бардоштани сатҳи саводи илмии ҷомеа мебошад, ки дар ниҳояти кор ба рушди нерӯи инсонӣ ва болоравии рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Яке аз муҳимтарин фанҳои риёзӣ, ки ҳам дар таълим ва ҳам дар татбиқи амалӣ ҷойгоҳи хоса дорад, ин геометрия мебошад. Геометрия аз ибтидои ташаккули тамаддун ҳамроҳи инсоният буда, ҳанӯз аз замони қадим дар сарзаминҳои Мисри Қадим, Юнони Бостон ва Ҳиндустон барои андозагирии заминҳо, сохтмони биноҳо ва ҳисобу китоби муҳандисӣ истифода мешуд. Имрӯз низ геометрия ҳамчун фанни асосии таҳсилот дар мактабҳои миёна, касбӣ ва олии кишвар мавқеи хоса дорад ва омӯзиши он ба ташаккули тафаккури мантиқӣ, фазоӣ ва таҳлилӣ мусоидат менамояд.

Фаҳмиши сохти шаклҳо, таҳлили ҷисмҳо дар муҳити сеандоза, қонуниятҳои табдили координатаҳо, истифодаи теоремҳо ва амалисозии исботҳои мантиқӣ донишҷӯро водор месозанд, ки зеҳнро фаъол нигоҳ дошта, ҳар як қадами фикриро бо далел асоснок кунад. Аз ҳамин ҷост, ки омӯзиши геометрия танҳо омӯхтани маълумоти назариявӣ набуда, балки як воситаи пуриқтидори тарбияи фикрронӣ ва мантиқ мебошад.

Имрӯзҳо татбиқи геометрия дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон бараъло ба мушоҳида мерасад. Аз сохтмон ва меъморӣ то соҳаи компютер ва технологияҳои иттилоотӣ, аз харитасозӣ ва геодезия то тибби муосир ва кибернетика, ҳамаҷо геометрия ҳамчун асоси ҳисобу моделсозӣ нақши муассир мебозад. Дар муҳандисии компютерӣ, системаҳои графикӣ ва лоиҳакашии автоматикӣ (CAD), моделсозии 3D ва дизайн бе дониши амиқи геометрия амалан иҷронопазиранд. Ҳатто дар рушди сунъии зеҳн ва роботсозӣ низ шаклу сохтор, масири ҳаракат ва масофа бо истифода аз мафҳумҳои геометрӣ ҳисобу таҳлил мегарданд.

Аз ин рӯ, омӯзгорони геометрия дар раванди таълим нақши калидӣ доранд. Онҳо вазифадоранд, ки дарсҳои худро на танҳо бо мазмуни назариявӣ, балки бо машғулиятҳои амалӣ, моделсозӣ, истифодаи воситаҳои аёнӣ, нармафзорҳои муосир ва усулҳои интерактивӣ ғанӣ гардонанд. Вақте ки донишҷӯён на танҳо формулаҳо, балки фалсафаи ҳар қонуни геометриро дарк мекунанд, раванди таълим самаранок ва шавқовар мегардад. Инчунин, истифодаи лоиҳаҳо, озмунҳо, таҳлили масъалаҳои ҳаётӣ ва фаннигардонии онҳо бо маводи муосир шавқи омӯзишро дучанд менамояд.

Геометрия дар баробари рушди тафаккур, инчунин ҳисси зебоипарастӣ ва тартиботро низ дар зеҳни одамӣ инкишоф медиҳад. Тарҳрезии симметрӣ, таносуби ҷузъҳо, танзими ҷисмҳо дар фазо – ҳамаи ин падидаҳо шахсро ба сӯйи тартибу низом, зебоӣ ва фаҳмиши зеҳнӣ раҳнамун месозанд. Бо ин маънӣ, омӯзиши амиқи геометрия дар ташаккули инсони комил ва муосир нақши муассир мебозад.

20-солагии омӯзиши фанҳои риёзӣ ва табиӣ як имкони нодир барои арзёбӣ ва таҳлили дастовардҳо дар соҳаи таълим буда, ҳамзамон такони наве барои ислоҳи камбудиҳо ва татбиқи навовариҳо мебошад. Дар ин раванд, саҳми омӯзгорон, олимон, донишҷӯён ва тамоми ходимони соҳаи маориф беандоза арзишманд аст. Вақте, ки ҳамаи унсурҳои низоми таълим – барнома, китоб, омӯзгор ва муҳит – дар ҳамоҳангӣ қарор доранд, ба даст овардани сатҳи баландтарини саводи илмӣ ва касбӣ амри воқеӣ мегардад.

Хулоса,омӯзиши амиқи геометрия на танҳо яке аз василаҳои муҳими рушди тафаккури мантиқӣ ва илмӣ мебошад, балки заминаи мустаҳками касбҳои муҳандисӣ, технологӣ ва моделсозии муосирро фароҳам месозад. Ин фан бояд бо истифода аз имкониятҳои нави дидактикӣ ва технологияи рақамӣ тадрис шавад, то дар замони рушди босуръати илм ва техника, насли ҷавон битавонад бо дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷавобгӯи ниёзҳои муосири ҷомеа гардад.

Икром АШӮРОВ, омӯзгори кафедраи математика ва табиатшиносии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент