Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПЕШВОИ МИЛЛАТ - САФИРИ СУЛҲИ ҶАҲОН
single-product

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - САФИРИ СУЛҲИ ҶАҲОН

2025-11-13 10:39:52

 

Сулҳ бузургтарин арзиши инсонист, ки бе он на ҷомеа метавонад рушд кунад ва на инсон ба зиндагии шоиста ноил мегардад. Сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки фароҳам овардани шароите мебошад, ки дар он ҳуқуқҳои инсон эҳтиром мешаванд, иқтисод рушд мекунад, маориф ва фарҳанг ҳамчун пояи устувор ташаккул меёбанд ва ҷомеа ба оянда бо эътимод менигарад. Дар шароити сулҳ инсон имкони эҷод карданро пайдо мекунад, миллат неруи худро барои созандагӣ равона месозад ва давлат дар роҳи пешрафт қадамҳои устувор мегузорад.

Аҳаммияти сулҳ дар он аст, ки он пойдевори тамоми арзишҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳеҷ як ислоҳот, барномаҳои рушди иқтисодӣ, сохтмонҳои бузург ва пешрафти илму техника бидун фазои субот имконнопазир аст. Сулҳ ба ҷомеа умед мебахшад, заминаи ваҳдатро фароҳам меорад ва тафаккури созандаро бедор месозад. Дар давлатҳое, ки ҷанг ва ноамнӣ идома доранд, заминаҳо барои пешрафт аз миён мераванд, мардум маҷбур мешаванд гуреза шаванд ё муҳоҷират кунанд ва якчанд насл аз имкони зиндагии орому созанда маҳрум мегарданд.

Маҳз ба ҳамин хотир сулҳ дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун арзиши стратегӣ арзёбӣ мешавад. Кишварҳое, ки ба сулҳ ноил шудаанд ва онро ҳифз мекунанд, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлатҳои боэътимод ва шарикони муҳим шинохта мешаванд. Сулҳ на танҳо муносибатҳои дохилиро устувор мекунад, балки имкони васеъ барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, робитаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба фароҳам меорад.

Дар ин замина, мо метавонем бо итминон изҳор дорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти худ ҳамчун шахсияти сулҳпарвар, мунодии ваҳдати миллӣ ва байналмилалӣ шинохта шудаанд. Сарвари давлат на танҳо дар таърихи нави тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва миллати худ сабт гардидаанд, балки ҳамчун шахсе, ки сулҳро ба як ғояи меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ табдил додаанд, имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сиёсии худро дар як марҳилаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсози давлатдорӣ оғоз намуданд. Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолӣ ба ҷанги шаҳрвандии шадид рӯ ба рӯ гардид ва хатари пароканда шудани давлат ва нестии миллат ба миён омада буд, бо ирода ва масъулияти бузурги сиёсӣ роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, тамоми қувва, дониш ва тавоноии худро ба хотири хотима бахшидан ба ҷанг, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани миллат равона намудаанд.

Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва мураккаб, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома ба таърихи муосири Тоҷикистон тамғаи нав гузошта, роҳи рушди осоишта ва босуботи давлатро фароҳам овард. Сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз таҷрибаҳои нодири муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва иродаи сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва эҳтиром қарор гирифтааст.

Нуқтаи баландтари ин эътирофи байналмилалӣ сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой мебошад. Ин ҷоиза, ки ба шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон барои саҳми назаррасашон дар таҳкими сулҳ, инсонпарварӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ дода мешавад, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Роҳбари кишвар супорида шудааст.

Ин қадршиносӣ, пеш аз ҳама, эътирофи талошҳои пайваста ва воқеии Пешвои миллат дар тӯли беш аз се даҳсола барои ҳифзи сулҳ, таъмини суботи иҷтимоӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҷоизаи ба номи Лев Толстой на танҳо мукофот, балки намунаи қадршиносии роҳи тайкардаи миллат таҳти роҳбарии хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои худ маҳсуб меёбад.

Сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат амалӣ гардидааст, на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ самараи амиқ гузоштааст. Дар ин росто, пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати қабули Қатъномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, падидаи сиёсӣ ва инсондӯстонаи ниҳоят муҳиму назаррас мебошад. Қабули ин қатънома нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ба як намунаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва Тоҷикистон дар ҳайси кишвари ташаббускор, дар баробари абарқудратҳо, дар масири тарғибу тавсеаи арзишҳои сулҳу субот ва рушди устувор қарор мегирад. Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамчун як барномаи стратегӣ ҳадафи таъмини ояндаи бехатар, таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди таҳаммулгароӣ ва пешгирии муноқишаҳоро барои наслҳои ҷавони ҷаҳон пайгирӣ менамояд.

Аҳаммияти ин ду дастоварди бузург – сарфароз гардидан бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ва пешниҳод ҷиҳати қабули қатъномаи СММ дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки Тоҷикистон ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ворид гардидааст. Мо бовар дорем, ки ин дастовардҳо заминаи сиёсӣ ва маънавии наверо барои эҳёи тафаккури миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таҳкими руҳияи сулҳпарварии ҷомеаи тоҷик фароҳам меоранд.

Бояд гуфт, ки Истиқлолият ва сулҳ дар тафаккури Пешвои миллат ду пояи устувори давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб меёбанд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маҳз бар асоси ин ду арзиш ташаккул ва рушд меёбад. Ба туфайли ин сиёсат, имрӯз мо шоҳиди онем, ки Тоҷикистон ба кишвари амну босубот, дорои ҷойгоҳи устувор дар минтақа ва шинохта дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат бо ҳар як сухан, иқдом ва сиёсати худ исбот намудаанд, ки бе сулҳ наметавон заминаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро таъмин кард. Аз ин рӯ, сулҳ дар мафкураи сиёсӣ ва амалии эшон на танҳо як шиор, балки андешаи меҳварӣ ва башардӯстона маҳсуб меёбад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз яке аз намунаҳои барҷастаи ҳамзистии осоишта дар асри муосир арзёбӣ мегардад. Ин таҷриба танҳо ҳодисаи таърихӣ нест, балки як мактаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки дар маркази он нақши Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳи устувор қарор дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сулҳи Тоҷикистон на бо роҳи зӯрӣ, балки бо иродаи сиёсӣ, гуфтушунид, гузашт ва ҳадафмандии стратегӣ ба даст омадааст. Маҳз ҳамин омилҳо боис шуданд, ки сулҳ дар кишвар на як амри муваққатӣ, балки як дастоварди пойдор гардад.

Соли 1997 Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид шуд - марҳилае, ки барқарорсозии зина ба зинаи давлатдорӣ, эҳёи пойгоҳҳои иқтисодӣ, бозсозии тамоми сохторҳои иҷтимоӣ ва барқарории эътимоди мардуми хаставу ранҷдида аз ҷангро дар бар мегирифт. Дар ҳамин давра сиёсати давлатӣ ба самти ором кардани ҷомеа, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими ваҳдат ва сохтани низоми нави муносибатҳои сиёсӣ равона гардид. Бо гузашти солҳои зиёд метавон дид, ки сулҳ дар Тоҷикистон аз як ҳодиса ба фарҳанг табдил ёфт - фарҳанге, ки тағйири ҷиддии тафаккури сиёсии ҷомеаро ба вуҷуд овард ва ба мардуми кишвар омӯзонд, ки бо муколама метавон низоъҳоро ҳал намуд, на бо зӯргӯӣ.

Ҷаҳони муосир имрӯз ба бознигарии чунин таҷрибаҳои муваффақ ниёз дорад. Бо афзоиши муноқишаҳои минтақавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, тақсимоти идеологӣ ва рақобатҳои геополитикӣ, ҳодисаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи барҷастаи «сулҳи миллӣ» арзёбӣ мешавад. Бисёр кишварҳо таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро барои барқарорсозии эътимод, сохтани фарҳанги муколама ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ин эътироф боз як далелест, ки саҳми Пешвои миллат танҳо барои ҷомеаи тоҷик нест, балки ҷанбаҳои байналмилалӣ низ касб кардааст.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи кишвар ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадааст. Ин иқдом танҳо як изҳорот нест, балки барномаи стратегиест, ки барои даҳ соли оянда муҳимтарин самтҳои таъмини сулҳ, беҳсозии муносибатҳои байнидавлатӣ, рушди фарҳанги таҳаммул ва пешгирии низоъҳоро дар бар мегирад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чунин ташаббусҳо ниёз дорад, зеро сулҳ имрӯз на танҳо масъалаи як кишвар, балки омили амнияти умумии инсоният аст.

Хулоса, сулҳи Тоҷикистон на танҳо саҳифаи таърихист, балки мероси бузурги маънавиву сиёсиест, ки барои наслҳои имрӯз ва фардо аҳамияти махсус дорад. Роҳ ва таҷрибаи тайкардаи кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун намунаи устувории ирода, хирад ва бунёди ҷомеаи ором хизмат хоҳад кард. Ин мерос ҷомеаро ба он водор месозад, ки сулҳро чун арзиши олӣ ҳифз намуда, барои рушди босуботи давлат талош варзад, зеро сулҳ меҳвари ҳамаи дастовардҳо, пешрафтҳо ва орзуҳои миллӣ мебошад.

 

ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,

муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти

ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент