
САБАБҲОИ ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО ДАР ҶОМЕА
2025-07-03 07:56:26
Оила пояи устувори ҷомеа буда, макони муҳаббат, эҳтиром
ва дастгирист. Солимии ҷомеа аз пойдории оилаҳо вобаста аст, зеро маҳз дар оила
инсон аввалин арзишҳои ахлоқӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамзистиро меомӯзад.
Аммо, мутаассифона, тайи
солҳои охир шоҳиди афзоиши ҷудошавии оилаҳо ҳастем, ки он на танҳо ба аъзои
оила, балки ба ҷомеа низ таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад. Дар ин мақола сабабҳои
аслии вайроншавии оилаҳо ва роҳҳои эҳтимолии пешгирӣ аз он мавриди баррасӣ
қарор мегиранд.
Муоширати
солим пояи мустаҳками ҳар як муносибати оилавист. Бисёр вақт зану шавҳар
ҳиссиёт ва фикрҳои худро озодона баён намекунанд, ки дар натиҷа нофаҳмиҳо ҷамъ
шуда, боиси низоъҳои ҷиддӣ мешаванд.
Норасоии даромад
ва ноустувории вазъи иқтисодӣ яке аз омилҳои асосии муноқиша дар оилаҳо мебошад.
Ихтилофи назар дар идоракунии буҷет, тақсими масъулиятҳои молиявӣ ва бенизомии
хароҷот метавонад ба танишҳо оварда расонад.
Бекорӣ ё аз даст
додани ҷойи кори устувор ба руҳияи ҳамсарон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳисси
ноумедӣ ва фишори равонӣ, ки дар чунин ҳолатҳо ба вуҷуд меоянд, метавонанд
боиси коҳиши эътимод ва ахиран ҷудошавӣ гарданд. Дахолати хешовандон ё таъсири
манфии муҳити иҷтимоӣ низ метавонад ба муносибатҳои оилавӣ халал расонад. Чунин
дахолатҳо боиси сардӣ ва аз байн рафтани эътимод дар байни ҳамсарон мешаванд.
Ҳар як инсон ба
муҳаббат, эҳтиром ва қадршиносӣ ниёз дорад. Нокифоя будани ғамхорӣ ва ноадолатӣ
дар муносибатҳо оҳиста-оҳиста боиси дуршавии эҳсосӣ ва сустшавии пайванди
оилавӣ мегардад.
Ҷудошавии оилаҳо
як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ буда, сабабҳои он гуногун ва мураккабанд. Аммо ҳар як
ҷуфт метавонад бо ҳисси масъулият ва фаҳмиши дуҷониба оилаашро аз пошхӯрӣ нигоҳ
дорад. Оила на танҳо пайванди ду нафар, балки манбаи муҳаббат, дастгирӣ ва
рушди шахсият аст. Агар ҳар кадоми мо омӯзем, ки бо сабр, муҳаббат ва дилсӯзӣ
ба якдигар муносибат намоем, метавонем ҷомеаи солим, пурмуҳаббат ва устувор
бунёд намоем.
Низомиддин САИДОВ, омӯзгори кафедраи математика ва табиатшиносии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент