Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ
single-product

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ

2025-06-02 17:10:50

Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои ором ва осуда ҷашн мегиранд. Дар замони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат масъулияти бештарро талаб менамояд, зеро вазъияти ҷаҳони муосир пешгӯинашаванда ва тағийрпазир боқӣ мемонад.

Кишварҳои гуногун бо сабабҳои манфиатҷӯии гурӯҳҳои алоҳида ба хоку хун кашида мешаванд ва ҳодисаҳои солҳои охир дар миқёси ҷаҳон гувоҳи он аст, ки раванди сиёсии давлатҳои ҷудогона торафт мураккаб мегардад. Ҷангу куштор ва вайронкории кишварҳои обод аз қабили Ироқ, Сурия, Яман, Ливия ва ғайра рӯзгори талхеро пешорӯйи мардумони кишварҳои мазкур қарор додааст.

Ин санаи таърихӣ, ки бо суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳимму сарнавиштсоз ба хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани сулҳу оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.

Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд - меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва бесобиқа аст.

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве боз намуд, ки роҳи ояндаро ба сӯи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд равшан сохт.

Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром ҷараён доранд.

Сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ бо қадами мубораки фарзонафарзанди ҷонфидои Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа устувор гардида, соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат рушд ёфта, мактабу маориф ва илму дониш мавқеи худро боз ҳам устувор намуд.

Таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ – ин ду рукни асосӣ боиси рушд ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, дар марҳилаи кунунӣ ваҳдат бевосита кафили рушди устувору муътадили ҷомеа дониста мешавад. Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои воқеан олӣ,моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамонро ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ ва ҳақиқӣ диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва дар баробари Истиқлоли давлатӣ заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид менамоянд: “Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид”.

Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда истодааст.

Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо байни мардуми Тоҷикистон обрӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарварона эътироф гардида гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Бинобар ин, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣмеорад вакишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро устувор карда метавонем.

Ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Зарурат ва аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат эҳсос мешавад. Зеро соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як халқу кишвар кори саҳлу осон нест, ҳифзу таҳкими ин ганҷинаи бебаҳо бошад,кори мушкилтар аз он аст. Роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале амалияи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва маданияти сиёсии устуворро тақозо менамояд.

Хушбахтона, дар ин маврид таърих ба мардуми тоҷдори тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари маҳбубро ато намуд, ки мардуми мамлакатро дар атрофи идеологияи ягонагиву ваҳдат ба ҳам овард. Дар муддати кӯтоҳ аҳолии кишвар нисбат ба сарвари худ муҳаббату садоқат ва боварӣ ҳосил намуда, кӯшиш намуданд, ки дар тарғиби сиёсати давлатии эшон саҳмгузор бошанд.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имзо гардид ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муждаи шодӣ ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи пойтахт Сарвари маҳбуби худро аҳолии Душанбе, зиёиён ва ходимони давлатӣ бо як шукӯҳу шаҳомат ва муҳаббати хосса пешвоз гирифтанд. Маросими пешвозгирии мазкур, ки дар он аҳолии ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок намуданд, аллакай гувоҳӣ аз ташнаи меҳру муҳаббат ва муттаҳидӣ будани мардуми кишвар медод. Сарвари давлат ин рӯзро ҳамчун рӯзи сарнавиштсози миллат ба таърих муҳр намуданд ва онро Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намуданд. Чуноне Сарвари давлат таъкид карданд: Маҳз Ваҳдати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоду демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи Ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем. Зеро ба фармудаи ниёгони бузургамон тавонои ва хушбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад”.

Ҳамаи ин ободиву шукуфоӣ ва якдилии мардуми сарбаландикишвар натиҷаи Ваҳдати миллӣ ва заҳмату талошҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин ҷост, ки пиру ҷавони мамлакатро зарур аст, то тамоми имконоту иқтидори мавҷударо барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллӣ равона созанд ва дар бунёди ояндаи босуботи мамлакат ҳиссаи боризи худро гузоранд.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва меҳанпарвар аз он иборат, ки Ваҳдати милӣ ва Истиқлоли даволатиро чун гаҳвари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азизу гаронарзиш ҳифз намояд ва онро дар баробари дигар муқаддасоти миллиамон пос доранд.

Иброҳимов Шерхон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон