
АРЗЁБИИ МАНБАЪҲОИ ОБҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ ВА РУЙИЗАМИНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2025-06-02 17:12:36
Ҷаҳон имрӯз дар остони бӯҳрони ҷиддии соҳаи об қарор дорад.
Масъалаи камбуди оби нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар даҳсолаи
охир торафт ба мушкилоте табдил меёбад, ки ҳарчи бештар ба худ таваҷҷуҳи хоси
оламиёнро ҷалб карда, қабул ва татбиқи тадбирҳои умумӣ ва таъсирбахшро ногузир
гардонида истодааст.
Сабаби аслии чунин ҳолати
ногувор, пеш аз ҳама, афзоиши аҳолӣ ҷаҳон, пурзӯршавии таъсироти техногунии
фаъолияти инсон ба ҳолати экосистемаҳо ва дар паёмад шиддатнок гардидани
мушкилоти экологии минтақа ва ҷаҳон, инчунин тағирёбии иқлими сайёра дониста
мешавад.
Давлату
ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкори ба ташкилоту хазинаҳои бо нуфузи байналхалқӣ
баҳрои таъмини аҳоли кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе бо оби тозаи ошомиданӣ
чораю тадбирҳои заруриро меандешад. Дар навбати худ мо шаҳрвандон низ
вазифадорем, ки дар сарфакорона истифода бурдани об бо эҳтиёт бошем ва ба ин
неъмати бебаҳо ҳиссагузор бошем.
Чӣ
тавре, ки маълум аст баъди бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи
Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидани резолютсия дар бораи эълон намудани
«Соли 2003 - соли байналхалқии оби тоза» ва бо мақсади муайян намудани сиёсати
давлатӣ дар соҳаи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои обӣ, инчунин ҷалб
намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин проблемаи муҳим ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон якчанд қарорҳоро қабул менамояд.
1.
Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ карда шавад.
2.
Раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони
вазоратҳо, ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки
оид ба татбиқи ҳамин консепсия барномаи мушаххаси дарозмуддат таҳия намуда,
иҷрои онро зери назорати доимӣ гиранд.
3.
Вазорати меларатсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри Консепсияи
истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин
намуда, онро дастраси ҳамаи вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Куҳистони
Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои давлатӣ гардонад.
4.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол oиди иҷроиши
қарори мазкур ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборoт пешниҳод намояд.
5.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамин қарор Котиботи
Ассамблеяи Генерали СММ-ро огоҳ созад.
Бояд
қайд намуд, ки самтҳои муҳимтарини истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ки дар
консепсияи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд аз инҳо иборат мебошад.
Арзёбии
умумии манбаъҳои об.
Масоҳати
яхбастаи куҳҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ қариб 17 ҳазор км² -ро ташкил медиҳад,
ки аз он бештар аз 60% дар Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Миқдори пиряхҳо дар
ҷумҳурӣ 14509 ва масоҳати умумии яхбастагӣ 11146 км² мебошад, ки тақрибан 8%
тамоми масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Минтақаи аз ҳама бузурги пиряхҳои
Тоҷикистон (60%) масоҳате мебошад, ки ба қуллаҳои баландтарин - Исмоили Сомонӣ
(7495 м) ва Ленин (7143 м) мепайвандад ва дар он майдони аз ҳама бузурги
пиряхҳои Федченко (651,7 км² ), Грум-Гржимайло (143 км²), Гармо (114,6 км²) ва
даҳҳо пиряхҳои дигар воқеъ шудаанд, ки масоҳати ҳар кадоми онҳо беш аз 30 км²
аст. Пиряхҳое, ки масоҳаташон беш аз 1км² аст, танҳо 20% миқдори умумии
пиряҳоро ташкил медиҳанд. Вале дар онҳо қариб 85% тамоми ҳаҷми яхҳо ҷамъ
омадааст. Маҷмуи захираҳои ях дар пиряхҳо тақрибан 845 км³ -ро ташкил дода, 13
маротиба аз ҷараёни солонаи дарёҳои тамоми ҷумҳурӣ афзунтар мебошад.
Инчунин
90% минтақаи ташаккулёбии ҷараёни обҳои Осиёи Марказиро Тоҷикистон ташкил
медиҳад. Мувофиқи маълумотҳо обшавии яхҳо то 25% ҳамаи манбаъҳои обро ташаккул
дода, қисми қобили мулоҳизаи ҷараёни асосии тобистона ва дар солҳои камобӣ то
50% ташкил медиҳад.
Дар
давраи обхезиҳо аз ҳамаи дарёҳо аз 70 то 90% ҳачми солонаи об ҷорӣ мешавад.
Умуман, ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳое, ки дар Тоҷикистон ташаккул меёбад,
64 км²/солро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму 62,9 км ва Сирдарё
1,1 км³. Дарёҳои Тoҷикистон 55,4% ҷараёни миёнаи бисёрсолаи сатҳи ҳавзаи баҳри
Аралро таъмин мекунанд.
Дар
Тоҷикистон тақрибан 1300 кул бо масоҳати умумии 705 км² мавҷуд аст. Аксари
кулҳо аз ҳавзаҳое иборатанд, ки масоҳати сатҳашон аз 1 км² камтар аст, ки онҳо
97,5% миқдори умумии кулҳо ва танҳо 9% маҷмуи масоҳати кулҳоро ташкил медиҳанд
ва бо ин сабаб онҳо аз таъсироти антропогению техногенӣ дар оянда хеле
осебпазир мебошанд.
Миқдори
асосии кулҳо (73%) дар куҳҳои Помиру Олой дар баландии 3500-5000 м аз сатҳи
баҳр ҷойгир шудаанд. Масоҳати онхо 80% фазои умумии обҳои кулҳои ҷумҳуриро
ташкил медиҳад. Кулҳо дар минтақаҳои пасткуҳ ва наздикуҳӣ кам буда, тақрибан 30
кул бо масоҳати умумии 2,4 км² об ҷамъ мешавад, ки аз ин миқдор 20 км³ обҳои
ширин мебошанд . Бинобар душворрасиашон кулҳои куҳӣ ба қадри бояду шояд омухта
нашудаанд ва аз ин ру, ташкили омузишу таҳқиқи онҳо зарур аст.
Дар
Тоҷикистон 9 обанбори истифодашаванда бо ҳаҷми аз 20 млн. м³ то 10,5 км³ ва
масоҳати умумии сатҳашон 664 км² мавҷуд аст, ки ҳаҷми умумӣ -15,4 км³ аз он
ҷумла истифодашаванда -7,63 км³ буда 13% ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳои
ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад.
Дар
ҷараёни танзимшавандаи Панҷ бештар аз 10 дарғотгоҳи муносиб барои бунёди
обанбор бо истгоҳи барқии обӣ, ки ҳаҷми умумиашон 36,1 км³, аз он ҷумла ҳаҷми
қобили истифодаашон 17,4 км³-ро ташкил медиҳад, ба мушоҳида мерасад. Бо
назардошти ин ва бунёди обанборҳои дигар ҳаҷми умумии онҳоро то 66,8 км³ ва
ҳаҷми қобили истифодаро то 35,6 км³ расондан мумкин аст, ки мутаносибан 56,6 ва
30,2% ҷараёни ҳарсолаи миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Аралро ташкил
хоҳад дод. Дар робита бо ин, ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ барои аз худ
кардани ин манбаъҳо, мувофиқи мақсад мебошад.
Манбаъҳои
обҳои зеризаминӣ ва руизаминӣ. Манбаъҳои обҳои зеризаминии Тоҷикистон ба
миқдори 18,7 км³/сол муайян карда шудаанд. Манбаъҳои истифодашаванда 2,8
км3/солро ташкил медиҳанд. Дар тамоми ҷумҳурӣ гирифтани об ба ҳисоби миёна 2,3
км³/солро ташкил медиҳад.
Обҳои
зеризаминӣ 39, 3% барои эҳтиёҷоти хоҷагию ошомиданӣ 7,7% барои эҳтиёҷоти
истеҳсолию техникӣ ва 38,1% барои обёрӣ истифода мегардад. Дар ҷумҳурӣ бештар
аз 9000 чоҳ канда шудааст, ки 4614-тои он амал мекунад. Барои аз байн бурдани
камбудиҳои истифодаи об барқарор намудани чоҳҳои мавҷуда зарур аст.
Манбаъҳои
обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд 25,6% миқдори умуми Ҷумҳуриявӣ ва захираҳои
қобили истифодаи он 45,8% ва мутаносибан ин рaқамҳо дар вилояти Хатлон 21,8% ва
25,9%, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 21,4 ва 1,28 ва ноҳияҳои тобеи
ҷумҳурӣ 31,2 ва 27,0% муайян карда шудаанд.
Табақаи
хоки барои реша давондани дарахту растанӣ мусоиди замин дорои хусусиятҳои
обғунҷоиш мебошад, ки дар он обҳои руизаминӣ мавҷуданд. Ин обҳо дорои
хусусиятҳои махсус буда, аз як тараф унсури таъминкунандаи мубодилаи об ва аз
тарафи дигар барои мавҷудияти нашъунамои табақаи наботот, ки унсури ибтидоии
мавҷудоти зинда мебошанд, заруранд. Масоҳати калони заминҳои лалмии дар қисмати
марказӣ ва ҷанубу ғарбии Тоҷикистон (то 500 ҳазор га) ҷойгир буда, имконияти
обёрӣ кардани онҳо нест ва тақозо карда мешавад, ки усулҳои аз назари иқтисодӣ
камхарҷи истифодабарии онҳо таҳия карда шавад.
Дар ин
самт таҳқиқотҳо бо мақсади муайян намудани манбаъҳои обҳои заминӣ ва истифодаи
оқилонаи онҳо, бахусус, қисмати маҳсулдеҳи барои ба вуҷуд овардани ҳосил
истифода мегардида анҷом дода шаванда имкон медиҳад, ки захираҳои тараққӣ
додани лалмикорӣ ошкор карда шаванд.
Технологияи
комплексии азхудкунӣ ва барқарорсозии ҳосилнокии заминҳои камоб, ки дар қитъаи
таҷрибавии дар Файзобод будаи Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии хокшиносӣ таҳия
шудааст, исбот мекунад, ки афзун гардондани ҳосили ғалладона, зироатҳои меваю
ангур ва табақаи гиёҳҳо (3-4 карат) ва беҳтар кардани низоми бо об таъмин
сохтани заминҳои лалмӣ ва ҳавзаҳои дарёҳои куҳӣ, имконпазир мебошад.
Сифат
ва таркиби кимиёвии обҳои руизаминӣ ва зеризаминӣ. Дар бурриши амудии геологӣ
oбҳои зеризаминии Тоҷикистон ба ду минтақаи гидродинамикӣ тақсим мешаванд.
Минтақаи болоӣ бо ғафсии то 200-300 м дорои обҳои ширини хушсифати гидрокарбонӣ
мебошад. Минтақаи поёнии иборат аз уфуқҳои амиқи ҳавзаҳои артезиaнӣ аст, ки
обҳои Шур ва нимшур дошта, таносуби минералҳои он то 400 г/л мебошад. Аз ҷиҳати
таркиби кимиёвӣ обҳои минтақа дорои сулфату хлоридҳо ва магнию натрий мебошанд.
Ғафсии ин минтақа якчанд километр мебошад.
Дар
Тоҷикистон инчунин обҳои маъдании зеризаминии дорои аҳамияти саноатӣ дар 35 ҷой
кашф карда шудаанд, ки маҷмуи зиёди як қатор элементҳои кимиёвиро дар бар
мегиранд. Инчунин қариб 100 чашма ва манбаи обҳои гарми заминӣ ошкор
гардидаанд, ки мумкин аст барои ҷуброни камбудии тавозуни сузишворию
энергетикии Тоҷикистон ба кор раванд.
Дар ин
самт ба андешаи мо зарур аст, ки барномаи асоси ҳуқуқӣ ва тартиби ягонаи
истифода ва ҳифзи обҳои зеризаминӣ таҳия гардад. Миқдори камтарини маъданҳо (то
300 мг/л) дар обҳои дарёҳои минтақаи баландкуҳ мавҷуд аст, ки асосан аз барфоб
ва яхобҳо сарчашма мегиранд.
Неъматулло ШАРИФОВ, мудири кафедраи химия ва экологияи Коллеҷи техникӣ