Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
single-product

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

2025-11-04 09:00:24

Конститутсия ин қонуни муҳим ва асосии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар як давлату миллатро муайян менамояд. Конститутсия қонунест, ки дар асоси он дигар қонунҳо мураттаб сохта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Бинобар ин,таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб меёбад. Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ ва асосҳои иқтисодиву ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: "Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро эълон менамояд”. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия мардуми кишвар бахти хешро ёфтанд ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии худ қадам гузоштанд.
Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқтаҳо: озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудааст.
Ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд ва бахтномаи тақдирсоз моро ҳифз менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд, ки имрӯз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин бовари дорам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозад, ки Конститутсия - бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст риоя намуда, онро пос дорем.
Тули сиву як соли фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил ва бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.
Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари мо дар миқёси ҷаҳон муаррифи шуд ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохта гардид.
Конститутсия дар рушди давлатдории миллии тоҷикон нақши муассир дорад, бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба вазифаи ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро, Конститутсия – таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст. Ҳар фарди ҷомеаи имрӯза вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.
Конститутсия тақозои онро дорад, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи зикршуда, муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад.
Конститутсия яке аз санадҳои асосии ба ҳисоб меравад ва бо ин васила дар таъмини соҳибихтиёрии кишвар ва сулҳу суботи он саҳмгузор аст.

Навраста Очилдиева, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷ