Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ОБ ДАР ЗАМОНИ ИМРӮЗА
single-product

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ОБ ДАР ЗАМОНИ ИМРӮЗА

2025-07-08 22:21:28

Зи ҷӯе, ки хӯрди аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок.

Дар замони муосир, бо вуҷуди мушкилоти глобалии вобаста ба об, ин неъмати табиӣ ҳамчун сарвати бебаҳо аҳамият ва мавқеи хоса касб кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи об таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, пайваста дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои муҳими худро ироа медоранд. Маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028" роҳандозӣ гардид, ки мояи ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Мо хуб медонем, ки об — манбаи ҳаёт аст. Он на танҳо ҳаёти инсон, балки гулу гиёҳон, набототу ҳайвонот ва зебоии муҳити зистро таъмин мекунад. Об покизагиву таровати зиндагиро мебахшад ва фазои зисти моро зеботар ва солим нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки қадри ин неъмати беназирро дониста, онро сарфакорона ва оқилона истифода барем.

Гарчанде Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ кишваре бой ба шумор меравад, дар бисёр давлатҳои ҷаҳон миллионҳо нафар аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мекашанд. Бештари онҳо маҷбуранд аз оби ифлос истифода баранд, ки сабаби бемориҳои гуногун ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегардад.

Мутаассифона, захираҳои оби тозаи сайёра сол ба сол кам мешаванд. Ин вазъ моро водор месозад, ки барои истифодаи самараноку сарфакоронаи об чораҳои ҷиддӣ андешем. Аз ҷумла, бояд маданияти истифодаи обро баланд бардорем, аз ифлос кардани чашмаҳо, ҷӯю дарёҳо худдорӣ намоем ва дигаронро низ ба ин роҳ ҳидоят кунем.

Мо набояд дар канор биистем. Зарур аст, ки хусусан ҷавонон дар бораи аҳамияти об ва роҳҳои сарфакоронаи истифодаи он маълумоти бештар дошта бошанд. Онҳо бояд ба насли оянда чун муҳофизони табиат ва захираҳои он тарбия ёбанд.

Бояд дарк кунем, ки яке аз ҳадафҳои калидии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" низ маҳз ҳамин баланд бардоштани маърифати обпарварӣ ва истифодаи оқилонаи он дар саросари ҷаҳон аст.

Саидаҳмадзода Фариддудин, муовини аввали директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар