Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КРИОСФЕРА ҲАМЧУН ЗАМИНА БАРОИ АМНИЯТИ ГЛОБАЛӢ
single-product

ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КРИОСФЕРА ҲАМЧУН ЗАМИНА БАРОИ АМНИЯТИ ГЛОБАЛӢ

2025-06-11 21:42:43

Дар ҳама давру замон об на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки пояи устувории тамаддунҳо будааст. Аз қадимтарин маданияти башарӣ то муосиртарини он обро ҳамчун нерӯи пайвандгари фарҳанг, иқтисод, муҳити зист ва сиёсат пазируфтаанд. Имрӯз, дар замоне ки инсоният бо чолишҳои бесобиқаи тағйирёбии иқлим рӯбарӯст, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба масъалаи сарнавиштсоз табдил ёфтааст. Дар ин замина, Тоҷикистон ба ҳайси кишвари кӯҳистонӣ ва дорои захираҳои бузурги оби тоза дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи хоса пайдо кардааст.

Дар чорабинии сатҳи баланд, ки рӯзи 8 июни соли 2025 дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуд, оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосфера) барои солҳои 2025–2034-ро эълон карданд. Дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи илмӣ ва дипломатии ҷаҳонро ба масъалаи таҳдидҳои пиряхӣ ҷалб намуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Фаронса дар бораи эълони солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як иқдоми таърихӣ мубаддал гаштааст. Қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ на танҳо аҳаммияти илмҳои яхшиносиро эътироф мекунад, балки онро ҳамчун абзори асосӣ барои фаҳмиши равандҳои глобалии иқлимӣ ва барномаҳои мутобиқшавӣ ба танзим медарорад.

Илмҳои криосферӣ маҷмӯи фанҳои байнисоҳавие мебошанд, ки объектҳои яхкардаи замин, аз ҷумла пиряхҳо, барфи доимӣ, қутбҳои яхбаста, қабати яхкардаи хок, яхбандии уқёнуси Арктика ва Антарктидаро меомӯзанд. Ин соҳа дар маркази тадқиқоти муосир дар соҳаи тағйирёбии иқлим қарор дорад, зеро криосфера ҳамчун нишондиҳандаи асосии афзоиши ҳарорати глобалӣ ва таҳдид ба манобеи оби тоза мебошад. Илмҳои криосферӣ на танҳо ҳолати муҳити зистро нишон медиҳанд, балки барои қабули қарорҳои сиёсӣ ва роҳандозии стратегияи мутобиқшавии кишварҳо нақши муҳим мебозанд.

Бо назардошти он ки тағйироти криосфера нишондиҳандаи мустақими гармшавии глобалӣ ва хатарҳои обиву муҳити зист мебошанд, ҷаҳони муосир ба ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ ва сиёсати устувор ниёз дорад. Маҳз бо дарки ҳамин зарурат, Тоҷикистон ва Фаронса ташаббус пеш бурданд, ки солҳои 2025–2034 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)” эълон карда шавад, зеро илмҳои криосферӣ дар замони муосир бо як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯянд:

1. Дастнорасии ҷуғрофии объектҳо ва душвориҳои логистикӣ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва қутбӣ;

2. Маҳдудиятҳои дастрасӣ ба маълумоти дақиқ ва моделҳои илмии дуруст;

3. Камбуди инфрасохтори техникӣ, аз ҷумла моҳвораҳо, сенсорҳои дурдаст ва мониторинги доимӣ;

4. Норасоии ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус дар кишварҳои рӯ ба рушд;

5. Номувофиқии таҳқиқоти илмӣ бо сиёсатгузориҳои амалӣ;

6. Камбуди кадрҳои тахассусӣ дар соҳаи яхшиносӣ ва омӯзиши криосфера.

Ҳадафи асосии ин даҳсола ҳалли ин мушкилот ва таҳкими пойгоҳи илмиву сиёсӣ барои таҳқиқи криосфера ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Татбиқи муваффақонаи он метавонад ба як қатор натиҷаҳои муҳим оварда расонад, ки онҳо чунинанд:

1. Густариши шабакаҳои мониторинг ва таҳқиқоти замонавии пиряхҳо;

2. Таҳияи моделҳои дақиқи пешгӯии равандҳои яхшавӣ ва обшавӣ;

3. Ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ба марказҳои илмии криосферӣ;

4. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва муттаҳидсозии сиёсати иқлимиву илмӣ;

5. Таҳкими иқтидори инсонӣ ва рушди таҳсилоти тахассусӣ дар самти илмҳои криосферӣ;

6. Афзоиши нақши кишварҳои осебпазир дар сиёсатҳои иқлимии байналмилалӣ.

Тоҷикистон, ки дар қаламрави он то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ ҷойгиранд, дар таъмини амнияти обии минтақа нақши калидӣ мебозад. Таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи пиряхҳо, татбиқи 14 ташаббуси байналмилалии обу иқлим ва пешниҳоди “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нишондиҳандаи садоқати Тоҷикистон ба наҷоти криосфера мебошад.

Даҳсолаи илмҳои криосферӣ ин на танҳо фурсати илмӣ, балки як имкони сиёсӣ барои ҷомеаи башарист, то аз хатари фоҷиаи глобалии обшавии пиряхҳо ҷилавгирӣ намояд. Таъмини натиҷаҳои пойдор дар тӯли ин даҳсола фақат бо роҳи ҳамгироии илм, сиёсат ва масъулияти инсонӣ имконпазир хоҳад буд.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон макони зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳамчун манбаъҳои асосии оби тоза дар минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Аммо раванди обшавии суръатноки пиряхҳо, ки дар шароити афзоиши ҳарорати глобалӣ рӯз то рӯз шадидтар мешавад, хатари мустақим ба амнияти озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зисти минтақаро ба миён меорад. Ин раванд на танҳо табиатро таҳдид мекунад, балки арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии марбут ба обро низ зери суол мебарад.

Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва роҳбари ташаббускори ҷаҳонӣ, пайваста талош меварзанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷалб намоянд.

Зикр бояд кард, ки дар тӯли 20 соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон 14 қатъномаи муҳими СММ дар масъалаҳои обу иқлим қабул гардидаанд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз «Соли байналмилалии оби тоза (2003)»; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015»; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»; «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025) ва таъсиси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март).

Ин ташаббусҳо, ки натиҷаи тафаккури стратегӣ ва иродаи сиёсиву башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат мебошанд, имрӯз дар маркази рӯзномаи ҷаҳонии устуворӣ қарор доранд. Эълони “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” низ ҳамчун идомаи мантиқии ин раванд ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ байни илм, сиёсати байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мешавад.

Пешвои миллат дар суханронии худ изҳор доштанд, ки илмҳои криосферӣ бояд ба таҳкими пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии кишварҳо мусоидат намуда, шароити пешгӯӣ, мониторинг ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлимиро беҳтар созанд. Ҷалби сармоя, тақвияти иқтидори миллӣ ва ҳамгироии илмҳои геофизикӣ, гидрология, моделсозӣ ва сиёсати экологӣ бояд ба маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд.

Имрӯз Тоҷикистон, ки сарзамине бо пиряхҳои азим ва дарёҳои ҷорӣ аст, ба ҷаҳониён паём медиҳад: “Об ва иқлим сарнавишти як халқу як миллат нест ва он сарнавишти тамоми инсоният аст.” Ин паём танҳо аз забон не, балки аз амал, аз ташаббус, аз саҳми воқеӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ садо медиҳад.

Даҳсолаи илмҳои криосферӣ фурсати нав барои ҷомеаи ҷаҳонист ва он даврони андеша, ҳамгироӣ ва наҷоти табиат аст. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як бори дигар исбот намуд, ки кишвари мо ташаббускори корнамоиҳои бузург аст, зеро дар он ирода, андеша ва виҷдони инсони комил дар ҳифзи муҳити зист ва экология ҳукмфармост.

Фарҳод Раҳимӣ,

академики АМИТ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон