Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ НАҶОТИ БАШАРИЯТ
single-product

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ НАҶОТИ БАШАРИЯТ

2025-05-30 20:37:17

Имрӯз яке аз мушкилоти глобалие, ки на танҳо Тоҷикистон балки ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, ин тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо захираи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб рафта, обшавии босуръати онҳо дар тамоми минтақаҳои сайёраи Замин ба назар мерасад. Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавӣ на танҳо барои як давлат балки ҷомеаи ҷаҳонро зарур аст ба ҳифзи пиряхҳо, ки оқибатҳои ногувор дорад, диққати ҷиддӣ зоҳир намояд.

Зарурияти ҳифзи пиряхҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи Генералии СММ ба таври зайл таъкид намуда буданд: “Бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна то 1оС гарм шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам шуда истодааст".

Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, якдилона қабул намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаи глобалии об ва иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус обшавии пиряхҳо ва кам шудани захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Иқдоми дигари Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 кишвари узви ин созмон дастгирӣ карданд. Қабули чунин қатъномаи муҳим ва муфид барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гардид.

Тибқи қарори мазкур аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Инчунин тибқи ҳамин қатънома қарор дар бораи таъсиси Хазинаи байналмилалии боварӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд ва маълум гардид, ки дар соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Иқдоми мазкур барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузургро доро мебошад. Маҳз тавассути он имкони бештари ҳифзи табиат ва неъматҳои он имконпазир мегардад, ки барои ҳифзи ҳаёти башарият басо муҳим мебошад.

Пиряхҳо давоми садсолаҳои мавҷудияти кураи Замин арзи ҳастӣ намуда, дар эволютсияи он низ нақши муҳимро соҳиб ҳастанд. Инкишофи мухити географии кураи замин бо мувозинати гармию намнокӣ муайян карда мешавад, ки бевосита ба раванди ташаккул ва обшавии пиряхҳо вобаста аст.

Таъсири пиряхҳо асосан дар ҳолати гармшавии бошиддати иқлим ва кам гардидани боришот таъсири худро ба табиат ва иқлими Замин мерасонанд. Ин аст, ки аҳли башарро зарур аст, барои пешгирии обшавии пиряхҳо камари ҳиммат баста, нақши босазои худро дар он гузошта бошанд.

Тӯли солҳои охир дар сар то сари ҷаҳон обшавии босуръати пиряхҳо мушоҳида карда мешавад. Аз ин ҷост, ки миёни аҳолии кураи Замин ва бахусус миёни коршиносону олимон чунин ақида пайдо гаштааст, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт.

Пиряхҳо манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд. Давоми солҳои охир тақрибан 1,5-2 миллиар нафар сокинони кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Амрико аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ дучори мушкилӣ гардида истодаанд. Сабаби асосии мушкилии мазкур хушкшавии дарёҳое арзёбӣ мегардад, ки сарчашмаи онҳоро маҳз пиряхҳо ташкил медиҳанд.

Мушкилии дигар ва бисёр муҳим ин мебошад, ки дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи баҳру уқёнусҳо низ баланд гардида, заминҳои наздисоҳилӣ зери об мондаанд. Дар навбати худ ин падидаи фалокатзо ба киштзорҳо ва зиндагии мардуми минтақаҳои наздисоҳилӣ таъсири манфии худро расонда истодааст. Бо ин гуфтаҳо тахмин кардан мумкин аст, ки обшавии пиряхҳо дар солҳои наздик инсониятро ба афзоиши мушкилоти глобалии экологӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Дар ибтидои асри XXI таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт, зеро инсоният таҳдиди коҳиши ҳавои тоза ва обро беш аз беш дарк намуд. Инро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд.

Тоҷикистон низ тӯли бистсолаи охир ҳамчун яке аз кишварҳои асосии ташаббускор дар пешгирӣ аз мушкилоти обу иқлим баромад мекунад. Дар тӯли муддати начандон дарози таърихӣ панҷ пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд ва боиси афзун гардидани эътибори сиёсии он гардид. Ин нуфузу эътибор ва ташаббускории рӯзафзун ба номи фарзанди баномуси миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зич дорад. Маҳз ин нафар дар ибтидои сада диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мазкур равона намуд. Тӯли ин солҳо аз минбари бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ натанҳо барои баррасии масъалаҳои дохилии Тоҷикистон балки барои ҳалли мушкилоту муаммоҳои глобалии сайёра талош намуд. Ин аст, фидокории фарзанди фарзона ва боору номуси тоҷик.

Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як ташаббускори сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, барои муттаҳид намудани саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус роҳбарони сиёсии ҷаҳон дар қабул ва татбиқи он шароит фароҳам меорад

Ба шарофати ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва хизматҳои хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун иҷрокунандаи вазифаҳои муҳимтарин ва калидӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.

Неъматулло Фаттоев, директори Литсейи политехникии шаҳри Душанбе