
СУХАНРОНИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД
2025-05-23 07:45:21
22 май Президенти Федератсияи футболи
Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам
Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол»,
ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид,
иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки маҳз бо пешниҳоди
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи
Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии
Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи
ҷаҳонии футбол эълон кард.