Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА
single-product

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА

2025-05-23 07:49:55

 

Даҳсолаи сеюми асри 21 бо тамоми бурд ва ​ мувафақиятҳои бузургаш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар як гузашти таърихӣ маҳсуб меёбад. Дар нахуст анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд:

“Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосии худ шуморид.

Муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон пеш аз ҳама инъикоси равшан ва воқеии худро дар фаъолияти табақаи ҷавонони кишвар пайдо мекунад. Зеро ҷавонон дар ҳама гуна муносибатҳои сиёсӣ зиёдтар аз қувваҳои дигари иҷтимоӣ таъсиргузор мебошанд.

Таҷрибаи солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, истифодаи неруҳои мухталифи сиёсӣ ва гуруҳҳои алоҳида барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ, ҳатто ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ нақши ҷавононро дар амалӣ шудани ҳадафҳои сиёсӣ мушаххас менамояд. Дигаргуниҳои ҷомеа ба маънои томаш дар навбати аввал ба ҷавонон таъсири худро мерасонанд. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа доштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ истифода кардани мешаванд.

Пайваста Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Аз ин ҷост, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари асосии фаъолияти худ қарор дод. Ин омилҳо боис гаштанд, ки ҷавонон мавқеъ ва нақши худро дар ҳаёти сиёсии кишвар пайдо намоянд. Бояд зикр кард, ки аксари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил намуда, ба ҳайси нерӯи пешбари ҷомеа дониста мешаванд. Ҷавонон яке аз захираҳои асосӣ дар роҳи рушди мақсадҳо маҳсуб ёфта, дар як вақт ба тағйиротҳои гуногуни иҷтимоӣ, инкишофи иқтисодӣ ва тараққиёти техникӣ метавонанд боис гарданд. Андешаҳои баланди эҷодӣ метавонад, ҳамчун муҳаррики доимо рушдёбандаи ҷомеа гардад. Нишондоҳои оморӣ муайян намуданд, ки сол то сол сафи хизматчиёни давлатию низомӣ аз ҳисоби ҷавонон ба маротиб зиёд гардида, ҷалб кардани ҷавонони болаёқат, ки дониш ва таҷрибаи ватанию хориҷӣ доранд ба вазифаҳои муҳими идоракунӣ дар ҳар як давлат таҷрибаи хуби байналмилалӣ аст. Зеро ҷавонон бо қувваи нав ва идеяи ҷадидашон метавонанд дар рушди кишвар саҳми калон гузошта, ғояву андешаҳои онҳо дар сатҳи Ҳукумати мамлакат қадр карда шуда, амалӣ шаванд.

Ҷавонон нерӯи созанда ва омили рушди устувори ҳаёти ҷамъият мебошанд. Ҷавонони созандаи мо аз таъриху давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор намуда, барои ҳимояи урфу анъанаҳои миллӣ, баҳри устувории фарҳангу забони худ кушишҳои зиёд менамоянд. Сатҳи рушди ҳар як кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то кадом андоза дорои маърифати сиёсию фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, мақсаду вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро дарк намоянд.Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон таъкид карданд, ки: «Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон минатдории самимӣ баён менамоям».

Имрӯз ҷавонони кишварро марҳилае иҳота кардааст, ки дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати худтакмилдиҳӣ ва инкишоф, як қатор мушкилотҳое низ садди роҳи онҳо гаштааст. Дар шароити муосир баъзан аз ҷомеаҳои ҷаҳониро ҳодисаҳои гуногуни динию мазҳабӣ фаро гирифта, равияҳое мебошанд, ки баҳри ноором кардани сулҳу субот дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон сафарбар шуда, ба зеҳни мардум махсусан ҷавонон андешаҳои нодурустро бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ворид месозанд.

Лозим аст, дар ин равандҳои пуртазоди ҷомеа зиракии сиёсии хешро аз даст надода, фирефтаи таблиғи ҳаракатҳои гуногуни ифротию терорристӣ нагардем.

Мо ҷавононро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаолияти худ қарор дода, барои боз ҳам рушду инкишофи ватани маҳбубамон кушиш намоем. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносию ватандӯстӣ моро водор месозад, ки садоқати худро ба ин диёр нишон диҳем.

Ҷасур РАҲМОНОВ, директори Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент