Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МАВҚЕИ ШОИСТАИ ЗАН - МОДАР ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
single-product

МАВҚЕИ ШОИСТАИ ЗАН - МОДАР ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2025-11-13 08:51:57

Мавқеи зан дар сиёсати Пешвои миллат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ ва ҷомеасозии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз оғози давраи роҳбарии худ нақши занонро дар рушди ҷомеа ва давлатдорӣ бо назари нек арзёбӣ намуда, баробарии ҳаққу ҳуқуқ ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ амалӣ гардонидааст.

Сиёсати Пешвои миллат дар самти ҳимояи ҳуқуқи занон бар пояи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ асос ёфтааст. Дар суханрониҳо ва барномаҳои давлатӣ борҳо таъкид шудааст, ки занон ҳамчун нерӯи созанда ва пояи устувори ҷомеа бояд дар қабули қарорҳои муҳими давлатӣ саҳм дошта бошанд. Аз ин рӯ, солҳои охир иштироки занон дар мақомотҳои қонунгузор, иҷроия ва дигар сохторҳои давлатӣ босуръат афзудааст.

Имрӯз занони тоҷик дар мақоми вакилони Маҷлиси намояндагон, вазирону раисони Кумитаҳо, аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, олимон, соҳибкорон ва фаъолони иҷтимоӣ фаъолият доранд. Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати дурбинона ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат мебошанд, ки барои боло бурдани сатҳи маърифат, таҳсил ва худшиносии занон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Бояд гуфт, ки новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ноустувории амнияту субот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ корҳои назаррасро анҷом дода, як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 1998, таҳти №363 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақши миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои он 14 вазорату кумита ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.

Санади дигари тақдирсоз ин Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки байни мардум инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, дар арсаи байналмиллалӣ дунявӣ будани Тоҷикистонро бори дигар таъкид сохт.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» заминаи ҳуқуқиро баҳри қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар фароҳам овард. Гузашта аз ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 Нақши амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардид. Солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми кишвар солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашида буд. Хушбахтона, имрӯз зани тоҷик муваффақ буда, дар ҳама соҳаҳои давлатдорӣ сарбаландона ва содиқона хизмат карда истодааст.

Албата, баракати зан-Модар аст, ки мақоми зан дар оила ва ҷомеаи тоҷикон ҳамеша баланд буд ва баланд хаҳад монд, зеро иффату зебоӣ фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифатии занон марбут аст».

Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва таъмини зиндагии арзандаи занону модарон аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардидани таҳияи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз таваҷҷуҳи бевосита ва боварии роҳбарияти олии кишвар нисбати занону бонувон дарак медиҳад.

Зани тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, муарифгар ва тарғибгари сиёсати давлат, сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳамзамон пешбарандаи рисолати аввалини худ-модари тоҷик аст, ки дар баробари сиёсатмадор будан, тарбиятгари фарзанд, ҳамсари меҳрубонро низ ба душ дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷо овардани иззату эҳтироми занону модарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонӣ мешуморад. Ин аст, ки имрӯз духтарони ноҳияҳои дурдаст тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил гардида, аз ҳисоби буҷети давлату ҳукумат таҳсил менамоянд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гардид, ки «Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд».

Аз баракати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдату суботи сартосарӣ дар кишвар ба зани тоҷик муяссар гардид, ки ҳамчун шахси фаъол, мубориз дар ташаккули давлатдории миллӣ саҳмгузор бошад, мақоми зани тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам хубтар ва бо симои тоҷиконаи худ муарифгари покию зебогӣ нишон диҳад. Ин ҳама шоистагиҳо аз шарафи сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо даст дод.

Гиромидошти Зан-Модар дар сиёсати Роҳбари давлат аз ҷойгоҳи махсус бархурдор буда, бузургиву беназирии ҳамеша мавриди ситоиши Сарвари давлат аст. Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи маърифатнокиву маънавиёти занон, ки омили саодати ҷомеаи башарист, Пешвои миллат таъкид медорад, «Бешак дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт».

Аз ин нуктаи назар метавон гуфт, ки зан офарандаи нотакрори ҳаёт, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду муваффақи тоҷик аст. Танҳо ва танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватандӯст, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

Имрӯз ҷомеаи тоҷик дарк мекунад, ки бе иштироки занон ҳеҷ як соҳаи зиндагӣ пешрафт намекунад. Занон дар баробари иҷрои рисолати модариву хонаводагӣ, дар сохтмони ҷомеаи муосир низ саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат бо эътирофи ин ҳақиқат, онҳоро ба фаъолият, худбаҳодиҳӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ташвиқ мекунад.

Ин сиёсати давлатдорӣ нишон медиҳад, ки Пешвои миллат нақши занро дар рушди давлат ва мустаҳкамсозии пояҳои миллат ҳамчун унсури ҷудонашавандаи ҷомеаи муосир арзёбӣ менамояд. Маҳз тавассути чунин муносибати эҳтиромомез ва дастгирии воқеӣ мақоми зан дар Тоҷикистон устувор гардида, замина барои фаъолияти озоду босамари онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо фароҳам шудааст.

Мо занону бонувони даврони соҳибистиқлолӣ шукргузорӣ мекунем, ки бо ибтикороти Сарвари хирадрою маърифатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо даҳҳо санади меъёриву ҳуқуқӣ дар манзалати зан ба тасвиб расидаанд. Ифтихор аз он дорем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон эътимод ва боварии комил дошта, онҳоро мудом пуштибонӣ мекунанд. Аз ин рӯ, шарти масъулият медонем, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои бемисл ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани мақоми Зан-Модар дар ҷомеа аз сидқ ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ талош намуда, дар тарғиби сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон фаъолиро пешаи худ намуда, ба тарбияи фарзандон ва насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи амиқу дақиқ равона намоем.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент