Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ МИЛЛАТ
single-product

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ МИЛЛАТ

2025-07-03 08:00:06

Таҳти ин унвон дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бахшида ба 28 умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори коллеҷ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Одиназода Латофат Амиршо, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис, муовини КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, мудири бахши бойгонӣ - матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Нусратзода Шаҳноза, собиқадори меҳнат Валиева Саъбагул, садорати коллеҷ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ директори муассиса аз Ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон ба ҳайси неъмати бузург ва таърихии даврони Истиқлол ёдовар шуда, онро сарчашмаи субот, рушди устувори миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар самти бунёди давлати комили демокративу ҳуқуқбунёд маънидод намуд.

Роҳбари муассиса зимни баромади худ иброз намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сарнавиштсоз ба хотири таъмини сулҳ ва барқарорсозии амнияту оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди солҳои душвору пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омада, маҳсули иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандонаю сулҳҷӯёна, инчунин заҳматҳои шабонарӯзию пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар рафти чорабинии имрӯза Қурбонзода Наргис, Валиева Саъбагул, Саймуминзода Фирӯз, Ҳусейнов Зарифбой суханони пурмуҳтавои худро вобаста ба арзишҳои миллию давлатии Ваҳдат ба ҳозирин ироа намуданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис маъмурият ва аҳли кормандону донишҷӯёни муассисаро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб табрик намуда, дар идомаи суханрониашон қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои шоёни сиёсист, ки барои ба даст овардани он аввалиндараҷа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ҷасури Ватан ҷони худро дареғ надошта, хизматҳои шоён кардаанд. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва бо шарофати он халқи тоҷик аз вартаи ҷангу хунрезиҳо раҳо шуд. Ваҳдат, ки ҳамчун рамзи озодӣ ва осудагист бояд ҳифзи он шоири ҳамешагии ҳамаи мо бошад.

Сипас, омӯзгорони фаъол ва донишҷӯёни муассиса, ки дар даври муассисавию шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб шуданд, бо сипосномаи директори коллеҷ ва Нишони аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни муассиса бо суруду тарона ва шеъру рақсҳои зебо ҳозиринро мафтун сохтанд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ арзиши муҳиму муқаддас ва кафили бақои халқу давлат буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин ба ҳисоб меравад.