Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ ФОНДИ ИҚЛИМИИ САБЗ МАФАЛДА ДУАРТЕ
single-product

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ ФОНДИ ИҚЛИМИИ САБЗ МАФАЛДА ДУАРТЕ

2025-05-30 20:33:53

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки Бунёди иқлими сабз ба татбиқи ҳадафҳои конфронс ва пешбурди талошҳои глобалӣ баҳри пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо мусоидати муассир хоҳад кард.

Ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, таъмини устуворӣ дар муқобили хатарҳои табиӣ, рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар бахши обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

single