Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҒАЛАБАИ ТАЪРИХӢ ДАР ФУТБОЛИ ТОҶИК
single-product

ҒАЛАБАИ ТАЪРИХӢ ДАР ФУТБОЛИ ТОҶИК

2025-06-02 17:14:22

Соли 2025 барои мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол соли бобарор аст. Зеро, бозингарони навраси мо дар чемипионати Осиё, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвари Арабистони Саудӣ баргузор гардид, хуб ҳунарнамоӣ карда, ба даври чорякниҳоӣ баромаданд. Ин натиҷа ба онҳо имкон дод, ки соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки чемпионати ҷаҳон миёни мунтахабҳои миллии то 17-сола моҳи декабри соли равон дар кишвари Қатар баргузор мегардад.

Санаҳои 24-31-уми май дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд Ҷоми CAFA 2025 миёни мунтахабҳои миллии то 17-сола баргузор гардид, ки дар он бозингарони 16-сола иштирок карданд.

Ҷоми миллатҳои CAFA (Central Asia Football Assosiation Nations Cup, Ҷоми Миллатҳои Ассосиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ) мусобиқа оид ба футбол мебошад, ки дар он мунтахабҳои миллии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон иштирок мекунанд.

Дар ин мусобиқа футболбозони навраси тоҷик хуб ҳунарнамоӣ карда, дар бозиҳои гурӯҳӣ ҳамсолони худро аз Туркманистон бо ҳисоби 4:1 ва мунтахаби миллии Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст шикаст дода, ба бозии финалӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозии финалӣ бошад, мунтахаби миллии Тоҷикистон сани 31-уми май бо дастаи мизбон, мунтахаби миллии Ӯзбекистон бозӣ карда, бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Дар рафти бозӣ футболбозони тоҷик, азму иродаи қавӣ нишон дод. Чунончӣ, онҳо тӯби дуюмашонро дар дақикаи 95-ум вориди дарвозаи ҳариф карда, бозиро ба вақти иловагӣ гузарониданд. Голи ғалабаовар бошад, дар дақиқаи 119-ум зада шуд. Қайд кардан лозим аст, ки дар рафти бозӣ футболбозони ӯзбек се маротиба дар ҳисоб пешсаф буданд. Аммо, футболбозони тоҷик бо ҳунари олӣ ва руҳияи шикастнопазири худ тавонистанд, ки бозиро ба фоидаи худ анҷом диҳанду соҳиби медалҳои тилло гарданд.

Ташкилкунандагони мусобиқа ба ҳунарнамоии бозингарони тоҷик баҳои баланд доданд. Ҷунончӣ, дарвозабони мунтахаби миллии Тоҷикистон Абубакр Раҳмонқулов дарвозабони беҳтарин ва нимҳимоятгар Меҳрубон Одилзода бозингари беҳтарини мусобиқа дониста шуданд.

Ин ғалабаи дуюми мунтахаби миллии то 17-солаи кишвар дар Ҷоми миллатҳои CAFA ба шумор меравад. Чунончӣ, бозингарони навраси мо соли 2023 низ дар ин мусобиқа ғалаба карда буданд. Дар ҳамон мусобиқа низ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Далер Қайсов буд.

Ин ғалабаи таърихиро ба кулли мухлисони футболи тоҷик муборакбод намуда, орзуи онро дорем, ки дар оянда ҳамаи мунатахабҳои миллии Тоҷикистон ба чунин комёбиҳо ноил шаванд. Барои футболбозони навраси тоҷик, ки шӯҳрати футбол ва умуман варзиши тоҷикро баланд бародаштанду ба шарафашон Суруди миллии Тоҷикистон садо дода, Парчами давлатии Тоҷикистон боло бардошта шуд, дастовардҳои аз ин ҳам назаррасро таманно дорем. Бешубҳа ин дастоварди футболбозони навраси тоҷик барои рушди футбол дар кишвар, зиёд шудани шавқи наврасон ба ин намуди варзиш ва умуман тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард. Ғалабаи таърихӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Юсуф БОБОЕВ, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд