
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРӮИ БАРҚ - ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МИЛЛӢ
2025-06-02 17:15:47
«Ба истифодаи сарфакоронаи барқ, кам
кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама
гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, аз ҷумла тавассути қабули қонуни нав дар
бораи энергетика диққати аввалиндараҷа дода шавад».
Эмомалӣ
РАҲМОН
Давоми
34 соли даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд
оғоз намуданд ва ба муваффақияти зиёд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла
энергетика, ноил гардиданд.
Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика
таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ фароҳам
овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва расидан ба
истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо мақсади рушди иқтисодиёти кишвар ҳадафҳои
стратегӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,
таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар муайян гардида,
дар ин самтҳо корҳои зиёд амалӣ шудааст. Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд,
ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми марти
соли 2025 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз истифодаи
ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу
зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани
камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулон супоришҳои
мушаххас доданд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид
намуданд, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он
ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад. Дигар онҳое, ки барқро беинсофона ва
ғайриқонунӣ истифода мебаранд, яъне ба хазинаи давлат даст мехалонанд, ба ҷомеа
ва оянда хиёнат карданӣ мешаванд, беҷазо нахоҳанд монд. Боло рафтани мақоми
Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ
ба назорати истифодаи мақсадноки неруи барқ, таҳияи дурусти ҳисобу китоби барқи
фоиданок ва кам шудани талафот мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки нерӯи барқ омили асосии
равнақи тамоми соҳаҳои истеҳсолот ва пешравии ҳар як давлат дар тамоми соҳаро
азҷумла самти кишоварзӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин асос
дар асри нанатехнологияи имрӯза хонадони ҳар як шаҳрванди кишварҳои пешрафта ва
рушдёбандаро бе истифодаи нерӯи барқ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Мақсади
ҳар як давлати соҳибистиқлол ва рушёбанда ин пеш аз ҳама тамини барқ дар тамоми
соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва нерўии барқи босифат барои шаҳрвандони худ
мебошад. Дар кишвари мо низ солҳои зиёде боз барои таъмини истиқлолияти
энергетии кишвар ва дар ин асос рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар
барномаҳои зиёде қабул ва амалӣ гашта, иқтидорҳои нави энергеткӣ хушбахтона
хело зиёд ба кор андохта шуда, рушди бесобиқаи хоҷагии халқи кишвар ва зиндагии
шоистаи шаҳрвандонро таъмин намуда истодаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки минбаъд барои
истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ
шудааст. Аз ин хотир истифодабарандагони қувваи барқ бояд дар ин самт
масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд. Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси моддаи 382-и
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя накардани
қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» ном дорад, барои истифодаи қувваи барқ
бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан)
ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе
асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти
қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои
андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва
тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи
барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ
нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1500 то 2250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз сӣ
то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2250 то 3750 сомонӣ) ва ба шахсони
ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15000 то 22500 сомонӣ)
ҷарима таъйин мешавад. Ҳамзамон бояд донем, ки дар моддаи 253 иловаи 1 - и
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои
истифодаи қувваи барқ» ном дорад, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби
барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи
қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ,
агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда
бошад, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт
нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 27350 то 41025 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ
ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи
қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ инчунин ҷавобгарии ҷиноятӣ низ
пешбинӣ гардидааст.Мақсади ворид намудани иловаи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ –
ин пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои қувваи барқ мебошад ва ҳангоми
содир гардидани чунин ҷиноятҳо ба давлат ва ба мардум зарар расонида мешавад,
чунки ҳангоми суиистифодаи нодурусти барқ, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ
ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ баъзе минтақаҳо дар фасли сармо бе барқ мемонанд. Дар
ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз
татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо
агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз
чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад. Ҳар
истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо
тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодаи қувваи барқ шуруъ
намояд. Аз ин рӯ, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд аз стандарти давлатӣ ва
назорати техникӣ гузаронида шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва
ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе
риояи тартиби муқарраршуда кандани плобаҳои асбобҳои андозагирии барқиро
надоранд.
Қабул гаштани тағироту иловаҳо ба кодексҳои
зикршуда ин пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизотҳои нерӯи барқ ва аз байн
бурдани қонуншиканиҳои ҷойдошта вобаста ба истифодаи кувваи барқ мебошад. Дар
ҳамин асос шаҳрвандон бояд ба масъалаи сарфакорона истифода бурдаи қувваи барқ,
баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамагон бояд дар
ин ҷода масъулиятшинос бошем.
Имрӯз неруи барқ дигар танҳо воситаи
равшанӣ нест, он пояи иқтисоди миллӣ, шарти рушди иҷтимоӣ ва нишонаи ҳаёти муосири
шаҳрвандӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузории миллиардҳо сомонӣ барои таъмини
устувори энергетикӣ талош менамояд, то ҳар хонадон дар ҳар гӯшаи кишвар барқ
дошта бошад. Тибқи Паёми Президенти мамлакат танҳо дар чанд соли охир 36 лоиҳаи
сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 89 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло
корҳои бузурги таҷдид дар НБО-и “Норак” ва “Қайроққум”, сохтмони НБО-и “Себзор”
ва таҳкими шабакаҳои интиқоли барқ идома доранд. Аз соли 2027 кишвар ба
истиқлоли комили энергетикӣ хоҳад расид.
Хулоса агар мо мехоҳем барқ дар хонаамон
мунтаззам фурӯзон бошад, бояд онро сарфа намоем, пардохти ҳаққашро дер накунем
ва ғайриқонунӣ истифода набарем. Зеро нерӯи барқ натиҷаи меҳнати даҳҳо ҳазор
нафар ва миллиардҳо сомонии буҷаи давлат аст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки
истиқлоли энергетикӣ неъматест, ки бо масъулият ва фарҳанги баланди
истифодабарӣ ҳифз мешавад. Ҳар як хонадон, ҳар як сокини кишвар, ҳар як идора
бояд дар ин раванд ҳисса гузор бошад.
Тоҳир
Одилов,
мудири кафедраи техникӣ-технологии
“Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ”