Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-11-13 10:50:01

ФАЛСАФАИ РОҲБАРӢ ДАР ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

Мардуми кишвар ҳар сол 16 ноябр Рӯзи Президентро бо шукуҳу тантана таҷлил мекунанд ва ин ҷашн арҷгузорӣ ба хидмату заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷоннисорию сарсупурдагиҳо дар роҳи ба даст овардан ва таҳкими сулҳу субот, созандагию бунёдкории кишвар бо мақсади рақобатпазирии он, ташаббусҳои доимии сатҳи ҷаҳонӣ бо мақсади эҳтирому эътибору эътирофи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, эҳёи дубораи ҳофизаи таърихӣ, ҷашну маросими мардумӣ ва фарҳанги миллист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тӯли солҳои истиқлолият ба рушди давлатдорӣ, поягузории низоми устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар равона шудаанд. Ин сана рамзи ваҳдату худшиносии миллӣ буда, таҷассумгари иродаи мардум ва хирадмандии роҳбарест, ки тақдири миллатро бо андешаи стратегӣ ва диди ояндабинӣ ба сӯйи суботу шукуфоӣ тадбир месозанд.

Аз нигоҳи фалсафии таърих, чунин ҷашн на танҳо арҷгузорӣ ба хидматҳои шахсияти сиёсист, балки таҷассумгари пайванди миёни инсону таърих, роҳбар ва миллат, хирад ва амал мебошад. Дар шахсияти Пешвои муаззами миллат арзишҳои умумибашарӣ, ба монанди адолат, масъулият, худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватан барҷаста таҷассум ёфтаанд. Дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон балки чун меъмори маънавии давлат, қувваи муттаҳидкунандаи мардум ва рамзи наҷоти миллии тоҷикон шинохта шудаанд.

Дар фаҳмиши фалсафии ҷомеаи муосир Рӯзи Президент таҷдиди назар, ба маънои роҳбарӣ, адолати иҷтимоӣ ва рисолати инсон дар роҳи созандагӣ мебошад. Зеро дар асри буҳронҳои маънавӣ ва ҷаҳонишавии босуръат шахсияти роҳбари хирадманд метавонад меҳвари субот ва кафолати ҳастии давлат гардад.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки дар сарнавишти ҳар миллат рӯзе аст, ки дар он руҳи мардум ба хотири ҷустуҷӯйи маънои ҳастии худ аз хоб бедор мешавад. Барои миллати тоҷик ин бедорӣ бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, бо номи шахсе, ки дар замони фоҷеа ва парокандагӣ бо нури хирад ва муҳаббат бархост, то аз миёни хокистари ҷанг миллатро ба фардои ором ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ кунад. Сулҳ, ваҳдат ва эҳёи давлатдорӣ дар Тоҷикистон на бо зӯр, балки бо хирад, сиёсати созанда ва дурбинона ба даст омадаанд. Он гоҳ ки ҷаҳолат бар дилҳо соя андохта буд, Роҳбари давлат сухани сулҳро аз дил гуфтанд, аз минбари баланд дар нахустин рӯзҳои роҳбариашон ва аз ҳамин сабаб суханонашон бар умқи дилҳо нишаст.

Феномени роҳбари миллӣ агар ба зоҳир як падидаи сиёсӣ намояд ҳам, дар асл, зуҳуроти маънавию таърихӣ ва иҷтимоиест, ки реша дар шинохти худи миллат ва зеҳни он дорад. Миллат вақте ба марҳалаи худшиносии таърихӣ мерасад, ки роҳбари худро на танҳо интихоб мекунад, балки ӯро аз зеҳн ва руҳи худ меофарад. Роҳбар дар чунин ҳолат ба мисли оинаест, ки дар он хирад, ормон ва иродаи мардум инъикос меёбад.

Пешвои миллат ҳамчун таҷаллии иродаи таърихии халқи тоҷик дар замоне зуҳур намуданд, ки ҷомеа ба роҳнамое ниёз дошт, ки тавонад хатти таърихро аз парокандагӣ ба ваҳдат, аз шубҳа ба бовар, ва аз фурӯпошӣ ба эҳё барад. Ин на танҳо вазифаи сиёсӣ, балки рисолати фалсафии роҳбарист, яъне ҳидоят кардани миллат ба сӯйи худшиносӣ ва худсозӣ.

Фикр мекунам ва шояд дуруст ҳам бошад, ки зуҳури чунин роҳбарон на рӯйдоди тасодуфӣ, балки зарурати таърихист. Зеро таърих низ мисли табиат қонуни тавозун дорад: вақте хатар зиёд мешавад, хирад низ боло мегирад; вақте миллат дар ҳоли аз даст додани худшиносист, шахсияте зоҳир мешавад, ки онро боз ба сӯйи худ фаро мехонад, аммо на дар ҳама ҳолат ва на дар ҳар давру замон ва на барои ҳар як халқу миллат. Пас, ба хулосае меоям, ки ҳамин зарурати таърихӣ, ки тасодуфаш намедонам, маҳз ба бахти баланди миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст. Зеро садҳо халқу миллатҳое ҳастанд, ки зери хатару фишор буда дар орзуи чунин зарурати таърихианд ва ё умеде ба тасодуф доранд.

Ҳамин тавр, Пешвои миллат дар заминаи чунин қонуни таърих зуҳур карда, бо ормони ваҳдат, адолат, эҳёи худогоҳию худшиносӣ тавонистанд миллатро ба ояндае роҳнамоӣ кунанд, ки дар он илму маърифат, адолат ва озодӣ арзиши аслии давлатдорӣ гардиданд.

Пешвои миллат роҳбариро аз хидмат ба халқу давлати худ оғоз карданд. Давлатро барои хидмат диданд, на барои ҳукумат. Барои Пешво роҳбарӣ масъулияти маънавист, ки ин аз ҳифзи Ватан, бедории миллат иборат аст. Пешвои миллат борҳо таъкид доштаанд, ки давлат бе инсон маъно надорад ва инсони бе Ватан бе реша мемонад. Аз ҳамин дидгоҳ буд, ки Президенти кишвар давлатро ба шакли нав, яъне давлатдории хирад, маърифат ва ахлоқ табдил доданд.

Фалсафаи роҳбарии Пешво бар меҳвари хирад аст. Пешво ба хирад ҳамчун нерӯи ҳаётбахш менигаранд, ки инсонро аз торикӣ ба рӯшноӣ мебарад. Дар андешаи Пешво хирад танҳо донишу таҷриба нест, балки виҷдон аст, дил аст, муҳаббат аст. Ҳамин хирад буд, ки Пешвои муаззами миллат ҷангро хотима доданд, ба кишвар сулҳ оварданд ва дар дили миллат тухми итминон ба фардо коштанд.

Худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар дидгоҳи Пешвои миллат реша дар бовар ва таърихи худ дорад. Пешво мегӯянд, ки миллате, ки худро мешиносад, ҳеҷ гоҳ сарнагун ва дар дарозои таърих гум намешавад. Худшиносӣ маънои донистани таърих нест, балки дарки масъулият барои идомаи он аст. Аз ин рӯ, забон, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ дар сиёсати Пешвои миллат ҷойгоҳи муқаддас пайдо намудаанд. Пешво таъкид мекунанд, ки забон руҳи миллат аст ва фарҳанг пояи ҳастӣ. Ба ҳамин хотир, забони давлатӣ, адабиёти миллӣ, фарҳанги суннатӣ ва мероси маънавии ниёгон дар замони роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё ва устувор гардиданд.

Бо ҳамин ҷаҳонбинӣ Тоҷикистон ба давлати худшиносу соҳибистиқлоли комилу ҳуқуқбунёд табдил ёфт. Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, Артиши миллӣ, пули миллӣ рамзҳои худшиносии давлатанд, ки бо шарофати хиради Пешво маънои воқеӣ пайдо карданд. Имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар бо ифтихор мегӯяд, ки тоҷик аст ва Ватан дорад.

Пас аз сулҳ, вақте ки мардум аз фоҷиа ба ҳаёти нав қадам мегузоштанд, Пешво кишварро аз нав сохтанд, роҳҳо кушоданд, пулҳоро барқарор карданд, неругоҳҳо ва муассисаҳои навро бунёд намуданд. Барномаи эҳёи миллӣ бо сохтмони НБО “Роғун” маънои рамзӣ гирифт. “Роғун” танҳо иншооти энергетикӣ нест, он рамзи ирода ва хиради миллати тоҷик аст.

Вақте ки Пешвои миллат гуфтанд: “Роғун ояндаи миллат аст”, ин танҳо шиор набуд, эътиқод ба худшиносӣ буд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки Ватан мисли модар муқаддас ва ягона аст. Пешво дар ҳар гӯшаи ин сарзамин руҳи таърихро эҳсос мекунанд: дар кӯҳҳои Бадахшон, дар сарзамини Кӯлоб, дар хоки Хатлон, дар водии Зарафшон ва дар шаҳрҳои Ҳисору Душанбе. Пешво ҳамеша таъкид менамоянд, ки Ватан танҳо хок нест, балки ин хотира, таърих, забон, хирад ва ҳастии миллат аст.

Фалсафаи роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таълимоти маънавии ниёгони тоҷикон пайванди амиқ дорад. Пешво мисли давлатдорон, файласуфон ва донишмандони гузашта, аз Ҷамшеду Куруши Кабир то Исмоили Сомонию Рӯдакию Синову Фирдавсӣ танҳо ба хирад ва ахлоқ такя мекунанд. Аз диди Пешвои миллат давлат бе ахлоқ пойдор нест ва ҳар роҳбар бояд намунаи виҷдон бошад, бинобар ин Пешво бо ростқавлӣ ва хоксорию фурӯтанӣ ин арзишҳоро зинда нигоҳ медоранд.

Фалсафаи роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар мабнои тавозуни ақл ва эҳсос, анъана ва навоварӣ, арзишҳои миллӣ ва қонунҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтаанд. Пешво дарк мекунанд, ки миллат наметавонад бе ислоҳот зиндагӣ кунад, вале ислоҳот бе решаҳои фарҳангӣ хатарнок аст. Аз ин рӯ, дар сиёсати давлатдориашон навсозӣ ҳамеша бо эҳтиром ба суннат ҳамроҳ аст. Пешво ба илму дониш ҳамчун нерӯи муқаддас менигаранд ва ба насли ҷавон таълим медиҳанд, ки хирад калиди саодат аст. Бо ҳамин дидгоҳ, маориф ва илм ба сутуни асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, марказҳои касбӣ ва илмӣ бунёд шуданд. Барномаҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва чанди дигар нишон доданд, ки Пешво ба ояндаи зеҳнӣ ва рақамии миллат меандешанд.

Дар сиёсати хориҷӣ низ ин фалсафаи хирад ва масъулият зоҳир аст. Пешвои миллат масъалаи об ва иқлимро ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд. Президенти Тоҷикистон инсониятро ба ваҳдат дар атрофи арзишҳои ҳаётӣ, ба монанди об, табиат ва адолат даъват намуданд ва ин ҳамаро идома дода истодаанд. Бо ташаббусҳояшон зиёда аз 10 иқдом, аз ҷумла, Даҳсолаҳои байналмилалии “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул шуданд. Ин ҳама аз диди Пешво ҳамчун фалсафаи масъулияти ҷаҳонӣ зода шудааст: “Об – ҳаёт аст ва касе, ки онро ҳифз мекунад, инсониятро ҳифз мекунад”.

Аз нигоҳи Президенти Тоҷикистон роҳбар будан маънои омӯзгор буданро дорад. Роҳбар на танҳо фармон медиҳад, балки маърифат меомӯзонад, дилҳоро бедор мекунад ва умедро зинда медорад. Пешво борҳо таъкид намудаанд: “Мардумро набояд идора кард, бояд фаҳмид, мушкилоташро дарк кард ва баҳри ислоҳи он кӯшиш намуд”. Ва ин сухан, ки дар зоҳир сода аст, дар асл фалсафаи роҳбариро пурра ифода мекунад.

Президенти кишвар бо мардум мисли падар ҳастанд, ором, меҳрубон, вале қатъӣ дар ҳақиқат. Мардуми кишвар Пешворо на танҳо ҳамчун сиёсатмадор мешиносанд, балки чун инсони наздик, хоксор ва покнафс эҳсос мекунанд. Дар ҳар сафар, дар ҳар мулоқот, дар ҳар гуфтор муҳаббати Пешво ба мардум эҳсос мешавад ва ҳар таъкиде менамоянд аз «миллати ман, ҳамватанонам, ман Шуморо, ман ин Ватани биҳиштосоро дӯст медорам» шуруъ мешавад.

Дар фалсафаи Пешво роҳбарӣ бе худшиносӣ имкон надорад. Худшиносӣ бошад, бе меҳру масъулият пойдор намемонад. Аз ин рӯ, худшиносии миллӣ дар сиёсати роҳбариашон ҳамеша бо ваҳдат ва ахлоқ пайваст аст. Ваҳдат танҳо иттиҳоди одамон нест, балки иттиҳоди самимимии дилҳост. Пешво таъкид мекунанд: “Мо бояд якдилу якрӯ ва муттаҳид дар атрофи як мафҳум – ваҳдати миллати бузургамон бошем, зеро қувваи мо дар ваҳдат аст”. Дар воқеъ, ҳамин ваҳдат сабаби бузургтарин дастовардҳо гардид. Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба сулҳпарвар, аз кишвари фақир ба бунёдкор, аз минтақаи фаромӯшшуда ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро бо сулҳ, об, фарҳанг ва бо Пешвои миллат мешиносанд.

Фалсафаи роҳбарӣ ва худшиносии миллӣ дар дидгоҳи Пешвои миллат як низоми пурра аст, ки дар маркази он инсон меистад. Он ҳамчун арзиши олӣ, на восита. Пешво мехоҳанд, ки ҳар шаҳрванди кишвар озод андеша кунад, эҷод кунад ва бо ифтихор зиндагӣ кунад. Дар ин фалсафа илм, фарҳанг, табиат ва ахлоқ бо ҳам тавозун доранд. Миллат танҳо вақте комил мешавад, ки дар он хирад ва меҳр, адолат ва муҳаббат, имон ва маърифат якҷо бошанд. Аз дидгоҳи фалсафии Пешво, давлат бидуни маърифат ҷисмест бе руҳ. Руҳро хирад ва худшиносӣ месозад. Давлати Тоҷикистон имрӯз руҳи худро дорад, ки руҳи хирад, ваҳдат ва инсонгароӣ аст. Ин руҳ аз дили Пешво сарчашма гирифтааст. Ҳамаи дастовардҳои кишвар, шуруъ аз НБО “Роғун” то конфронсҳои байналмилалии об, аз барномаҳои миллии таълиму тарбия то рушди шаҳри Душанбе, ифодаи ҳамин сиёсати хирадмандона, оқилона ва дурандешонаи Президенти маҳбуби кишваранд. Пешво ҳар як иқдомро бо маънои маънавӣ оғоз мекунанд, зеро медонанд, ки сохтани пул ё роҳ осонтар аст аз сохтани дилу руҳ. Пешво таъкид доранд: “Сохтани Ватан аз сохтани инсон оғоз мешавад.” Ин сухан фалсафаи давлатдори- ашонро ҷамъбаст мекунад. Ватан ин маҷмӯи инсонҳост, на танҳо сарзамин ва роҳбар он касест, ки инсонро ба Ватан мепайвандад.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллат на танҳо Пешво, балки оинаи ҳастӣ мебошанд, ки дар он миллат худро мебинад: меҳрубон, хирадманд, устувор ва созанда. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи сулҳ, хирад ва худшиносӣ ҳастанд ва арҷгузорӣ ба хизматҳои абармарди таърих дар ин рӯз, яъне дар Рӯзи Президент ин вазифаи инсонию имонии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.

Дар ҳамин ҷо матлаби худро дар масъалаи фалсафаи роҳбарӣ ва худшиносии миллӣ дар дидгоҳи Пешвои миллат ба поён расониданӣ будам, албатта дар шакли кӯтоҳу фишурда, зеро таҳлили пурраи ин масъала фарогиртар аз як мақолаву китоб аст ва шояд муҳақиқон боз атрофи он таҳқиқоти дигар анҷом диҳанд ва боз ҳам фарохтар фалсафаи роҳбарии Президенти Тоҷикистонро баҳогузорӣ намоянд. Ва ҳамин замон ах- бори наве дастрасам гардид, ки «6 ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид.

Қатънома аҳаммияти таърихӣ ва маънавии «Устувонаи Куруш»-ро чун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад. Ташаббуси мазкур тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардида буд, пешбарӣ шуд.

Пас, хулосаи мантиқӣ дар ин маврид чунин аст, ки ҳар як рӯзи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихсозист. Пешвои миллат таърихи миллатро муаррифгар, миллати куҳанбунёду тамаддунофар, шаҳрдору шаҳрнишинашро таҷассумгар ва амалисозандаи ормонҳои ҳазорсолаи миллатанд. Бинобар ин, миллат бояд ба Пешвои маҳбубаш арҷ гузорад, эҳтиром намояд ва содиқонаву самимона дар роҳи амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешво заҳмат ба харҷ диҳад ва бо ПРЕЗИДЕНТИ ХУД ИФТИХОР НАМОЯД.

 

Фарҳод РАҲИМӢ,

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2025-11-13 10:39:52

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - САФИРИ СУЛҲИ ҶАҲОН

 

Сулҳ бузургтарин арзиши инсонист, ки бе он на ҷомеа метавонад рушд кунад ва на инсон ба зиндагии шоиста ноил мегардад. Сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки фароҳам овардани шароите мебошад, ки дар он ҳуқуқҳои инсон эҳтиром мешаванд, иқтисод рушд мекунад, маориф ва фарҳанг ҳамчун пояи устувор ташаккул меёбанд ва ҷомеа ба оянда бо эътимод менигарад. Дар шароити сулҳ инсон имкони эҷод карданро пайдо мекунад, миллат неруи худро барои созандагӣ равона месозад ва давлат дар роҳи пешрафт қадамҳои устувор мегузорад.

Аҳаммияти сулҳ дар он аст, ки он пойдевори тамоми арзишҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳеҷ як ислоҳот, барномаҳои рушди иқтисодӣ, сохтмонҳои бузург ва пешрафти илму техника бидун фазои субот имконнопазир аст. Сулҳ ба ҷомеа умед мебахшад, заминаи ваҳдатро фароҳам меорад ва тафаккури созандаро бедор месозад. Дар давлатҳое, ки ҷанг ва ноамнӣ идома доранд, заминаҳо барои пешрафт аз миён мераванд, мардум маҷбур мешаванд гуреза шаванд ё муҳоҷират кунанд ва якчанд насл аз имкони зиндагии орому созанда маҳрум мегарданд.

Маҳз ба ҳамин хотир сулҳ дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун арзиши стратегӣ арзёбӣ мешавад. Кишварҳое, ки ба сулҳ ноил шудаанд ва онро ҳифз мекунанд, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлатҳои боэътимод ва шарикони муҳим шинохта мешаванд. Сулҳ на танҳо муносибатҳои дохилиро устувор мекунад, балки имкони васеъ барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, робитаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба фароҳам меорад.

Дар ин замина, мо метавонем бо итминон изҳор дорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти худ ҳамчун шахсияти сулҳпарвар, мунодии ваҳдати миллӣ ва байналмилалӣ шинохта шудаанд. Сарвари давлат на танҳо дар таърихи нави тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва миллати худ сабт гардидаанд, балки ҳамчун шахсе, ки сулҳро ба як ғояи меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ табдил додаанд, имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сиёсии худро дар як марҳилаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсози давлатдорӣ оғоз намуданд. Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолӣ ба ҷанги шаҳрвандии шадид рӯ ба рӯ гардид ва хатари пароканда шудани давлат ва нестии миллат ба миён омада буд, бо ирода ва масъулияти бузурги сиёсӣ роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, тамоми қувва, дониш ва тавоноии худро ба хотири хотима бахшидан ба ҷанг, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани миллат равона намудаанд.

Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва мураккаб, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома ба таърихи муосири Тоҷикистон тамғаи нав гузошта, роҳи рушди осоишта ва босуботи давлатро фароҳам овард. Сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз таҷрибаҳои нодири муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва иродаи сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва эҳтиром қарор гирифтааст.

Нуқтаи баландтари ин эътирофи байналмилалӣ сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой мебошад. Ин ҷоиза, ки ба шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон барои саҳми назаррасашон дар таҳкими сулҳ, инсонпарварӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ дода мешавад, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Роҳбари кишвар супорида шудааст.

Ин қадршиносӣ, пеш аз ҳама, эътирофи талошҳои пайваста ва воқеии Пешвои миллат дар тӯли беш аз се даҳсола барои ҳифзи сулҳ, таъмини суботи иҷтимоӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҷоизаи ба номи Лев Толстой на танҳо мукофот, балки намунаи қадршиносии роҳи тайкардаи миллат таҳти роҳбарии хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои худ маҳсуб меёбад.

Сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат амалӣ гардидааст, на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ самараи амиқ гузоштааст. Дар ин росто, пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати қабули Қатъномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, падидаи сиёсӣ ва инсондӯстонаи ниҳоят муҳиму назаррас мебошад. Қабули ин қатънома нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ба як намунаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва Тоҷикистон дар ҳайси кишвари ташаббускор, дар баробари абарқудратҳо, дар масири тарғибу тавсеаи арзишҳои сулҳу субот ва рушди устувор қарор мегирад. Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамчун як барномаи стратегӣ ҳадафи таъмини ояндаи бехатар, таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди таҳаммулгароӣ ва пешгирии муноқишаҳоро барои наслҳои ҷавони ҷаҳон пайгирӣ менамояд.

Аҳаммияти ин ду дастоварди бузург – сарфароз гардидан бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ва пешниҳод ҷиҳати қабули қатъномаи СММ дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки Тоҷикистон ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ворид гардидааст. Мо бовар дорем, ки ин дастовардҳо заминаи сиёсӣ ва маънавии наверо барои эҳёи тафаккури миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таҳкими руҳияи сулҳпарварии ҷомеаи тоҷик фароҳам меоранд.

Бояд гуфт, ки Истиқлолият ва сулҳ дар тафаккури Пешвои миллат ду пояи устувори давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб меёбанд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маҳз бар асоси ин ду арзиш ташаккул ва рушд меёбад. Ба туфайли ин сиёсат, имрӯз мо шоҳиди онем, ки Тоҷикистон ба кишвари амну босубот, дорои ҷойгоҳи устувор дар минтақа ва шинохта дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат бо ҳар як сухан, иқдом ва сиёсати худ исбот намудаанд, ки бе сулҳ наметавон заминаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро таъмин кард. Аз ин рӯ, сулҳ дар мафкураи сиёсӣ ва амалии эшон на танҳо як шиор, балки андешаи меҳварӣ ва башардӯстона маҳсуб меёбад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз яке аз намунаҳои барҷастаи ҳамзистии осоишта дар асри муосир арзёбӣ мегардад. Ин таҷриба танҳо ҳодисаи таърихӣ нест, балки як мактаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки дар маркази он нақши Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳи устувор қарор дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сулҳи Тоҷикистон на бо роҳи зӯрӣ, балки бо иродаи сиёсӣ, гуфтушунид, гузашт ва ҳадафмандии стратегӣ ба даст омадааст. Маҳз ҳамин омилҳо боис шуданд, ки сулҳ дар кишвар на як амри муваққатӣ, балки як дастоварди пойдор гардад.

Соли 1997 Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид шуд - марҳилае, ки барқарорсозии зина ба зинаи давлатдорӣ, эҳёи пойгоҳҳои иқтисодӣ, бозсозии тамоми сохторҳои иҷтимоӣ ва барқарории эътимоди мардуми хаставу ранҷдида аз ҷангро дар бар мегирифт. Дар ҳамин давра сиёсати давлатӣ ба самти ором кардани ҷомеа, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими ваҳдат ва сохтани низоми нави муносибатҳои сиёсӣ равона гардид. Бо гузашти солҳои зиёд метавон дид, ки сулҳ дар Тоҷикистон аз як ҳодиса ба фарҳанг табдил ёфт - фарҳанге, ки тағйири ҷиддии тафаккури сиёсии ҷомеаро ба вуҷуд овард ва ба мардуми кишвар омӯзонд, ки бо муколама метавон низоъҳоро ҳал намуд, на бо зӯргӯӣ.

Ҷаҳони муосир имрӯз ба бознигарии чунин таҷрибаҳои муваффақ ниёз дорад. Бо афзоиши муноқишаҳои минтақавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, тақсимоти идеологӣ ва рақобатҳои геополитикӣ, ҳодисаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи барҷастаи «сулҳи миллӣ» арзёбӣ мешавад. Бисёр кишварҳо таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро барои барқарорсозии эътимод, сохтани фарҳанги муколама ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ин эътироф боз як далелест, ки саҳми Пешвои миллат танҳо барои ҷомеаи тоҷик нест, балки ҷанбаҳои байналмилалӣ низ касб кардааст.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи кишвар ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадааст. Ин иқдом танҳо як изҳорот нест, балки барномаи стратегиест, ки барои даҳ соли оянда муҳимтарин самтҳои таъмини сулҳ, беҳсозии муносибатҳои байнидавлатӣ, рушди фарҳанги таҳаммул ва пешгирии низоъҳоро дар бар мегирад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чунин ташаббусҳо ниёз дорад, зеро сулҳ имрӯз на танҳо масъалаи як кишвар, балки омили амнияти умумии инсоният аст.

Хулоса, сулҳи Тоҷикистон на танҳо саҳифаи таърихист, балки мероси бузурги маънавиву сиёсиест, ки барои наслҳои имрӯз ва фардо аҳамияти махсус дорад. Роҳ ва таҷрибаи тайкардаи кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун намунаи устувории ирода, хирад ва бунёди ҷомеаи ором хизмат хоҳад кард. Ин мерос ҷомеаро ба он водор месозад, ки сулҳро чун арзиши олӣ ҳифз намуда, барои рушди босуботи давлат талош варзад, зеро сулҳ меҳвари ҳамаи дастовардҳо, пешрафтҳо ва орзуҳои миллӣ мебошад.

 

ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,

муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти

ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

2025-11-13 08:59:28

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

Дар саҳифаҳои пурифтихори таърихи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори хирадманд, роҳбари дилсӯзу ватанпарвар ва Президенти воқеан мардумӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва поягузори давлати навини тоҷикон дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат нақши таърихӣ ва тақдирсоз гузоштаанд.

Дар давраи барои Ватани мо пурошӯб ва ҳассоси солҳои аввали Истиқлолият маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, ҷасорат ва масъулияти бузурги миллӣ сарварии давлатро ба дӯш гирифта, миллати парешонгашта ва кишвари ҷангзадаамонро ба роҳи сулҳ, субот ва созандагӣ раҳнамоӣ намуданд. Бо талошҳои пайвастаашон сулҳи деринтизор дар Тоҷикистон барқарор гашт ва пояҳои давлатдорӣ устувор гардиданд.

Маҳз хирадмандӣ ва сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ором, пешрафта ва дорои эътибори баланд дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Ҷаноби Олӣ на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки фарзанди содиқи миллат, ҳомии фарҳанг, дӯстдори илму маърифат ва ғамхори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.

Мардумпарварии Пешвои миллат дар он ифода меёбад, ки ҳар қадам ва ҳар ташаббусашон аз эҳтиёҷоти воқеии ҷомеа сарчашма мегирад. Ҳазорон сафари кориашон ба дурдасттарин минтақаҳои кишвар, мулоқот бо мардум, дидору гуфтугӯ бо омӯзгорону деҳқонон, кӯдакону ҷавонон шаҳодати равшани он аст, ки сиёсаташон аз халқ ҷудо нест. Сарвари давлат ҳамеша сухани мардумро мешунаванд, аз мушкилоти онҳо огоҳанд ва тамоми саъйи худро ба беҳбудии зиндагии онҳо равона месозанд.

Дар сиёсати Пешвои миллат тарбияи насли ҷавон ва тайёр кардани кадрҳои соҳибмаҳорат мавқеи хоса доранд. Бо ташаббус ва ғамхориҳои Роҳбари кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ, коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишии муосир таъсис ёфта, шароити мусоиди таҳсил барои ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Ҳадаф аз ин ҳама дастгирӣ дар он аст, ки ҳар як ҷавони тоҷик бо дониш, ихтисос ва меҳри Ватан ба созандагӣ саҳм гузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои воқеии миллатанд, ки бо хислатҳои инсондӯстӣ, адолатпарварӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дилҳои мардумро ба худ ҷалб намудаанд. Маҳз чунин хислатҳои воло боис гардидаанд, ки сокинони кишвар бо ифтихор ва самимият он касро Президенти мардумӣ меноманд.

Мо, омӯзгорон, бо эҳсоси ифтихор изҳор медорем, ки дар чунин кишвари соҳибистиқлол таҳти сарварии чунин Пешвои хирадманду меҳрубон зиндагӣ ва фаъолият дорем. Роҳнамои асосии мо дар таҳсилу тарбия ва хизмат ба Ватан суханҳои пурҳикмати Сарвари давлат мебошанд, ки ҳамеша таъкид мекунанд: «Миллати босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯст пояи асосии давлат аст».

Дар ҳақиқат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуманд, барои мардуманд ва аз миёни мардум бархостаанд. Он кас бо хидматҳои беназири худ на танҳо Тоҷикистонро аз вартаи низоъ наҷот доданд, балки ба кишвар рӯҳи тоза бахшида, пояҳои давлатдориро таҳким намуданд.

Хулоса, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии роҳбари хирадманд, сиёсатмадори дорои диди стратегӣ ва Президенти воқеан мардумӣ мебошанд, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ба халқу Ватан ба ҷаҳониён нишон доданд, ки роҳбари воқеӣ он касест аз мардум нерӯ мегирад, бо мардум мемонад ва барои пешрафти мардум заҳмат мекашад.

Замира ИРМАТОВА,

директори Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом

ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров

 

2025-11-13 08:51:57

МАВҚЕИ ШОИСТАИ ЗАН - МОДАР ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мавқеи зан дар сиёсати Пешвои миллат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ ва ҷомеасозии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз оғози давраи роҳбарии худ нақши занонро дар рушди ҷомеа ва давлатдорӣ бо назари нек арзёбӣ намуда, баробарии ҳаққу ҳуқуқ ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ амалӣ гардонидааст.

Сиёсати Пешвои миллат дар самти ҳимояи ҳуқуқи занон бар пояи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ асос ёфтааст. Дар суханрониҳо ва барномаҳои давлатӣ борҳо таъкид шудааст, ки занон ҳамчун нерӯи созанда ва пояи устувори ҷомеа бояд дар қабули қарорҳои муҳими давлатӣ саҳм дошта бошанд. Аз ин рӯ, солҳои охир иштироки занон дар мақомотҳои қонунгузор, иҷроия ва дигар сохторҳои давлатӣ босуръат афзудааст.

Имрӯз занони тоҷик дар мақоми вакилони Маҷлиси намояндагон, вазирону раисони Кумитаҳо, аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, олимон, соҳибкорон ва фаъолони иҷтимоӣ фаъолият доранд. Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати дурбинона ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат мебошанд, ки барои боло бурдани сатҳи маърифат, таҳсил ва худшиносии занон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Бояд гуфт, ки новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ноустувории амнияту субот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ корҳои назаррасро анҷом дода, як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 1998, таҳти №363 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақши миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои он 14 вазорату кумита ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.

Санади дигари тақдирсоз ин Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки байни мардум инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, дар арсаи байналмиллалӣ дунявӣ будани Тоҷикистонро бори дигар таъкид сохт.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» заминаи ҳуқуқиро баҳри қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар фароҳам овард. Гузашта аз ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 Нақши амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардид. Солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми кишвар солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашида буд. Хушбахтона, имрӯз зани тоҷик муваффақ буда, дар ҳама соҳаҳои давлатдорӣ сарбаландона ва содиқона хизмат карда истодааст.

Албата, баракати зан-Модар аст, ки мақоми зан дар оила ва ҷомеаи тоҷикон ҳамеша баланд буд ва баланд хаҳад монд, зеро иффату зебоӣ фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифатии занон марбут аст».

Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва таъмини зиндагии арзандаи занону модарон аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардидани таҳияи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз таваҷҷуҳи бевосита ва боварии роҳбарияти олии кишвар нисбати занону бонувон дарак медиҳад.

Зани тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, муарифгар ва тарғибгари сиёсати давлат, сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳамзамон пешбарандаи рисолати аввалини худ-модари тоҷик аст, ки дар баробари сиёсатмадор будан, тарбиятгари фарзанд, ҳамсари меҳрубонро низ ба душ дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷо овардани иззату эҳтироми занону модарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонӣ мешуморад. Ин аст, ки имрӯз духтарони ноҳияҳои дурдаст тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил гардида, аз ҳисоби буҷети давлату ҳукумат таҳсил менамоянд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гардид, ки «Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд».

Аз баракати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдату суботи сартосарӣ дар кишвар ба зани тоҷик муяссар гардид, ки ҳамчун шахси фаъол, мубориз дар ташаккули давлатдории миллӣ саҳмгузор бошад, мақоми зани тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам хубтар ва бо симои тоҷиконаи худ муарифгари покию зебогӣ нишон диҳад. Ин ҳама шоистагиҳо аз шарафи сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо даст дод.

Гиромидошти Зан-Модар дар сиёсати Роҳбари давлат аз ҷойгоҳи махсус бархурдор буда, бузургиву беназирии ҳамеша мавриди ситоиши Сарвари давлат аст. Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи маърифатнокиву маънавиёти занон, ки омили саодати ҷомеаи башарист, Пешвои миллат таъкид медорад, «Бешак дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт».

Аз ин нуктаи назар метавон гуфт, ки зан офарандаи нотакрори ҳаёт, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду муваффақи тоҷик аст. Танҳо ва танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватандӯст, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

Имрӯз ҷомеаи тоҷик дарк мекунад, ки бе иштироки занон ҳеҷ як соҳаи зиндагӣ пешрафт намекунад. Занон дар баробари иҷрои рисолати модариву хонаводагӣ, дар сохтмони ҷомеаи муосир низ саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат бо эътирофи ин ҳақиқат, онҳоро ба фаъолият, худбаҳодиҳӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ташвиқ мекунад.

Ин сиёсати давлатдорӣ нишон медиҳад, ки Пешвои миллат нақши занро дар рушди давлат ва мустаҳкамсозии пояҳои миллат ҳамчун унсури ҷудонашавандаи ҷомеаи муосир арзёбӣ менамояд. Маҳз тавассути чунин муносибати эҳтиромомез ва дастгирии воқеӣ мақоми зан дар Тоҷикистон устувор гардида, замина барои фаъолияти озоду босамари онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо фароҳам шудааст.

Мо занону бонувони даврони соҳибистиқлолӣ шукргузорӣ мекунем, ки бо ибтикороти Сарвари хирадрою маърифатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо даҳҳо санади меъёриву ҳуқуқӣ дар манзалати зан ба тасвиб расидаанд. Ифтихор аз он дорем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон эътимод ва боварии комил дошта, онҳоро мудом пуштибонӣ мекунанд. Аз ин рӯ, шарти масъулият медонем, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои бемисл ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани мақоми Зан-Модар дар ҷомеа аз сидқ ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ талош намуда, дар тарғиби сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон фаъолиро пешаи худ намуда, ба тарбияи фарзандон ва насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи амиқу дақиқ равона намоем.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

 

 

2025-11-10 10:14:15

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ!

Ҳамаи шумо, инчунин, собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсия самимона табрик мегӯям.

Ҷашни касбии кормандони милитсия дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи беш аз се даҳсола дар ҷодаи пешрафту тараққиёт ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.

Кормандони милитсия, хусусан, дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддиву техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд.

Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд. Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки барои таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус дода шавад.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Кормандони милитсияи тоҷик бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромиву осоиштагии диёри азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон нафар сарсупурдагони роҳи истиқлолу озодӣ ба даст омадааст.

Таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад.

Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба давлату миллат, сарзамини муқаддас ва Ватани аҷдодӣ итминони комил дорам.

Бовар дорам, ки шумо ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонед, вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худро минбаъд низ содиқонаву сарбаландона иҷро мекунед.

Бори дигар тамоми кормандони милитсияи тоҷик ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!

2025-11-05 19:59:07

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ, БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Омӯзгорону кормандони арҷманд, донишҷӯёни хонандагони азиз, ҳамкорони гиромӣ!

Бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади муқаддас ва асоси ҳуқуқиву сиёсӣ, ки давлатдории миллии моро ба марҳилаи нави рушд ворид намуд, самимона табрик мегӯям.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарс аннаи 6 ноябри соли 1994 воқеаи таърихист, ки бо иродаи қавии халқи тоҷик ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Он ҳамчун санади меъмории асосии ҷомеаи навини тоҷик, пояи давлатдории соҳибистиқлол ва кафили ваҳдату суботи миллӣ хизмат намуда истодааст. Дар рӯзҳои қабули ин ҳуҷҷат, ки кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагии сиёсӣ ранҷ мебурд, қабули Конститутсия барои миллати тоҷик рамзи эҳё, умед ва заминаи ваҳдат гардид.

Дар тӯли 31 соли амал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатро ба ҷодаи рушди устувор роҳнамоӣ кард. Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки татбиқи пайгиронаи меъёрҳои Конститутсия боис гардид, то Тоҷикистон аз кишвари осебдида ба давлати муосир, ором ва рушдёфта табдил ёбад.

Дар Конститутсияи кишвари мо принсипҳои асосии давлатдории миллӣ – соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дарҷ гардидаанд. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз мансубияти миллӣ ва нажодию забонӣ ҳуқуқу озодиҳои худро дар асоси ин санади олии ҳуқуқӣ истифода мекунад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, меъёрҳои Конститутсияи мо ҳамчун кафили ваҳдат, суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар ба таври муассир татбиқ мегардад. Дар натиҷа, Тоҷикистон имрӯз бо ифтихор дар миёни кишварҳои дорои низоми муназзами қонунгузорӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҷойи сазовор гирифтааст.

Агар ба муҳтавои Конститутсия назар афканем, мебинем, ки он танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ нест, балки барномаи ҳаётии пешрафти миллат аст. Меъёрҳои он на фақат фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки рафтору андешаи ҳар як шаҳрвандро ба сӯи созандагӣ, адолат ва ваҳдат роҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки Конститутсия ҳамчун қонуни зиндагии давлат ва миллат амал мекунад.

Соҳаи таҳсилоти касбӣ, бахусус таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ маҳз дар асоси ҳамин ҳуҷҷати муҳим рушд ёфта истодааст. Ҳуқуқ ба таҳсил, ки дар моддаи 41-уми Конститутсия кафолат дода шудааст, ба миллионҳо сокнини кишвар имконият фароҳам овард, то дониш омӯзанд, касбу ҳунар гиранд ва ҳамчун нафарони бомаърифату созанда ба ҷомеа хизмат намоянд. Имрӯз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият доранд ва барои тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми босазо мегузоранд.

Мо, кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ, бояд дар руҳияи эҳтиром ба Конститутсия, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунгузорӣ ҷавононро тарбия намоем. Зеро танҳо шахси дорои маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстӣ метавонад барои таҳкими ваҳдату пешрафти Ватан хизмат кунад.

Ба ифтихори ин ҷашни миллӣ ҳамаи шаҳрвандони кишварро даъват менамоям, ки бандҳои Конститутсияро пурра омӯзанд, моҳияти онро дар зиндагии ҳаррӯза татбиқ намоянд ва онро ҳамчун рамзи ваҳдат, сулҳ ва пешрафти Тоҷикистон ҳифз кунанд.

Бо истифода аз ин фурсат ба кулли омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамчунин ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон саломативу саодатмандӣ, сулҳу суботи пойдор ва муваффақиятҳои навро таманно дорам.

Конститутсия рамзи ваҳдат, кафили истиқлолият ва омили пешрафти миллат аст. Бигзор ин ҳуҷҷати муқаддас ҳамеша чароғи равшани роҳи рушди давлати тоҷикон бошад!

2025-11-05 15:10:55

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – АСОСИ БУНЁДИ СОХТОРИ ДАВЛАТӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии танзимкунандаи давлат ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангиро амалӣ месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намудааст: «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст».

Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар санаи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд, ки ин яке аз муҳимтарин рўйдодҳои таърихӣ дар давраи давлатдории муосири тоҷикон ба шумор меравад. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ хисобида, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул шуморид, то ки соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намояд ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор диҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ормони деринаи мардуми шарифи ин диёр буда, орзуву таманниёти ҳар як фарди ватани азизамонро дар худ таҷассум менамояд. Ин ҳуҷҷати тақдирсозу муайянкунандаи дурнамои рушду тараққиёти мамлакат соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонагии Тоҷикистони азизи моро тасдиқ намуда, барои ҳар як шаҳрванд зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад. Забони тоҷикиро забони давлатӣ муқаррар намуда, ба дигар миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ҳуқуқи озодона истифода намудани забони модариашонро додааст. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро арзиши олӣ эълон намуда, давлатро масъули эътироф, риоя ва ҳифзи он меҳисобад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқатан асоси ҳуқуқии бунёди сохтори давлатӣ буда, асоси соҳибистиқлоли мо, кафили риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои мо мебошад. Конститутсия пояи ҳуқуқии давлатро мустаҳкам намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро пойдор гардонид. Таѓйироту иловаҳое, ки бо мурури замон (солҳои 1999, 2003 ва 2016) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун, муҳофизати ҳуқуқи инсон ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пешбинӣ шуда буданд ва асолати худро иҷро карданд. Маҳз риояи ҳамаҷонибаи меъёрҳои конститутсионӣ ба мо имконият фароҳам меоварад, ки дар таҳкиму амалисозии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҷиҳати бунёди сохтори давлатӣ саҳмгузор бошем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади асосии ҳуқуқии давлат, дорои қувваи олии юридикӣ буда, асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамзамон, маҳз конститутсия принсипҳои ташкил додани фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатиро муайян намуда, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро тавассути қонунгузории ҷорӣ муқаррар кардааст. Дар боби сеюм, моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад…». Мутобиқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест, ки принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътирофшударо, ки асоси ҳуқуқии давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявию ягонаро ташкил медиҳанд, таҷассум менамояд ва вазифаи ҳар як фарди боору номус аст, ки тамоми рафтору гуфтор ва кирдори хешро ҷиҳати риоя ва иҷрои меъёрҳои муқаррарнамудаи он равона созад, то ки дар амал шуурнокӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ маърифатнок будани худро нишон диҳад.

Амирҷон ВАЗИРОВ,

директори Қоллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

2025-11-05 15:09:04

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар таърихи инкишофи ҳар як миллат воқеаҳое рух медиҳанд, ки онҳо асоси эъмори давлати миллӣ шуда метавонанд. Аз ҷумлаи ҳамин гуна воқеияти таърихӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аст, ки он дар тақдири ояндаи миллат ва давлатдории миллӣ муайян гардид.

Қабули Конститутсия шаҳодати бунёди давлати миллии тоҷикон, асоси ҳуқуқии он, ягонагии ваҳдати ҳокимияти давлатӣ ва баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳо буда, Тоҷикистонро кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуда, моҳияти онро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, муайян намуд.

Дар муқаддимаи он халқи Тоҷикистон ба ҷаҳониён эълон кардааст, ки “мо қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,баробарҳуқуқӣ ва дустии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.

Мафҳуми «Конститутсия» ба қонуни асосии давлат, сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ишора мекунад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани кишварҳои алоҳида Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро тариқи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 эълон кард, ки он заминаи ҳуқуқии бунёди аввалин давлати соҳибихтиёри миллии тоҷиконро муқаррар намуд ва ин дастоварди миллиро Конститутсияи миллии кишвар мустаҳкам намуд.

Дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мекунад. Он давлатдории тоҷиконро дар шакли идоракунии президентӣ муқаррар намуд.

Илова бар ин, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии хештаншиносӣ забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон намуда, Парчам, Нишон ва Суруди миллиро чун рамзҳои давлатӣ муқаррар намуд, ки воқеан хусусияти давлатдории миллиро ба тариқи конститутсионӣ мустаҳкам намуд ва он ба шиносномаи миллат табдил ёфт.

Конститусия сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ буда, дар заминаи он дигар санадҳои меърию ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки бевосита аз Конститутсия бармеоянд. Дар ҳоли ҳозир зиёда қонунҳои зиёди конститутсионӣ қабул карда шудаанд, ки қисми таркибии ин ҳуҷҷати муҳим мебошанд. Дар заминаи он садҳо қонун (соҳавӣ ва умумӣ), даҳҳо кодекс ва барномаю консепсияҳо низ қабул карда шудаанд, ки муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро танзим менамоянд.

Ҳамин тавр, Конститутсия дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 26 марти соли 2009 Конститутсияро дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон аз лиҳози эътибори ҳуқуқӣ дар ҷойи аввал гузоштааст. Аз ин бармеояд, ки меъёрҳои он нисбат ба қонунҳои дигар эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал менамоянд ва зарурияти қабули дигар санади ҳуқуқиро талаб намекунанд.

Хулоса, Конститутсия сарчашмаи қонунгузории кишвар буда, он асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд, муносибати онҳо бо давлат, кафолатҳои таъмини ин ҳуқуқу озодиҳо, принсипҳо, низом, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шаклҳои амалисозии онҳо, ҳамкории байни онҳо дар бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро дар Тоҷикистон муқаррар намудааст. Дар маҷмуъ, он санади ҳуқуқии муттаҳидсозандаи халқи тоҷик ва пояи давлатдории миллӣ мебошад.

ТИЛЛОЕВА Ситора Ҷалолиддиновна,

директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова

2025-11-05 09:34:28

МУЛОҚОТ БО АМИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД ОЛИ СОНӢ

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.

Ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим дониста шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.

Ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, баҳои баланд дода шуд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон аз иқдомҳои миёнаравии Давлати Қатар дар масоили ба эътидол овардани авзоъ дар Ховари Миёна ва хосатан дар Навори Ғазза, ҷонибдорӣ менамояд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо сурат гирифт.

2025-11-05 09:29:21

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА РУШДИ ИҶТИМОӢ ДАР ШАҲРИ ДАВҲАИ ДАВЛАТИ ҚАТАР

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.

Таъкид гардид, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, оид ба ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки кишвари мо бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”.

Сарвари давлати мо доир ба масоили гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон низ андешаронӣ намуданд.

Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо зарур донистанд, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад. Таъкид намуданд, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.

2025-11-04 09:00:24

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Конститутсия ин қонуни муҳим ва асосии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар як давлату миллатро муайян менамояд. Конститутсия қонунест, ки дар асоси он дигар қонунҳо мураттаб сохта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Бинобар ин,таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб меёбад. Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ ва асосҳои иқтисодиву ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: "Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро эълон менамояд”. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия мардуми кишвар бахти хешро ёфтанд ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии худ қадам гузоштанд.
Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқтаҳо: озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудааст.
Ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд ва бахтномаи тақдирсоз моро ҳифз менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд, ки имрӯз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин бовари дорам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозад, ки Конститутсия - бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст риоя намуда, онро пос дорем.
Тули сиву як соли фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил ва бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.
Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари мо дар миқёси ҷаҳон муаррифи шуд ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохта гардид.
Конститутсия дар рушди давлатдории миллии тоҷикон нақши муассир дорад, бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба вазифаи ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро, Конститутсия – таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст. Ҳар фарди ҷомеаи имрӯза вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.
Конститутсия тақозои онро дорад, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи зикршуда, муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад.
Конститутсия яке аз санадҳои асосии ба ҳисоб меравад ва бо ин васила дар таъмини соҳибихтиёрии кишвар ва сулҳу суботи он саҳмгузор аст.

Навраста Очилдиева, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷ

2025-11-03 15:52:02

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КУМИТА

 

Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳти унвони “Конститутсия – санади сарнавиштсози давлату миллат” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита, Давлатзода Баҳруло ва Ализода Алишер, муовинони раис, кормандони дастгоҳи марказӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Конститутсия аз рӯзҳои аввали қабулаш дар назди давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб мерафт.

Пешвои миллат дар таърихи навини халқи тоҷик дар саргаҳи ҷомеаи навини Тоҷикистон қарор дошта, дар рушду инкишоф ва мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ ва ҷомеа саҳми арзанда ва бузург доранд.
Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистон муҳим буда, ташаббускори таҳияи ин санади муҳими кишвар маҳсуб мешаванд.Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ин санади тақдирсоз қабул гардида, он дар рушду устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳо ва вазифҳои олии давлатӣ, ҳамзамон, муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи хоссаро ишғол намудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат пайваста аз мубрамӣ ва ҷойгоҳи хос доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, нақши онро дар бунёди давлат ва ҷомеаи муосир, ки ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамоми халқи кишвар мебошанд, ниҳоят муҳим арзёбӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 иброз доштанд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Раҷабов Саидумар Одинаевич- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни баромади худ иброз намуд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо ташаббус, заҳмату талош, истодагарию пофишориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар он масъалаҳои калидӣ: барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, зарурати ҳокимияти президентӣ, кафолати давлатии ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, таҳкими Конститутсия бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба он, ташкил ва такмили низоми мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти самараноки он ифода ва амалӣ гардиданд.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар навбати худ қайд кард, ки аз рӯзи аввали таҳияи лоиҳаи Конститутсия, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, ба гуруҳи корӣ дастур додаанд, ки ин мафҳумҳоро, ки хусусияти инсонпарваронаву сулҳҷӯёна дорад, ба лоиҳа ворид намоянд, зеро татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба шароити ҷомеаи инсонӣ, суннатҳои таърихиву маънавӣ, рушди фарҳанги миллӣ, худогоҳии мардум мусоидати созанда дошта, дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, шаҳрвандон уҳдадориҳои худро низ бояд дар назди қонун иҷро намоянд. Ин омил имконият фароҳам овард, ки дар Моддаи 5 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Инсон, ҳуқуқ, номус ва озодии ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя ва ҳифз карда мешаванд”, дарҷ карда шуд.

Дар охир таъкид гардид, ки таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи сифатан нави бунёд ва инкишофи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистони муосир буда, ин санади олии ҳуқуқӣ бо саъю талош, азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ҳамзамон, нақш ва саҳми ин шахсияти таърихии халқ дар такмили меъёрҳои он бағоят бузург мебошад.

 

2025-11-03 12:05:14

КОНСТИТУТСИЯ - ПОЯИ МУСТАҲКАМИИ ДАВЛАТ

Ҳар давлати муосир барои устувории худ ва рушди ҷомеа ба як қонуни асосӣ эҳтиёҷ дорад. Дар Тоҷикистон чунин қонуни асосӣ Конститутсия мебошад, ки заминаи ҳуқуқӣ ва озодии шаҳрвандонро муайян мекунад. Рӯзи қабули Конститутсия ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва аҳамияти он барои ҷомеа ва бахусус ҷавонон ниҳоят бузург аст.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ роҳнамои тамоми соҳаҳои давлат мебошад. Он меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти давлатиро муайян мекунад, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Ба шарофати Конститутсия, давлат метавонад сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бо ҳамоҳангӣ пеш барад.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон асоси Конститутсияро ташкил медиҳанд. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки бо эҳтиром ба қонун зиндагӣ кунад, интихоб кунад, таҳсил намояд ва дар рушду пешрафти ҷомеа саҳм гузорад. Конститутсия инчунин масъулияти шаҳрвандонро таъкид мекунад, ки ба ҳуқуқи дигарон ва таъмини тартибот эҳтиром гузоранд.
Ҷавонон – ояндаи ҳар кишвар – бояд аҳамияти Конститутсияро хуб фаҳманд. Барои донишҷӯёни коллеҷ, аз ҷумла дар соҳаи тиб ва фармация, донистани ҳуқуқ ва масъулиятҳои худ муҳим аст. Конститутсия барои онҳо ҳамчун роҳнамои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ хизмат мекунад, ки онҳоро дар қабули қарорҳои дуруст дар ҳаёти касбӣ ва иҷтимоӣ роҳнамоӣ менамояд.
Ҳар сол рӯзи 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад. Ин сана барои таъкид кардани аҳамияти қонун ва худшиносии миллӣ ниҳоят муҳим аст. Он имконият медиҳад, ки ҷавонон ва тамоми шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои худ фикр кунанд ва ба зиндагии иҷтимоӣ ва ҷамъиятии худ масъулиятнок муносибат намоянд.
Конститутсия пояи ҳуқуқ ва озодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он барои устувории давлат, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва роҳнамоии ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти бузург дорад. Ҷавонони имрӯза бо донистани Конститутсия метавонанд дар рушди ҷомеа ва ояндаи кишвар саҳми босазо гузоранд.
Ғиёсова Н.У - омӯзгори кафедраи технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсияи МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

2025-11-03 11:28:42

ТЕРРОРИЗМ ХАТАР ДАР ҶОМЕА

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати Пешвои миллат

‎Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият дарк намуд, ки терроризм ҷинояти махсусан хавфнок буда, он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Махсусан хавфнок будани терроризм дар он ифода меёбад, ки асоси онро кўшиши ҷиноятҳо оиди дар атрофи он ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳима фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки иҷтимоии шаҳрвандон, кори мўътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин ноил шудан ба мақсадҳои зидди ҷамъиятии худ ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии худро ба роҳ монда, ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр, инчунин узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи мубориза зидди терроризм ҳамроҳ шуда, дар як муддати кўтоҳ қонунгузории дохили кишварро ба низом дароварда қонунҳои зеринро қабул карда, онҳоро мавриди амал қарор дод:

‎1. 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шудааст, ки он асосҳои мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

‎2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» (28 декабри соли 2013)

‎3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (соли 1999 № 69).

‎4. Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (28 марти соли 2006, № 1717) ва Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм гувоҳи медиҳад.

‎Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат нишон додан бар терроризм якчанд конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуда, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад.

‎Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.

‎Мубориза бар зидди терроризм қисми таркибии таъмини амнияти натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм мусоидат мекунад.

‎Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонборҳо дар суханронии хеш таъкид кардаанд. Яке аз суханрониҳои Пешвои миллат дар Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар Вена дар бораи «мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ», аз ҷумла терроризм, ки 14 апрели соли 2000 баргузор гардида буд. Чӣ тавре ки қайд шуд: аз замоне, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолият шуд дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ оиди терроризм ва гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзад.

Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ омадааст ва ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва иқдоми оқилона амал намуда, бар зидди терроризм мубориза бурда, алайҳи ин зуҳурот қатъиян талош меварзад ва саҳми худро гузошта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлатӣ демократии дорои иқтисодӣ бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз проблемаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд.

‎ Ашуров С

Омӯзгори МДТ ЛКТ-и Н Зафаробод.

 

2025-11-03 11:25:04

16 НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 ноябр дар саросари кишвари мо Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мо хеле азизу гиромист. Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то куҷо расидем.

Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд. Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.

Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 34 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Ҷураев Шавкат Юсупалиевич

Мудири кафедраи Педагогика ва методикаи

таълими Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

 

2025-11-03 11:15:25

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР» СИПАРЕ БАРОИ ОМӮЗГОРОН!

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Ин санади муҳим ба таҳкими нуфуз ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулият, ҳимояи ҳуқуқ, манфиат ва эътибори иҷтимоии устодон нигаронида шудааст.
Омӯзгор - пояи давлат, меъмори маърифат ва бунёдгузори ҷомеаи огоҳ аст. Бе омӯзгор на дониш ҳаст, на фарҳанг, на пешрафт. Аз ин рӯ, қабул гардидани ин қонун — сипари боэътимод барои ҳифзи манзалат ва заҳмати омӯзгорон мебошад.
Бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад. Роҳбарияти давлат бо хирадмандӣ таъкид менамояд, ки бе омӯзгор ҷомеаи пешрафта сохта намешавад. Аз ин рӯ, давлат шароити заруриро барои фаъолияти самараноки устодон фароҳам меорад.
Имрӯз муассисаҳои таълимӣ дар кишвар бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, маоши омӯзгорон тадриҷан меафзояд, барномаҳои таълимӣ ва усулҳои дарсдиҳӣ такмил меёбанд. Ин ҳама аз сиёсати устувори давлат дар самти рушди соҳаи маориф шаҳодат медиҳад.
Қонуни мазкур на танҳо як санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки эълони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор аст. Он омӯзгоронро ба масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба касб бештар ҳидоят менамояд.
Бигзор омӯзгорони тоҷик бо ифтихор гӯянд, ки давлату миллат қадри онҳоро медонад ва меҳнаташонро пос медорад.
Зеро омӯзгорон - сохтмончиёни рӯҳи инсон, тарбиятгарони насли оянда ва сипари маърифатанд.
Зиҳӣ омӯзгор! Зиҳӣ муаллим! Зиҳӣ соҳаи илму маърифат!
Дар зери парчами Истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, омӯзгорони тоҷик бо дили сӯхта, виҷдони бедор ва иродаи қавӣ барои фардои дурахшони Ватан заҳмат мекашанд.
Очилов Лутфулло Рузибегович, омӯзгори Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шахри Бохтар

2025-11-03 11:12:58

КОНСТИТУТСИЯ - АСОСИ ҲУҚУҚӢ ВА СИЁСӢ БАРОИ РУШДИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пояи давлатдории миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Қабули он 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ, марҳилаи наве дар таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷикон буд. Ин санади сарнавиштсоз роҳи рушди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоиро муайян кард.
Конститутсия на танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки паймони байни давлат ва ҷомеа мебошад, ки принсипҳои асосии зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллатро муқаррар мекунад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991), зарурати ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ ба миён омад. Дар шароити мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ниёз ба Конститутсияи миллӣ ҳамчун асоси қонунии давлатдорӣ ба таври ҷиддӣ эҳсос мешуд.
Бо талошҳои давлатдорони ҷавон ва иродаи халқ, лоиҳаи Конститутсия таҳия шуда, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Ҳамин рӯз ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар онҳо:
асосҳои сохтори давлат,
ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд,
ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ,
рамзҳои давлатӣ ва принсипҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ
инъикос ёфтаанд.
«Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад».
Ин меъёр самти асосии давлатдориро муайян намуда, пояи қонунгузорӣ ва сиёсатро ташкил медиҳад.
Конститутсия асоси ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ҳеҷ як қонун ё амали ҳуқуқӣ наметавонад мухолифи меъёрҳои он бошад. Бо ин васила, он қонуни қонунҳо ва заминаи ягонаи низоми ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад.
Дар заминаи Конститутсия, солҳои баъдӣ як қатор ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардиданд - солҳои 1999, 2003 ва 2016, ки мутобиқ ба воқеияти нав ва талаботи рушди ҷомеаи демократӣ буданд. Масалан, ислоҳоти соли 2016 имконият дод, ки низоми идоракунӣ устувортар ва мутамарказ гардад, ва арзишҳои миллӣ - ҳамчун асоси давлатдорӣ- таҳким ёбанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Моддаи 5 таъкид мекунад, ки:
«Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд».
Ин меъёр ба таври мустақим бо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) ва дигар санадҳои байналмилалӣ мутобиқ аст. Ин ҳамбастагӣ нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эҳтиром ба арзишҳои умумии инсонӣ ҳамгиро шудааст.
Конститутсия ҳамчун санади ягонаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, заминаи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Он имконият дод, ки баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) давлат сиёсати сулҳ, ваҳдат ва барқарорсозиро роҳандозӣ намояд. Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ, тавозуни манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъмин гардид.
Имрӯз Конститутсия ба таври возеҳ меъёрҳои рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ, ва идоракунии самаранокро муайян мекунад, ки ин ҳама барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2040 муҳим мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, истиқлол ва адолати иҷтимоии миллат мебошад. Он ҳамчун санади зинда, мутобиқ ба талаботи замон такмил меёбад ва барои таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди инсонӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Риояи Конститутсия - на танҳо уҳдадории шаҳрванд, балки нишонаи маданияти ҳуқуқии ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо н.и.п, дотсент, директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе

2025-11-03 11:08:39

КОНСТИТУТСИЯИ ХАЛҚПАРВАР

Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ аз демократӣ ва халқпарвар будани Конститутсия дарак медиҳад. Хушбахтона, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло мо 31-солагии қабули онро ҷашн мегирем, намунаи беназири ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз мебошад. Зеро аз 100 моддаи Конститутсия 34 модда, яъне беш аз сеяки он ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванди кишвар бахшида шудааст.
Бори нахуст дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон карда, ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарҷ намуд.
Агар ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, заминаи аслии он аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки ҳокимияти конститутсиониро таъсис дод ва заминаҳои воқеӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нав фароҳам омад. Бо қарори ҳамон иҷлосияи тақдирсоз Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Сарвари давлат — Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дод.
Моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳи корӣ шароиту хусусиятҳои мамлакат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро пурра ба эътибор гирифт.
Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи нави Конститутсия дар матбуоти даврӣ чоп шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Зимни муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид гардид ва танҳо баъди ба эътибор гирифтани онҳо лоиҳаи Конститутсия такмил ёфта, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардид.
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он яке аз дастовардҳои муҳим дар таърихи навини давлатдории мо ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо қонунҳои ҳаммонанди замони Шӯравӣ хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст.
Дар он дарҷ гардидааст, ки интихоби Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва раъйпурсӣ ба роҳ монда мешавад.
Бинобар ин, метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонид. Ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин санади муҳимро чунин таъкид намудаанд:
> «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд. Яъне, дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдон ва эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад».
Оре, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари манфиатҳои волои миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли инҳост.
Конститутсия бахтномаи миллат, санади муқаддас, кафолатгари адолат, роҳнамои зиндагиву фаъолияти инсон, шаҳсутун ва шиносномаи давлату миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро хуб донад, зеро муносибатҳои ҷамъиятии ҳаррӯзаи мо аз амали қонунҳо ва риояи волоияти қонун вобастагӣ дорад.
Ҷабборзода Умед Убайдулло – директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”