
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ
2025-06-03 13:17:49
(Дар ҳошияи сафари
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе
муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия, рӯзҳои 28-29 - майи соли 2025)
Дар солҳои
соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери парчами ваҳдату ягонагӣ ва дар партави
сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии
ин абармарди миллат тавонист ҷойгоҳи волое дар арсаи байналмилалӣ касб намояд.
Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки асоси онро сиёсати «дарҳои кушода»
ташкил медиҳад, аз музаффариятҳои бузургу мондагори кишвари мо дар замони
соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Зеро бо шарофати
сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра
Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои
гуногунҷабҳаро бо давлатҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонию ташкилотҳои бонуфузи
байналмилалӣ ба роҳ монд.
Дар натиҷаи мавқеи
устувори сиёсӣ ва дурандешию башардӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати
мо имрӯз аз ҷониби беш аз 180 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо
робитаҳои устувори дипломатӣ дорад.
Президенти кишвар
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили сиёсати хориҷии кишвар дар Паёми солонаи
худ ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр карданд: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии
“дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои олам
омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар
сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор менамояд.”
Ҳамасола дар шаҳри
Душанбе доир гардидани форум ва конфронсҳои сатҳи баланд, ташрифи роҳбарони
олимақоми давлатҳои дунё, ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ ва мизбони
баргузории чорабиниҳои ҷаҳонии варзиши будан аз мавқеи намоёни Тоҷикистон дар
арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад.
Бояд қайд кард, ки
муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳанӯз 8 -
апрели соли 1992 барқарор гардида, ҳоло бо ташаббуси сиёсати ояндасози
роҳбарони кишварҳо заминаҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои ду давлати ба ҳам
дӯстро беш аз 300 созишномаи байнидавлативу байниҳукуматӣ ташкил медиҳад.
Сафари Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам
Рустами Эмомалиро дар Федератсияи Русия метавон яке аз рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ
дар густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду давлат ҳисобид.
Дар ҳошияи ин сафари
расмӣ нимаи дуюми рӯзи 28 - май дар Федератсияи Русия Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ
бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ
муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарм ва таманниёти самимонаи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи
Русия муҳтарам Владимир Путин расониданд.
Дар ин вохӯрии
судманд маҷмуи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии
Тоҷикистону Русия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, инчунин, дар ин
мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла
ҳамкории фаъол дар соҳаи маориф, омӯзиши забон ва тарғиби фарҳанги русӣ таваҷҷуҳ
зоҳир намуданд.
Муҳтарам Рустами
Эмомалӣ ҳамчун сиёсатмадори ҷавону донишманд ва дастпарвари мактаби давлатдории
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Президенти
Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва
минтақа, аз ҷумла, атрофи вазъияти ноустувор дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои
мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Ҳамин тариқ, бояд
зикр кард, ки сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 28-29 майи соли
2025 ба Федератсияи Русия дар тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар нақши
бузург гузошта, барои густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ,
фарҳангии Тоҷикисту Русия мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон
низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои судмандро бо созмонҳои бонуфузи
ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст.
Зоир ҒАФУРӢ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият
Махсумоваи шаҳри Душанбе