Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

2025-07-03 08:16:33

Январи соли 1967. Сардии фасли дай, ки хуршедро камтар ба ҷилва мебаровард, ҳамоно ҳукумат мекард. Зимистони сардро гиряи кӯдаки нав ба дунё омада дар оилаи сарватманди водии Кӯлоб бобои Маҳмуд дигар намуд. Шодии ин оиларо ҳадду канор набуд. Гуё зиндагӣ ғазали тоза месароиду акнун бо хушиҳо дарашонро мекӯбид.

Бо ниятҳои зиндагии хубу духтари хуштолеъ, баландпарвоз ва хушбахтии фаровон насибаш гардидан, Қумринисо номаш ниҳоданд. Қумринисо ном ниҳоданаш таърихчаи ҳузнангези дигарро дорад. Акнун, духтари эркаи ин оила бо табассумҳои ширини бибию бобо, падару модар ва оғуши гарми пайвандон ба воя мерасиду бехабар аз фардои дарду ғамҳо, ки дар пайи ҳар як шикасташ шириниҳое дошт.

Умри инсонро чун абри раҳгузар гуфтанд, ки беҳуда набудааст. Хурсандиҳои аёми тифлӣ дер давом накард, баъди 6 моҳи таваллуди набера, бобои Маҳмуд ва баъди муддати бибии хонадон низ аз дунё реҳлат карданду зиндагӣ бар души фарзанди хурди гузашт.

Қумринисо бо завқи тамом, хушиҳои зиёд аз зиндагии доштааш раҳсипоре дабистон гашту соҳиби номаи камол низ гардид. Акнун, шебу фарози зиндагӣ ӯро чун духтараки ба камол расида, дар масри худ имтиҳон мекард. Соли 1985 бо мушкилиҳои зиёд донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ гардиду бо сарбаландӣ соли 1992 ин боргоҳи номварро хатм намуд.

Дар муассисаи таълимии №41-и шаҳри Кӯлоб, ки ба ҳайси китобдор қабул гардида буд, фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Сипас, ба шуъбаи алоқаи шаҳрӣ ва баъдтар дар Кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб корро давом дод. Дар ин коргоҳ, дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангии шаҳр иштирок менамуд. Ва дар муддати 3 соли фаъолият бо ҳамроҳии шахсиятҳои маъруфи вилояти Кӯлоб Раҳимов Ибодулло Ҳабибуллоевич, Раҳмонов Абдуғаффор Азизович, Холов Ҳайдар Сангмадович, Амиров Раҳмоналӣ ва дигаррон корро омӯхта, хизматҳои зиёде анҷом додааст. Фаъолияти пурмаҳсули Маҳмудзода Қумринисоро чун бонуи фаъолу кордон ба инобат гирифта, 15 марти соли 1994 ӯро ба ҳайси вакил аз ҳисоби ҷавонони шаҳри Кӯлоб барои иштирок дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе равон намуданд. Бонуи фаъолу кордон дар нахустин вохӯрии Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар иштирок намуд. Аз нахӯстин Анҷумани ҷавонони Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар театри опера ва балети шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, хотираҳои зиёде дорад. Бахусус, суханони таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта буд: Имрӯз ман ба нерӯи ҷавонони кишвар эътимоди зиёд дорам. Ва бовар дорам, ки шумо чун созандагони ояндаи миллат дар пешрафти кишвари тозаистиқлоламон саҳми калон мегузоред. Тоҷикистони ҷавон бо Шумо ҷавонон ояндаи дурахшон дорад. Ин вохӯрӣ барояш ҳамеша хотирмону таърихи гардидааст.

Фарози зиндагӣ, гардиши пуртуғёни умр, мушкилиҳои зиёди тақдир, қоматашро нашикаст. Дар аёми ҷавонӣ соли 1998 падари хонадон Маҳумдов Нуралӣ дунёро тарк намуд. Реҳлати падар, маҷрои зиндагии Қумринисоро ба куллӣ дигар кард. Акнун ӯ ба ҷойи падар паҳлуи модар қомат рост карду барои тарбияи 11 нафар хоҳарону бародаронаш камар баст. Дар айёми ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки фазои сиёсии кишвар ноором буд, тарбия ва нигоҳ доштани оила мушкилии зиёдеро пеш меовард. Ӯ баъди падар на чун духтари эркаи хонадон балки як марди руинтанеро мемонд, ки бо мақсади зиндагии беҳтар бояд кори бештаре кардаву ошёни падарро саробон бошад. Заҳматҳои зиёду ранҷҳои бешумор, ӯро ҳеҷ гоҳ дилсард накарду рӯҳи падарро ҳамеша чун як Гурдофариди замон ором нигоҳ дошт. Бо обилаҳои дастону заҳматҳои фаровон бародарону хоҳаронашро босавод намуд ва ба роҳи зиндагӣ гусел кард. Ӯ он заҳматҳои гузаштаро ҳамеша ба хотир меораду аз фарзандони муваффақи падар меболад. Чун ин имтиҳони зиндагиро бо сарбаланди пушти сар намудааст.

Дӯстдории касби омӯзгорӣ ӯро соли 1993 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб овард. Ӯ корро аз роҳбари созмони ҷавонони муассиса оғоз намуд. Сипас, раиси Шӯрои занон ва кор бо духтарон, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва акнун муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалиро дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ба уҳда дорад. Дар муддати 32 соли фаъолият, шикасту рехти зиёдеро пушти сар намуд. Аз муваффақияту комёбӣ ва дастовардҳои зиёди доштааш қаноатманд набуда, ҳоло низ барои фаъолияти бештар мекӯшад. Дар ин муддат ӯ бо унвони баланди медали «Хизмати шоиста» нишонаҳои сарисинагии аълочии маорифи Тоҷикистон, аълочии тандурустии Тоҷикистон, Аълочии фарҳангӣ Тоҷикистон ва чандин ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ чун бонуи нексириш ва қавиирода дар роҳи бобарори умр заҳмат кашидаву ҷонфидои касби интихобнамудааш гардидааст. Ба андешаи устод Садриддин Айнӣ «Дар ин солҳои фаъолияти қаламкашию аламкашияш ҳарфҳои таҳсинбарангезу таънабарангезро зиёд шунидаю ба қадри илму дониш расидааст». Ва дар ин сарои пурғубори зиндагӣ дандон болои ҷигар гузошта, дуди чароғ хӯрда ва чун мурғи самандар аз хокистар эҳё шуда, ба фазои матлабу мақсади балантаре расиду болу пари нав кушоду сазовори унвони илимии номзади илмҳои педагогӣ гардидааст. Ба қавле, аз рӯз бурида ба шаб сӯхтаааст ва шабҳои худро аз домани андешаҳои миллатпарварона ва фарҳангдӯстона тулонитар ва паҳнотар намудаву китобе бо номи «Ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ»-ро рӯи чоп овардааст. Инчунин, ӯ зиёда 50 мақолаҳои илмию омавиро интишор намудааст.

Муаллиф ба хотири эҳтиром гузоштан ба ин бонуи пуркору заҳматкаш, ки 32 соли ҳаёти худро ба пешаи омӯзгорӣ равона намудааст, андешаҳои худро рӯи коғаз овардааст. Нигоштаи мо хусусияти таблиғотӣ надорад. Умедворем, зиндагинома ва фаъолияти бисёрсолаи муаллима Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ барои ҷавондухтарон намунаи ибрат хоҳад шуд.

ИБРОҲИМОВ С. Т.,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарии

Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.