Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
single-product

НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

2025-06-25 18:10:32

Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои бунёдии ҳар ҷомеаи пешрафта ба ҳисоб меравад. Барои кишварҳое, ки дар гузашта ҷангҳои дохилӣ ва ихтилофҳои сиёсиро аз сар гузаронидаанд, Ваҳдати миллӣ на танҳо як ғоя, балки зарурат ва шарти рушди устувор аст. Тоҷикистон низ аз зумраи чунин кишварҳоест, ки бо туфайли сиёсати сулҳофарини роҳбарияти давлат ва пуштибонии мардуми кишвар тавонист ба сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ даст ёбад. Дар ин раванд, нақши омӯзгор ҳамчун тарбиятгар, роҳнамо ва неруи маънавии ҷомеа хеле бузург ва таъсиргузор аст.

Омӯзгор шахсияти марказӣ дар ташаккули тафаккури иҷтимоӣ ва худшиносии миллӣ маҳсуб мешавад. Ӯ бо насли наврасу ҷавон кор мекунад, ашхосеро тарбия мекунад, ки ояндаи кишварро месозад ва муаррифӣ менамояд. Он чӣ омӯзгор имрӯз ба шогирд меомӯзад, фардо ба як барномаи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа табдил меёбад. Агар омӯзгор шогирдро ба муҳаббат нисбат ба Ватан, хештаншиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстии якдигар тарбия намояд, ин арзишҳо дар зеҳни ҷавон ҷой гирифта, минбаъд ба таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа хидмат мекунанд.

Пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷомеаи Тоҷикистон руҳафтода шуда буд, маҳз омӯзгорон буданд, ки бо заҳмати шабонарӯзии худ фазои фаҳм ва эҳтиромро миёни насли нав барқарор намуданд. Онҳо дар синфхонаҳо на танҳо донишу фанн меомӯзонданд, балки мисли падарону модарон, мисли ҳимоятгарони маънавӣ, ба шогирдон ёд доданд, ки душманӣ роҳи ҳал нест, балки миллат танҳо дар партави ваҳдат рушд мекунад. Онҳо бо мисолҳои зиндагии худ сабақ доданд, ки дӯст доштани Ватан танҳо дар сухан нест, балки дар амал, дар меҳнат, дар таҳсил ва дар рӯҳияи хуш доштан аст.

Мактаб ва омӯзгор муҳити аввалине ҳастанд, ки инсонро ба ҷаҳони арзишҳо ворид месозанд. Дар ин муҳит, арзишҳое мисли бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат тарбия меёбанд. Омӯзгорон дар дарсҳои забон, таърих, маърифати оиладорӣ, адабиёт ва ҳатто математикаву физика ин ғояҳоро ба хонандагон мерасонанд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат аст, ки омӯзгор дар фарҳанги миллати мо ҳамеша бо эҳтиром ёд мешавад ва ӯро «устод», яъне равшангару раҳнамо медонанд.

Дар шароити муосир, ки ҷаҳонишавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона ба зеҳни ҷавонон фишор меоранд, омӯзгор боз ҳам рисолати сангину масъулиятнок дорад. Вай бояд донишомӯзро аз таъсири ғояҳои ифротгароён эмин нигоҳ дорад, онҳоро ба масири дуруст роҳнамоӣ кунаду барояшон тавзеҳ диҳад, ки дар паси ҳар иттилоот чӣ ният пинҳон аст ва кадом мавқеъ бояд ишғол шавад. Омӯзгор дар айни замон бояд равоншинос, таҳлилгар, фарҳангсолор ва мутафаккир бошад.

Дар минтақаҳои осебпазири кишвар, махсусан маҳалҳо ва деҳаҳое, ки дар гузашта даргирӣ доштанд, имрӯз низ омӯзгорон ҳамчун нерӯи ваҳдатсоз фаъолият доранд. Онҳо бо вуҷуди мушкилиҳо, камбуди моддӣ ва душвориҳои инфрасохторӣ, бо садоқати комил ба таълиму тарбия машғуланд. Онҳо мисли шамъ фидокорона месӯзанд, то дар зеҳни ҳар як шогирд нури маърифат ва муҳаббат ба Ватанро равшан созанд.

Нақши омӯзгор танҳо ба муҳити мактаб маҳдуд намешавад. Вай дар ҷомеа низ шахсияти таъсиргузор аст. Машварат ба волидайн, ширкат дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ҳама ин фаъолиятҳо, дар маҷмуъ, омӯзгорро ба як сутуни муҳими Ваҳдати миллӣ табдил медиҳанд. Аз ин рӯ, сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол бештар ба рушди илму таҳсилот ва дастгирии омӯзгорон равона мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон ба рисолати омӯзгор ишора намуда, таъкид кардаанд, ки барои ҳифзи Ваҳдати миллӣ омӯзгор бояд ҳамеша дар маркази диққат бошад. Ин ба маънои он аст, ки мактаб, чун муҳити аввалини ваҳдат, бояд ҳамеша нерӯманд ва устувор бошад.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки омӯзгорӣ дар Тоҷикистон на танҳо як касб, балки як рисолати иҷтимоӣ, як масъулияти таърихӣ ва як сарнавишти миллӣ аст. Намояндаи он дар роҳи пойдории Ваҳдати миллӣ пайвандгари наслҳо, ҳимоятгари арзишҳо ва созандаи ҷомеаи муттаҳид мебошад. Агар ваҳдат неъмати олӣ бошад, пас, омӯзгор бунёдгари ин неъмат аст.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент