ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ, БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2025-11-05 19:59:07
Омӯзгорону кормандони арҷманд, донишҷӯёни хонандагони
азиз, ҳамкорони гиромӣ!
Бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати 31-солагии
қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади муқаддас ва асоси ҳуқуқиву
сиёсӣ, ки давлатдории миллии моро ба марҳилаи нави рушд ворид намуд, самимона
табрик мегӯям.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарс аннаи 6
ноябри соли 1994 воқеаи таърихист, ки бо иродаи қавии халқи тоҷик ва роҳбарии
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Он ҳамчун санади меъмории
асосии ҷомеаи навини тоҷик, пояи давлатдории соҳибистиқлол ва кафили ваҳдату
суботи миллӣ хизмат намуда истодааст. Дар рӯзҳои қабули ин ҳуҷҷат, ки кишвар аз
ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагии сиёсӣ ранҷ мебурд, қабули Конститутсия барои
миллати тоҷик рамзи эҳё, умед ва заминаи ваҳдат гардид.
Дар тӯли 31 соли амал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатро ба ҷодаи
рушди устувор роҳнамоӣ кард. Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки татбиқи
пайгиронаи меъёрҳои Конститутсия боис гардид, то Тоҷикистон аз кишвари осебдида
ба давлати муосир, ором ва рушдёфта табдил ёбад.
Дар Конститутсияи кишвари мо принсипҳои асосии
давлатдории миллӣ – соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дарҷ
гардидаанд. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз мансубияти миллӣ ва нажодию забонӣ
ҳуқуқу озодиҳои худро дар асоси ин санади олии ҳуқуқӣ истифода мекунад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, меъёрҳои Конститутсияи мо ҳамчун кафили ваҳдат, суботи сиёсӣ ва
рушди устувори кишвар ба таври муассир татбиқ мегардад. Дар натиҷа, Тоҷикистон
имрӯз бо ифтихор дар миёни кишварҳои дорои низоми муназзами қонунгузорӣ ва
ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҷойи сазовор гирифтааст.
Агар ба муҳтавои Конститутсия назар афканем, мебинем, ки
он танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ нест, балки барномаи ҳаётии пешрафти миллат аст.
Меъёрҳои он на фақат фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки рафтору андешаи ҳар як
шаҳрвандро ба сӯи созандагӣ, адолат ва ваҳдат роҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин ҷост,
ки Конститутсия ҳамчун қонуни зиндагии давлат ва миллат амал мекунад.
Соҳаи таҳсилоти касбӣ, бахусус таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ низ маҳз дар асоси ҳамин ҳуҷҷати муҳим рушд ёфта истодааст. Ҳуқуқ
ба таҳсил, ки дар моддаи 41-уми Конститутсия кафолат дода шудааст, ба миллионҳо
сокнини кишвар имконият фароҳам овард, то дониш омӯзанд, касбу ҳунар гиранд ва
ҳамчун нафарони бомаърифату созанда ба ҷомеа хизмат намоянд. Имрӯз муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият доранд
ва барои тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми
босазо мегузоранд.
Мо, кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ, бояд дар руҳияи
эҳтиром ба Конститутсия, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунгузорӣ
ҷавононро тарбия намоем. Зеро танҳо шахси дорои маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси
ватандӯстӣ метавонад барои таҳкими ваҳдату пешрафти Ватан хизмат кунад.
Ба ифтихори ин ҷашни миллӣ ҳамаи шаҳрвандони кишварро
даъват менамоям, ки бандҳои Конститутсияро пурра омӯзанд, моҳияти онро дар
зиндагии ҳаррӯза татбиқ намоянд ва онро ҳамчун рамзи ваҳдат, сулҳ ва пешрафти
Тоҷикистон ҳифз кунанд.
Бо истифода аз ин фурсат ба кулли омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён,
устоҳои таълими истеҳсолӣ ва кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбӣ, ҳамчунин ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон саломативу саодатмандӣ,
сулҳу суботи пойдор ва муваффақиятҳои навро таманно дорам.
Конститутсия рамзи ваҳдат, кафили истиқлолият ва омили
пешрафти миллат аст. Бигзор ин ҳуҷҷати муқаддас ҳамеша чароғи равшани роҳи рушди
давлати тоҷикон бошад!