Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
single-product

НАҚШИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

2025-06-10 17:22:40

“Масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли ҳаматарафа солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳнатпараст мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Таълиму тарбия ду рукни асосии тамаддуни башар ба ҳисоб мераванд. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик тарбияи насли наврас ҷойгоҳи дурахшандаеро касб намудааст. Муҳимтарин осори адабиву ирфонӣ дар ҳамин ҷода ба қалам омада, ниёгони мо ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хоссае зоҳир намудаанд. Мардуми фарҳангофари тоҷик аз қадимулайём барои тарбия намудани фарзандони миллати худ дастурҳои ахлоқӣ менавиштанд ва сифатҳои беҳтарини инсонӣ, аз қабили некӣ кардан, ёрӣ расонидан ба бузургсолон, дасти мадад ба муҳтоҷон, камбизоатон, дари сахову эҳсонро кушодан дар навиштаҳои худ тарғиб мекарданд.

Имрӯз низ давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон масъалаи таълиму тарбия ва рушди илму маорифро ба хубӣ дарк карда, барои тарбияву таълими кӯдакону наврасон ва ҷавонон ҳазорҳо боғчаву мактабҳои ҳамагонӣ, литсейҳои касбу ҳунаромӯзӣ, коллеҷҳо ва донишкадаву донишгоҳҳоро сохта ба истифода додааст ва соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст. Аксари мутлақи мутахассисони соҳаи тарбия дар ҳамин ақидаанд, ки тарбия аз замони таваллуд оғоз ёфта, бо тадриҷ боло меравад ва бо парвариши кӯдак якҷо сурат мегирад. Усули ташкили тарбия бар дӯши падару модар, мураббӣ ва муаллим меафтад. Муҳимтарин вазифаи волидайн таълим ва тарбияи дурусти фарзандон мебошад. Аз лиҳози назофату покӣ, иффат ва истиқомат дар ҷомеа нақши модар дар боби тарбияи фарзандон ва ба воя расонидани онҳо дар руҳияи насли нерӯманду солим басо муассир мебошад, ки гувоҳи нақши меҳварӣ доштани мавқеи зан дар маркази оила мебошад. Аз дигар тараф, тарбияи дурусти фарзандон дар ҳаёти минбаъдаи хонадон аҳамияти махсус дорад, зеро ин ҳама гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, изтироботи фикрӣ, парешонии аҳли хонадон ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо сарчашмаи худро аз хуб ба роҳ намондани тарбияи фарзандон дар оила маншаъ мегирад. Инчунин, падарро зарур аст, то дар тарбияи фарзандон аҳамияти дуруст диҳад, зеро сустӣ дар тарбияи фарзандон онҳоро водор месозад, ки ба ҳар гуна иқдомҳои ношоиста ва носазо даст бизананд. Агар дар байни волидайн ҳамдигарфаҳмӣ ва баробарҳуқуқӣ бошад, фарзандон дар домони онҳо хуб ба камол мерасанд. Дар ташаккули шахсияти фарзанд ва ё кӯдаку наврас истифодаи дуруст ва мақсадноки тарбияи зеҳнӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ, ватандӯстӣ, меҳнатӣ ва зебоипарастӣ зарур мебошад.

Чунонки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи ин масъала таъкид месозанд: “Дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳама хислатҳои некӯ бади инсон, асосан аз оила ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургеро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба дӯши онҳо меафтад, пурра эҳсос кунанд”. Агар падару модар ба тарбияи дурусти фарзанд ҷиддан машғул нагарданд, ниҳоли умри онҳо ҳеҷ самарае ба бор намеорад ва ахлоқи нописандидаву ношоистаи он фарзандон ба падару модар танҳо доғ меорад.

Имрӯз, ки технологияи нав ва интернет вориди ҳар як оила гаштааст, волидайнро зарур аст, ки дониши замонавӣ дошта бошанд, то онҳо тавонанд дар суратҳои зарурӣ фарзандони худро аз таъсири манфии интернет эмин нигоҳ доранд. Маълум аст, ки имрӯз дар интернет маводҳои фаҳшу зӯроварӣ басо зиёд ба табъ расидаанд. Кӯдакон бошанд, бештар ин маводҳоро тамошо менамоянд, ки ба мафкураи онҳо беасар намемонад. Ҳар як хонаводаи тоҷик дорои хусусият ва шеваи махсус аст, ки дар воқеъ он дар тафаккури кӯдак таъсир мерасонад ва барои ташаккули шахсияти ӯ мавқеи муайянро касб менамояд.

Тарбияи кӯдакро бояд бо назардошти табиати ӯ ва муҳит анҷом дод. Аз ин рӯ, мақсади тарбия тавсеа ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми дарк буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ анҷом дода шавад. Мувофиқи таҳқиқоти муосир кӯдакон то синни ҳафтсолагӣ асосан дар канори падару модар ҳастанд ва бештари таъсиротро аз онҳо гирифта, ташаккул меёбанд. Ба ҳамин далел тарбия дар ин давра бояд комилан ба уҳдаи хонавода бошад. Агар волидайн дар ин давра тарбияи кӯдакро масъалаи содда шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кӯдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шавем. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созандаи шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд. Хулоса, таълиму тарбияи фарзанд дар гузашта ва имрӯз аз мадди назари аҳли ҷомеа, бахусус мутафаккирону хирадмандон дур намондааст ва мо низ имрӯз бояд ба ин масъала диққати ҷиддиро равона сохта, аз мадди назари хеш дур нагзорем.

Ойҷонбӣ Сулаймонова,

мудири кафедраи фармакогнозия

ва кимиёи фармасевтии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ