Худшиносӣ ва
ҳувияти миллӣ ва огоҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи
фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву Истиқлол ва таҳкиму пойдории
давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад. (Эмомалӣ Раҳмон. Шиносномаи
миллат. Пешгуфтор ба “Тоҷикон” саҳ.15)
Миллате
шарафёби комёбист ва ҳуқуқи зинда мондан дар гирдудорҳои давру замонро дорад,
ки фарзандони оқил ва хештаншиносаш бо нури хирад ҳофизаи таърихию фарҳангияшро
ҳифз ва дар шароити мусоид ба наслҳо мерасонанд. Таърих дар авроқи хеш зиёд
асрори нуҳуфтае дорад, ки танҳо ворастагоне ба умқи он расидаанду рисолати хеш
ба сомон расонидаанд. Миллате, ки дар китоби падари таърих Ҳеродод “Таърих” чун
асилзодагон ёд шудаву дар осори Арасту зи шаҳомати ашрофзодагону русуми
озодагони он зикр рафта ва дар “Таврот”- и муқаддас аз “Устувонаи Куруш” бо
номи “Силиндри Куруш” чун арзиши олии ҳуқуқ ва адолат бо ихлосу садоқат васф
шуда, офтоберо мемонад, ки ҳоҷат ба муаррифӣ надорад. Чуноне, ки Пешвои
муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд “Таърихи пурифтихори миллати
тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад” ва фарогирифтани ҳамаи давраҳои рушду
такомул ва афтишу парокандагиҳои он дарсест омӯзанда ва ибратбахш.
Истиқлол дар бедории афкори миллӣ, дарки
хештаншиносӣ ва шинохти таърихи бостонии миллати тоҷик муҳимтарин падидаи
созандаю бунёдкор аст. Ибтикороти сиёсӣ, пайкори фарҳангӣ, ҷасорати
ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин масири эҳёгарӣ
муҳимтарин таконбахш ва рисолати ватандорист, ки дар таърихи давлатсозии миллат
беназир аст. Тоҷикон яке аз наслҳои хушбахт ва сарафрози Ориёӣ ҳастанд, ки
баъди ҳазор соли бебанду борӣ, маҳрумият аз нуфуз ва қудрати сиёсӣ дар
сарзамини аждодӣ соҳиби Истиқлол ва лидери сиёсие гардиданд, ки тавонист дар
эҳёву ваҳдати миллат, шинохти асолат, таърих ва фарҳанги миллат пешгом бошад.
Шинохт ва қадршиносии чеҳраҳои мондагори сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ки дар
ташаккул ва рушди давлатдорӣ, муборизаи истиқлолхоҳию озодиталабӣ, ривоҷу
густариши адабиёт, санъат, ҳунар ва фарҳанги миллати тоҷик саҳмгузору ҷонфидо
буданд, худ қаҳрамонист. Рисолати равшангарӣ бозгардони саҳифаҳои фаромӯшгаштаи
хотироти миллат ва бедорсозии ҳофизаи таърихии он аз тарафи Пешвои муаззами
миллат аз рӯзҳои аввали бар сари қудрати сиёсӣ омадан муассир буд. Зина- зина
ба сӯи қуллаи мурод раҳнамоии насли наврасу ҷавон ва ташкили озмунҳои
ҷумҳуриявии адабию фарҳангӣ, таърихию ҳунарӣтаконбахши худогоҳӣ, хештаншиносӣ
гардид. Руҷӯъ ба таърихи ҳафтҳазорсолаи тамаддунҳои барпонамудаи ақвоми Ориёӣ,
ки тоҷикон яке аз меросбарони асили он мебошанд, эҳёгарист ва рисолати
паёмрасонист. Рисолати муқаддаси роҳбарияти сиёсии давлат, элитаи сиёсии бедор,
равшанфикрон, аҳли зиё, донишмандони асили миллат дар он аст, то арзиши бебаҳо
ва деринтизор будани Истиқлолро дар зеҳнияти миллат, дар рӯҳу ҷон ва хуну
равони наслҳои ҷавону наврас ҷойгузину мустаҳкам намоянд, то дар ҳар нафаси
кашида, дили онон дар ишқи Ватан, хоку оби аждодӣ, муқаддасоти ин сарзамини
биҳиштӣбитапад. Хушбахтона дар сиюду соли Истиқлол миллат бо кору пайкори
абармардони арсаи давлату сиёсат оғоз аз Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Ардашери
Бобакон, Баҳроми Гӯр, Шопур, Кайхусрав, Баҳроми Чӯбина, Ҳусайн ибни Тоҳир,
Яъқуб ва Амрӯи Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, озодихоҳону ватандороне чун
Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Шориқи Бухороӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Сарбадорони
номдор, Темурмалик, Восеъ, пешвоёни кешу ойини аждодӣ Зардушти Спитамон, Монӣ,
Маздак ва даҳҳо қаҳрамонони ориёигаҳвар шинос гардид, ки гардиши куллӣ дар
тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва ифтихороти наслҳо шуд. Акнун бо шарофати озмуни
ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” санъат, ҳунар, мусиқии бостонии
миллат, Шашмақому Фалак, ҳунарҳои мардумии чакандӯзӣ, адрасу атласбофӣ,
наҷҷорию заргарӣ эҳё ва насли ҷавони кишвар рисолати меросбариро бар дӯш
гирифтанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” беҳтарин падидаи фарҳангист,
дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ, ки миллатро ба гулбоғи китоб ва ҷаҳони
маънавиёту фарҳанг ҳидоят намуд. Шодбошист, ки чеҳраҳои навини сухандону
сухангустар дар ин фурсати кутоҳ ба майдони илму адабу фарҳангу санъат падид
омаданд, ки умедворкунандаи фардои дурахшони миллат аст. Симурғи ҷонбахшои
миллат забони шаккарину сеҳрофарини паҳлавист, ки бо ҷабри таърих ва
ҷудоиандозиҳои ғосибон дар се гӯшаи Ариянавайҷаҳ (Фарохнои Ориёно) бо номҳои
шогуни порсӣ, тоҷикӣ, дарӣ тӯли ҳазорсолаҳост бори маънавиёт, фарҳанги
асилзодагону озодагонро ба ҷовидона мебарад. Ин лафзи биҳиштӣ дар тамаддунсозӣ,
фарҳанггустарӣ ва тарбияву парвариши ахлоқи ҳамида, дарси одамият, покиву адлу
мадоро, муруввату ато, сулҳу осоиш ва дӯстиву меҳр бар бани инсоният кӯҳи
китоб, қасри ганҷи маъониро ҳадя сохтааст. Фарзандони фарзонаву фаршедфари он
танҳо бо килки сеҳрангези хеш шикори дилҳои огоҳнамудаву бо нури хуршедии илму
ҳикмати муғона, қаламрави нуфузи ҳикмату фарҳанги Ориёноро ба шаш иқлими олам
бурдаанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” такони ҷиддие дар рушди
зеҳнияти илмӣ, бедории ҳофизаи таърихӣ дар кашфи асрори илм, техника ва
созандагӣгардид. Ин гомҳои нахустин дар бедории шуури илмӣ, афкори дунявӣ, рӯй
овардан ба илмҳои дақиқ, риёзӣ, табиӣ ва тиббӣ буд, ки дар хуни ҷавонони огоҳ
ва ташнаи илм генҳои ирсии Синову Берунӣ, Форобию Хоразмӣ, Хайёму Дониш ва
садҳо нобиғагони тоҷикро бедор сохтаву ғулғула ангехт. Ҳарчанд аз ин иқдомот
муддати каме сипарӣ шуда, аммо нишондодҳо дилгармсозанда аст. Хушбинии мо зи он
аст, ки ҷойгоҳи алломагон дар ҳамаи даврони таърих барои миллати шарифи тоҷик
ҳеҷ гоҳ холӣнабудааст. Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон –оинаи таърихи миллат” зинаи
заррин дар худогоҳию хештаншиносии миллат аст, зеро таърих дақиқан нишон дод,
ки ҳазор соли дур мондан аз қудрати сиёсӣ ва зери нуфузи ғосибону бегонагон бо
муросову мадоро, таҳаммулу сабр зиндагӣнамудан ба афкору зеҳнияти миллат
зарбаҳои ҷонкоҳ расонидааст. Ақвоми Ориёӣ баъди фурӯпошии империяи фарохдомони
Сосониён ва давлати миллии Сомониён дигар ба худ наомад ва то ба гӯш ба ботлоқи
сохтаи ғосибон, ки қатлу куштор, зӯру озор, таҳмили ақидаву афкор, дину мазҳаб,
расму одати бадавию саҳроӣ бо хун мавҷ мезад фурӯ рафта буд. Муборизаю ҷангҳои
рӯёрӯ дигар корагар набуд, зеро қувва нобаробар ва пуштибону чорагаре намонда
буд. Танҳо илм, дониш, хирад, фарҳанг ва қалам муттакою наҷотбахши озодагону
нухбагони бофар буд. Дигар танҳо ҷомаи дарвешию қаландарӣ, тақвою гӯшанишинӣ
муҳофизи ҷонҳои бедор буд, варна ягона пӯшту паноҳ қуллаи кӯҳу ғору камар барои
мардони боғуруру ҷонсахт макон гардид. Ин ҳақиқати талх аст, ки дурӣ аз ҳам
фарзандони як падару як модар, насли Фаридуни фаррухпайкро аз ҳам ҷудою бегона,
гоҳе душмани ҳам сохта буд. Ин нуктаи заъф барои ғосибон бисёр муфид афтод ва
чандин бор бо дасисае ба набарду бархӯрдхои хунин анҷом ёфт, ки бегонагон аз он
манфиат бардоштанд. Ибтидои асри бистум бо шарофати Инқилоби Октябр таърих ба
рӯи тоҷикон лабханде зад, аммо бо фиребу дасисаи бегонагон ва ноогоҳию ҷаҳолати
худбохтагони миллат ин заҳрхандаи қисмат гашт. Зеро, ба тоҷик аз мулки меросию
аждодӣ танҳо як гӯшаи ноободи кӯҳистон расид. Балвою ҷанги тоҷиккӯши таҳмилии
солҳои 30-юми асри гузашта, тамоми озодагони бедорро аз байн бурд.
·
Ин фоҷеаи нангин дар интиҳои асри бистум, вақте
давлати шӯравӣпароканда гардид ва дигар ҷумҳуриҳо ба миллисозии мероси ин
абарқудрат сар ба сар мезаданд, барои тоҷикон боз такрор гардид. Бадбахтона ин
вартаи бетаге буд, ки умеди ҳамаро бишкаст ва нифоқи андохтаи бегонагон ба
ҳассосияти динии мардум корагар гашту писарро бо падар, бародарро бо бародар
душман сохт. Ин шикасте буд, басо сангин ва мушкилпайванд. Ин нуктаи заъфи мо
тоҷикон аст, ки хело дӯстдору эътиқодманди аҳкомҳои динию мазҳабӣ ҳастем ва
барои ҳар иқдому амале, ки ба номи худову паёмбар, китобу пешвоёни мазҳаб аз
номи касе эълон мешавад бо сарсупурдагӣмехезем, ҳар харҷу хароҷоте, ки фармоянд
як бар даҳ медиҳем. Аммо, намепурсему дарк намекунем, ки паси ин фатвою
маъвизаҳо кӣ меистаду чӣ ҳадафҳо дорад? Хушбахтона, заковати азалии миллати
фарҳангӣ, ботамаддуну созанда ва сабуру ботаҳаммули тоҷик аз нав фурӯғи оламгир
намуд ва сулҳу ваҳдат насибамон гашт.
Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон - оинаи
таърихи миллат” ба муносибати 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Қаҳрамони
Тоҷикистон, Аллома Бобоҷон Ғафуров ва иқдоми эҳёгаронаю миллатсози Пешвои
муаззами Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
бораи ҳадя намудани китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи хонадони Тоҷикистон
беназиртарин қадаме буд, дар шинохти асолати таърихӣ ва эҳёи ҳуввияти Ориёии
миллат.
Сиюду соли Истиқлол назди таърих ҳеҷ
аст, аммо он пайкоре, ки Пешвои миллат тӯли ин даврон дар самти давлатсозӣ,
миллатсозӣ ва эҳёи арзишҳои ориёии миллат бахусус шинохти чеҳраҳои мондагори
миллат намуданд ва чандин пешниҳоду дархостҳои фарҳангию экологӣ барои кулли
башар ироа сохтанд, нодиртарин натанҳо барои мо, балки барои тамоми ҷаҳониён
аст.
Мо наметавонем, дар як гузориш ҳамаи он
иқдомотро номбару баррасӣ намоем, танҳо фарҳанги сулҳофарии тоҷикон дарси
беҳамтоест, ки якчанд донишкадаҳои сиёсию сотсиологии сатҳи ҷаҳонӣ онро
метавонанд даҳсолаҳо пажӯҳиш намоянд. Ҳамаи ин озмунҳо агар барои иштирокчиён,
мураббиён, омӯзгорон падару модарон, ном, ифтихор, дониш, ҳамчунон мукофоту
маблағҳои зиёдеро армуғон оварда бошад, барои тарбияи наслҳои навин, дарси
бузурги хештаншиносию худогоҳии миллист, ки арзиши он ҷовидонист.
Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон
Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик”, ки ба
муносибати гиромидошти 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров санаи
05.12.2023 бо иштироки аҳли зиё, донишмандони улуми таъриху бостоншиносӣ,
шарқшиносон, тарҷумонҳои шоҳасари “Тоҷикон” аз кишварҳои хориҷӣ таҳти раёсати
Академияи миллии илмҳо ва сарпарастию ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами Миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ҳамешабаҳори Душанбеи нозанин баргузор
гардид, бори дигар нуфузи илм, фарҳанг, таърих, нобиғагони миллатро дар арсаи
тамаддуни ҷаҳонӣ боло бурд. Ин Симпозиум бори дигар эътирофу қадршиносии
шӯҳрати илму фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ буд. Дар
Симпозиум тарҷумонҳои шаҳкитоби “Тоҷикон” бо забони чинӣ, фаронсавӣ, арабӣ,
урдӯ ва дигар забонҳои олам, донишмандони шарқшинос маърӯзаҳои илмӣ намуда,
пиромуни саҳми мондагори академик Бобоҷон Ғафуров дар ташкил, рушд ва нуфузи
илми шарқшиносӣ дар ҷаҳон, инчунин қимати академикии китоби “Тоҷикон” бо ҳусни
ихлосу эҳтиром суханронӣ намуданд. Дар боби хиради азалӣ, касбият, чашми
кордонӣ, одамият, этикаи баланди инсонӣ, фидокорӣ дар ҷодаи илм, посдори
фарҳангу ойини ориёӣ ва шарқиёна будани фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон
Ғафуров академики Академияи илмҳои Россия Виталий Наумкин бо ҳусни ихлоси
бузург изҳори назар намуд. Муовини директори Институти Аврупо, Россия ва Осиёи
Марказии Академияи илмҳои Чин Сзин Сзэ пайғоми тарҷума ва нашри академикӣ
шудани китоби “Тоҷикон”-ро бо забони чинӣрасонид ва таъкид намуд, ки ин китоб
дар шинохти таърихи тамоми халқҳои Осиёи Миёна ва сокинони сарҳадии Чин хело
зарурӣ ва барои роҳандозии барномаи “Як қатора- як роҳ” чун тақвиятбахши
Шоҳроҳи бузурги абрешим ниҳоят муфид аст. Донишманди фарзона ва нуктадони
Донишгоҳи Теҳрон Ҳасан Булхорӣ бо шодию фараҳ муждаи нашри “Тоҷикон” ва
“Тоҷикон дар оинаи таърих”, инчунин интишори маҷмуаи ашъори шоирони тоҷик аз
ҷумла устод Лоиқро дар Эрон расонид ва пиромуни аҳамияти ҷаҳонии пайкори Аллома
Бобоҷон Ғафуров дар шинохти тамаддуни Ориёӣ бо самимияти хос сухан ронд.
Маърӯзаи шарқшиноси фаронсавӣ Франсис Ришар бо забони шевои форсӣнамоди
ғановатмандӣ ва забони илму адаби ҷаҳонӣбудани забони форсӣ- тоҷикӣ буд.
Тарҷимаи “Тоҷикон” бо забони франсавӣ ин шаҳпули бузурги фарҳангӣ байни Осиё ва
Аврупо гардид, ки хизмати ин донишманд ва тарҷумони мумтоз лоиқи қадршиносист.
Бо забони урдӯ тарҷума намудани “Тоҷикон”-ро доктори таърихшиносӣ Навшоҳи Ориф
аз Покистон шарафи бузург дониста, қайд намуд, ки шибҳаҷазираи Ҳинд як пораи
таърихии Ориёст ва шиносоии ин мардумон бо “Тоҷикон” дарёфти арзишҳои таърихии
худ аст. Иброҳим Истамбулӣ бо муҳаббат изҳор дошт, ки ҳарчанд давлати Сурия дар
мушкилоти сиёсию иқтисодӣпечидааст, лекин тарҷума ва нашри академикии китоби
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони арабӣ анҷом дода шуд, зеро дар худшиносии
арабҳои суриёнӣ чунин тадқиқоти фарогир барои бедории миллӣ зарур аст. Ҳарчанд
ду маротиба бо забони арабӣ дар Миср китоби “Тоҷикон” тарҷумаву нашр шудааст,
вале то ҳол талабот ба ин китоб дар ҷаҳони араб ва сомизабонони олам зиёд аст.
Таваҷҷӯҳи донишмандони олам бахусус шарқшиносон ба ин шаҳкитоби мукаммал ва
фарогири мавзуҳои баҳсноки Шарқ ва исботи онҳо бо далелҳои илман асоснок дар
солҳои охир хело боло рафтааст. Маърӯзаи илмӣ ва коршиносонаи Пешвои муаззами
Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи
“Бобоҷон Ғафуров бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори
115-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров пажӯҳиши
мукаммал дар асоси мадракҳои илмӣ ва таърихӣ буда, ангезаи арзишманди тарбиявӣ
ва ҳидоят ба сӯи шинохти асолати таърихии миллат гардид. Нуктаҳои ҷолиб ва
оянданигарона ин пешниҳоди таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон
Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик,
бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи
тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва чопу ба тамоми оилаҳои Тоҷикистон ҳадя
сохтани китоби “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ буд, ки бо
хушнудиву шодӣпазируфта шуд. Ин иқдоми накӯ, фарҳангӣ, миллатсоз, эҳёгаронаи
Пешвои муаззами Миллат идомаи он зинаҳои тақвиятбахши Истиқлол, озодӣ, ташкили
давлат бо ормонҳои наҷибу фархундаи Ориёист, ки тоҷикро ба асли хеш мерасонад,
то наслҳои бедору закӣ баҳри зиндасозии шаҳомати Озодагон кору пайкор намоянд.
“Шоҳнома” – симурғи ҷонбахшои Ориёзодагон аст, ки дар хеш тамоми шаҳомату шукӯҳ
ва осору унсурҳои таъриху фарҳанги ориёии миллатро гирдоварию таҷассум сохтааст
ва шиносоӣ бо он шинохти таърихи ниёгони хеш асту дарси бузурги Ватандорӣ,
мардонагӣ, ростӣ, хирадмандӣ, меҳру вафо, одамият, ҳикмати покию некӣ ва
ҷасорату паҳлавонӣ. “Шоҳнома” ва “Тоҷикон”-ду шаҳболи тавонои миллат, ду
шаҳболи Симурғи ҷонбахшой ҳастанд, ки яке бо назм ва дигаре бо наср ҳар яке
тули сисолӣ навишта шудаанд, ки бисёр рамзист. “Шоҳнома”- и ҳаким Абулқосим
Фирдавсӣ (934-1020) бузургтарин ҳамосаи миллии Ориёист, ки фарогири фалсафаи
ростию хирадгароӣ, далели таърихи бостонӣ, ҷилои илму адаби инсонсозу
даҳршинос, намои сиёсати ваҳдатгарою боадолат, шукуфаи фарҳангу иҷтимои
инсонмеҳвар ва ойинадори андарзи пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек аст.
Бино бар таъбири аввалин рисолаи илмӣ дар фирдавсишиносӣ “Дар бораи Фирдавсӣ ва
“Шоҳнома”- и ӯ”- и Устод Садриддин Айнӣ(1934) “Шоҳнома”-и безавол ҳамосаи
ватандорӣ ва муборизаи некӣ бар бадист. Дарунмояи ҳикмати ин шоҳасари беҳамто
ва шаҳкории хиради малакутии инсон нумӯъ зи ин мабдаъ дорад:
Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Бо маниши нек зистан, нек андешидану бо
некӣгуфтору амал ва пайкори некӣ бо бадӣ чун хати сабз зи оғоз то интиҳои
“Шоҳнома”- ро фарогир аст. Ҳақ бар ҷониби фирдавсишиноси тавоно ва
шоҳномапажӯҳиши мумтоз Ҷамолиддин Саидзода аст, ки “Шоҳнома”-ро бояд чун “Гимни
мардумони эронитабор, оинаи тамомнамои эроният ва баёнгари рӯҳи бузурги эронӣ,
китоби хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ, далели ҷовидонагии ақвоми Ориёӣ...”
бишносем. (Ҷ. Саидзода “Фирдавсӣ –шоири паёмрасон” Д-бе-2022 саҳ.12-13).
“Шоҳнома”- ҷамъбаст ва хулосаи асотири бостонии ориёӣ, зиндасозандаи аҳкомҳои
“Авасто”, гулчини достонҳои “Худойномак”, ба риштаи назм кашидани “Шоҳнома”-ҳои
Масъуди Марвазӣ (в.955), Абӯмансурӣ (в.957), Абулмуайяди Балхӣ(в.963) ва ба
зевари таъби солим баркашидани дурдонаҳои достону ривоёти озодагону кундоварон
ва паҳлавонони эронитабор аст. Ҳаким Фирдавсӣ инқилобе дар ҷони бедорон
афрӯхта, оташакеро, ки шоир Дақиқӣ бо ҳазор байти ватандорӣ вогузошт ба гулхани
бузурге мубаддал сохта, равшаноию гармӣ ба дилҳо овард ва ба ҷовидонагӣ
бипайваст. “Шоҳнома”- фарҳангу булуғи фари инсонист ва паёми бедорӣ. Ҳарчанд бо
гузашти айём дар пайравии “Шоҳнома” достонҳои “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ,
“Луҳроспнома”, “Сомнома”-и Ҳоҷуи Кирмонӣ, “Баҳманнома”- и Эроншоҳи Абулхайр,
инчунин “Фаромарзнома”, “Барзунома”, “Шаҳриёрнома”, “Бежаннома” ва даҳҳо
достони ҳамосӣ навишта шуданд, аммо ба пояи сухан ва ғурури ватансароии
Фирдавсӣ нарасидаанд. Рӯҳи бедори ориёӣ ва эроният дар “Шоҳнома” бо шаҳомати ҷаҳонпаҳлавон
Рустами Дастон, покиву ҷасорат, ободкорию меҳр ва сулҳталабӣ дар тимсоли
Сиёвуш, фарри хуршедии давлатдорӣ дар пайкори Ҷамшеду Фаридуни фаррухпайк,
Кайхусрав Ардашери Бобакон, хираду ростӣ, адлу покӣ дар ойни Зардушт ба ҷавлон
аст. “Шоҳнома” –бузургтарин ганҷ ва сарвати маънавии ориёист, ки забон, ҳикмат,
афкор, андеша ва русуми озодагонро зинда намудааст, агар ба қавле Фирдавсӣ
набуд, эроният аз миён мерафт. Шинохти “Шоҳнома” –шинохти миллат, таърих забон,
фарҳанг ва асолати эронист.
Агар Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо
“Шоҳнома”-и безаволи хеш сипаре бар ҷони миллат аз зарбаҳои ҷонсӯзи аҷнабиёни
бадавию кучманчӣ шуда бошад ва Аҷамро аз маргу нобудӣ, фаною нестшавӣ зинда
карда бошад, Аллома Бобоҷон Ғафуров бо “Тоҷикон”- и беҳамтои худ муште бар даҳони
душманони таъриху фарҳанг, забону адаби ҳафтҳазорсолаи тоҷик задааст. Ин иқдоми
наҷиб ва фарҳангӣ арзиши бузурге дорад дар сохтани насли бедор худогоҳ,
фарҳангӣ, озода, ориёӣ ва ихтирокору накуандеш, ки самараи он солҳои наздик бар
коми миллат ва фарҳанги ҷаҳонӣ мерасад. Чашми он дорем, ки аҳли зиё,
рушанфикрони ҷомеа, адибону рузноманигорон, филмноманависону киносозон,
оҳангсозону рассомон ин пешниҳоди фарҳангиро бо дилу ҷон қабул намуда, ба
пажӯҳиши ин ду Шаҳболи Эҳёсози Тоҷик мепардозанд ва асарҳои хештаншиносона
барои миллат меофаранд. Зеро дастрасӣ ба ҷаҳони иттилоъ бо технологияи муосир
осону дастрас аст ва баҳри мутобиқшавӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи арзишҳои
асолати миллӣ, воридсозии иттилооти муфиди фарҳангию таърихӣ аз ин ду асари
беназир қарзи фарзандӣ ва фари фарзонагист.
Зеро:
Ҳарф ҳарфу
вожа вожа “Тоҷикон” қомуси мост,
Зиндасози
таърихи ҳафт пушти бономуси мост.
ё,
Маснади
“Шоҳнома” Қуръони дарист,
Минбари
Фирдавсӣ худ пайғамбарист.
Аминҷон Зарифӣ,
омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод