Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
single-product

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

2025-11-05 15:09:04

Дар таърихи инкишофи ҳар як миллат воқеаҳое рух медиҳанд, ки онҳо асоси эъмори давлати миллӣ шуда метавонанд. Аз ҷумлаи ҳамин гуна воқеияти таърихӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аст, ки он дар тақдири ояндаи миллат ва давлатдории миллӣ муайян гардид.

Қабули Конститутсия шаҳодати бунёди давлати миллии тоҷикон, асоси ҳуқуқии он, ягонагии ваҳдати ҳокимияти давлатӣ ва баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳо буда, Тоҷикистонро кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуда, моҳияти онро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, муайян намуд.

Дар муқаддимаи он халқи Тоҷикистон ба ҷаҳониён эълон кардааст, ки “мо қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,баробарҳуқуқӣ ва дустии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.

Мафҳуми «Конститутсия» ба қонуни асосии давлат, сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ишора мекунад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани кишварҳои алоҳида Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро тариқи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 эълон кард, ки он заминаи ҳуқуқии бунёди аввалин давлати соҳибихтиёри миллии тоҷиконро муқаррар намуд ва ин дастоварди миллиро Конститутсияи миллии кишвар мустаҳкам намуд.

Дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мекунад. Он давлатдории тоҷиконро дар шакли идоракунии президентӣ муқаррар намуд.

Илова бар ин, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии хештаншиносӣ забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон намуда, Парчам, Нишон ва Суруди миллиро чун рамзҳои давлатӣ муқаррар намуд, ки воқеан хусусияти давлатдории миллиро ба тариқи конститутсионӣ мустаҳкам намуд ва он ба шиносномаи миллат табдил ёфт.

Конститусия сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ буда, дар заминаи он дигар санадҳои меърию ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки бевосита аз Конститутсия бармеоянд. Дар ҳоли ҳозир зиёда қонунҳои зиёди конститутсионӣ қабул карда шудаанд, ки қисми таркибии ин ҳуҷҷати муҳим мебошанд. Дар заминаи он садҳо қонун (соҳавӣ ва умумӣ), даҳҳо кодекс ва барномаю консепсияҳо низ қабул карда шудаанд, ки муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро танзим менамоянд.

Ҳамин тавр, Конститутсия дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 26 марти соли 2009 Конститутсияро дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон аз лиҳози эътибори ҳуқуқӣ дар ҷойи аввал гузоштааст. Аз ин бармеояд, ки меъёрҳои он нисбат ба қонунҳои дигар эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал менамоянд ва зарурияти қабули дигар санади ҳуқуқиро талаб намекунанд.

Хулоса, Конститутсия сарчашмаи қонунгузории кишвар буда, он асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд, муносибати онҳо бо давлат, кафолатҳои таъмини ин ҳуқуқу озодиҳо, принсипҳо, низом, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шаклҳои амалисозии онҳо, ҳамкории байни онҳо дар бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро дар Тоҷикистон муқаррар намудааст. Дар маҷмуъ, он санади ҳуқуқии муттаҳидсозандаи халқи тоҷик ва пояи давлатдории миллӣ мебошад.

ТИЛЛОЕВА Ситора Ҷалолиддиновна,

директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова