Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-10-08 16:02:10

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллатӣ тоҷик роҳи хуршеду фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷахони маънавии тоҳиконро бо тамоми обу ранг ва дарахту ҷиллои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик накши барҷаста бозидааст.

Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаии қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад.Таърихи бостони ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидаст, ба ҷахониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсони сабакҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома додаистодааст. Дар баробари ин, як нуқтаи муҳимро таъкид менамоям. Рушди бесобиқаи ҷаҳони муосир, махсусан пешрафти техника ва техналогияҳо ба ҳамаи самтҳои зиндагӣ ва фаъолияти одамон таъсири рӯзафзун гузошта истодааст.

Муссалам аст ки чунин пешрави бо рушди забон робитаи қавӣ дошта, ба ташаккулёбӣ ва ғановатманд гардидани таркиби луғавии он мусоидат менамоянд. Табиист,ки баён мафҳумҳои нави дар марҳалаи кунунии ҳаёти башар ва фарҳанги ҷахони муосир ба вуҷуд омада калимаву истилоҳоти тоза эҷод ва мувофиқро тақозо мекнад.Дар ин ҳолат ба мо таърихи пурғановати забони тоҷикӣ,ва усулҳои бунёдии калимасозии забонамон ёри расонида метавонад.Барои ҳалли ин масъалаҳо олимони забоншиноси мо бояд ба омӯзиши ҳамҷонибаи таҳқиқи таърихии забон баргардону нашр кардани осори оламшумури давраи классикӣ аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ ва муайану дақиқ сохтани усулҳои калимасозии забони точикӣ аҳамияти аввалин дараҷа диҳанд. Дигар ин ки дар болоравии сатҳи забон донии аҳли ҷомеа ва пойдориву рушди забонамон луғатномаҳо нақши бузург доранд. Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълиф намудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмию адабӣ ва ахлоқииву маънавӣ ғани гардонида аст. Ҳамчунин моҳияи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлатии тоҷикон аз манбаҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медихад. Тавассути пайгирона амалӣ намудани сиёсати давлатии забон арзишхои забонӣ ва кудрати вокеии забони тоҷикӣ дар таърихи навини точикон дар тафаккури ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон вусъати бесобиқа пайдо кардаанд. Бо дарназардошти аҳамият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву нерӯи вокеии он ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозию фарҳангсолории халқамон мебошад. Забони модариамонро мо бояд пок нигоҳ дорем, зеро аз ниёгонамон мерос мондааст.

 

Рафоат НАЗАРОВА,

ассистенти кафедраи забони англисии

Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

2025-10-08 16:00:34

САММИТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ-РУСИЯ ВА ҶАЛАСАИ ИДМ- ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ

Рӯзҳои 9 -10 октябри соли 2025 пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мизбони ду ҳамоиши сатҳи олӣ мегардад: Саммити “Осиёи Марказӣ- Русия” ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Ин воқеаҳои бузург на танҳо барои кишварҳои иштирокдор, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҷиддӣ доранд, зеро онҳо ояндаи ҳамгироии минтақавӣ ва рушди шарикии стратегиро муайян мекунанд.

Баргузории чунин нишастҳо дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз сиёсати хирадмандона ва мутавозини хориҷии кишвар шаҳодат медиҳад, ки ба ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ, таъмини суботи минтақа ва ҳифзи манфиатҳои миллии худ равона шудааст. Ин формати ҳамкорӣ солҳои охир ба минбари муҳими муҳокимаи масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия табдил ёфтааст.

Ҳадафи асосии саммитро метавон чунин арзёбӣ намуд: -таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек; -рушди иқтисод ва сармоягузорӣ; -густариши робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ; -ҳифзи амният ва мубориза бо хатарҳои муосир. Дар саммити мазкур дар назар аст,ки роҳбарони давлатҳо ба масъалаи интегратсияи иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту логистика, технологияҳои рақамӣ ва амнияти озуқаворӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Масоили муҳими баррасишаванда: 1. Энергетика ва нақлиёт – истифодаи захираҳои бузурги энергетикии минтақа ва беҳбуд бахшидани шабакаҳои инфрасохторӣ барои содироти барқ ва мол. 2. Амният ва муқовимат ба таҳдидҳо – ҳамоҳангсозии қувваҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ. 3. Маориф ва фарҳанг – татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ, густариши табодули донишҷӯён, таҳкими омӯзиши забон ва фарҳанги кишварҳо. 4. Экология ва тағйирёбии иқлим – ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти обӣ ва муҳофизати муҳити зист, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар паҳлуи саммит, Душанбе боз як минбари муҳими ҳамгироиро мизбонӣ менамояд. Ин иттиҳод, ки соли 1991 таъсис ёфтааст, ҳанӯз ҳам нақши калидӣ дар ҳамгироии кишварҳои пасошӯравӣ мебозад. Дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанашон дар назар аст: -ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии бозори ягонаи кишварҳои ИДМ; -таҳкими ҳамкориҳои низомиву амниятӣ; -ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва илм; -густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва инсондӯстона. Ба ғайр аз ин, роҳбарони давлатҳо бар зарурати таҷдид ва мутобиқсозии фаъолияти ИДМ ба шароити нави ҷаҳонӣ табодули афкор менамоянд. Нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари мизбони баргузории ҳамзамони ду ҳамоиши сатҳи олӣ дар Душанбе нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба як минбари муътамади дипломатӣ табдил ёфтааст. Ин воқеаҳо барои кишвар чанд паём доранд: Эътирофи нақши Тоҷикистон дар сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ; -тақвияти нуфузи байналмилалӣ ва эътимоди шарикон; -имкониятҳои нави иқтисодӣ барои ҷалби сармоя ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ; -ташаккули симои Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва ҷонибдори муколама. Хулоса, ҳам саммити “Осиёи Марказӣ- Русия” ва ҳам ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар Душанбе марҳилаи наве дар ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалӣ мегардад. Ин ду рӯйдоди муҳими сатҳи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки роҳбарони кишварҳои иштирокдор ба он назаранд, ки : субот, пешрафт ва амнияти ҳар як давлат танҳо дар доираи ҳамгироӣ ва ҳамкории густурда имконпазир аст. Тоҷикистон бо мизбонии ин ҳамоишҳо бори дигар собит намуд, ки сиёсати хориҷии фаъол, мутавозин ва ҳамгироёна метавонад ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба рушди минтақа хидмат намояд.


Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ,

директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ,

номзади илҳои иқтисодӣ, дотсент

2025-10-08 15:57:46

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС ВА ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Дар асоси дастуру ҳидоятои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷиҳати ҳарчӣ бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷовонон бо дастгирии Ҳукумати ҷумурӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим санги асоси Литсейи касбии техники гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид ба тасилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Қурбонзода Файзиддин Мурод ва директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бланка Робертс иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин замина, раиси вилоят ва намояндаи Кумита сокинони ҷамоатро бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуда, оғози корҳои сохтмонии литсейи мазкурро туҳфаи арзанда, ҷиҳати ҳарчӣ бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷовонони минтақа унвон карданд.

Бояд қайд намуд, ки Литсейи касбии техникӣ дар ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Литсйи мазкур аз се ошёна иборат буда, дар синфхона, утохонаи таълимӣ истеҳсолӣ, маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир, хобгоҳ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳандисони ояндасоз» ба роҳ монда шуда, ба маблағи умумии 11 млн. 042 ҳазору 823 сомонӣ дар мудати 1 сол сохта ва ба истифода дода мешавад.

Сокинони ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим аз оғози корҳои сохтмонии муассисаи мазкур изори хушнӯдӣ намуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон, хоса ба Пешвои муаззами миллат мутарам Эмомалӣ Рамон баён намуданд.

Дар фарҷом, директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бланка Робертс аз номи Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.

2025-10-07 17:17:34

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки раванди геополитикӣ бо суръат тағйир меёбад, муносибатҳои байнидавлатӣ аз шаклҳои анъанавии дипломатӣ гузашта, ба сатҳи нави ҳамкории минтақавию стратегӣ мерасанд. Кишварҳое, ки тавони идоракунии муколама, миёнаравӣ ва ҳамоҳангсозии манфиатҳои гуногунро доранд, дар сиёсати байналмилалӣ мақоми махсус касб менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва бо ҳама давлатҳои асосии минтақа робитаҳои дӯстона ва ҳамкоронаи мутавозинро нигоҳ медорад, имрӯз ҳамчун яке аз чунин давлатҳо шинохта шудааст.

Баргузории ду ҳамоиши бузурги байналмилалӣ — Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 9-10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе далели равшани ин гуфтаҳо аст. Ин ду чорабинӣ, ки бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор мегарданд, Тоҷикистонро дар маркази таваҷҷуҳи сиёсию дипломатии минтақа ва ҷаҳони муосир қарор медиҳанд.

Душанбе қаблан низ борҳо мизбони нишастҳои сатҳи баланди байналмилалӣ гардидааст. Баргузории чандин конфронсу саммитҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва иқлим, ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамоишҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар чорабиниҳои сатҳи олӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати устувор, эътимодбахш ва дорои сиёсати хориҷии хирадмандона шинохта шудааст.

Агар ба таърихи ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки аз ибтидои истиқлолият то имрӯз сиёсати давлатии он бар пояи сулҳ, муколама ва ҳамкорӣ бунёд ёфтааст. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки мамлакат баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба оромӣ рӯ овард, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои боз» ва ҳамзистии сулҳомезро ҳамчун принсипи асосии муносибатҳои хориҷӣ муқаррар намуданд. Маҳз ҳамин сиёсати мутавозин боис гардид, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи васеи байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдори сулҳ ва субот шинохта шудааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчии фаъоли ташаббусҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфт. Иштироки Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва якчанд ниҳоди байналмилалии дигар на танҳо мавқеи Тоҷикистонро таҳким бахшид, балки онро ба иштирокдори фаъол дар муҳити сиёсию иқтисодии минтақа табдил дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ҳамкорӣ ҳамеша мавқеи созанда ва миёнаравона доштааст. Таҷрибаи давлат дар барқарорсозии сулҳ, ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва тарғиби арзишҳои ҳамзистии осоишта ҳамчун намунаи нодири сиёсати хирадмандонаи миллӣ эътироф карда шудааст. Аз ин рӯ, интихоби Душанбе ҳамчун макони баргузории ду чорабинии муҳими моҳи октябр тасодуфӣ нест, балки он бар пояи таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст.

Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» шакли нави ҳамкорист, ки барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ байни давлатҳои минтақа ва Федератсияи Русия заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Дар шароити тағйирёбии вазъи ҷаҳонӣ ва зиёдшавии рақобат барои захираҳои табиӣ ва роҳҳои транзитӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкории наздик бо ҳамдигар ва бо шарики стратегие, чун Русия ниёз доранд. Тоҷикистон, ки бо ҳама кишварҳои минтақа робитаҳои устувор дорад, метавонад дар байни онҳо нақши пули пайвасткунандаро бозад.

Аз сӯи дигар, ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе низ аҳамияти сиёсиву таърихии бузург дорад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт, имрӯз ҳамоно яке аз платформаҳои муҳими ҳамгироии давлатҳои пасошӯравӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали узвият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамеша ҷонибдори таҳкими робитаҳо, ҳамгироии иқтисодӣ, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати амниятӣ будааст. Ҳамин нақш ва мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боис гардид, ки Душанбе мизбони ҷаласаи сарони ин иттиҳод гардад. Зеро Тоҷикистон дар даҳсолаи охир бо пешниҳоди як силсила ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадҳо нақши фаъолеро дар сиёсати амниятии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бозидааст. Ҳамчунин Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои фарҳангию гуманитарии иттиҳод, аз қабили «Пойтахти фарҳангии ИДМ» саҳми назаррас дорад.

Мизбонии чунин ҳамоишҳо барои Тоҷикистон на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург аст. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мамлакат дар сатҳи баланд тавони ташкилотӣ, фарҳанги дипломатӣ ва сиёсати мутавозини худро намоиш диҳад. Бо назардошти таҷрибаи муваффақи баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба об (2022), саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоишҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Тоҷикистон собит кардааст, ки қодир аст ҳар гуна ҷаласаи сатҳи олӣ ва бо иштироки сарони давлатҳоро дар сатҳи шоиста баргузор намояд.

Ба ҳамин тариқ, интихоб шудани Душанбе ҳамчун макони баргузории Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 аз як ҷониб, натиҷаи мантиқии сиёсати хориҷии мутавозин ва созандаи мамлакат аст ва аз ҷониби дигар, далели возеҳи эътирофи байналмилалӣ ва афзоиши нақши Тоҷикистон дар муҳити геополитикии минтақа ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро риштаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо ҳам мепайванданд. Тақдири муштараки таърихӣ, шабакаҳои инфрасохтории муттаҳид, робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва арзишҳои тамаддунӣ шароити хос ба вуҷуд овардаанд, ки дар он ҳамкории мутақобили судманд барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад. Дар ин замина ташаккули платформаи “Осиёи Марказӣ – Русия” ҳамчун шакли нави муколамаи сиёсӣ ва иқтисодӣ падидаи муҳими замони муосир аст.

Тоҷикистон аз оғози таъсиси ин шакли ҳамкорӣ онро яке аз роҳҳои муассири таъмини субот ва пешрафти минтақа меҳисобад. Зеро сиёсати хориҷии мамлакат бар пояи эҷоди муҳити эътимод, ҳамзистии осоишта ва рушди ҳамгироии созанда устувор гардидааст. Саммити навбатии ин қолаб, ки дар Душанбе баргузор мегардад, аҳамияти хос пайдо мекунад, зеро дар он давраи нави муносибатҳои Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар замони пас аз пандемия, тағйироти иқлим ва рақобатҳои геополитикӣ муҳокима хоҳад шуд.

Дар доираи ин саммит масъалаҳои калидӣ, шуруъ аз амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ то ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, илм, технология ва мубориза бо хатарҳои муосир баррасӣ мегарданд. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар маркази роҳҳои транзитии минтақа воқеъ аст, мамлакат метавонад байни бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия нақши муҳими “пули логистикӣ” бозад. Дар ҳамин замина, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба рушди роҳҳои нави нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Узбекистон” ва густариши шабакаи энергетикии минтақавӣ бо пуштибонии Русия метавонад барои ҳама кишварҳои иштирокдор фоидаи стратегӣ дошта бошад.

Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия” инчунин имконияти муҳими муколамаи сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳоро дар масоили амниятӣ ба вуҷуд меорад. Тағйирёбии вазъ дар Афғонистон, афзоиши таҳдидҳои терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз қабили масъалаҳое мебошанд, ки наметавонанд берун аз таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа қарор гиранд. Тоҷикистон, ки давоми зиёда аз 30 сол сарҳади тӯлонӣ ва ҳассос бо Афғонистонро ҳифз менамояд, таҷрибаи беназир дар соҳаи таъмини амният ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ дорад. Ин таҷриба, бешубҳа, метавонад дар сатҳи саммити мазкур ҳамчун асоси ҳамкории муштарак пешниҳод гардад.

Аз нигоҳи сиёсати ҷаҳонӣ ташаккули қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия”, дар воқеъ, таҷассумгари марҳилаи нави ҳамкории стратегии пасошуравист. Он нишон медиҳад, ки давлатҳои минтақа дигар танҳо ҳамчун объекти сиёсати қудратҳои бузург нестанд, балки ба сифати субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ вориди амал мешаванд. Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи худ дар ин раванд нақши муҳими миёнаравӣ дорад. Сиёсати мутавозин ва диди стратегӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст, имкон медиҳад, ки Душанбе ҳам бо Русия, ҳам бо Чин ва ҳам бо кишварҳои Ғарб робитаҳои мутавозин ва судмандро нигоҳ дорад.

Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аз нигоҳи таърихӣ ва сиёсӣ аҳамияти кам надорад. Давоми се даҳсола Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун фазои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хизмат кардааст. Бо вуҷуди тағйироти сиёсӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ Иттиҳод тавонист дар муҳити пасошуравӣ ҳадди ақалл як сатҳи ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлатҳоро нигоҳ дорад. Барои Тоҷикистон ин иттиҳод ҳамеша минбари муҳим барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ будааст.

Дар муҳити имрӯза, ки ҷаҳон ба бисёрқутбият мегузарад, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавонад ҳамчун шакли нарми ҳамгироии минтақавӣ нақши нав бозад. Тоҷикистон дар ин раванд ҷонибдори таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати амниятӣ ва рушди барномаҳои илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бо пешниҳоди Тоҷикистон, солҳои охир дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд барномаҳои илмӣ-фарҳангӣ амалӣ гардида, ба ҳамбастагии мардумон ва рушди андешаҳои муштараки фарҳангӣ мусоидат карданд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории ҳамзамони ду чорабинии бузург дар Душанбе рамзи ҳамоҳангсозии сиёсати минтақа бо ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Ин падида нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони онро дорад, ки на танҳо мизбони расмии чорабиниҳо бошад, балки ҳамчун майдони муколамаи воқеӣ ва ҳамбастагии сиёсӣ амал кунад. Маҳз чунин муҳит барои таҳкими дипломатияи бисёрҷониба ва рушди ҳамкории иқтисодии муосир зарур аст.

Ҳамзамон баргузории ин нишастҳо дар Душанбе паёми возеҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад: минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги ҳамгироӣ ва суботи дохилӣ аст, ки бо роҳбарии давлатҳои масъул ва сиёсати хирадмандона метавонад ба шакли нави ҳамкории минтақавӣ табдил ёбад.

Аз нигоҳи иқтисодӣ чунин ҳамоишҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ, тавсеаи савдо, рушди соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аҳамияти бузург доранд. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони обӣ ва энергетикӣ мебошад, метавонад бо пешниҳоди барномаҳои муштарак дар соҳаи энергетикаи «сабз» ва иқтисоди «сабз» дар таъмини рушди устувори минтақа саҳм гузорад. Пешниҳодҳои қаблии мамлакат дар ин самт, ки аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид садо доданд, имрӯз дар сиёсати минтақавӣ мавқеи ҷиддӣ пайдо кардаанд.

Аз ҷиҳати сиёсӣ ва амниятӣ Душанбе давоми ду даҳсола ба маркази муҳими дипломатияи сулҳ табдил ёфтааст. Баргузории нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар форумҳои байналмилалӣ собит месозад, ки Тоҷикистон имрӯз дорои сатҳи баланди дипломатияи касбӣ ва таҷрибаи ташкили чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Маҳз ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва давлате, ки сиёсати хориҷии устувор ва мутавозинро пеш мебарад, қабул намояд. Барои Душанбе мизбонии нишастҳои сатҳи баланд на танҳо рамзи обрӯ, балки имконияти воқеии таҳкими мавқеи дипломатӣ, афзоиши нуфуз ва пешниҳоди ташаббусҳои нави минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Баргузории ду чорабинии сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо рамзи эътимод ба Тоҷикистон аст, балки нишонаи барҷастаи рушди дипломатияи минтақавӣ ва иқтидори ташкилии мамлакат мебошад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони онро дорад, ки дар шароити ҷаҳони бисёрқутбӣ ва рақобати сиёсӣ ҳамчун майдони ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлатҳо ва таҳкими ҳамгироии минтақаӣ амал намояд.

Таҳлили стратегӣ нишон медиҳад, ки чунин чорабиниҳо барои давлатҳои минтақа имконияти фароҳам овардани робитаҳои судманд, ҳамоҳангсозии сиёсати амниятию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва технологияҳои муосир мебошанд. Тоҷикистон бо мавқеи географӣ ва сиёсати хирадмандонааш метавонад нақши миёнарави эътимодбахш ва пайвасткунандаи минтақавиро бозад, ки ин барои субот ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Аз нигоҳи дипломатӣ баргузории чунин нишастҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон қобилияти модератсия ва роҳбарии ҳамоҳангсозии сиёсатҳои минтақавиро дорад, ки ин ҳамчунин имконияти тақвияти мавқеи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин чорабиниҳо барои рушди робитаҳо бо шарикони стратегии ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Мувофиқи таҳлилҳои илмӣ, интихоб шудани Душанбе ҳамчун мизбон дар сатҳи байналмилалӣ ба якчанд омил вобаста аст: сиёсати хориҷии устувор ва мутавозин, таҷрибаи муваффақи ташкилотчигӣ, сатҳи амнияти дохилӣ ва пойгоҳи инфрасохтории муосир, ки имконият медиҳад чорабинӣ бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайатҳои баландпояи дипломатӣ ба таври комил баргузор гардад. Ин омилҳо барои рушди нуфузи дипломатии Тоҷикистон ва эътимоди шарикони минтақавию байналмилалӣ заминаи боэътимод мегузоранд.

Дурнамои рушди ҳамкорӣ дар оянда низ бар асоси натиҷаҳои ин нишастҳо мусоид ба назар мерасад. Тоҷикистон метавонад ҳамчун платформаи стратегии ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати минтақаӣ барои таҳкими субот, рушди иқтисод ва ташаккули муносибатҳои фарҳангӣ хизмат намояд. Ҳамзамон мамлакат метавонад пешниҳодҳои мушаххас барои рушди инфрасохтор, энергетика, нақлиёт ва технологияҳои навро дар сатҳи минтақавӣ ба роҳ монад, ки ин ба рушди иқтисодии минтақа ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Баргузории ин нишастҳо низ барои Тоҷикистон имконияти арзишманд барои муаррифии сиёсати хориҷии мутавозин ва мустақил мебошад. Он нишон медиҳад, ки мамлакат метавонад ҳамзамон бо кишварҳои шарик муносибат дошта бошад, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд ва дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ саҳми назаррас гузорад.

Ҳамин тавр, аз нигоҳи илмӣ ва таҳлилӣ баргузории чунин ҳамоишҳо барои рушди дипломатияи бисёрҷониба ва ҳамгироии минтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳо ва роҳҳои амалии ҳамкорӣ метавонад ҳамчун намунаи давлате бо сиёсати хориҷии устувор ва ҳамкории созанда дар минтақа шинохта шавад.

Дар ниҳоят, метавон хулоса кард, ки нишастҳои сатҳи баланд дар Душанбе рамзи тавоноӣ ва иқтидори дипломатии Тоҷикистон мебошанд. Онҳо нишон медиҳанд, ки мамлакат метавонад ҳамчун миёнарав ва пайвасткунандаи манфиатҳои давлатҳои минтақа ва ҷаҳонӣ амал кунад. Ин қадамҳо на танҳо мавқеи Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақа тақвият мебахшанд, балки ба таҳкими амният, иқтисод ва ҳамгироии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ низ мусоидат мекунанд.

Бо назардошти таҷриба ва ҳадафҳои стратегии мамлакат метавон мутмаин буд, ки Тоҷикистон дар оянда низ метавонад ҳамчун майдони муассири ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ нақши муассир ва созанда бозад. Ин раванд боиси афзоиши нуфуз ва эътимоди байналмилалӣ, тақвияти ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ ва таҳкими суботи минтақавӣ хоҳад шуд.

 

Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2025-10-07 17:15:05

ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО МИССИЯИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

Имрӯз, 7 октябри соли 2025, дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии расмии Раиси Кумита, академик Фарҳод Раҳимӣ, бо ҳайати Миссияи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид.

Ҳайати мазкур аз коршиносони варзидаи Департаменти арзёбии мустақими Бонки Исломии Рушд иборат буда, он таҳти роҳбарии доктор Мусо Ҷега Иброҳим, Амин Абдуллоҳӣ - мудири бахши арзёбии корпоративӣ, кишварӣ ва мавзӯӣ бо мақсади гузаронидани санҷиши амиқ ва ҳамаҷонибаи раванди иҷрои лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд дар соҳаи маориф, аз ҷумла Лоиҳаи “Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои куҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Дар мулоқот намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Исломии Рушд Исмоил Ғаффоров, аъзои ҳайати роҳбарии Кумита ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳа иштирок намуданд. Суҳбат дар фазои ҳамкории созанда ва ҳамдигарфаҳмии комил баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии ҳамаҷонибаи худро барои идомаи татбиқи босифати лоиҳа, анҷоми саривақтии корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, оғози фаъолияти ширкати консалтингӣ ва ҳамоҳангсозии кори мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ баён намуданд.

Миссияи Бонки Исломии Рушд дар асоси Барномаи арзёбии стратегӣ ва соҳаи маориф барои солҳои 2015–2024 амал менамояд, ки тибқи он Бонк чор кишвари аъзоро, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳлили таъсири фаъолиятҳои худ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва техникӣ интихоб кардааст. Арзёбӣ ба таҳлили сифати татбиқи сиёсати Бонк, натиҷаҳои рушди инсонӣ ва самаранокии фаъолияти он дар баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти касбӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир равона гардидааст.

Лоиҳаи “Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои куҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз соли 2022 татбиқ мешавад, яке аз лоиҳаҳои намунавии ҳамкории стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд мебошад. Лоиҳа бо маблағгузории БИР ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадаф аз он такмили инфрасохтори таълимӣ, тавсеаи имкониятҳои шуғл, рушди қобилияти касбии ҷавонон ва занон, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ дар минтақаҳои кӯҳистон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи амалии лоиҳа, аз ҷумла таъмини саривақтии анҷоми сохтмони 9 маркази таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён, ба роҳ мондани фаъолияти мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ, баргузор намудани омӯзишҳои амалӣ барои устоҳо ва омӯзгорон, таҳкими низоми иттилоотии идоракунӣ барои назорат ва арзёбии самаранокии бозори меҳнат, инчунин ҷалби духтарон ва ҷавонони кӯҳистон ба таҳсилоти касбӣ ва касбомӯзӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи шуғл дар миёни гурӯҳҳои осебпазирро баррасӣ карданд.

Миссияи арзёбии мустақими Бонки Исломии Рушд аз 6 то 12 октябри соли 2025 дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад дошт. Дар ин давра ҳайати миссия бо истифода аз саволномаи арзёбии махсус бо намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳҳои татбиқи лоиҳа ва бенефитсиарҳо мулоқот намуда, ҷараёни иҷрои амалии лоиҳаро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор медиҳад. Дар поёни миссия гузориши таҳлилии муфассал оид ба сифати татбиқи лоиҳа, натиҷаҳои бадастомада ва мушкилоти эҳтимолӣ таҳия шуда, ба роҳбарияти Бонки Исломии Рушд пешниҳод мегардад. Дар гузориш тавсияҳои мушаххас ҷиҳати беҳтарсозии идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии татбиқ ва таъмини устувории натиҷаҳои бадастомада пешниҳод хоҳанд шуд.

Лоиҳаи мазкур ҳамчун яке аз ташаббусҳои калидии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд арзёбӣ гардида, ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ва Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026–2030 мусоидат хоҳад намуд. Татбиқи он заминаи устувор барои рушди таҳсилоти касбӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиш ва кори босамар, инчунин тақвияти ҳамкории давлат бо шарикони рушд фароҳам меорад.

Дар анҷоми мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, иброз намуданд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд намунаи барҷастаи шарикии стратегии самаранок буда, кишвар омода аст ин ҳамкориҳоро бо рӯҳияи масъулият, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ идома диҳад, то таҳсилоти касбӣ ва техникии Тоҷикистон ба сатҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир расад.

2025-10-07 17:13:14

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОДАНД

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Русия муҳтарам Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик намуда, таманниёти беҳтарину самимии худро иброз доштанд.

Дар идомаи суҳбат Сарвари давлати мо саҳми шоёни назари муҳтарам Владимир Путинро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид карданд.

Сарони ду кишвар дар ҷараёни суҳбати дӯстона аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи ин раванд истиқбол намуданд.

Ҳамзамон рӯзномаи мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаи сатҳи олӣ, ки дар Душанбе доир мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

2025-10-02 12:50:55

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

Муҳтарам омӯзгорон, устодон, ҳамкасбон ва хизматчиёни содиқи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ!

Бо эҳтироми беандоза ва самимияти амиқ, ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи омӯзгор — иди касбии шахсиятҳое, ки меҳвари маърифат, поягузори рушду пешрафт ва тарбиятгари насли навини кишваранд, табрик гуфта, барои Шумо рӯзгори обод, файзи маънавӣ ва дастовардҳои бузурги илмиро таманно менамоям.

Шахсияти омӯзгор дар ҳама давру замон, дар ҳама ҷомеа ва дар ҳама миллат мақому манзалати воло доштааст. Омӯзгор инсони оддӣ нест. Ӯ роҳбалади фардои миллат, тарбиятгари шуури инсон ва парчамбардори арзишҳои маънавист. Ӯ шахсиятест, ки шабҳо бо андешаи пешрафти шогирд бедорхобӣ мекашад ва рӯзҳоро дар роҳи тақдири дигарон масраф месозад. Маҳз заҳмати омӯзгор аст, ки духтур табобат мекунад, муҳандис меофарад, олим кашф мекунад, овозхон месарояд ва кишвар рушд мекунад.

Имрӯз омӯзгор будан танҳо доштани касб нест. Ин эътиқод, масъулият ва садоқати комил ба миллат аст. Омӯзгори асил, новобаста ба шароит, вазъ ва душвориҳои замон, вазифаи муқаддаси хеш - омӯзондан ва тарбият карданро бо дилу ҷон анҷом медиҳад. Ӯ на танҳо дониш меомӯзонад, балки хислат, ахлоқ, ифтихори миллӣ ва меҳри Ватанро дар қалби шогирд мекорад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, бо қадамҳои устувор рушд намуда истодааст. Дастгирии ҳамешагии омӯзгорон, баланд бардоштани мақому мартабаи касбии онҳо, таъсиси муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиду таъмири коллеҷу литсейҳои касбии техникӣ, тасвиби санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва баланд бардоштани музди маош аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур ҳамчун пойдевори давлат ва сутуни асосии рушди ҷомеа менигарад.

Мо бо ифтихор изҳор медорем, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҳазорҳо омӯзгори соҳибкасбу ватандӯст фаъолият доранд. Онҳо бо садоқати том, дониши муосир ва таҷрибаи баланди касбӣ мутахассисонеро омода месозанд, ки дар бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ рақобатпазиранд ва дар пешрафти бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Заҳмати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ танҳо ба дониши фаннӣ маҳдуд намешавад. Онҳо шахсият мепарваранд, ҷавонмардиро меомӯзонанд, ҳисси худшиносиву худогоҳиро дар ниҳоди онҳо бедор мекунанд ва ба шогирдон фарҳанги кору зиндагии солимро меомӯзанд. Ҳар як муваффақияти хатмкунанда самараи меҳру заҳмати омӯзгор аст.

Ҳамзамон, бо итминони комил гуфта метавонем, ки омӯзгорони мо имрӯз бо истифода аз усулҳои замонавии таълим, таҷрибаи бой ва муносибати инфиродӣ ба шогирдон, дар ташаккули ҷомеаи дорои дониши муосир, фарҳанги баланди меҳнат ва ахлоқи шоиста саҳми бузург мегузоранд. Шумо — омӯзгорони муҳтарам, бо заҳмати хеш бунёдгузорони фардо ва кафили бақои давлат ҳастед.

Бори дигар, Шумо шахсиятҳои хоксор, вале таъсиргузор, мураббиёни роҳбалади миллат ва роҳнамоёни насли ҷавонро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон сидқан табрик мегӯям. Ба Шумо саломатии бардавом, хонаи обод, рӯҳу илҳоми тоза, шогирдони боистеъдод ва дастовардҳои арзандаи касбиро таманно дорам.

2025-10-02 12:39:13

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДЕҲОТИ КАНГУРТИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҳамзамон иншооти дигари ҷашнӣ - майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 метр, дарозии матоъ 20 ва паҳноиаш 10 метр мебошад.

Майдони Парчами давлатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии мардум аз ҷониби соҳибкорону сокинони саховатпешаи деҳоти Кангурт, аз ҷумла Анвар Қурбонов, Шерхон Салимзода ва Каромат Абдиев сохта шудааст.

Тарҳи муосири майдони Парчами давлатӣ хеле ҷолиб буда, ҳисси ватандӯстии ҳар бинанда, умеду бовар ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва устуворию омодагии ӯро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол боз ҳам баланд мебардорад. Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҷавонони ноҳия онҳоро нерӯи созанда ва пешбарандаи имрӯзу ояндаи давлат номиданд.

Пешвои миллат ҷавононро ба донишомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри тинҷию оромии Ватан ҳидоят намуданд.

Дар атрофи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои сайругашти шабонарӯзии мардум фаввораҳои замонавӣ бунёд ва чароғакҳои муосир бо насби панелҳои офтобӣ насб шудааст.

Аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешавад, ки ин василаи муҳими парвариши ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози кишвар мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону сокинони дар ин кори басо муҳим саҳм гузошта арзи сипос намуданд. Соҳибкор Анвар Қурбонов дар ҷавоб иттилоъ дод, ки тасмим дорад дар маркази деҳоти Кангурт як муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ барои 400 кӯдак бисозад.

2025-10-02 12:35:43

ИФТИТОҲИ ВАРЗИШГОҲ ДАР МАРКАЗИ ДЕҲОТИ КАНГУРТ

2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар деҳоти Кангурт варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои 6000 ҷойи нишаст мебошад.

Аз моҳи августи соли 2022 бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар маркази деҳоти Кангурт бунёд намудани иншооти муосири варзишиву солимгардонӣ иқдом гирифта шуда, он дар муҳлати 3 сол бо ҷалби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланду риояи талаботи меъморӣ сохта ба истифода дода шуд.  Масоҳати замини варзишгоҳ 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар чор гӯшаи иншоот барои гузаронидани бозиҳои футбол чароғакҳои равшанидиҳанда насб шудааст.

Ҳамзамон дар бинои дуошёнаи варзишгоҳ барои меҳмонон, мураббиён ва ровиёни варзиш 12 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави варзишӣ 10 сокини ҳамин деҳа дар он бо кор таъмин шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони навраси дастаи футболи лигаи дуюми “Сурхоб” суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш ва рушди ҷисмониву равонӣ ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти муосири варзишӣ сохта мешаванд, ки ин тадбир ба рушду оммавигардонии футбол, ва, умуман тарзи ҳаёти солим замина мегузорад. Дар робита ба ин дар 2 соли охир дар деҳот ва шаҳраки ноҳияи Темурмалик 8 майдонча ва 6 толори варзишӣ ва 4 муассисаи давлатии мактабҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншоот, аз ҷумла варзишгоҳи ноҳияи Восеъ бо 22 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ва дар ноҳияи Вахш сохтмони варзишгоҳи замонавӣ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

2025-10-02 12:33:08

ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ 2 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ, 1 МУАССИСАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ХАТТИ ОБИ НӮШОКӢ БАРОИ 30 ҲАЗОР СОКИНИ ШАҲРАКИ БАҲМАНРӮДИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК


Бунёди биноҳои таълимии иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншооти тандурустӣ ва хатти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Темурмалик чор иншооти муҳимми иҷтимоию зербиноист, ки аз ҷониби Пешвои миллат тариқи фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Ин 4 иншоот ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва дастрасии мардум ба оби тоза заминаи мусоид мегузоранд.

Бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо тарҳу сифати хуб сохта шуда, барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони деҳаи Чавроқ бунёд ёфтааст. 10 синфхона барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз ба омӯзиши назариявӣ ва амалии хонандагон нақш мегузорад. Бинои дуюми иловагӣ бо ҳамон лоиҳа дар назди муассисаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар деҳаи Чашмаи деҳоти Гурдоварон сохта шуда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар заминаи рӯ ба беҳбудӣ овардани сатҳи зиндагии мардум ва пайваста зиёд шудани шумораи аҳолӣ, зарурати бунёди бинои иловагии таълимӣ дар ин деҳа ва дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон ба миён омада буд. Ба ин хотир ба бунёди бинои таълимии иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 тасмим гирифта шуд. Муассиса бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, ҳарорати синфхонаҳо муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Дар ҳар ду бинои иловагӣ Маркази ташаккули барвақтии кӯдакон сохта шудааст, ки он пояи асосии рушди зеҳнӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдакро аз солҳои аввал мегузорад. Машғулиятҳои махсуси таълимӣ ва омӯзишии кӯдакон бо истифода аз аёниятҳои зарурӣ амалӣ шуда, онҳоро ба марҳилаи мактабӣ омода менамояд.

Дар идомаи ғамхории Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи тиб шуъбаҳои таваллуд, бачагона, эҳё ва ҷарроҳии Маркази саломатии ноҳияи Темурмалик таъмир ва бо номгӯи зиёди дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ҷиҳозонида шуд. Хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон аз ҷониби 40 табиб бо истифода аз муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот расонида мешавад.

Таъмир ва насби таҷҳизот дар Маркази саломатии ноҳияи Темурмалик бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд амалӣ гардидааст. Шуъбаҳои таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳё ва шуъбаи бачагона дар маҷмуъ барои қабули 100 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Ба ин муассисаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Пешвои миллат нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд, ки боиси сипосу қадрдонии кормандон ва мардум гардид. Бунёди шабакаҳои нави обтаъминкунӣ дар ноҳияи Темурмалик аз ҷумлаи муҳимтарин иншоот буд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт.

Ду лоиҳаи марбут ба таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Ҳабибулло Сулаймонов амалӣ гардид.

Мардум аз норасоии об дар маркази маъмурии ноҳия - шаҳраки Баҳманрӯд, деҳоти Танобчӣ ва Гурдоварон, маҳаллаҳои Баҳодурон, Чашма, Заркамар, Гурондеҳ, Саидмуъминобод ва Танобчии боло солҳои зиёд азият мекашиданд.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳсозии шароити зиндагии мардум акнун ба ҳалли ин масъала мусоидат намуд.

Рӯйи даст гирифтани иқдоми мазкур бозгӯи ҳамовозии сокинони ватандӯст бо сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, боиси дастрасии 30 ҳазор кас аз аҳолии ноҳияи Темурмалик ба ин неъмати бузург шуд. Тасмим аст, ки ояндаи наздик боз 5 ҳазор сокинони деҳоти дурдасти ноҳия дар масофаҳои то 12 километр бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гарданд.

Об аз дарёи Сурхоб дар ҳавзи дорои ғунҷоиши 7 ҳазор метри мукааб захира шуда, аввал такшин мешавад. Оби ба ин тариқ софшуда боз бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз чанд марҳилаи поксозӣ мегузарад ва аввал ба 8 махзани оби дар нуқтаҳои гуногун сохташуда ва аз онҳо ба хонаҳои мардум интиқол меёбад. Тибқи нишондоди лоиҳавӣ, пойгоҳҳои барқии обкашӣ иқтидор доранд, ки дар як шабонарӯз обкаширо то ба 4500 метри мукааб расонанд.

Барои истифодаи сариштакоронаи об дар ҳар хона ҳисобкунакҳо насб карда шудааст. Таъмири иншоот ва таҷҳизот, пардохти неруи барқ ва дигар хароҷоти пойгоҳҳои обкаширо соҳибкори ватанӣ бар дӯш гирифта, тасмим гирифтааст, ки маблағи аз ҳисоби истифодаи об ҷамъоваришударо дар дигар корҳои ободонӣ сарф намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкор Ҳабибулло Сулаймоновро намунаи хуби инсондӯстӣ ва нақш гузоштан дар пешрафти Ватан арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки номаш ба мукофоти давлатӣ пешниҳод карда шавад.

2025-10-02 12:24:34

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТИИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИКРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД


2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Дӯстии деҳоти Кангурт Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро, ки аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бародарон Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Аслан ин муассисаи таълимӣ барои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо назардошти он, ки дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ дастур доданд, ки он ба Мактаби президентӣ барои ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик табдил дода шавад. Тибқи супориши дигар ҳамаи омӯзгорону хонандагон бояд тариқи озмун қабул карда шаванд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ сохта шавад.

Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 700 хонанда пешбинӣ гардидааст. Бинои таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, 27 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 240 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронии ба хати интернети баландсуръат пайваст, толору майдонча барои бозиҳои волейболу баскетбол, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дорад. Китобхона дорои адабиёти зиёди таълимию бадеӣ буда, аз он омӯзгорон ва ҳам хонандагон васеъ истифода менамоянд.

Иншоот ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст ва кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоид ба ташаккули дониши хонандагон мусоидат менамояд. Синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ низ таъмин гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он, ки “маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он — сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад”, ҳайати омӯзгоронро ба истифодаи хуби имконоти фароҳамшуда ва ба омода кардани кадрҳои дорои дониши баланд ҳидоят намуданд. Фаъолияти таҷҳизоти мутамаркази гармидиҳии иншоот таъсири манфии фасли сармо ба раванди таълимро пешгирӣ менамояд. Дар назди муассиса чоҳҳои зеризаминӣ канда шуда, оби ошомиданӣ дар ҳавзи ғунҷоишаш 50 метри мукааб захира мегардад.

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба ҷалб гардидаанд.

Ифтитоҳи муассисаи таълимӣ як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Бо ба назар гирифтани афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ тасмим гирифта шудааст, ки роҳандозии тадбирҳо барои ба таҳсил фаро гирифтани 1500 хонанда дар ду баст дар ин муассиса шароит муҳайё гардад.

Майдончаи варзишӣ, ки дар назди иншоот сохта шудааст, воситаи хуби ташаккули тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари хонандагон ба тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ ва боло бурдани завқи онҳо ба варзиш мебошад. Сабзкории ҳудуди иншоот, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда ба ҳусни муассиса ва ҳам деҳа зебогии дигар зам мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи муассисаи замонавии таълимиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ба соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланд бародарон Соҳибовҳо барои ин иқдоми наҷиб изҳори сипос намуданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли ҳушманду доно дастуру тавсияҳо доданд.

2025-09-26 13:03:15

БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ НИҲОЛПАРВАРӢ, НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар деҳоти Раҷаб Исмоилов бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ шинос шуданд. Ин хоҷагии ниҳолпарварӣ дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалишавии «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои то давраи соли 2040» бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагии ниҳолпарварӣ 5 гектар буда, дар он беш 25 ҳазор бех ниҳолу дарахтони гуногуни ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ парвариш карда мешавад. Ҳоло дар ин ҷо парвариши намудҳои нодири ниҳолу дарахтон, аз ҷумла секвойя, можжевелник берёза, павловния, арча, магнолия, шамшод, дуб ва санавбар дар маҷмуъ 20 навъ мутобиқ ба иқлим бо усулҳои муосири инноватисионӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як гӯшаи хоҷагии ниҳолпарварӣ барои беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва тарғибу ташвиқи ниҳолшинонӣ як ниҳол дарахти нодири ороишии секвойя шинонданд.

Зимни суҳбат бо мутахассисон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон тавсияҳои муфид доданд. 

Баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои нону хурокҳои миллӣ боздид намуданд. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ваҳдат 19 ҳазору 470 гектар замини кишт мавҷуд аст, ки 6 ҳазору 460 гектари онро боғу токзор ташкил медиҳад.

Кишоварзони шаҳр сабзавоту полезӣ ва меваи тару тоза, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, тарбузу харбуза, себу ангурро бо шаклу услуби зебо ба намоиш гузоштанд. Ҳамаи ин самараи заҳмати пурганҷи деҳқонон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон дарак медиҳад.

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Барот Абдураҳимов ва Абдурауф Раҷабов дидан намуданд. Хоҷагии деҳқонии Барот Абдураҳимов дар майдони 1 гектар, аз ҷумла дар 70 садяк ғалла ва 30 садяк кишти такрории картошка гузаронидааст. 

Хоҷагии деҳқонии Абдурауф Раҷабов дар ихтиёри худ 9 гектар замин дорад, ҳоло дар 6 гектари он кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Ҳоло хоҷагидорон пас аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, кишти такрориро ба роҳ монда, ҳар қитъа замини корамро самараноку оқилона истифода менамоянд.

Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ваҳдат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар зиёда аз 6 ҳазору 800 гектар, аз ҷумла дар 3 ҳазору 203 гектар ғалла, 22 гектар картошка, 6 гектар полезӣ, 1143 гектар сабзавот ва дигар зироат кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо вазъи нашъунамои дарахтон, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ ба заҳмату меҳнати деҳқонон баҳои баланд дода, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дастуру тавсияҳо доданд.

2025-09-26 13:00:16

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ РОЯЛ БЕБӢ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Сеюмин иншооти саноатӣ - корхонаи Роял Бебӣ Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Корхона дар заминаи имтиёзу сабукиҳои давлат ба соҳибкорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Хатҳои технологӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда, маҳсулоти он бо шаклу андозаҳои гуногун ва мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ истеҳсол мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо 65 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, тасмим аст, ки ин шумора пас аз фаъолияти шабонарӯзии корхона ба 150 кас расонида шавад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як моҳ истеҳсоли 6 миллиону 240 ҳазор ва дар як сол 75 миллион донаро ташкил медиҳад.

Ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид шуда, дар анборҳо бо риояи талаботи санитарӣ нигаҳдорӣ мешавад. Соҳибкорон ният доранд, ки ояндаи наздик истеҳсоли қисми зиёди ашёи хоми ин корхонаро дар дохили кишвар ба роҳ монанд.

Бехатарӣ ва сифати маҳсулот пеш аз коркард дар озмоишгоҳ бо истифода аз таҷҳизоти муосир санҷида мешавад. Маҳсулоти ниҳоӣ ба бозору мағозаҳо тавассути нақлиёти махсуси ширкат дастрас мегардад.

Се иншооти саноатӣ: ҶДММ Талант, ҶДММ Зиннат Гач ва корхонаи Роял Беобӣ Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтанд ба афзоиши иқтидори истеҳсоли ватанӣ мусоидат менамоянд. Дар се корхона ҳоло 165 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд ва имкони афзун шудани ин шумора вуҷуд дорад.

2025-09-26 12:58:03

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ГАЧ ВА МАСОЛЕҲИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ЗИННАТ ГАЧ» ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти боз як корхонаи саноатӣ – ҶДММ «Зиннат Гач» оғоз бахшиданд.

Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 35- умин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Абдулҳафиз Раҳимов сохта шуда, собит мекунад, ки соҳибкорон дастгириҳои давлат аз бахши хусусиро хуб истифода мекунанд.

Дар корхона бо истифода аз конҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Ваҳдат гачкартон, ғуррагачҳо, ранг, намудҳои ширеши тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовар ва дигар молҳои ивазкунандаи воридот мутобиқ ба талаботи стандартҳои дохилу хориҷ истеҳсол карда мешаванд. Иттилоъ дода шуд,ки 75 дарсади ашёи хом аз дохили кишвар дастрас мегардад. ҶДММ «Зиннат Гач» бо тавлиди 14 номгӯи маҳсулот, аз ҷумлаи калонтарин корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат аст.

Шаклу андозаҳои гачкартон гуногун буда, ба гармӣ ва намнокӣ тобовар мебошанд. Ин маҳсулот дар таъмиру ороиши девор ва сақфи иншооти гуногун васеъ истифода мегардад. Хатҳои технологӣ насли нави истеҳсоли кишварҳои пешрафта буда, иқтидори лоиҳавӣ дар як сол як миллион гачкартон ва 50 тонна маҳсулоти дигари сохтмониро ташкил менамояд.

Мутахассисон ашёи хомро қабл аз коркард бо истифода аз муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот санҷида, сипас барои истеҳсолот пешниҳод менамоянд. Ин раванд эътимод ба сифат ва рақобатпазир будани маҳсулотро бештар мекунад.

Дар шароте, ки сохтмон дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад, бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ аҳамияти хеле бузург дорад. Пас аз ба фаъолият оғоз намудани иншоот 40 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, ин шумора ояндаи наздик ба 100 кас расонда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми гурӯҳи соҳибкоронро дар самти бунёди иншооти нави саноатӣ, ки дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – “Саноатикунонии босурати кишвар” нақш мегузорад, муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ин тадбир ба истифодаи васеъи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, коҳиши вобастагӣ аз воридот, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисод ва дар маҷмуъ ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаҳои воқеӣ мегузорад.

2025-09-26 12:55:30

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ ҶДММ «ТАЛАНТ» ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талантро ба истифода доданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант» аз ҷониби соҳибкор Муҳаммадӣ Қодирзода дар якҷоягӣ бо бародаронаш сохта шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 250 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил намуда, дар он 60 кас бо кор таъмин мешаванд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талант ягона корхонаи истеҳсоли хишт дар кишвар маҳсуб меёбад, ки бо болопӯши даврзананда таъмин аст ва ин имкон медиҳад, ки фаъолияти иншооти саноатӣ новобаста аз барфу борон дар 4 фасли сол ба роҳ монда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат аз ҳисоби имкониятҳои табиӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи имтиёзҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати ворид кардани таҷҳизоти муосире, ки дар як вақт чанд амалро иҷро мекунад, сабаб шудааст. Аз ҷумла роботҳо ба фаъолияти мунтазам ва баланд шудани иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талант мусоидат мекунад.

Истифодаи 3 намуди ашёми хом - хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт имкон медиҳад, ки маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо тамғаи Элок истеҳсол шавад. Ҳудуди умумии корхонаи хишт 3 гектарро ташкил медиҳад.

Масоҳати камро фаро гирифтани ҳудуди корхона, иқтидори баланди хатҳои технологӣ ва сарфаи қувваи барқ аз бартариҳои дигари технологияи ин корхонаи нави саноатӣ маҳсуб меёбад. Бо афзалият ба таҷрибаи муосир бунёди иншооти саноатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар талаботи бозорро бо маҳсулоти босифати ватанӣ қонеъ мегардонад.

Барои таъмини эҳтиёҷи корхона аз чуқурии 190 метр об бароварда шудааст. Ҳоло дар кишвар 160 корхонаи истеҳсолкунандаи хишти пухта мавҷуд аст.

Ҳамзамон дар ҳамин рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои асосии корхона муарифӣ гардид, ки он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Иншооти нав дар шафати роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сохта шуда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва хобгоҳ аст, ки дар он 20 кас бо кор таъмин мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон ва масъулини дахлдори соҳа таъкид намуданд, ки корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонӣ бояд бо сифати баланд анҷом дода шавад.

2025-09-26 12:52:43

ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

26 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти нав аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои фаъолияти кормандон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст.

Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 40 нафар, ошхона ва ҳуҷраи бойгонӣ иборат мебошад.

Дар ҳамин рӯз ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат калиди манзилҳои нави истиқоматӣ супорида шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдатро барои хизмати садоқатмандона ба нафъи давлату мардуми Тоҷикистон ва иҷрои сарбаландонаи масъулият вазифадор намуданд. Зеро имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани амнияти миллӣ ва таъмини оромию осудагӣ аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави хизматӣ кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз шароити мусоид барои фаъолият ва истиқомат баҳравар шуданд.

Ҳамзамон дар шафати бино иншооти ёрирасон сохта шуда, ҳудуди он чароғон ва сабзкорӣ шудааст.

2025-09-25 09:06:59

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Миллали Муттаҳид: Роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷанбаҳои ҳуқуқӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) мебошад. Сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ҳифзи амнияти миллӣ, таъмини рушди устувор ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ равона шудааст. Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ ҳамчун асоси таҳкими сиёсати хориҷӣ ва иштироки фаъол дар фаъолияти СММ хизмат мекунанд (United Nations, 1945).

 Асоси ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар СММ

Тоҷикистон фаъолияти хориҷиро дар чаҳорчӯби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ва санадҳои байналмилалӣ амалӣ мекунад. Узвият дар СММ ба кишвар ҳуқуқҳо ва вазифаҳои мушаххас медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба:

Ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ (Art. 1, UN Charter, 1945);

Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешгирии зӯроварӣ (Universal Declaration of Human Rights, 1948);

Ҳамкории иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои рушди устувор (Economic and Social Council, UN, 1946) ишора кард.

Ҳар яки ин принсипҳо Тоҷикистонро водор менамояд, ки сиёсати хориҷиро бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои СММ мутобиқ созад.

 Принсипҳои сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон дар СММ

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои СММ ҷорӣ гардидааст. Принсипҳои асосӣ инҳоянд:

Ҳифзи амният ва устувории минтақаӣ
Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли СММ барои ҳалли баҳсҳои минтақавӣ ва пешгирии таҳдидҳои амниятӣ истифода мебарад (UN Security Council Resolutions).

Ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувор
Ҷумҳурӣ тавассути созмонҳои зерсохтори СММ барномаҳои рушди устувор, муҳофизати муҳити зист ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дастгирӣ мекунад (UN Sustainable Development Goals, 2015).

Эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонуният
Тоҷикистон қатъномаҳои Маҷмаи умумӣ ва Шӯрои амниятро риоя намуда, баҳсҳо ва низоъҳоро бо роҳи сулҳомез ҳал мекунад (UN Resolutions 1325, 2250).
Ҷанбаҳои амалии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ

Тоҷикистон дар кори Шӯрои иқтисодӣ-ижтимоии СММ, Кумитаи ҳуқуқи инсон ва дигар ниҳодҳои СММ фаъолона иштирок мекунад.

Кишвар дар қабули қарорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла қатъномаҳои Шӯрои Амният, ҳуқуқи байналмилалӣ ва Конвенсияҳои СММ-ро ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ истифода менамояд.

Дар масъалаҳои марзӣ, амниятӣ ва минтақавӣ Тоҷикистон ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такя мекунад ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бар асоси он таҳким медиҳад.

 Хулоса

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби Созмони Миллали Муттаҳид намунаи комилест, ки чӣ тавр меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ метавонад воситаи ҳифзи амнияти миллӣ, рушди устувор ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ гардад. Риояи қатъномаҳо ва созишномаҳои СММ барои Тоҷикистон василаи муҳим барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва иштироки фаъол дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

 Адабиёт:

United Nations. (1945). Charter of the United Nations. New York: United Nations.

United Nations. (1948). Universal Declaration of Human Rights.

United Nations. (2015). Sustainable Development Goals.

United Nations Security Council Resolutions. (1325, 2250, ва дигар).

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994). Душанбе.

 

 Фозил Бобозода Ашурмаҳмад,

Сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2025-09-24 19:04:59

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА ЭММАНУЭЛ МАКРОН МУЛОҚОТ НАМУДАНД

Дар фароварди сафар ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешбурди ташаббусҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла дар мавзӯъҳои обу иқлим, баррасӣ шуд.

Ҳамчунин, атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судманд сурат гирифт.