
ВАҲДАТ- ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ
2025-06-10 17:26:28
Аз рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии
истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол гузашт. Мардуми мо ин
санаи мӯҳимро ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана қайд менамоянд. Ҷашни Ваҳдати
миллӣ дар қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ мақоми хоса дорад, зеро, ки ин рӯзи
пурсаодат ба мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба ин рӯзҳои фирӯз расидан
моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоему мамониатҳои сангинро аз
миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз
баромадҳои худ дар рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд намуд, ки «Бо гузашти солҳо аҳамияти
таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллиро
бештар дарк ва қадр намоем. Зеро, маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои
сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем, Истиқлолияти давлатӣ
ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз
парокандагӣ эмин нигоҳ дорем».
Баъди беадолатиҳо ва кашмакашиҳои зиёди сиёсии моҳи ноябри соли 1992
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин
иҷлосияи сарнавиштсоз номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Раиси Шӯрои
Олии Тоҷикистон пешниҳод ва ба ин вазифа интихоб гардид.
Пешвои миллат аз он рӯзе, ки савганд ёд карданд, ба ваъдаҳо ва мақсадҳои
дар пеш гузоштаашон содиқона амал намуданд ва нахустин иқдоми пешгирифтаашон
баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан буд. Аммо ин воқеа таърихест, ки дар
хотири халқ мемонад.
Шароити имрӯзи Тоҷикистон, яъне сулҳу
оштии комил, ки натиҷаи талошҳои хеле ҷиддӣ ва ҳаматарафаи Президенти кишвар
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, имконият медиҳад, ки ба гузашта баҳо дода, роҳҳо
ва сабақҳои сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи раванди сиёси нишон диҳем, омӯзем
ва таҷриба гирем.
Сулҳофаринӣ дар Точикистон раванди пайдарпайӣ ва табиӣ буд. Албатта, ба ҳар
каси солимфикр маълум аст, ки дар як соли аввали баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ
ҳанӯз изҳорот дар бораи сулҳ аз баёнияҳо зиёдтар ва бештар буда наметавонист.
Раванди сулҳи Тоҷикистон саҳми босазоеро барои таҳкими сулҳ дар кишвар ва
барқарор намудани сулҳ дар миқиёси ҷаҳон гузошт. Танҳо аз соли 1993, баъди он
ки амалиётҳои ҷангӣ каме суст гардид, зарурати муросои миллӣ боло гирифт.
Дар масъалаи дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ ҳусни ният, садоқат, ватанхоҳӣ ва
миллатдӯстии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле муассир буд, ки ба ин
ҳамкориҳои содиқонаи СММ, ҳукуматҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат намуда буданд
ва дар натиҷа саъю кӯшишҳои муштараки онҳо ниҳоятан дар таърихи 27 июни соли
1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Назар ба
эътирофи ҳамагон мусолиҳаи миллии Тоҷикистон як мисоли бориз ва барҷаста дар
таърихи муносибатҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор рафта, намунаи ибрат ва
пайравӣ дар ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ, қавмӣ ва минтақавӣ дониста мешавад.
Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон як
воқеияти инкорнопазир ва пойдор мондани он як боястигии таърихист ва акнун, ки
миллати бофарҳанги тоҷик бо ҳиммате мардона барои зинда гардонидани гузаштаи
табнок ва пурбори таърихии худ пой ба роҳ ниҳодааст, бояд бедору ҳушёр пеш
биравад ва таърихи ояндаи худро чунон бисозад, ки тӯфону тундбоди ҳаводис ва
балоҳои рӯзгор натавонанд зарраи хоке аз кунгураи кохи баланд ва боазамати
истиқлолу озодӣ ва оштиву бародарии он бикоҳад.
Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти
миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт
ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.
Умуман, сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон
ҳамватанони мо, ба даст омадааст, дар миқёси умумиҷаҳонӣ рӯйдоди беназир ва
намунаи ҳалли мухолифату низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрӯз дар гӯшаву канори
гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст.
Иноят ҚАЛАНДАРОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ