Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-07-30 19:45:01

ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2025 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, Мудири бахши маориф ва илмИ Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд, муовинони Раиси Кумита, Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Кумита ва 35 нафар намояндагони воситаи ахбори омма иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотии Кумита рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии АМИТ “Ховар”, “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Радиои Тоҷикистон”, “Радиои Садои Душанбе”, “Радиои овози Тоҷик”,”Радиои Фарҳанг” телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”, ”Ҷаҳоннамо”, “Душанбе HD”, “Синамо”, “Илм ва табиат”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Баҳористон” ва дигар навъи ВАО иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти хабарӣ раиси Кумита гуфт, вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ ва қабул карданд. Тибқи муқаррароти қонуни нав муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо то 1 сол кам карда мешавад. Минбаъд тибқи он барои шахсоне, ки таҳсилоти асосӣ (синфи 9) доранд, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол расонида шуда, барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) доранд, муҳлати таҳсил аз 3 сол то 2 сол кам карда шуд.

“Бо мақсади иҷрои талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656 «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 26 декабри соли 2024, №654 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи қарори протоколи ҷаласаи назоратии назди расиси Кумита аз 10 июни соли 2025, №01/21 ба таври пилотӣ муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияҳои омӯзгорӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва варзиш кам гардида, муҳлати таҳсил дар дигар равияҳо 4 сол (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва 3 сол (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) ба роҳ монда шуд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Тавре ки раиси Кумита хабар дод, лоиҳаи нави қонун аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ҳадафи он навсозӣ, дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ва рушди босуръати бозори меҳнат зикр мешавад. Он қонуни аз соли 2015 амалкунандаро аз эътибор соқит менамояд.

Дар идомаи нишасти хабарӣ зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 100 ҳазору 663 нафар донишҷӯ (77 ҳазору 510 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли гузашта 2112 нафар (2,1 фоиз) зиёд мебошад.

Ба таъкиди раиси Кумита, имсол 24 ҳазору 547 нафар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм карданд, ки аз онҳо 610 нафар сазовори дипломи аъло шуданд. Аз ин теъдод 538 нафар тибқи роҳхати Кумита бо ҷойи кор таъмин шуданд. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ, 27 муассисаи хусусӣ) ва 6 филиал фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи зиёда аз 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 адад номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.

“Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 27 майи соли 2017, №262 «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» тибқи фармоиши раиси Кумита аз 03.04.2025, №88 бо иштироки намояндаҳои Кумита ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор дар 17 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳурӣ аз 29.04.2025 то 31.05.2025 тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Дар ин муассисаҳо 538 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимиро хатм намуданд ва ҳамаи онҳо ҳамчун мутахассиси ҷавон ҷиҳати тӯли се сол машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ бо роҳхати Кумита таъмин карда шуданд”, - гуфт раис.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар Кумита ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, зеҳни сунъӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард ва манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергияро муайян намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.

Ҳамзамон, ба таъкиди раиси Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 5 ҳазору 389 нафар хатм карданд, ки аз ин теъдод 1007 нафарашро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани 210 ҳазор нафар шарвандон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои амалӣ андешад. Барои зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ корбарӣ бо вазорату идораҳои дахлдор идома дошта, дар нақша гирифта шудааст, ки дар панҷ соли оянда беш аз як милион нафар шаҳрвандон ба омухтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

“Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунар надоранд, барои нимсолаи якуми соли 2025 бо шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ намуда, барои иҷро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд”, - гуфт раиси Кумита.

Қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар заминаи литсейи касбии теҳникии ноҳияи Шуғнон, шаҳри Бохтар, алоқа ва нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе марказҳои Шуғли фосилавӣ фаъолияти босамар дошта, шаҳрвандонро ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро мегиранд. Ба ҳолати шаш моҳи соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати назди марказҳои Шуғли фосилавии муассисаҳои болозикрро 321 нафар (114 духтар) хатм намуда, айни замон 5 гурӯҳ бо шумораи 125 нафар шаҳрвандон таҳсил намуда истодаанд.

Инчунин, ба таъкиди раиси Кумита, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, монтёри барқӣ, кафшергари газию барқӣ, гулдӯз, бофанда, пардозгарӣ (сохтмончӣ), қаннод, кандакорӣ дар чӯб, ошпаз, соҳибкор, муҳосиб бо донистани компютер, занбӯриасалпарвар, системаи компютерӣ ва Интернет-технология ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ омода менамоянд. Дар шашмоҳаи аввал аз рӯи касбҳои зикргардида 615 нафар соҳиби шаҳодатномаи касб гардида, 200 нафар дар ин курсҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 347 нафар (соли гузашта 241 нафар) зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълим ва гузаронидани дарсҳои зергурӯҳӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ синфхонаҳои омӯзишӣ бо лавҳаҳо ва маводи таълимӣ вобаста ба ихтисос ҷиҳозонида шуда, дар назди кафедраи гуманитарӣ маҳфилҳои забондонӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис дода шуданд. Дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ин давра беш аз 500 нафар шаҳрвандон ҷалб шудаанд.

Баъди ироаи маълумоти мушаххас роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои Кумита аз ҷониби 8 нафар намояндаи ВАО 15 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ посухҳои мушаххас доданд. Зикр гардид, ки Кумита ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон аст.

2025-07-30 19:43:29

ФАРҲОД РАҲИМӢ: МУТАХАССОНЕ, КИ РАВИЯҲОИ ОМӮЗГОРИРО БА ТАВРИ БУҶАВӢ ХАТМ КАРДААНД, БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ШУДАНД

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 100 ҳазору 663 нафар донишҷӯ (77 ҳазору 510 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли гузашта 2112 нафар (2,1 фоиз) зиёд мебошад. Дар ин бора академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба таъкиди раиси Кумита, имсол 24 ҳазору 547 нафар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм карданд, ки аз онҳо 610 нафар сазовори дипломи аъло шуданд. Аз ин теъдод 538 нафар тибқи роҳхати Кумита бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ, 27 муассисаи хусусӣ) ва 6 филиал фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи зиёда аз 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 адад номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 27 майи соли 2017, №262 «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» тибқи фармоиши раиси Кумита аз 03.04.2025, №88 бо иштироки намояндаҳои Кумита ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор дар 17 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳурӣ аз 29.04.2025 то 31.05.2025 тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд.

Зикр гардид, ки дар ин муассисаҳо 538 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимиро хатм намуданд ва ҳамаи онҳо ҳамчун мутахассиси ҷавон ҷиҳати тӯли се сол машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ бо роҳхати Кумита таъмин карда шуданд.

2025-07-29 20:42:29

ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

 (Ба ифтихори қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ бо ташаббуси Тоҷикистон)

Бо суръат гирифтани ҷаҳонишавӣ ва рушди бесобиқаи инноватсия, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз унсурҳои муҳими тағйирдиҳандаи соҳаҳои гуногуни зиндагии инсон табдил ёфтааст. Боиси сарфарозист, ки ибтикороти навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, санаи 25 июли соли 2025 дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иттифоқӣ қабул гардид.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои он аз ҷиҳати геополитикӣ, расму оин, урфу одат, иқлим ва муносибатҳои иқтисодӣ хусусиятҳои муштарак доранд, имкониятҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар равандҳои рушди устувор рӯз то рӯз аҳамияти бештар касб мекунад. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин раванд мавқеи пешсафиро ба худ ихтисос додааст.

Мавриди зикри хос аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ санаи 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, ки дар он зарурати истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ баҳри пешрафти устувор, рушди илм, ҳалли масъалаҳои муҳити зист, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор таъкид шудааст.

Ин аввалин қатъномаест, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид зеҳни сунъиро бо тамаркуз ба минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор мавқеи пешсафиро дар масоили технологияҳои муосир ва сиёсати ҷаҳонии рушди устувор нишон дод. Қатънома ҳамзамон кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар таҳияи сиёсати умумии минтақавӣ дар бахши зеҳни сунъӣ, мубодилаи таҷриба ва маълумот, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва тақвияти инфрасохторҳои рақамӣ даъват менамояд.

Фарогирии масъалаҳои зерин дар қатънома:

-Пешбурди ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ;

-Мусоидат ба рушди баробар ва фарогири рақамӣ;

-Ташвиқи навовариҳо ва дастгирии муҳаққиқон ва ҷавонон;

-Таҳкими иқтидорҳои миллӣ дар бахши технологияи рақамӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот намуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ натанҳо манфиатњои як давлат, балки манфиатҳои минтақаро пайгирӣ намудан дар рушди онҳо саҳмгузор мебошад. Сиёсати роҳандозинамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои ташаббускораш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуда истодааст, ки тоҷикон миллати тамаддунсозӣ, дорои таърихи бой ва созанда мебошанд.

Қабули қатъномаи мазкур саифаи тозаеро дар рушди зеҳни сунъӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ боз намуда, дар расидан ба рушди устувори минтақа саҳми беназир хоҳад гузошт.

Ҷои зикри хос аст, ки қабули қатъномаи мазкур на танҳо як санади муҳими сиёсиву илмӣ, балки як қадами бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барои ташаккули ҷомеаи рақамии адолатпарвар ва рушди устувори минтақа ба шумор меравад.

Хоҷазода Давронҷон, директори

Муассисаи давлатии таълимии

«Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ»

2025-07-29 20:41:14

ЗЕҲНИ СУНЪӢ - ВАСИЛАИ ТАҲАВВУЛОТ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Зеҳни сунъӣ технологияи муосирест, ки дар як вақт қобилияти таҳлил намудани трилионҳо иттилоотро доро буда, дар як соня метавонад баъд аз таҳлили ин миқдори иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд. Агар қобилияти ӯро бо инсон муқоиса намоем, мебинем, ки зеҳни сунъӣ метавонад шароит фароҳам биоварад то дар оянда техналогия бар инсонҳо мусалад бигардад.

Дар ин ҷараён зеҳни сунъӣ метавонад дар ҳаёти инсонӣ тағйироти амиқеро ба вуҷуд биоварад. Ин ки дар оянда инсон тобеи техналогия мегардад ва ё на, инро раванди ташаккули техналогия ба мо нишон медиҳад. Имрӯз инсон метавонад таввасути барномаҳои махсус бо зеҳни сунъӣ дар рақобат қарор бигирад.

Бо ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа тавсея ёфт, ва дастраси ба махзанҳои илмӣ осон гашта, имкониятҳои фаровоне, ҷиҳати донишомӯзи фароҳам сохта шуд. Дар ин замина бо истифода аз техналогия коркарди иттилооот, тавлидоти он ва паҳн намудани он дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назаряҳои илмӣ сол то сол такмил ёфтанд. Ин аст, ки дар чанд садсолаи ахир рушди илм ба ташаккулии техналогия замина фароҳам овардааст.

Ҳамзамон, технология барои суръат бахшидан ба рушди он ва паҳн намудани он мусоидат менамояд. Маҳз чунин раванд шароит фароҳам овард то инсонҳо таввасути техналогия ба илму афкори донишмандони асрҳои пеш дастраси пайдо намуда, ҳамзамон дар заминаи таҳлилу барраси онҳоро такмил ва коркард намоянд.

Компиютер ва зеҳни сунъӣ имрӯзбеҳтар аз инсон қобилияти коркард, ҳифзу нигоҳдори ва таҳлил иттилоотро доро мебошад. Ва ин имкон медиҳад, ки дар бисёр соҳаҳо робот ва ё зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд. Дар ин сурат дар ояндаи наздик шумораи зиёди кормандони фабрикаю корхонаҳо, ронандагон, табибон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон, муҳандисону дизайнерон ва ҳатто омӯзгорон аз кор маҳрум гарданд.

Дар оянда роботҳо қобилияти анҷом додани ин қабил фаъолиятҳоро бо истифода аз зеҳни сунъӣ пайдо хоҳанд кард, ки ба ин васила метавонанд дар бисёр соҳаҳо инсонро иваз намоуда, вазифаи муқарар шударо сари вақт, дурусту самаранок ва бидуни танафуз иҷро намоянд.

Дар раванди ба роҳ мондани фаъолияти нақлиёти бесарнишин, шояд дар роҳҳои автамабилгард, хатар нисбат ба ҳаёту саломатии инсонҳо коҳиш биёбад. Зеро шумораи истифодабарандагони нақлиёт дар ҷаҳон миллионҳо нафарро ташкил медиҳад ва ҳамасола дар садамаҳои нақлиётӣ наздик ба 1,2 милион нафар ба ҳалокат мерасанд. Қариб тамоми ин садамаҳо бо гуноҳи худи инсонҳо рух медиҳад. Танҳо шумораи хеле ками садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби техникӣ рух медиҳанд. Ба ҳамин хотир имкони дучор гаштан ба садама дар нақлиётҳои худҳаракат ва ё бесарнишин нисбат ба инсон ниҳоят кам аст.

Бо назардошти ин ҳама, дар оянда имкон медиҳад то зеҳни сунъӣ бо истифода аз онҳо аз ҳар ҷиҳате аз инсон бартар бошад. Зеро зеҳни сунъӣ бо истифода аз ин дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ҳифзу таҳлили миқдори зиёди иттилооту маълумот зарфияти анҷом додани амалҳое, ки инсон дар анҷом додани он оҷиз аст, соҳиб мегардад. Чунин як зарфият имкон медиҳад, то дар бисёр соҳаҳо зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд.

Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,

директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор

2025-07-29 20:39:31

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ РАВОБИТИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Асри XXI асри иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ эътироф гардидааст. Рушди ҷомеаи инсониро дар шароити муосир бе истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногун тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Зеҳни сунъӣ технологияест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳое медиҳад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро иҷро кунанд. Ба ин вазифаҳо шомиланд: шинохтани садо, акс, матн, қабули қарорҳо ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо. Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ин ба системаҳо омӯзонидани қобилиятҳои “фикр кардан” ва “омӯхтан” аст. Аслан, зеҳни сунъӣ ба кам кардани истифодаи қувваи меҳнат тавассути технология оварда мерасонад. Яъне, меҳнат ҳамчун раванд бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъиро қабул кардааст. Ин Стратегия то соли 2040-ро дарбар мегирад. Коршиносони соҳа аз ин иқдоми Ҳукумати кишвар ҷонибдорӣ намуда, бовар доранд, ки акнун Тоҷикистон қадами асосиро ҷиҳати рушди рақамикунонии иқтисод мегузорад. Ҳоло дар Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ аллакай амал мекунанд.

Истифода аз нерӯи зеҳнии олимону пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону муҳаққиқон истифода аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд. Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷаи хуб додааст.

Дар бозори меҳнат ба зарфияти зеҳнии инсонҳо, ки бо илмҳои муосир шакл гирифтааст, эҳтиёҷ бештар мегардад. Зеро имрӯз бо истифода аз зеҳни сунъӣ, компютер зарфияти коркарди миллионҳо мегабайт иттилоотро дар як сония дорад, ки инсон дори чунин зарфият нест. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули технология ба инсонҳои донишманд бештар такя карда мешавад, аммо дар ҳама давлатҳо дар самти омода намудани мутахасисони сатҳи баланд мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Тамоми таҳқиқот ва омӯзишу пажӯҳишҳое, ки олимону муҳақиқон онро анҷом медиҳанд, дар оянда имкон медиҳад то зеҳни сунъӣ бо истифода аз онҳо аз ҳар ҷиҳат аз инсон бартарӣ бошад. Зеро зеҳни сунъӣ бо истифода аз ин дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ҳифзу таҳлили миқдори зиёди иттилооту маълумот зарфияти анҷом додани амалҳое, ки инсон дар амалӣ намудани он оҷиз аст, соҳиб мегардад. Чунин як зарфият имкон медиҳад, то дар бисёр соҳаҳо зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд.

Мақсади зеҳни сунъӣ таҳияи алгоритмҳо ва амсилаҳое мебошад, ки метавонанд зеҳни инсонро тақлид кунанд ва вазифаҳои гуногунро ҳал кунанд. Ба вуҷуд овардани системаҳои зеҳни сунъӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ҳарчанд барои инсонҳо осон ва табиӣ мебошанд, барои мошинҳо ва алгоритмҳо бо истифода аз усулҳои дарёфт ва таҳлил маълумот, омӯзиш ва истилоҳот, қароргирӣ ва дигар вазифаҳои иншоотӣ имконпазир аст.

Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои марбут ба он дар ҷаҳони муосир як қисми ҷудонашавандаи рушди илмӣ ва технологӣ мебошанд. Ин технологияҳо дар ҳолати кунунӣ бо суръат рушд мекунанд ва таъсири амиқе ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ доранд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун на танҳо барои пешрафти технологӣ, балки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар соҳаи тиҷорат ва молия, истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳлили рафтори истеъмолкунандагон ва пешгӯии раванди бозор, он метавонад шароити беҳтаре барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва стратегияи иқтисодӣ муҳайё кунад, ки дар натиҷа ин ҳолат ба суръат ва самаранокии рушди иқтисодӣ мусоидат кунад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтор ҳам бо истифода аз нақлиёти худидорашаванда ва системаҳои интеллектуалӣ барои идоракунии роҳҳо ва ҳаракати одамон ва борҳо, қобилиятҳои зеҳни сунъӣ дар бораи таҳлили маълумотҳои нақлиётӣ барои беҳтар кардани системаи нақлиёт таъсири амиқ хоҳанд дошт.

Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ боиси пешрафти иқтисодӣ гардида, дар баробари ин омодасозии кадрҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҷустани роҳҳои хавфи онро тақозо менамояд.

Зайнура ШОДИЕВА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

2025-07-29 20:38:18

“ҶАҲОНИ ҲУНАР” - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО ВА МИНБАРИ СОҲИБҚАЛАМОН

Ҷаҳони ҳунар” нашрияи расмии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда бо сарварии рӯзноманигори соҳибқалам Раҳматулло Каримов моҳе ду маротиба дастраси хонанда ва ҳаводоронаш мегардад.

Ин нашрия минбари роз, суҳбатҳои тахассусӣ, маводи тарбиявию таълимӣ ва таҳлилӣ буда, ҳамчунин мусоҳибаҳои муфидро бо шахсони таъсиргузори ҷомеа ба нашр мерасонад, ки барои баланд бардоштани савияи ҷаҳонбинии насли наварас мусоидат мекунад. Кормандони ҳафтаномаи «Ҷаҳони ҳунар» дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд, ки барои навсли ҷавон басо саривақтӣ ва муҳим аст.

Рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар” ба таври мураттаб ва муназзам таҳия, чоп ва бидуни маҳдудият дастраси мардуми ҳама қишри ҷомеа - омӯзгорон, толибилмон, донишҷӯён ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегардад. Ҳадафи нашрия чопи ахбор ва иттилоот дар соҳаҳои гуногун, ифшои камбудиҳои ҷойдошта ва дастовардаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аст, ки ин амал боиси беҳтар шудани вазъи соҳа мегардад.

Пӯшида нест, ки имрӯз фазои иттилоотии ҷомеаи моро интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити дигари ахбори омма бо сурати бемайлон гирифта истодааст, аммо ҳанӯз мақом ва манзалати нашрияҳо, махсусан ҳафтаномаи “Ҷаҳони ҳунар” побарҷост. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ масъулинни рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» гуруҳи Кумитаро таъсис дода, фаъолона дар он матлабҳо нашр мекунад. Ин гуруҳ ҳамчун василаи муҳими иттилоотӣ хизмат намуда, хонандагонро бо хабарҳо, мақолаҳо ва навгониҳои соҳаи таҳсилоти касбӣ ошно месозад. Дар ин гуруҳ тамоми хабарҳои муҳим сари вақт ба хонандагон пешниҳод мегардад.

Табиист, ки имрӯз дар дунёи зудтағйирпазиру пуртазод дучори буҳрони шадиди маънавӣ гардида истода бошад ҳам, вале иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара дида бештар афзун намудааст. Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ, гурӯҳҳои ифротгаро, бадалшавии идеологияҳо, таҳоҷуми иттилоотӣ ва таҳдидҳои дигари ҷаҳони муосир аз намояндагони васоити ахбори умум ҳушёрии бештареро тақозо мекунад. Ин равандҳо аз кормандони расонаҳои хабарӣ ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди касбиро тақозо менамоянд.

Аҳлиэҷоди рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» барои муарифии муассисаҳои нази Кумита ба дастовардҳои зиёд ноил гашт. Ҳамкории густурдаву пурсамар бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи пешравии фаъолияти омӯзгорон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд, ки «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».

Хулоса, рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» ба унвони минбари расмии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис ёфтааст ва бо мақсади инъикоси фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифзи дастовардҳои касбомӯзӣ, тарбияи ҷавонон ва дастгирии касбомӯзӣ фаъолият мекунад. Рӯзномаи мазкур минбарест барҳаво барои ҳунармандону касбомӯзони тоҷик, тарғиби таҷрубаҳои амалӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҳунарсоз ва касбомӯзӣ.

Тоҳир ОДИЛОВ,

мудири кафедраи техникӣ-технологии

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

2025-07-29 20:36:46

ЗЕҲНИ СУНЪӢ – ТАҲАВВУЛОТ ДАР ТЕХНОЛОГИЯ

Зеҳни сунъӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини пешрафти технологии асри XXI ба ҳисоб меравад ва дар замони мо қариб ба ҳамаи соҳаҳои зиндагии инсонӣ ворид шудааст. Зеҳни сунъӣ аз тиб то таълим, аз саноат то технологияҳои ахбор кори инсонро осон мекунад, самаранокиро меафзояд ва дари имкониятҳои навро боз менамояд.

Дар асрҳои XIX–XX, бо мақсади осон кардани меҳнати ҷисмонии инсон ва фароҳам овардани шароити беҳтари рӯзгор, даҳҳо дастгоҳҳои маишӣ ва электронӣ ихтироъ карда шуданд. Аз ҷумла, плитаи газӣ (соли 1802), дарзмоли барқӣ (1882), чангкашак (1901), яхдон (1913), блендер (1922) ва телевизор (1927) — ҳамаи инҳо воситаҳое буданд, ки ба корҳои хонагӣ ва эҳтиёҷоти рӯзмарраи инсон кӯмак мерасониданд.

Ба Тоҷикистон ин система тақрибан панҷ сол пеш роҳ ёфт ва дар моҳҳои охир истифодаи он ба сатҳи баланд расидааст. Зеҳни сунъӣ имрӯз шаклҳои гуногунро гирифтааст ва ба таври васеъ паҳн шудааст. Аз ҷумла, шаклҳои маъруфи он ёварони овозӣ (мисли Siri, Yandex Alisa, Amazon Alexa); чат-ботҳо (масалан, ChatGPT); системаҳое, ки чеҳра (Face ID), овоз ва изи ангуштро мешиносанд; тарҷумонҳои автоматӣ (Google Translator, Yandex Translator); системаҳое, ки бемориҳоро муайян мекунанд (масалан, саратони пӯст, таҳлили рентген); мошинҳои худидорашаванда (Tesla, дронҳо) ва ғайраҳоянд.

Ин технологияҳо бо платформаҳои машҳур, аз қабили Instagram, TikTok, YouTube, Netflix, Spotify, Amazon, AliExpress ва Wildberries пайваст шудаанд ва фаъолияти онҳоро дастгирӣ менамоянд. Ин имкон медиҳад то барномаҳо ба корбарон контент ва маҳсулотеро пешниҳод кунанд, ки ба завқ ва манфиатҳои онҳо мувофиқанд.

Фаҳмидани ҷиҳатҳои мусбат ва манфии зеҳни сунъӣ (ЗС) ва истифодаи дурусти он яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати асосии мусбати истифодаи зеҳни сунъӣ дар он аст, ки шахс метавонад ба осонӣ ва зуд ба маълумот ва андешаҳои зарурӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин роҳ нисбат ба ҷустуҷӯ ва интихоби маълумот аз китобҳо ё сайтҳои интернетӣ хеле қулайтар аст, зеро зеҳни сунъӣ ба саволи шумо ҷавобро кӯтоҳ, дақиқ ва фаҳмо медиҳад.

Аммо бояд донем, ки ҷавобҳои он бар асоси маълумоти мавҷудаи интернетӣ дода мешаванд. Яъне, зеҳни сунъӣ ба таври оморӣ он посухеро дуруст медонад, ки бештар дар манбаъҳои гуногун такрор ёфтааст. Тарафи дуюм ва сеюми тангаро, боваринокӣ ё воқеияти маълумотро мумкин аст фарқ накунад. Аммо агар шумо бо далелҳо ва асосҳо кор карданро мехоҳед, вай сарчашмаи маълумотро низ пешниҳод мекунад. Дар ин ҳолат, корбар метавонад бо манбаи аслӣ кор кунад ва онро таҳлил намояд.

Инчунин, зеҳни сунъӣ бо суръат ва осонӣ ҳалли масъалаҳои одамонро меёбад ва онҳоро бесабру танбал месозад, дар байни онҳо оқибату самимиятро кам мекунад. Ҳатто одамоне, ки чӣ гуна гузаронидани маросимҳои тӯйро бо зеҳни сунъӣ машварат мекунанд, низ кам нестанд. Зеҳни сунъӣ на танҳо мушкилоти одамонро гӯш карда, маслиҳат ва ёрӣ медиҳад, балки дар ҳалли масъалаҳои равонӣ ва ҳатто тиббӣ-физиологӣ низ ёрӣ мерасонад.

Имрӯз зеҳни сунъӣ барои рақамӣ кардану осон намудани зиндагӣ саҳми арзанда мегузорад. Махсусан, робот-чангкашак, яхдон, кондитсионер, печ ва мошини либосшӯии боақл ихтироъ шудааст. Инчунин, тавассути зеҳни сунъӣ коғазбозӣ ва ба навбатҳои дурудароз истодан гум шуд. Ихтирои смартфонҳо баъзе одамонро аз соат, камера, ҳисобкунак ва тақвим озод кард, ҳоло зеҳни сунъӣ низ баъзе касбҳоро нодида мегирад.

Омӯзиши зеҳни сунъӣ бояд бо огоҳӣ сурат гирад, яъне аз хавфи вобастагии беҳад ба гаҷетҳо ё интернет ҳифз карда, бо мувозинат ва оқилона истифода шавад.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директри Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

2025-07-29 20:35:27

ЗЕҲНИ СУНЪӢ - ТЕХНОЛОГИИ ЗАМОНИ МУОСИР

Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологиҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ (ТИК) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар рӯз ба фазои маҷозӣ миллиард ва аз он ҳам зиёд иттилоот ворид шуда, коркард мегардад. Зеҳни сунъӣ ҷолибтарин ихтирооти асри XXI ба шумор меравад. Он ҷаҳони моро тағйир дода, усулҳои кор, омӯзиш ва ҳаёти ҳаррӯзаи моро боз ҳам муассиртар месозад. Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳое медиҳад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро иҷро кунанд. Ба ин вазифаҳо шомиланд: шинохтани садо, акс, матн, қабули қарорҳо ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо. Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ин ба системаҳо омӯзонидани қобилиятҳои "фикр кардан" ва "омӯхтан" аст. Аслан, зеҳни ба кам кардани қувваи меҳнат тавассути технология оварда мерасонад. Яъне, кор бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад.

Дар замони муосир зеҳни сунъӣ дар ҳаёти имрӯза мавқеи асосиро ишғол мекунад. Пешрафтҳо дар технология ва таҳқиқоти давомдор ба пешрафтҳои назаррас дар соҳаи зеҳни сунъӣ оварда, барои мо уфуқҳои нав мекушоянд ва ҳамзамон, бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои асосии зеҳни сунъии муосир ба модели амиқи шабакаи нейронӣ табдил ёфтааст. Ин равишест, ки имкон медиҳад шабакаҳои нейронии мураккаб ва миқёспазир эҷод шаванд, ки аз миқдори зиёди додаҳо омӯхта метавонанд. Омӯзиши амиқ ба бисёр технологияҳои пешрафта, аз қабили шинохти нутқ, коркарди забони табиӣ, биниши компютерӣ ва паймоиши мустақил табдил ёфтааст.

Тибқи таҳқиқи олимон зеҳни сунъии муосир дар соҳаи тиб нақши муҳим мебозад. Алгоритмҳои омӯзиши мошинсозӣ барои ташхиси бемориҳо, пешгӯйии ҷараёни бемориҳо ва таҳияи реҷаҳои инфиродии табобат истифода мешаванд. Ба шарофати зеҳни сунъӣ муҳаққиқон ба миқдори зиёди маълумоти беморон дастрасӣ доранд ва метавонанд муносибатҳои байни бемориҳои гуногунро муайян кунанд.

Зеҳни сунъӣ ба соҳаи нақлиёт устуворона ворид шуд. Мошинҳои худмухтор ва дронҳои худгардон ба шарофати рушди биниши компютерӣ, омӯзиши амиқ ва алгоритмҳои пешрафтаи банақшагирӣ ва қабули қарорҳо ба воқеият табдил ёфтанд. Бо вуҷуди ин, бо афзоиш ва паҳншавии зеҳни сунъӣ, мушкилоти нав низ ба миён меоянд. Масъалаҳои махфияти маълумот ва ҷанбаҳои ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ рӯз то рӯз аҳаммияти бештар пайдо мекунанд.

Ба ҳамин тариқ, айни замон зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи илму маориф, техникаю технология, тиб, нақлиёт, дастгоҳсозӣ, низомӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад. Мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ бар он ақидаанд, ки тараққиёти зеҳни сунъӣ дар оянда хатари аз байн бурдани инсонро дорад, шояд ин ба назар афсона намояд. Аммо имрӯзҳо мо мебинем, ки ба истиснои майнаи сари инсон дигар увзҳоро иваз намуда истодаанд.

Эҳтимол дар оянда наслҳои замони нав техникаю воситаҳои электрониеро ихтироъ намоянд, ки майнаи сари инсонро аз косахонаи сар гирифта, нусхаи сунъии онро омода карда, ба воситаҳои технологӣ насб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо воситаҳои технологиии фикркунанда ҷойи инсонро иваз карда метавонанд. Аммо инсон фарогири баъзе қобилиятҳои равонӣ, шуур, тафаккур, дарк, эҳсос, кайфият, ангеза, рафтор, хотира ва омӯзишӣ мебошад, ки онҳоро зеҳни сунъӣ ба ин қарибиҳо пурра ишғол нахоҳад кард.

Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ барномаи компютериест, ки маълумотро қабул ва таҳлил мекунад ва сипас, дар асоси он хулоса мебарорад. Ин метавонад ба як синфи муайян додани акс, гурӯҳбандии матнҳо дар мавзуъҳои шабеҳ, пешгӯии қурби асъор ва ҳамчунин, вазифаҳои мураккабтар бошад. Масалан, навиштани дигар барномаҳои компютерӣ, тарҳрезии биноҳо ва ғайра.

Зарина БУРИХОНОВА,

директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор

2025-07-29 20:34:18

ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ "СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ" - ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Эълон шудани 2025-2030 ҳамчун солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ба таъкиди коршиносон, татбиқи муваффақонаи фармони мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ вусъат ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил дода мешаванд ва санадҳои дахлдор дар ин самти барои кишвари мо муҳим қабулу амалӣ мегарданд.

Воқеан, Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаи иқтисодиёти миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Имрӯзҳо барномаҳои зиёде марбут ба технологияҳои рақамӣ ҷиҳати беҳтар кардани равандҳои идоракунӣ ва молиявӣ қабул гардида, як қатор иқдомҳои муҳим низ роҳандозӣ шуданд. Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ барои солҳои 2025-2029 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, ба беш аз 100 санади меъёрию ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Ин ва дигар иқдомоти вобаста аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Бо дарки муҳимияти мавзуъ, Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба як қатор самтҳои асосӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Ба андешаи ин ҷониб, дар заминаи ҳамин дастури Пешвои муаззами миллат, пеш аз ҳама, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ то шабакаҳои 5G, яъне инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси механизми мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили механизмҳои ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва инчунин, бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ногузир аст.

Дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмини амнияти киберии механизмҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ, дар баробари ин, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии маҳсулоти ватанӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Солҳои 2025-2030 инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои эълоншудаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия метавонад ба як давраи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва инноватсия заминаи мусоид фароҳам оварад, зеро гузариш ба иқтисоди рақамӣ қадаме барои беҳтар сохтани вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлат мебошад. Татбиқи воқеии иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, вақтро сарфа намуда, сифати маҳсулот ва кору хизматрасониҳоро бамаротиб беҳтар менамояд ва ниҳоят ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад.

Дастури дигаре, ки дар Паём ироа гардид, ин то охири соли 2025 гузариши пурра ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Дар кишварҳои пешрафта пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар кишвари мо ба 22 дарсад баробар аст. Албатта, тақозои замон аст, ки дар ин самт бояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд. Пеш аз ҳама, сохторҳои дахлдори кишвар бояд дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қадамҳои устувор гузоранд, зеро он яке аз роҳҳои асосии таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонии баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия ба шумор меравад.

Тавре дар Паём таъкид шуд, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ аҳамияти хосса дорад. Албатта, дар ин раванд зарурати истифода аз технологияҳои рақамӣ пайваста зиёд мегардад, зеро онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ нақши марказиро доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иктисод хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ, рушди иқтисоди рақамӣ имконият фароҳам меорад, ки сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар шавад ва маҳсулоти хушсифат дар бозори истеъмолӣ афзоиш ёбад. Фаромӯш набояд кард, ки мувофиқи Стратегияи миллии рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 бояд ба модели нави иқтисодӣ гузарад, ки асоси онро рушди сармояи инсонӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин, маҳз такя ба донишҳои нав ва аз худ кардани технологияи муосир, рушд додани хизматрасонии интернетӣ барои пешрафти минбаъдаи фаъолияти иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сифати беҳдошти аҳолӣ заминаи устувор гузошта метавонад.

С. ТУРСУНОВА,

омӯзгори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд

2025-07-29 20:33:00

ЗЕҲНИ СУНЪӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҶОРИСОЗИИ ОН КИШВАРИ ТАШАББУСКОР АСТ

Рушду пешрафти бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.

Бо дарки муҳимияти соҳа дар шароити муосири рушд ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, № 483 Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид. Дар стратегия бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир ҳадафу афзалиятҳо ва вазифаҳои минбаъдаи рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар муаяйн шудаанд, ки амалӣ гардидани онҳо барои пешрафти неруи зеҳнӣ, истифодаи беҳтару бештари дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳоро дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ фаъолона инкишоф дода, аз муколамаи созанда ва шарикии стратегӣ дар ин соҳаи муҳим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад. Далели ин гуфтаҳост, ки 7-уми марти соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид – шаҳри Ню-Йорки ИМА бо ибтикори Тоҷикистон чорабинӣ оид ба зеҳни сунъӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ: Эҷоди имкониятҳо барои рушди устувор – таҷрибаи Тоҷикистон» баргузор гардид.

Доир гардидани ин ҳамоиш бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим дар муҳокимаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дастовардҳо ва кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди технологияҳои зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуда, аҳамияти онро дар рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид карданд.

Дар чорабинӣ бо ташаббуси Тоҷикистон қатънома оид ба рушди зеҳни сунъӣ пешниҳод шуд. Ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони доимии як қатор давлатҳо дастгирӣ ёфт, ки аҳамияти он барои пешрафти технологии ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Қатъномаи Тоҷикистон якчанд ташаббусҳои муҳимро дар бар мегирад, ки ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронда шудааст.

Таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ, ки платформаи ягона барои муттаҳид намудани захираҳои ҳисоббарорӣ (AI compute), мубодилаи маълумот (data-sharing) ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ (R&D) хоҳад буд. Инчунин, дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ тавассути механизмҳои худтанзимкунии уфуқӣ, ки ба инноватсия ва рушди пешрафта дар минтақа мусоидат мекунад. Ташаккули фазои умумии худтанзимкунии зеҳни сунъӣ, ки ба рушди бехатар ва самараноки технология равона гардидааст.

Қатъномаи пешниҳодшуда хоҳиши кишварро ҷиҳати эҷоди экосистемаи устувори AI таъкид мекунад, ки на танҳо ба рушди минтақавӣ, балки ба пешрафти технологии ҷаҳонӣ низ мусоидат менамояд. Ташаббуси Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими муколама миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои олӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки то соли 2030 зеҳни сунъӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарра мешавад. Ин омил водор месозад, ки ба масъалаи омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ тавассути ҳавасмандгардонӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Ирода ИГАМОВА,

директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод,

номзади илмҳои филологӣ

 

2025-07-29 20:31:20

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ОН КИШВАРИ ПЕШСАФ АСТ

Дар асоси пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли равон Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Бояд гуфт, ки дар ин самт айни ҳол дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» қабул гардидааст, ки татбиқи пурра ва саривақтии он ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ заминаҳои устувор мегузорад. Имрӯз воқеан ҳам истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф, нақлиёт ва тиб зарурӣ буда, ба рушди ин соҳаҳо ва муосир шудани онҳо мусоидат менамояд.

Дар воқеъ, ҷомеа рӯз аз рӯз пешрафт менамояд ва натиҷаҳои илмии олимону пажуҳишгарон бештар дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Мо ҳоло мушоҳида менамоем, ки илму техника бо суръати баланд рушд менамояд ва инсон бештар талош мекунад, то зиндагии хешро бо истифода аз илму технология осонтар созад. Ҳамин аст, ки ҳар кишвари пешрафта барои иҷрои ин миссия мусобиқа мекунад ва мо мебинем, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон дар ин масъала муваффақ низ ҳастанд.

Истифода аз неруи зеҳнии олимону пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону андешаварон истифода аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд.

Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷа додааст ва он ҳам натиҷаи хуб. Яъне, инсоният ҳамеша талош менамояд, то дар умри хеш аз воситаҳои ёрирасон ва ба зиндагӣ мусоидаткунанда истифода барад ва ҳар ихтирои ӯ дар ин самт хуш пазируфта мешавад. Зеро ба чизи нав ҳамеша ниёз ҳаст.

Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёту дигар соҳаҳо борҳо гуфта гузаштанд, и ин зарурати ҳаётӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст, ки дар ин замина аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд. Албатта, ин ҳама аз дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат дарак медиҳад.

Қобили зикр аст, ки барои рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, 24 ҷой барои ғолибон муайян карда шуд, ки ин ҳам ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

Воқеан, рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат ба беҳтар гардидани шароити иқтисодӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд. Татбиқи ташаббусҳо дар самти зеҳни сунъӣ дар мамлакат маърифати рақамии ҷомеаро баланд бардошта, ҳамаи соҳаҳоро як зина баландтар рушд медиҳад. Истифода аз имконияти зеҳни сунъӣ саҳмгузорӣ дар рушди технологияи муосир мебошад.

ШАРИФЗОДА Шамъигул Гадомад,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

2025-07-29 20:29:58

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: АЗ ЗАМИНАҲОИ ТАТБИҚШАВАНДА ТО ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМА ДАР СММ

Зеҳни сунъӣ як соҳаи технологияи муосир мебошад, ки ҳадафи асосии он сохтани системаҳои қодир ба иҷрои вазифаҳоест, ки барои инсонҳо зеҳни маъруфро талаб мекунанд. Бо истифода аз усулҳои алгоритмӣ ва таҳлили маълумот зеҳни сунъӣ кӯшиш мекунад, ки қарорбарорӣ, омӯзиш, ташхис ва таърифҳои воқеиро, ки дар мубодила ва фаҳмидани дунё кӯмак мекунад, беҳтар таъмини кунад.

Зеҳни сунъӣ ба истифодаи алгоритмҳо амсилаҳо ва усулҳои оморӣ барои таҳияи системаҳо ва барномаҳое ишора мекунад, ки метавонад амалҳои зеҳнии инсонро такрор кунад. Он барои амалӣ кардани вазифаҳои гуногун, ки талабот ба фаҳмидан, таҳлил ва муносибат бо маълумотро доранд, истифода мешавад.

Мақсади зеҳни сунъӣ таҳияи алгоритмҳо ва амсилаҳое мебошад, ки метавонанд зеҳни инсонро тақлид кунанд ва вазифаҳои гуногунро иҷро намоянд. Имрӯз он дар ҳама ҷо вуҷуд дорад ва дар соҳаҳои гуногун истифода мешавад. Системаҳои муосири зеҳни сунъӣ, ба монанди (ChatGPT), ёварони овозӣ (Siri, Alexa), системаҳои тавсиявӣ (Netflix, YouTube), худидорашавандаҳо дар мошинҳо (Tesla) ва ғайраҳо танҳо вазифаҳои мушаххасро иҷро карда метавонанд. Ин системаҳо мафҳуми зеҳни инсонро пурра намефаҳманд, балки барои иҷрои вазифаҳои муайян аз алгоритмҳо ва моделҳои омӯзиши мошинӣ истифода мекунанд.

Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои марбут ба он дар ҷаҳони муосир як қисми ҷудонашавандаи рушди илмӣ ва технологӣ мебошанд. Ин технологияҳо дар ҳолати кунунӣ бо суръат рушд мекунанд ва таъсири амиқе ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ доранд. Аз соҳаи тиб ва саноат то маърифати инсон ва равандҳои кории ҳаррӯза, зеҳни сунъӣ бо роҳҳои гуногун ба муваффақиятҳои бузург дар ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисодӣ кӯмак мекунад.

Махсусан, агар системаҳои зеҳни сунъӣ, ки дар боло зикр шуд, ба таври васеъ дар иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои асосии кишвар татбиқ шаванд, пешрафти иқтисоди рақамии кишвар бо суръат афзоиш хоҳад ёфт. Системаҳое, ки на танҳо барои рушди фардӣ, балки барои пешрафт ва навовариҳои иҷтимоии соҳаҳо истифода мешаванд, метавонанд дар таҳкими иқтисоди миллӣ нақши муҳим дошта бошанд.

Бо дарки ҳамин нукта 25 июли соли равон Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои узви СММ қадами муҳиммеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки қатъномаи зикршуда ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Амалӣ намудани ин қатънома ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд.

Хулоса, қабули қатъномаи мазкур нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид мекунад.

Замира ИРМАТОВА,

директори Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом

ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров

2025-07-29 20:28:17

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд.

Натиҷаҳои самараноки сафарҳои давлатии чанде пеши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина, Сарони давлатҳо муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

2025-07-28 20:13:16

ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР СММ

 (Дар ҳошияи қабули лоиҳаи қатънома зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар Созмони Милали Муттаҳид)

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) қабул гардид.

25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми навоварона ва дурбинона баҳогузорӣ шуда, аҳамияти истифодаи технологияҳои муосирро дар самти таъмини рушди устувор, амнияти иттилоотӣ ва пешбурди илмӣ-техникӣ таъкид менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд.

Қатъномаи мазкур нишонгари мавқеи устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва саҳми фаъолонааш дар ташаккули ояндаи рақамии башарият мебошад. Ин иқдом боз як шаҳодати дигарест аз сиёсатҳои хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҷомеаи пешрафта ва рақамӣ.

Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ:

Дар даврони муосир, зеҳни сунъӣ ба унвони яке аз муҳаррикҳои асосии пешрафти илмӣ ва иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон пазируфта шудааст. Ин технология на танҳо соҳаҳои техникӣ, балкӣ равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва маъмуриро низ тағйир медиҳад. Хусусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ барои рушди устувор қарор дорад, татбиқи босамари зеҳни сунъӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар шароити Осиёи Марказӣ:

Осиёи Марказӣ минтақаест бо хусусиятҳои гуногун — аз иқлими шадид то захираҳои бойи табиӣ ва қобилиятҳои инсонӣ. Дар чунин муҳит, зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳлили омилҳои табиӣ, идораи захираҳои обӣ, беҳсозии заминдорӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву маъмурӣ имкониятҳои фаровон фароҳам оварад. Бо ёрии алгоритмҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ, ҳукуматҳо метавонанд дар заминаи сиёсати иҷтимоӣ, банақшагирии шаҳрҳо, идораи нақлиёт ва тандурустӣ қарори дақиқ ва самарабахш қабул намоянд.

Рушди устувор ва нақши технология:

Рушди устувор маънои таъмини пешрафти иқтисодӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҳифзи муҳити зист ва баробарии иҷтимоиро дорад. Зеҳни сунъӣ метавонад бо истифода аз шабакаҳои нейронӣ, омӯзиши мошинӣ ва таҳлили оморӣ дар пешгӯии хавфҳои иқлимӣ, танзими истеъмоли энергия ва коҳиши партовҳои саноатӣ нақши муассир бозад.

Дар кишоварзии минтақа, истифодаи дронҳо ва системаҳои зеҳни сунъӣ метавонад ба беҳтар шудани ҳосилнокӣ ва кам кардани талафоти захираҳо мусоидат намояд. Ҳамзамон, дар бахши маориф ва тандурустӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад сифати хизматрасониҳоро ба таври назаррас баланд бардорад.

Ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Бо назардошти аҳамияти рӯзафзуни зеҳни сунъӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор, лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд. Ин санад бо иттифоқи оро қабул гардид ва баёнгари ҷиддияти кишвар дар мавриди истифодаи технологияҳои муосир барои таъмини рушди устувор мебошад.

Хулоса, татбиқи оқилона ва фарогири зеҳни сунъӣ метавонад ба табдилёбии куллии равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд. Бо таъмини ҳамкории минтақавӣ, ташкили инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани саводи рақамии аҳолӣ, кишварҳои минтақа метавонанд аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ самаранок истифода баранд ва роҳи рушдро бо устуворӣ тай намоянд.

Одилов Тоҳир, вакили Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ,

мудири кафедраи техникӣ-технологии

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

2025-07-28 20:11:38

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДУ ТАҲАВВУЛИ КИШВАР

Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Мисол мегирем телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд.

Эмомалӣ Раҳмон

25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Қатъномаи зикршуда ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Амалӣ намудани ин рӯйкардҳо ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд.

Имрӯз зеҳни сунъӣ аз ҳар ҷиҳат шаҳодат медиҳад, ки дар баъзан самтҳо аз хотираи инсон бартар аст, ҳарчанд худи ӯ маҳсули таффакури инсон мебошад. Аммо ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки одам тавони анҷом додани онҳоро дар кӯтоҳтарин муддат надорад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани триллиардҳо иттилоро доро буда, дар як сония метавонад баъд аз таҳлили ин миқдори иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал кунад.

Чанд даҳсолаи охир аст, ки дар бозори меҳнат инсон ва технология дар рақобат бо ҳам қарор доранд. Технологияҳои муосир метавонанд бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун инсонро иваз намоянд. Раванди худкоргардонии техналогия, мавқеъӣ инсонро дар бозори меҳнат танг менамояд, вале дар баробари ин боиси пайдоиши касбҳои нав мегардад. Аммо дар ин ҷараён зеҳни сунъӣ метавонад дар ҳаёти инсонӣ тағйироти амиқеро ба вуҷуд биоварад. Имрӯз инсон метавонад таввасути барномаҳои махсус бо зеҳни сунъӣ дар рақобат қарор гирад, ки намунаи бориаш бозиҳои телефонист, чун шоҳмот.

Дар маҷмуъ, бо ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа тавсея ёфт ва дастрасӣ ба махзанҳои илмӣ осон гашта, имкониятҳои фаровоне ҷиҳати донишомӯзӣ фароҳам сохта шуд. Дар ин замина бо истифода аз технология коркарди иттилооот, тавлидоти он ва паҳн намуданаш дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назарияҳои илмӣ сол то сол такмил ёфтанд. Ин аст, ки садсолаи охир рушди илм ба ташаккулии технология замина фароҳам овардааст. Бинобар ин, татбиқи ин ташаббус барои рушду шукуфоии кишвар аҳаммияти хоса дорад.

Марҳабо РАСУЛОВА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом

ба номи Мирзо Турсунзода

2025-07-28 20:08:58

ТОҶИКИСТОН – ТАШАББУСКОРИ ТАТБИҚИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ҶАҲОН

Қатъномаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди зеҳни сунъӣ, ки дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 25 июли соли 2025 қабул гардид, рӯйдоди воқеан муҳим ва бесобиқа дар сатҳи сиёсати байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Ин ташаббус, ки бо пешниҳоди расмии Тоҷикистон ва бо ҷонибдории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Маҷмаи Умумӣ пешниҳод гардид, аввалин маротиба дар таърихи СММ масъалаи танзими зеҳни сунъиро дар сатҳи минтақавӣ, яъне дар доираи Осиёи Марказӣ, мавриди баррасӣ ва қабули қатъномаи расмӣ қарор дод. Қабули ин қатънома далели равшани он аст, ки Тоҷикистон дар самти ташкили чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва стратегӣ барои истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ мавқеи фаъоли сиёсӣ ва ташаббускорӣ касб намудааст.

Қатъномаи мазкур, ки ба ҳадафҳои рушди устувори СММ пайванд дорад, бо таваҷҷуҳ ба зарурати ҳамоҳангсозии сиёсати зеҳни сунъӣ дар кишварҳои рушдёбандаи минтақа таҳия гардида, таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар Душанбе пешбинӣ мекунад. Ин марказ ҳамчун пойгоҳи ҳамкории илмӣ, техникӣ, ва сиёсӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди AI (зеҳни сунъӣ) ва татбиқи бехатари он хизмат хоҳад кард.

Бо ин иқдом, Тоҷикистон нишон дод, ки на танҳо дар фикри ворид шудан ба ҷаҳони рақобатпазири рақамӣ аст, балки дар пайи таъсиси низоми мутавозин, одилона ва дастрас барои ҳама кишварҳои минтақа мебошад.

Қатънома равиши “танзими худидорашаванда”-ро бо мусоидати ҳамоҳангшудаи минтақавӣ тарғиб мекунад. Мақсад аз он, таъмини мувозинати дуруст байни инноватсия ва амнияти ҳуқуқии инсон, инчунин пешгирии сӯистифода аз AI дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тоҷикистон дар қатънома таъкид кардааст, ки AI бояд воситаи тавонмандсозии инсон бошад, на абзори идоракунӣ ва назорат. Ин мавқеъ, ки бо меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ аст, пуштибонии аксари кишварҳои узви СММ-ро ба даст овард.

Дар қатънома ҳамзамон нақши AI дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба маълумот, таҳсилоти рақамӣ ва рушди нерӯи инсонӣ таъкид шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои 98 дарсади энергияи барқароршаванда, ният дорад, ки марказҳои додаҳо ва системаи AI-ро дар асоси энергияҳои сабз ба роҳ монад, ки ин равиш ба кам кардани таъсири карбон мусоидат хоҳад кард.

Ин қатънома як зинаи нави эътирофи байналмилалӣ барои Тоҷикистон аст. Он на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маркази диққати сиёсати рақамии минтақавӣ мубаддал сохт, балки саҳми кишварро дар ташкили стандартҳои глобалӣ дар бахши зеҳни сунъӣ муайян намуд. Дар айни замон, он барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ имконият фароҳам меорад, ки дар қолаби як равиши умумминтақавӣ пешрафт намоянд, бе он ки ба зери фишор ё вобастагии технологияҳои хориҷӣ гирифтор шаванд.

Хулоса, қабули қатъномаи мазкур на танҳо як дастоварди муҳим барои дипломатияи Тоҷикистон, балки як намунаи воқеии ташаббус ва масъулиятшиносии байналмилалӣ мебошад. Он барои наслҳои оянда заминаи мустаҳками сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва техникӣ хоҳад гузошт, то ки зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи созанда ва на ҳамчун хатари назоратнашаванда ба ҳаёти инсонҳо таъсир расонад.

Қадами устуворе, ки Тоҷикистон гузошт, метавонад намунаи пайравӣ барои дигар кишварҳои ҷаҳон гардад ва муҳити муносиби байналмилалиро барои рушд ва танзими адолатпарваронаи технологияҳои навин фароҳам оварад.

Рухшона ДАВЛАТШОЕВА,

директори Литсейи касбии саноатии насоҷии шаҳри Душанбе

2025-07-27 19:39:38

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МИНБАРИ ҶАҲОНӢ ПАЗИРУФТА ШУД

Бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид.

25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур аслан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳимеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад.

Илова бар ин, ин қатънома ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ба ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Амалӣ намудани ин рӯйкардҳо ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ба тезонидани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбута мусоидат хоҳад кард:

— пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни паркҳои технологӣ дар минтақа;

— роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;

— ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот барои афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;

— ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;

— пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.

Бешак, қабули қатъномаи мазкур нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд.

2025-07-27 19:36:42

ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР СММ

(Дар ҳошияи қабули лоиҳаи қатънома зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар Созмони Милали Муттаҳид)

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) қабул гардид.

25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми навоварона ва дурбинона баҳогузорӣ шуда, аҳамияти истифодаи технологияҳои муосирро дар самти таъмини рушди устувор, амнияти иттилоотӣ ва пешбурди илмӣ-техникӣ таъкид менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд.

Қатъномаи мазкур нишонгари мавқеи устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва саҳми фаъолонааш дар ташаккули ояндаи рақамии башарият мебошад. Ин иқдом боз як шаҳодати дигарест аз сиёсатҳои хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҷомеаи пешрафта ва рақамӣ.

Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ:

Дар даврони муосир, зеҳни сунъӣ ба унвони яке аз муҳаррикҳои асосии пешрафти илмӣ ва иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон пазируфта шудааст. Ин технология на танҳо соҳаҳои техникӣ, балкӣ равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва маъмуриро низ тағйир медиҳад. Хусусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ барои рушди устувор қарор дорад, татбиқи босамари зеҳни сунъӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар шароити Осиёи Марказӣ:

Осиёи Марказӣ минтақаест бо хусусиятҳои гуногун — аз иқлими шадид то захираҳои бойи табиӣ ва қобилиятҳои инсонӣ. Дар чунин муҳит, зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳлили омилҳои табиӣ, идораи захираҳои обӣ, беҳсозии заминдорӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву маъмурӣ имкониятҳои фаровон фароҳам оварад. Бо ёрии алгоритмҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ, ҳукуматҳо метавонанд дар заминаи сиёсати иҷтимоӣ, банақшагирии шаҳрҳо, идораи нақлиёт ва тандурустӣ қарори дақиқ ва самарабахш қабул намоянд.

Рушди устувор ва нақши технология:

Рушди устувор маънои таъмини пешрафти иқтисодӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҳифзи муҳити зист ва баробарии иҷтимоиро дорад. Зеҳни сунъӣ метавонад бо истифода аз шабакаҳои нейронӣ, омӯзиши мошинӣ ва таҳлили оморӣ дар пешгӯии хавфҳои иқлимӣ, танзими истеъмоли энергия ва коҳиши партовҳои саноатӣ нақши муассир бозад.

Дар кишоварзии минтақа, истифодаи дронҳо ва системаҳои зеҳни сунъӣ метавонад ба беҳтар шудани ҳосилнокӣ ва кам кардани талафоти захираҳо мусоидат намояд. Ҳамзамон, дар бахши маориф ва тандурустӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад сифати хизматрасониҳоро ба таври назаррас баланд бардорад.

Ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Бо назардошти аҳамияти рӯзафзуни зеҳни сунъӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор, лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд. Ин санад бо иттифоқи оро қабул гардид ва баёнгари ҷиддияти кишвар дар мавриди истифодаи технологияҳои муосир барои таъмини рушди устувор мебошад.

Хулоса, татбиқи оқилона ва фарогири зеҳни сунъӣ метавонад ба табдилёбии куллии равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд. Бо таъмини ҳамкории минтақавӣ, ташкили инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани саводи рақамии аҳолӣ, кишварҳои минтақа метавонанд аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ самаранок истифода баранд ва роҳи рушдро бо устуворӣ тай намоянд.

Одилов Тоҳир, вакили Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ,

мудири кафедраи техникӣ-технологии

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ