КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – АСОСИ БУНЁДИ СОХТОРИ ДАВЛАТӢ
2025-11-05 15:10:55
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии танзимкунандаи давлат ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангиро амалӣ месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намудааст: «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст».
Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар санаи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд, ки ин яке аз муҳимтарин рўйдодҳои таърихӣ дар давраи давлатдории муосири тоҷикон ба шумор меравад. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ хисобида, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул шуморид, то ки соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намояд ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор диҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ормони деринаи мардуми шарифи ин диёр буда, орзуву таманниёти ҳар як фарди ватани азизамонро дар худ таҷассум менамояд. Ин ҳуҷҷати тақдирсозу муайянкунандаи дурнамои рушду тараққиёти мамлакат соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонагии Тоҷикистони азизи моро тасдиқ намуда, барои ҳар як шаҳрванд зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад. Забони тоҷикиро забони давлатӣ муқаррар намуда, ба дигар миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ҳуқуқи озодона истифода намудани забони модариашонро додааст. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро арзиши олӣ эълон намуда, давлатро масъули эътироф, риоя ва ҳифзи он меҳисобад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқатан асоси ҳуқуқии бунёди сохтори давлатӣ буда, асоси соҳибистиқлоли мо, кафили риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои мо мебошад. Конститутсия пояи ҳуқуқии давлатро мустаҳкам намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро пойдор гардонид. Таѓйироту иловаҳое, ки бо мурури замон (солҳои 1999, 2003 ва 2016) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун, муҳофизати ҳуқуқи инсон ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пешбинӣ шуда буданд ва асолати худро иҷро карданд. Маҳз риояи ҳамаҷонибаи меъёрҳои конститутсионӣ ба мо имконият фароҳам меоварад, ки дар таҳкиму амалисозии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҷиҳати бунёди сохтори давлатӣ саҳмгузор бошем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади асосии ҳуқуқии давлат, дорои қувваи олии юридикӣ буда, асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамзамон, маҳз конститутсия принсипҳои ташкил додани фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатиро муайян намуда, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро тавассути қонунгузории ҷорӣ муқаррар кардааст. Дар боби сеюм, моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад…». Мутобиқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест, ки принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътирофшударо, ки асоси ҳуқуқии давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявию ягонаро ташкил медиҳанд, таҷассум менамояд ва вазифаи ҳар як фарди боору номус аст, ки тамоми рафтору гуфтор ва кирдори хешро ҷиҳати риоя ва иҷрои меъёрҳои муқаррарнамудаи он равона созад, то ки дар амал шуурнокӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ маърифатнок будани худро нишон диҳад.
Амирҷон ВАЗИРОВ,
директори Қоллеҷи омори шаҳри Ваҳдат