
САФАРИ ТАЪРИХИИ САДИР ЖАПАРОВ БА ТОҶИКИСТОН-ОҒОЗИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲО
2025-07-08 22:11:43
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони сафари давлатӣ ва таърихии Президенти
Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гардид. Ин сафари сатҳи олӣ дар
фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил оғоз шуда, ба рӯйдоди як
марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон асос гузошт.
Сафари
мазкур дар пасманзари муколамаи тӯлонӣ ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти ҳарду
кишвар ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва боз кардани роҳ ба сӯйи ҳамкориҳои
бештар сурат гирифтааст. Имрӯз зимни сафари давлатӣ як қатор созишномаҳо ва
ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ,
фарҳангӣ ва амниятӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд.
Сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистонро метавон саҳифаи тоза
дар рушди муносибатҳои ду кишвар номид. Дар шароити кунунии геосиёсӣ ва ниёз ба
ҳамбастагии минтақавӣ, чунин қадамҳо на танҳо барои Тоҷикистону Қирғизистон,
балки барои тамоми Осиёи Марказӣ арзиши бузург доранд. Бо назардошти иродаи
сиёсии роҳбарони ду кишвар, робитаҳои дуҷониба метавонанд дар солҳои наздик боз
ҳам ба сатҳи шарикии амиқи стратегӣ расанд ва манфиатҳои муштаракро дар доираи
васеи масоили минтақавӣ таъмин намоянд.
Муносибат
байни ин ду кишвар қариб ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи иқтисодӣ,
иҷтимоӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ, ҳарбиву амниятиро дарбар мегирад. Бо вуҷуди
ҳамаи ин муносибатҳо байни шаҳрвандони ин ду кишвар гоҳ-гоҳ низоъҳои сарҳади
сар мезанад, ки ҳарду кишварро ба ташфиш овардааст. Аз моҳи марти соли 1997 дар
маркази ҳар ду кишвар сафоратҳо ба фаъолият шуруъ карданд. Аз рӯзҳои аввали ба
даст овардани истиқлолият, рафоқати халқҳо, роҳбарияти ҳар ду кишвари ҳамсояро
боз ҳам ба якдигар наздик кард.
Бо
мақсади рушди тиҷорати Тоҷикистону Қирғизистон аз 26-уми сентябри соли 2003
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он ба пешрафти тиҷорати
наздисарҳадӣ имконият фароҳам овард. Бо ин мақсад дар шаҳри Исфара дар сарҳади
Қирғизистон бозори “Гулистон” кушода шуд, ки баҳри пешрафти харду кишвар
аҳамияти хоса дорад.
Тоҷикистон
ва Қирғизистон хусусияти хоси табиӣ ва иқлими якхела доранд, аммо аз якдигар
вобаста нестанд. Кӯҳҳои азими якхела бо захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок, ки
мардуми қирғиз аз неъматҳои он истифода бурда истодааст ва халқи тоҷик низ
омодааст, ки онҳоро мавриди корандозӣ қарор диҳад. Илова бар ин, дину мазҳаби якхела
(суннимазҳаб), урфу одат, сатҳи ҳаёти ташаккулёфта халқҳои ҳамсояро ба якдигар
наздик менамояд.
Доираи
ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт васеъ буда, аз саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга,
агросаноатӣ, саноати сабук, энергетика, коммуникатсия ва нақлиёт иборат
мебошад. Аз Тоҷикистон ба Қирғизистон хамасола нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ
ва нассоҷӣ содир мешавад. Аз Қирғизистон бошад ба кишвари мо шифер, шиша,
чароғҳои барқӣ, гӯшт ва маҳсулоти ниёзи мардум ворид мешавад ва ин доду
гирифтҳо ҳамасола афзоиш ёфта истодаанд. Дар муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии
Тоҷикистону Қирғизистон тамоюли муайяни болоравӣ мушоҳида мешавад.
Қайд
кардан ба маврид аст, ки дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкориҳои
маданӣ, фарҳангии ин ду ҳамсоякишвар рушд меёбад. Байни Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо
расидааст ва мутобиқи ин созишнома рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон дар
Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор
мегардад. Санъаткорони ҳар ду кишвар бо барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳои
театрӣ сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд ва ин ҳунарнамоии санъаткорон робитаҳои
ин ду кишвари ҳамсояро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.
Дар
маҷмуъ, дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити рушди
мустаъқил, саъю кушиши муштарак ҷиҳати роҳандозии алоқаҳои мутақобилан судманд
дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба назар расида, дар он руҳияи эътимоди
мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои нек бо якдигар ҷой дорад.
Неъматулло Фаттоев, директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе