
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МЕЪМОРИ СУЛҲ ВА ҚАҲРАМОНИ ВАҲДАТ
2025-06-21 21:31:15
Ваҳдат, сулҳ ва
ягонагӣ вожаҳое мебошанд, ки ба ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас буда,
натанҳо вожаи оддӣ, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи
ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу
ояндаи халқи тоҷик аст.
Ваҳдат омили
рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият, мафҳуми барои мо
пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу
ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ мебошанд. Ваҳдат сароғози ҳамаи
комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии
ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати
мо аст.
Таърих гувоҳ
аст, ки дар марҳилаҳои сангин ва ҳалкунандаи зиндагии ҳар миллат шахсиятҳое ба
саҳна меоянд, ки на танҳо роҳнамо, балки наҷотбахши миллат мегарданд. Барои
тоҷикон чунин шахсият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо иродаи
қавӣ, ҳикмати сиёсӣ ва муҳаббати беандоза ба мардум тавонист, кишвари аз ҷанг
фалаҷшударо ба фазои Ваҳдат ва суботи пойдор баргардонад. Ӯ на танҳо меъмори
сулҳ, балки қаҳрамони ваҳдат ва наҷотбахши давлатдории миллии тоҷикон аст.
Қобили қайд
аст, ки соли 1992 Тоҷикистон дар шиддати як фоҷиаи бародаркуш қарор дошт. Ҷанги
шаҳрвандӣ, ки бо сабабҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ оғоз шуд, зуд ба вабои миллӣ табдил
ёфт. Садҳо ҳазор нафар кушта, захмӣ, гуреза ва бе хонаву дар монданд. Давлат
дар ҳоли шикаст қарор дошт. Маҳз дар ҳамин замон, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми
Шӯрои Олӣ (моҳи ноябр, 1992, шаҳри Хуҷанд), шахсияти наве ба роҳбарии кишвар
пешбарӣ гардид, ки ҳанӯз ҷавон буд. Дар он замон на ҳар роҳбар метавонист сулҳ
биёрад, зеро сулҳ на танҳо як санад, балки як раванд, як ирода ва як фарҳанг
буд, вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ дар
баробари сулҳи расмӣ, ки бо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ
(27 июни соли 1997) таъмини қонунии худро ёфт, ваҳдати комили миллиро ба
тоҷикон ато карданд.
Сиёсати
ваҳдатсозии Роҳбари давлат бархилофи роҳбарони бисёр кишварҳои пасошӯравӣ на бо
зӯр, балки бо забони дил ва бо усули мусолиҳа амал мекард. Сарвари давлат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони Ваҳдат на танҳо дар калом, балки дар амал
мебошанд, ки барои миллати тоҷик меъмори сулҳу ваҳдатофар дар тӯли таъриханд.
Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо наҷотбахши давлат набуда, балки муассис ва кафили
ҳастии он мебошанд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти роҳбарии муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, аз ҷониби СММ, САҲА, ИДМ ва дигар ниҳодҳои
байналмилалӣ ҳамчун модели муваффақи барқарории Ваҳдати миллӣ эътироф шудааст.
Роҳбарони бисёре аз кишварҳои дигар зимни сафарҳо ба Тоҷикистон ва дар
суханрониҳо аз нақши таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари ваҳдатофар
ёдовар мешаванд.
Воқеан, ҳамин
ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли мо бо шарофати хизматҳои
шоёни ин абармарди таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи фано наҷот ёфт.
Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу
кишвари мо нақши калон бозид. Ҳамин андешаҳои миллӣ миллати моро аз имтиҳони
таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо расонид.
Бояд хотирнишон
кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки
асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва сӯи ояндаи дурахшон
раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонид. Сарвари
давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданашон баҳри ба даст овардани сулҳу
субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардаанд ва сулҳофарӣ яке аз
сифатҳои асосиашон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи
тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид.
Маънои ҳаёт ва
пояи давлатдории устувор бе ваҳдат тасаввурнопазир аст. Дар тӯли таърих, ҳар
миллате ки ба ифтихори ваҳдат расидааст, ба қуллаҳои баланди комёбӣ ва пешрафт
ноил гардидааст. Ба ҳамин хотир, дар фазои сиёсӣ ва маънавии Тоҷикистони
соҳибистиқлол мафҳуми «Ваҳдати миллӣ» танҳо як шиор нест, балки он арзишест, ки
бо хуни ҷонбозон, ашки модарон ва иродаи миллии як халқи сарбаланд мустаҳкам
шудааст.
Маҳз баъд аз ин
фоҷиа, эҳсоси ниёзи шадид ба сулҳ, таҳаммул, мусолиҳа ва ваҳдат зуҳур кард. Ин
эҳсос тадриҷан ба ҳаракати воқеии сиёсӣ ва иҷтимоӣ мубаддал шуд, ки бо роҳбарии
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ
ва ризоияти миллӣ дар саннаи 27 июни соли 1997 анҷомид.
Бо шарофати
ваҳдат Тоҷикистон тавонист роҳҳои стратегиро бо ҳамсоякишварҳо бунёд намояд,
нерӯгоҳҳои барқи обиро мавриди истифода қарор диҳад, шабакаҳои иртиботиро
навсозӣ намояд ва шаҳрҳоро ба марказҳои муосири иҷтимоӣ-иқтисодӣ табдил диҳад.
Бе шак, ибораи
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» на танҳо як унвони пурмазмун,
балки ифодаи воқеиятест, ки таърих онро собит намудааст. Ба ин маънӣ соли 2015
бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба унвони мазкур шарафёб гардиданд, ки ин унвон танҳо як
ифтихори шахсӣ нест, балки арзёбии сиёсиву таърихии нақши Сарвари давлат дар
эъмори ваҳдат ва пешрафти миллат аст.
Бешак, сиёсати
ваҳдатсозии Пешвои миллат яке аз дастовардҳои калидии таърихи нави Тоҷикистони
соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад, зеро дар замоне, ки Тоҷикистон дар остонаи
парокандагӣ қарор дошт ва ҷанги шаҳрвандӣ пояҳои давлатдории навбунёдро хароб
мекард, як чеҳраи нави сиёсӣ дар саҳнаи давлатдорӣ зуҳур кард, шахсияте бо
иродаи қавӣ, дурнамои стратегӣ ва рисолати сулҳофарӣ.
Сарвари давлат
Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз бо эҳтиром Пешвои миллат эътироф шудаанд, дар шароити
хатарноктарин масъулияти таърихии ваҳдатсозиро ба дӯш гирифта, миллати тоҷикро
ба сӯи субот, ризоият ва рушд раҳнамоӣ карданд. Сиёсати ваҳдатофарии Сарвари
давлат имрӯз на танҳо таҷрибаи нодири миллист, балки ҳамчун намунаи мусолиҳаи
сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва эътироф қарор гирифтааст. Аз ин
рӯ, месазад ва шоиста аст, ки Пешвои миллат ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ
гардида, шарафёб шаванд.
МАҲМАДАЛИЗОДА
Бобоҷон Раҳмон,
сардори Раёсати
таҳсилоти миёнаи касбии Кумита