Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО ДИРЕКТОРИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН
single-product

МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО ДИРЕКТОРИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН

2025-06-11 21:46:37

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Мусаллам баргузор гардид.

Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни мулоқот дар робита ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита ва муассисаҳои зерсохтори он маълумот дода, иброз дошт, ки бо мақсади ҷалби теъдоди бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва баланд бардоштани мақоми зинаи таҳсилоти касбӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, № 429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

“Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё карда, дар сиёсати иҷтимоии давлат ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии мамлакат яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Тадбирҳои андешидашуда барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Дар ин раванд, барои рушди таҳсилоти касбӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ, Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд”, - гуфт раиси Кумита.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯи 23 самт ва зиёда аз 500 касбу ихтисос хонандагону донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Адҳам Мусаллам иброз дошт, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар якҷоягӣ бо Федератсияи Россия Барномаи ғизои мактабиро ба роҳ мондааст, ки дар доираи он беш аз 2000 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарми солим таъмин карда мешаванд.

“Аз ҳисоби барнома 50 ошхонаи муассисаҳо таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Имрӯз бо дастгирии барнома дар ошхонаи муассисаҳои мазкур беш аз 5500 ошпаз ҳамчун корманди асосӣ фаъолият мекунанд. Тибқи талаботи лоиҳа мо барои пурра фаро гирифтани ҳамаи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин миқдор ошпаз ниёз дорем. Бинобар ин, дар якҷоягӣ метавонем, ки шаҳрвандонро ба омӯзиши касби ошпазӣ фаро гирифта, баъди хатм ва соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ шудан бо ҷойи кор таъхмин намоем”, - гуфт намояндаи БОҶ.

Таъкид шуд, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ аз соли 1999 бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани низоми миллии ғизои мактабӣ ҳамкорӣ мекунад, зеро таъмини мактаббачагон бо хӯроки солим на танҳо вазъи саломатиро беҳтар мекунад, балки дастрасии бештар ба таҳсилро фароҳам меорад.

Баъд аз анҷоми мулоқоти расмӣ Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ оид ба ҳамкорӣ ва татбиқи Барномаи давлатии рушди устувори ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027 имзо шуд. Тибқи санади мазкур Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия дар заминаи Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ошхона ва синфхонаҳои намунавиро барои омода кардани ошпазҳо бунёд мекунад. Дар ин замина дар муассиса факултети ошпаз-қаннод ташкил шуда, дар он аз рӯи 4 ихтисос – ошпаз, қаннод, ошпази таомҳои миллӣ ва ошпази таомҳои хориҷӣ мутахассисон омода гардида, баъди хатми муассиса ба онҳо диплом дода мешавад.

Қайд гардид, ки дар доираи ин Ёддошти тафоҳум мазкур дар оянда чунин ошхонаву синфхонаҳои таълимӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дигар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон низ бунёд гардида, барои таъмини шаҳрвандон бо касб мусоидат менамоянд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

single