ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
2025-11-20 19:16:59
Имрӯз дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг бахшида ба ҷашни Рӯзи
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомади идона муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат, мудири
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Шеров, мудири Бахши кор бо занон Назарова
Садафмо, Тешаев Иброҳим, директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг ва
хоннадагону омӯзгорони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо
додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас директори литсей
ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аҳамияти таърихӣ ва сиёсӣ доштани Парчами
давлатиро баён намуд ва иброз дошт, ки ин рамзи муқаддаси давлатӣ
миллатро ба ваҳдат, худшиносӣ ва пешрафт даъват мекунад.
Муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат дар суханронии худ таъкид кард, ки
Парчами давлатӣ аз арзишҳои волои миллат, хотираи таърихӣ ва ормонҳои рушди
давлати тоҷикон реша гирифтааст. Ӯ изҳор дошт, ки таҳкими ҳисси
ватандӯстӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, дар муассисаҳои таълимӣ
амалӣ мешавад ва ҷавонон бояд парчамбардорони ҳақиқии миллат бошанд.
Мудири Бахши
кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Дилшод Шеров
дар
суханронии худ нақши ҷавононро дар рушду ободии кишвар муҳим арзёбӣ намуда,
зикр кард, ки Парчами давлатӣ рамзи ҷасорат, адолат, худшиносӣ ва иродаи қавии
насли нав мебошад. Ӯ ҷавононро ба донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки
фаъолона дар ҳаёти ҷомеа даъват намуд.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд ташкил гардида, ба
таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва бунёди
тафаккури ватандӯстонаи насли наврас мусоидат намуд.