Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2026-01-15 11:25:41

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2026:

- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 дарсад зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 893 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1614 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1506 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;

- маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;

- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 2002 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1800 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1800 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 2002 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- амалишавии фармони мазкурро дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;

- дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;

- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигари ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 14 январи соли 2026 №1132

2026-01-15 11:14:43

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат муайян намудаанд.

Дар ин робита, моҳи декабри соли 2025 ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони ташкилотҳои дигари буҷетӣ, инчунин стипендия ва нафақа зиёд карда шавад.

Дар ин раванд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14-уми январи соли 2026, №1132 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.

Бо таваҷҷуҳ ба маблағгузории соҳаи маориф ва дастгирии иҷтимоии кормандони ин соҳа, тибқи фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз зиёд мегардад.

Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла аз рӯйи мансабҳои сартабиб, табиб, кормандони миёна ва кормандони хурди тиббии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯйи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, 20 фоиз зиёд мегардад, яъне маоши вазифавии кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, дигар муассисаҳои низоми иҷтимоӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба ҳамин андоза зиёд карда мешавад.

Инчунин, музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг 20 фоиз зиёд карда шуда, тибқи тартиби муайяншуда пардохт мегардад.

Бо мақсади ҷалб намудани мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 20 фоиз зиёд мешавад.

Дар асоси фармони мазкур маоши вазифавии кормандони дигар муассисаву ташкилотҳо низ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд мегардад.

Ҳамзамон бо ин, аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.

Тибқи фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад, яъне музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз 1 сентябри соли 2026 набояд аз 1300 сомонӣ кам бошад.

Дар асоси фармони зикршуда стипендияҳои амалкунанда, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбию илмӣ ва стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.

2026-01-15 10:50:17

ҶАВОНОНИ НООГОҲ - ҲАДАФИ ГУРУҲҲОИ ТУНДРАВ

Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рў ба рў шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.
Қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» аз соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ки ин тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм бо назардошти вазъи тағъирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021 №187 ба тасвиб расид, муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 26-уми декабри соли 2019 дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намуданд: «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархўрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд».
Раванди мазкур ба гурӯҳҳои номатлуби иҷтимоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гурўҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гуруҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале дар тўли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.
Моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешбинӣ менамояд. «Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои бонуфўзи ҷаҳонӣ борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд, ки: «Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Дарки ин нукта зарур аст, ки идеалогияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имрӯз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор бигиранд. Зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз хеле нокифоя мебошад.
Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Вале дар ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд дар меҳвари амали мафкураи миллии ҷавонони мо карор дошта бошанд. Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст.
Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонад, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.
Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтирокорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомўзии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро тақозо менамояд.
Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак» аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд.
Сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибиродаву ҳушманди мо рисолати ватандӯстии худро амиқан дарк намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами худ ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватандўсту ватанпарвар, миллатдўст, алалхусус ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурўҳҳои манфиатҷўе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд.
Мо бояд бо мақсади таъмини амнияти давлат, техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосирро ба ҷавонон омўзонем, бунёди иншоотҳои сарҳадиро мустаҳкам намуда, тамоми шароити зарурии зиндагиро баҳри ҷавонон муҳайё намоем ва кадрҳои баландихтисос омода намоем. Барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа ҳама бояд муттаҳид бошем.
Ифродгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.
Имрўз терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, пеши роҳи он гирифта нашавад, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
Пешвои миллат дар Пайёми навбатияшон аз 23-юми декабри соли 2023 қайд намуданд, ки: «Имрўзҳо гурўҳҳои террористиву экстремистӣ барои давлат ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, ба роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
Ҷавонони моро зарур аст, ки фирефтаи ҳар гуна ақидаву мафкураҳои бегона нагардида, балки бо донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳуқуқиву маърифатии хеш дар пешгирӣ ва решакан намудани ин вабои аср саҳми арзанда гузоранд.
Рамазон САМАДЗОДА,
муовини директори Коллеҷи
омӯзгории ноҳияи Зафаробод,
номзади илмҳои филологӣ

2026-01-15 10:49:18

КОРРУПСИЯ - ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ВА ХАТАРЗОИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо беш аз 34 сол аст, ки дар фазои истиқлоли миллӣ арзи ҳастӣ дорад. Рушди мустақилона дар баробари афзалиятҳо баъзе омилҳои манфӣ низ дорад, ки яке аз онҳо зуҳуроти коррупсия мебошад. Коррупсия имрӯз ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтакаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифтаст ва дар ҳар давру замон дар сатҳи мухталиф зоҳир мегардад.

Коррупсия ва ҷинояткории муташаккил қариб тамоми таърихи инсониятро хамроҳӣ намудааст. Онҳо монанди дигар зуҳуротҳои зидди ҷамъият, коҳишдиҳандаи қонуният ва адолат буда, боиси ташвишу нигарониҳои сиёсию ахлоқӣ мегарданд.
Агар ба таърихи ин падидаи номатлуб назаре андозем ба мо маълум мегардад, ки аз давраҳои пайдоиши давлат байни шахсони мансабдор ва аҳолӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда оид ба истифодаи манфиатҳои шахсӣ фарқияти калоне дида мешавад. Ба монанди меҳнат кардани ғулом ва ба даст овардани ҳосил, ки дар ин маврид ғуломдор кӯшиш мекард, ки фоидаи бисёр гирад, ҳуқуқҳои ғуломро поймол гардонад ва дар як вақт бо шахсони табақаи болоӣ бо истифода аз ин манфиати ба дастоварда мақоми доштаи худро дар ҷамъият нигоҳ дорад.
Бо мурури гузаштани вақт авҷ гирифтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, баланд гардидани шуурнокии аҳолӣ, иқтисодиёти давлат, муносибатҳои молию пулӣ ва сиёсати давлатдорӣ ба он оварда расонд, ки нормаҳои нави ҳуқуқӣ аз нав эҷод гардиданд, қонунҳои нав қабул шуда, дар доираи онҳо муносибатҳои ҷамъиятию сиёсии давлатдорӣ ба танзим дароварда мешуданд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки аз давраҳои пайдоиши аввалин давлатҳо низои манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои давлатӣ, боло гузоштани манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ аз манофеи ҷамъиятӣ, сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ арзи ҳастӣ дошт.
Баъди Истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, он ба гирдоби муқовимати шаҳрвандӣ кашида шуд ва аз ин рӯ, низоми идора ва арзишҳои ахлоқии он зиёни ҷиддӣ диданд. Ин давра ба пайдоиши муносибатҳои нави иқтисодӣ ва тағйир ёфтани нақшу вазифаҳои мақомоти давлатӣ рост омада, нокифоягии вақт барои ба заминаҳои ҳуқуқии фарогирии он, набудани таҷриба ва пайдоиши арзишҳои нави ахлоқӣ, ба вусъати ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва ҷинояткории муташаккилона дар кишвар мусоидат намудааст.
Маълум аст, ки шароити мавҷуда мубориза алайҳи коррупсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу фардо мешуморад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мушкилӣ ҳамавақт таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Бахусус, аз соли 1999 шуруъ карда, кӯшишҳои зиёде дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил роҳандозӣ шудааст.
Ин заминаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ҷой дода шудааст.
Меъёрҳои зиддикоррупсионӣ, инчунин дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ», «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва ғайра мавҷуд ҳастанд.
Аз таҳлили омори ҷиноии давлатҳои ИДМ бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори ҷиноятҳои дар соҳаи иқтисодиву коррупсия ошкор, тафтиш ва ба суд ирсолшуда, аз ягон давлати дигар ками надошта, аксари нишондиҳандаҳои он ба маротиб хубтар мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо коррупсия ва ҷинояткории муташаккил ҳамчун падидаи номатлуб дар тамоми ҷаҳон мубориза мебаранд. Аз ҷумла, СММ, САҲА, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ барномаҳои махсусро дар ин самт роҳандозӣ намудаанд. Созишномаи СММ «Оид ба амалёти зиддикорупсионӣ», ки 140 давлати дунё онро имзо намудааст, муваффақона мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ин замина СММ конфронси махсусро дар мавзуи «Мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил» дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 1992 доир намуд, ки дар хотимаи он аз тарафи иштирокчиёнаш Конвенсия «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил» қабул гардид.
Вобаста ба ин, 31-уми октябри соли 2003 Асамблеяи Генералии СММ Конвенсияи СММ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул намуд, ки сатҳи мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро дар арсаи байналмиллалӣ ҷоннок намуд. Маврид ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар дуи ин санадҳо аъзо буда, меъёрҳои онҳоро дар қонунгузории миллӣ низ мустаҳкам намудааст.
Дар Ҷумҳури Тоҷикистон манбаи ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия мавҷуд аст. Вобаста ба масъалаи мазкур мунтазам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки коррупсия имрӯз тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар арсаи байналмилалӣ аз поён то боло фаро гирифтааст.
Ҳамин тавр, таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ ва қонунгузории миллӣ, сатҳ ва дараҷаи паҳн гардидани коррупсия ва ҷинояткории муташаккил дар ҷомеа, бо нишон додани сарчашмаи бавуҷуд омадани онҳо дорои аҳаммияти калони илмӣ ва амалӣ мебошад.
Дар охир қайд намудан лозим аст, ки новобаста аз нуқсонҳои ҷойдошта, дар ҷомеа набояд руҳафтода шуда, бо интизорӣ нишаст, балки ҳар фарди солимақлро мебояд, масъулиятшиносона баҳри коҳиш додани чунин амалҳои хатарзо саҳми хешро гузорад.
Муродҳусайн ИЛҲОМОВ,
муовини директор оид ба корҳои тарбиявии
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова

2026-01-14 12:48:51

САҲМИ ТАШАББУСИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ









Бо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифз ва тавсеаи ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик, инчунин бузургдошти хизматҳои абармардони роҳи илму адаб, сиёсату давлатдорӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи миллат дар тӯли асрҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо диди амиқи таърихӣ ва эҳсоси масъулияти баланди миллӣ иқдоми навбатии созанда, фарҳангӣ ва сарнавиштсозро пешниҳод ва роҳандозӣ намуданд. Ин ташаббус, ки аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад, идомаи мантиқии сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳамчун посухи хирадмандона ба зарурати ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддунии миллат зуҳур менамояд.

Моҳияти ин иқдом аз он иборат аст, ки бо арҷгузорӣ ва эҳтироми амиқ ба шахсиятҳои таърихсоз дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе Маҷмааи таърихию фарҳангии эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ таъсис дода шуда, хоки мазори бузургони халқи тоҷик, ки имрӯз оромгоҳҳои онҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон қарор доранд, ба пойтахти кишвар оварда мешаванд ва инчунин, оромгоҳи бузургоне, ки дар қаламрави кишваранд, бо тарҳи нав бозсозӣ мешаванд. Ин бузургон дар давраҳои мухталифи таърих бо андеша, қалам, ҷоннисорӣ, сиёсати хирадмандона ва муборизаҳои сарнавиштсоз барои бақо, озодӣ, истиқлол ва шарафи миллати тоҷик хизматҳои беназир анҷом додаанд. Бо овардани хоки мазори онҳо дар шаҳри Душанбе бунёди як маҷмааи бузурги таърихию фарҳангӣ пешбинӣ мегардад, ки дар доираи он мақбараҳои рамзии ин шахсиятҳои барҷаста сохта мешаванд. Ин мақбараҳои рамзӣ ҳамчун нишони ҳузури маънавии бузургони миллат дар қалби давлату ҷомеа хизмат намуда, хотираи таърихиро дар як фазои воҳид гирд меоранд.

Маҷмааи таърихию фарҳангии пешбинишуда на танҳо иншооти меъморӣ, балки фазои рамзӣ ва маънавии миллӣ хоҳад буд, ки дар он гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд. Мақбараҳои рамзии бузургони миллат, ки хоки мазори онҳо аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон оварда мешавад, ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил меёбанд. Ин макон ҷои зиёрати мардум, макони андеша, ибрат ва худшиносӣ гардида, нишони равшани арҷгузорӣ ва эҳтироми хоссаи давлат ва ҷомеа нисбат ба фарзандони бузурги миллат хоҳад шуд. Дар ин фазо эҳсоси ифтихор аз таърихи пуршараф, эҳтиром ба ҷоннисориҳои гузаштагон ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои ояндаи давлату миллат тақвият меёбад.

Аз нигоҳи мантиқ ва аҳамияти таърихӣ, ин ташаббус идомаи табиии суннатҳои давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли таърих тоҷикон ҳамеша ба бузургони худ арҷ мегузоштанд, хотираи онҳоро ҳифз менамуданд ва аз таҷрибаи таърихӣ ҳамчун сарчашмаи ҳикмат истифода мекарданд. Дар шароити имрӯз, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва таҳдидҳои маънавию иттилоотӣ шиддат гирифтаанд, эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои миллӣ аҳаммияти дучанд пайдо мекунад ва бунёди чунин маҷмаа ҳамчун як сипари маънавӣ хизмат намуда, ҳуввияти миллиро аз фаромӯшшавӣ, таҳриф ва бегонашавӣ ҳифз менамояд.

Дар ин замина, бояд махсус таъкид кард, ки ин иқдоми созанда ва фарҳангӣ аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, ҳамчун пайрави асили сиёсати хирадмандона, фарҳангпарварона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ мегардад. Маҳз дар партави роҳнамоӣ ва таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба аҳамияти худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба бузургони миллат ва таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ, чунин ташаббусҳои сарнавиштсоз шакл гирифта, ба марҳилаи татбиқ мерасанд. Ин иқдом далели равшани идомаи мактаби бузурги давлатдории миллӣ мебошад, ки Пешвои миллат онро дар тӯли даҳсолаҳо бунёд ва таҳким бахшидаанд.

Рустами Эмомалӣ бо ин ташаббус худро ҳамчун сиёсатмадори ҷавон, вале андешаманд, вориси мактаби бузурги давлатдории миллӣ ва пайрави содиқи арзишҳое муаррифӣ менамояд, ки Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Таваҷҷуҳ ба таърих, эҳтиром ба шахсиятҳои барҷаста, гирдоварии рамзии хотираи онҳо дар пойтахти кишвар ва табдил додани он ба маркази маънавӣ паёми равшан ба ҷомеа ва махсусан, ба насли ҷавон мебошад, ки миллати тоҷик бо таърихи худ ифтихор дорад, решаҳои худро мешиносад ва бар пояи ин худшиносӣ роҳи рушди устувор ва ояндаи дурахшонро интихоб мекунад.

Маҷмааи таърихию фарҳангии мазкур метавонад ба як маркази бузурги тарбиявӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёбад. Дар ин макон баргузории чорабиниҳои илмӣ, конфронсҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои ватандӯстӣ ва вохӯриҳои насли ҷавон бо олимон ва аҳли зиё имконпазир мегардад. Барои ҷавонон ин маҷмаа як мактаби зиндаи таърих хоҳад буд, ки дар он на танҳо аз китобҳо, балки аз фазои зиндаи рамзӣ дарси ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, ташаббуси мазкур на танҳо ба гузашта нигаронида шудааст, балки ба ояндаи давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа равона гардидааст.

Аҳаммияти иҷтимоӣ ва сиёсии ин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки он эҳсоси ҳамбастагӣ ва пайванди наслҳоро тақвият мебахшад. Вақте ки шаҳрвандон дар як макони рамзӣ хотираи бузургони миллатро эҳтиром мекунанд, ҳисси умумияти сарнавишт, масъулият ва ифтихори миллӣ боз ҳам қавитар мегардад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки давлат ба арзишҳои маънавӣ ва таърихӣ ҳамчун пояи устувори рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа менигарад. Эҳтиром ба гузашта дар ин ҷо ҳамчун шарти асосии сохтани ояндаи дурахшон муаррифӣ мешавад.

Аз лиҳози меъморӣ ва фарҳангӣ, маҷмаа бо истифода аз меъёрҳои муосир ва дар ҳамбастагӣ бо унсурҳои анъанавии фарҳанги тоҷикӣ бунёд хоҳад шуд. Дар он рамзҳои тамаддуни ориёӣ, унсурҳои ҳунари миллӣ, санъати кандакорӣ ва муҳити сабзу ором барои андеша ва тафаккур ҷой хоҳанд дошт. Ин маҷмаа метавонад ба яке аз рамзҳои нави фарҳангиву сайёҳиву маънавии Душанбе табдил ёфта, симои пойтахтро ҳамчун маркази таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ боз ҳам мустаҳкам созад.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагони бузурги миллат дар сарнавишти таърихии тоҷикон танҳо як расм ё ойини иҷтимоӣ набуда, рукни аслии худшиносии миллӣ ва пояи маънавии ҳастии онҳо маҳсуб меёбад. Миллати тоҷик дар тӯли асрҳо, новобаста аз фарозу нишебҳои таърих, муҳоҷиратҳо, фишорҳо ва шикастҳои сиёсӣ, хотираи фарзандони барӯманди худро ҳамчун чароғи роҳнамо ҳифз намуда, онро аз насл ба насл бо эҳтироми хосса интиқол додааст. Мазорҳо, оромгоҳҳо, номҳои ҷовидон ва ривоятҳои таърихӣ барои тоҷикон танҳо нишонаҳои гузашта набуда, рамзи пайванди ҷонҳо, идомаи руҳи миллат ва шаҳодати зинда будани хотираи таърихӣ мебошанд. Дар ин хотира андеша, қалам, ҷоннисорӣ ва хиради бузургони миллат ҳамчун амонати муқаддас нигоҳ дошта шудааст.

Маҳз дар ҳамин замина, иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун идомаи равшани ин суннати ҳазорсола зуҳур мекунад. Ӯ бо диди амиқи таърихӣ ва эҳсоси масъулияти баланди миллӣ эҳёи хотираи бузургони миллатро ба як амали рамзии давлатдорӣ табдил медиҳад. Ин иқдом эҳёи руҳи миллат дар фазои имрӯз аст. Бо гирд овардани хотираи фарзандони барӯманди миллат дар пойтахт як навъ муколамаи хомӯши наслҳо сурат мегирад, ки дар он гузашта ба имрӯз сухан мегӯяд ва имрӯз ба оянда пайғом мефиристад. Ин муколамаи таърихӣ ба ҷомеа мефаҳмонад, миллате, ки ба гузашта эҳтиром мегузорад, ҳеҷ гоҳ роҳгум намешавад.

Дар ин иқдом Душанбе ба қалби зиндаи хотираи миллӣ табдил меёбад, ба маконе, ки дар он оромиши мазор бо таппиши ҳаёти муосир пайванд мехӯрад. Ҳузури рамзии бузургони миллат дар фазои пойтахт ба ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ба ҷавонон, хотиррасон месозад, ки озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ натиҷаи фидокорӣ, ҷоннисорӣ ва хиради садсолаҳо мебошанд. Ин эҳсос дар зеҳни насли нав худшиносии амиқ, ифтихори таърихӣ ва масъулияти ахлоқӣ барои идомаи роҳи миллатро бедор месозад.

Ҳамин тариқ, Рустами Эмомалӣ бо идомаи фарҳанги арҷгузорӣ ба гузаштагон на танҳо суннати ниёгонро зинда медоранд, балки онро бо талаботи замони муосир ҳамоҳанг намуда, ба як рукни устувори сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат табдил медиҳад. Ин иқдом нишон медиҳад, дар ҷомеае, ки ба хотираи таърихӣ ҳамчун сарвати муқаддас муносибат мекунанд, оянда аз гузашта ҷудо нест, имрӯз бе реша намемонад ва фардо бар пояи маънавияти устувор бунёд мегардад. Эҳтиром ба гузашта дар ин раванд ҳамчун нури роҳнамо хизмат намуда, роҳи давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва рушди устувори ҷомеаро равшан месозад.

Ҳамин тавр, ин иқдоми созанда, фарҳангӣ ва таърихиеро, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ намуданд, ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ заминаи устувор мегузорад ва он на танҳо тарҳи меъморӣ ё ташаббуси фарҳангӣ, балки андешаи амиқи фалсафии миллӣ аст, ки аз иртиботи ношикастании инсон бо замон, миллат бо хотира ва давлат бо маънавият шаҳодат медиҳад. Миллате, ки ба гузашта бо эҳтиром менигарад, имрӯзро бо хирад месозад ва ояндаро бо итминон истиқбол мекунад. Дар ин раванд, эҳёи хотираи бузургони миллат ҳамчун пули маънавӣ байни дирӯз, имрӯз ва фардо хизмат намуда, руҳи давлатдориро бо нафаси таърих зинда нигоҳ медорад. Ин ташаббус ба ҷомеа мефаҳмонад, ки истиқлол танҳо ҳудуд ё қудрат нест, балки масъулияти ахлоқӣ, вафо ба решаҳо ва идомаи рисолати таърихист. Ҳангоме, ки хотираи гузаштагон дар қалби пойтахт ва дар шуури миллат ҷой мегирад, давлат қавитар, ҷомеа устувортар ва роҳи оянда равшантар мегардад. Зеро дар замине, ки хотира зинда аст, миллат гум намешавад ва дар миллате, ки худшиносӣ бедор аст, фардо ҳамеша маъно дорад.

Дар маҷмуъ, иқдоми навбатии Рустами Эмомалӣ, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат амалӣ мегардад, ҳамчун қадами таърихӣ, созанда ва фарҳангофар дар роҳи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳуввияти миллӣ арзёбӣ мешавад. Ин ташаббус далели равшани пайвасти амиқи гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик буда, нишони арҷгузории хосса ба бузургони таърих ва ҳамзамон, ифодаи садоқат ба арзишҳое мебошад, ки Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати давлатдории миллӣ қарор додаанд. Халқи Тоҷикистон ин иқдоми созандаро бо эҳсоси ифтихор ва қаноатмандӣ истиқбол намуда, онро рамзи идомаи мактаби давлатдории миллӣ, фарҳанги худшиносӣ ва эҳтироми таърих медонад.

 

Фарҳод РАҲИМӢ,

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ

2026-01-10 12:19:20

КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:


1.       Сармутахассиси шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2641, 00 сомонӣ.

2.       Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154, 50 сомонӣ.

3.       Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154, 50 сомонӣ.

4.       Мутахассиси шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779, 20 сомонӣ.

5.       Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779, 20 сомонӣ.

6.       Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2641, 00 сомонӣ.

7.       Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154, 50 сомонӣ.

8.       Мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154, 50 сомонӣ.

9.       Мутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779, 20 сомонӣ.

10.   Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154, 50 сомонӣ.

11.   Мутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779, 20 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- 6 дона расм (4 дона андозаи 3х4 ва 2 дона андозаи 4х6);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои онҳое, ки фаъолият мекунанд);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (Эъломия);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи гувоҳномаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).  

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

        таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

        малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

        донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

        донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

        кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

        таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

        малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

        донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

        донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

        кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

        тањсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

        1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

        малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

        донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

        донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

        кор карда тавонистан бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон 6, телефон: 250-37-02; 902-77-66-22, суроғаи электронӣ: kadr-07@bk.ru

 

          Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад. Ҳамчунин, барои ба кор қабул намудан ба менеҷерҳои сатҳи баланд бартарӣ дода мешавад.

2025-12-31 12:56:56

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Ҳамкорони гиромӣ, омӯзгорону устодон, кормандон, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ!

Фарорасии Соли Нави мелодиро ба ҳар яки Шумо самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои пайдарпай орзу менамоям.

Соли сипаришуда барои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли пурмазмун ва саршор аз рӯйдодҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, он ҳамчун омили калидии пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзёбӣ мегардад.

Таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар амал тадриҷан натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст. Бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди омӯзиш тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар соли сипаришаванда 47 муассисаи таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, сатҳу сифати шароити таълим ба маротиб беҳтар гардид.

Ҳамзамон, биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таълимӣ ва хобгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш аз ҷониби Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифт, ки ин иқдомҳо нишонаи таваҷҷуҳу дастгирии ҷавонону касбомӯзон ва рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ дар кишвар мебошанд.

Дар баробари ин, бо мақсади такмили заминаи ҳуқуқӣ ва мутобиқ намудани соҳа ба талаботи бозори меҳнат, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла қонунҳои соҳавӣв а барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими идоракунӣ ва рушди устувори муассисаҳои таҳсилоти касбӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Имрӯз соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб, ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди миллӣ ва бозори меҳнат нақши муҳим мебозанд. Бо итминон метавон гуфт, ки омӯзгорон ва кормандони соҳа минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ватандӯстӣ ва садоқат ба касби худ фаъолият намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии Соли Навро ба тамоми аҳли соҳа самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ, осоиштагии хонадон, муваффақиятҳои касбӣ ва дастовардҳои боз ҳам бештар орзу менамоям. Бигзор Соли Нав соли пешрафт, навоварӣ ва татбиқи нақшаҳои созанда бошад.

2025-12-22 09:08:09

МАРОСИМИ САРФАРОЗГАРДОНӢ БО ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ

21 декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.

Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.

 

2025-12-22 08:42:37

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Пулково” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

 

 

 

2025-12-22 08:41:55

САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

2025-12-19 13:14:17

МУЛОҚОТ БО РАИСИ ПАЛАТАИ МУШОВИРОНИ ПАРЛУМОНИ ҶОПОН СЕКИГУЧИ МАСАКАДЗУ

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дипломатияи парлумонӣ василаи муассири таҳкими минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ номида шуд.

Пешбурди робитаҳои фаъоли Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар ҷанбаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон, самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, бахшҳои инфрасохтор, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ табодули андеша намуданд.

Ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷалби сармоя ба бахши сайёҳӣ, рушди ҳамкории амалӣ бо Ҷопон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангиву башарӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

 

2025-12-19 13:11:23

МУЛОҚОТ БО ИМПЕРАТОРИ ҶОПОН НАРУҲИТО

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Император барои пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон имрӯз доираи васеи ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо фаро мегиранд.

Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид.

Оид ба дигар масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд табодули андеша сурат гирифт.

 

2025-12-19 13:08:42

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ИҶРОКУНАНДАИ СОЗМОНИ АМНИЯТИ СОҲАҲОИ МЕТАЛЛУРГИЯ ВА ЭНЕРГЕТИКАИ ҶОПОН (JOGMEC) ИЧИРО ТАКАҲАРА

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо ҳавасманди ҳамкорӣ бо Созмон барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ мебошем.

Ба истифодаи имкониятҳои кишвари мо дар соҳаи саноат, муосирсозии технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳандозии ҳамкории амалӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергеияи барқароршаванда бо ҷалби сармоя ва технологияҳои нав зарур шумурда шуд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки мо ба иштироки фаъоли ширкатҳои ҷопонӣ дар татбиқи “технологияҳои сабз” дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастем.

Аз Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон даъват карда шуд, ки бо ниҳодҳои давлатӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ ҳамкории муштарак ба роҳ монад.

 

2025-12-19 13:05:32

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ АССОТСИАТСИЯИ ҶОПОН ОИД БА САВДО БО РУСИЯ ВА ДАВЛАТҲОИ НАВИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ РОТОБО МАСАМИ ИИҶИМА

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол (РОТОБО) Масами Ииҷима мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдоро василаи муҳимми густариши робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими алоқаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо номиданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои нодир, мавқеи географии муносиб ва иқтидори зиёди инсонӣ мебошад. Дар ин зимн гуфта шуд, ки ин имкониятҳо кишвари моро ба макони ояндадори ташаккули занҷираҳои логистикӣ ва истеҳсолӣ табдил медиҳанд.

Ба истифодаи имкониятҳои роҳандозии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавсеаи саноати нассоҷӣ, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва дорусозӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Аз Ассотсиатсия даъват карда шуд, ки дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ, офтобиву бодӣ ва муосиргардонии иншооти мавҷудаи энергетикӣ, ҳамчунин, ва таъсиси корхонаҳои муштарак иштирок намоянд.

Парвариши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваҷот, ангур, лӯбиёгиҳо ва растаниҳои шифобахш, самтҳои қобили таваҷҷуҳ дониста шуд.

Ҳамчунин, шароити мусоиди таъсиси корхонаҳои саноатӣ, истифодаи ашёи хоми минералӣ ва захираҳои энергетикӣ муаррифӣ гардид.

 

2025-12-19 13:02:40

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ АГЕНТИИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶОПОН (ҶАЙКА) АКИҲИКО ТАНАКА

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи ҳамкорӣ бо Ҷопонро дар чаҳорчӯби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) баланд арзёбӣ мекунад.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллии кишвари мо, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Аз имзои ду созишномаи нави грантӣ оид ба лоиҳаҳои сохтмони як зеристгоҳ ва муосирсозии таҷҳизоти сканерии борҳо дар дидбонгоҳи гумрукӣ истиқбол карда шуд.

Ҷалби сармояи мустақими ҷопонӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзноки иенӣ, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Рушди энергетикаи “сабз” аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Барои тавсеаи бахшҳои Барномаи “JDS” дар соҳаҳои тиб, нанотехнология, технологияҳои иттилоотӣ, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсиси Маркази инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистону Ҷопон дар кишвари мо изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

 

2025-12-19 12:57:58

МУЛОҚОТ БО РАИСИ ГУРӮҲИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ДӮСТИЮ ҲАМКОРИИ “ТОҶИКИСТОН-ҶОПОН”, УЗВИ ПАЛАТАИ НАМОЯНДАГОНИ ПАРЛАМЕНТИ ҶОПОН КЕЙҶИ ФУРУЯ

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Гурӯҳи байнипарлумониро дар таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, илм ва маориф, нақлиёт, кишоварзӣ ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси технопаркҳо, дастгирии бизнес-инкубаторҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи IT таваҷҷуҳ намуданд.

Соҳаи гуманитарӣ бахши муҳимми ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуд.

Масъалаҳои рушди табодули фарҳангӣ ва зиёд кардани квотаҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон, инчунин, тавсеаи давраҳои омӯзишӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

 

2025-12-19 12:55:55

ОҒОЗИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН

18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ - Ҷопон» вориди шаҳри Токиои Ҷопон шуданд.

Дар саҳни фурудгоҳи Ҳанеда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷопон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

 

2025-12-18 11:36:44

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲНАМОИ ОМӮЗГОРОН

(Бардошт аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 16.12.2025)

Ҳамасола дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мекунанд. Ин ҳуҷҷат роҳнамои стратегӣ барои рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.

Паёми имсола натиҷаҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳимро фаро мегирад. Пешвои миллат дар ин суханронӣ ба дастовардҳои иқтисодӣ, пешрафтҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин ба мушкилот ва вазифаҳои минбада диққати ҷиддӣ доданд.

Ҳадафи асосии Паём равшан кардани самтҳои афзалиятноки рушди кишвар барои ҷомеа ва Ҳукумат мебошад. Он ҳамчун санади стратегӣ барои мардуми Тоҷикистон хизмат мекунад, ки дастовардҳои солҳои охир ва роҳҳои пешбурди ҳаёти давлатро нишон медиҳад.

Сарвари давлат зикр карданд, ки соли 2025 бо вуҷуди таъсири ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти ҷаҳонӣ соли таърихӣ ва хотирмон буд, ки бо дастовардҳои бесобиқа дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хотима меёбад. Ин дастовардҳо натиҷаи заҳматҳои содиқонаи мардуми кишвар мебошад.

Дар Паём, инчунин, ба дастовардҳои байналмилалӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ишора шуда, қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, соли 2027 “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ёдрас шуданд. Ин иқдомот собит мекунанд, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми пешқадам ва ташаббускор дорад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат саҳми соҳибкоронро дар рушду нумуи кишвар таъкид карда, ба онҳо миннатдории самимонаи хешро баён намуданд. Ин эътироф нишон медиҳад, ки Ҳукумати кишвар барои ҳамгироии рушди иқтисод, бунёди роҳҳо, мактабҳо ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Паём ба рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва сиёсати ҷавонон равона шудааст. Пешвои миллат зикр карданд, ки афзалияти аввалиндараҷа ба илму маориф дода мешавад, зеро онҳо пояи давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёдро таъмин мекунанд.

Сарвари давлат таъкид карданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунам, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз рушди илму маориф вобаста аст». Барои соли 2026 аз буҷет 14 миллиард сомонӣ барои соҳаи маориф ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба даҳ сол пеш 5,5 баробар зиёд мебошад. Ин раванд нишон медиҳад, ки маориф омили стратегӣ барои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Афзоиши маблағгузорӣ ба муассисаҳои таълимӣ сифати таҳсилотро баланд мебардорад ва заминаи воқеӣ барои навоварӣ, худшиносии миллӣ ва омодасозии насли ояндасоз фароҳам меорад.

Пешвои миллат дар ин суханронӣ тамоми мардуми Тоҷикистонро шод гардониданд, аз ҷумла бо пешниҳодҳои дастгирӣ, чун 25% афзоиши музди маоши кормандони муассисаҳои таълимӣ ва 20% афзоиши маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, ҳамчунин афзоиши нафақаҳо ва пардохтҳои суғуртавӣ.

Бо назардошти ин дастовардҳо Пешвои миллат соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карданд. Ин иқдом дастур барои ҳар як сокини Тоҷикистон аст, ки бо Пешвои хирадпарвар ҳамқадам шуда, сиёсати давлат ва Ҳукуматро дар ҳаёти рӯзмарраи худ татбиқ намоянд.

Хулоса, Паём ҳуҷҷати фарогирест, ки барои пешбурди сиёсати хориҷӣ, рушди иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амният, тандурустӣ, фарҳанг ва маориф дастурҳо медиҳад. Ин санад барои замони қувват гирифтани рақобатҳои ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Пешвои миллат ба оромӣ ва суботи кишвар ишора намуда, таъкид карданд: «Агар суботу оромӣ набошад, ягон нақшаи нек амалӣ намешавад». Ин ибтикор нишон медиҳад, ки амният ва ваҳдати миллӣ заминаи ҳама гуна пешрафт мебошад.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ