Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ТОҶИКИСТОН - ЗАМИНАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ СИЁСӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
single-product

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ТОҶИКИСТОН - ЗАМИНАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ СИЁСӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

2025-07-08 22:13:20

Дар замони муосир муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо бар асоси воқеияти ҷуғрофӣ, балки бар пояи зарурати сиёсӣ ва геостратегӣ бунёд мешаванд. Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки таърихан робитаҳои зич ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд, дар даҳсолаҳои охир шоҳиди бурду бохтҳои гуногун дар ҳамкориҳои дуҷониба буданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Тоҷикистон, ки 8 июли соли 2025 оғоз шуд, як рӯйдоди калидӣ дар таърихи навини робитаҳои ду кишвар арзёбӣ мешавад. Ин сафар на танҳо рамзи сулҳу оштии минтақаӣ аст, балки заминаи нав барои рушди ҳамгироии сиёсӣ ва амниятӣ низ мебошад.

Сафари мазкур бо маросими ботантанаи истиқбол, мулоқоти рӯ ба рӯи президентҳо, ҷаласаҳои васеи ҳайатҳо ва ниҳоят имзои ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ сурат гирифта истодааст. Дар байни онҳо, Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгоҳи махсус доранд.

Сафари муҳтарам Садир Жапаров на танҳо ба сифати ташрифи расмӣ, балки ҳамчун иқдоми стратегӣ баҳогузорӣ мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд, ки “ин сафар оғози марҳилаи нави ҳамкории мутақобилан судманд ва боэътимод аст”. Гуфта шуд, бастаи муҳими санадҳои дуҷониба, ки аз рӯйи музокироти имрӯза қабул гардид, ба таври умум заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро бо мазмуни нав ғанӣ мегардонад.

Дар ин замина, таъсиси Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон бозгӯи он аст, ки равобит на фақат дар сатҳи раҳбарон, балки дар сатҳи ҳамаи вазорату идораҳо муназзам хоҳад шуд. Ин механизм имкон медиҳад, ки масъалаҳои мавҷуда дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар сатҳи ҳукуматӣ баррасӣ карда шаванд.

Илова бар ин, бо иштироки роҳбарони ду давлат гузаргоҳҳои марзии Тоҷварон – Қарамиқ ба таври рамзӣ кушода шуд, ки нишонаи оғоз ба марҳилаи нави муомилаи байни халқҳо мебошад. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон баргузор шуд.

Дар идомаи ин сафар дар доираи мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил низ баррасӣ шуд. Ба ҳайатҳои амниятӣ ва марзбонӣ супориш дода шуд, ки ҳамоҳангсозии доимӣ дошта бошанд ва бо истифода аз технологияи иттилоотӣ марзро таҳти назорат гиранд.

Ин сафар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дигар ҳамчун рақиб ё кишварҳои эҳтиёткор нестанд, балки чун шарикони минтақаӣ вориди марҳилаи нави равобит мешаванд. Тоҷикистон, ки солҳои охир дар сиёсати хориҷӣ фаъолиятнишон медиҳад, мехоҳад як кишвари фаъолу ташаббускор дар минтақа бошад. Қирғизистон низ бо такя ба нақши демократии худ дар минтақа, манфиатдор аст, ки равобити устувор бо ҳамсоягонаш дошта бошад.

Ҳамзамон, ин сафар метавонад намуна барои дигар кишварҳои минтақа гардад, то муносибатҳои дуҷонибаро бо ҳалли мушкилот ва бар асоси усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба роҳ монанд.

Хулоса, сафари давлатии муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як сафар, балки рамзи шурӯи марҳилаи нав, гуфтугӯи нав ва иродаи нав аст. Тавассути ин сафар ду кишвар нишон дода истодаанд, ки метавон аз гузашта сабақ гирифт ва ба сӯи ояндаи беҳтар қадам ниҳод. Бо чунин иқдомҳо, сулҳ, субот ва ҳамгироии минтақаӣ метавонад аз ормон ба воқеият табдил ёбад.

Одилзода Исмоил Ёқубҷон, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар