
“МАЛАКАИ КАСБӢ” - ВАСИЛАИ ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБИИ ХОНАНДАГОН
2025-06-11 21:44:34
Дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соҳаи афзалиятнок маҳсуб ёфта, ҳамеша
зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати мамлакат
барои рушди соҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷиҳати азнавсозии низоми таълим,
таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
ва дастрасии аҳолии кишвар ба таҳсилоти босифати касбӣ чораҳои муассир
меандешад.
Боиси фараҳу қаноатмандӣ аст, ки имрӯз наврасону ҷавонони кишвар ба
касбомӯзию ҳунаромӯзӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ шақу завқи зиёд дошта, зери
таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати кишвар қарор доранд. Дар мамлакат барои соҳибкасб
намудани аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон 65 муассисаи таҳсилоти
ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки дар
онҳо барои омӯхтану аз худ кардани касбу ихтисосҳои муосир шароити зарурӣ
фароҳам оварда шудааст.
Лозим ба қайд аст, ки давоми солҳои охир
дар ҷумҳурӣ таҳти cарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои
ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифт», «Тоҷикистон –
Ватани азизи ман» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор
мегардад, ки дар ин озмунҳо хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар пайравӣ аз иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм
аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ»-ро аз рӯйи ихтисосҳои касбҳои
коргарӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
мегузаронад.
Мақсади асосии гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” дар байни
хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин такмили донишҳои
назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби
касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбӣ ва
тақвияти тафаккури техникии хонандагон буда, барои баланд бардоштани завқи
эҷодкорӣ, дарёфти хонандагони навовар ва инкишофи қобилияти эҷодии онҳо
мусоидат менамояд.
Дар соли равон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Озмуни
ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоии касбӣ Низомномаи озмун бо фармоиши дахлдори раиси Кумита оид
ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ карда шуда, Кумитаи тадорукотии
озмун дар назди Кумита таъсис дода шуд.
Тибқи Низомнома Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» аз рӯйи 15 ихтисос, аз
ҷумла ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид
ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани
компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри
барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти
истеҳсолоти кишоварзӣ, челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ
санитарӣ, гаҷкори ҷузъҳои меъморӣ, ошпаз - қаннод, кандакорӣ дар чӯб ва пӯсти
чӯб, санъати сартарошӣ ва косметикаи ороишӣ ва ронандаи автомобил дараҷаи “С”
дар шакли назариявӣ ва иҷрои корҳои амалӣ байни хонандагони муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру
ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи
касбӣ” дар вилояти Суғд дар заминаи литсейҳои касбии техникии ноҳияи Зафаробод
ва шаҳри Хуҷанд, дар вилояти Хатлон дар заминаи литсейҳои касбии техникии
ноҳияҳои Вахш ва Восеъ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар заминаи Литсейи
касбии техникии шаҳри Ваҳдат ва дар шаҳри Душанбе дар заминаи литсейҳои касбии
техникии нақлиёти автомобилӣ, сохтмонӣ, политехникӣ, дӯзандагӣ, хизмат ва
туризми шаҳри Душанбе доир гардида, дар он 1175 нафар хонандагон аз 59
муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ иштирок намуда, 240 нафар
хонандагон ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол карда, ба даври ниҳоии озмун роҳ
ёфтанд.
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” давоми рӯзҳои 26-27-уми
майи соли 2025 бо иштироки 240 нафар хонандагон-ғолибони даври якуми озмун дар
25 синфхона ва устохонаи таълимии литсейҳои касбии техникии нақлиёти
автомобилӣ, сохтмонӣ, дӯзандагӣ ва политехникии шаҳри Душанбе баргузор гардида,
60 нафар хонандагон аз рӯйи 15 номина дар асоси қарори комиссияҳои фаннӣ ғолиби
даври ниҳоии озмун дониста шуда, бо дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм, медал
ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин, ба аъзои комиссияҳои фаннӣ, директорону омӯзгорон ва устоҳои
таълими истеҳсолии як қатор литсейҳои касбии техникӣ ва хонандагон-иштирокчиёни
даври ниҳоии озмун барои арзёбии донишу маҳорати хонандагон, тайёр кардани
хонандагон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмун Сипоснома ва Ифтихорномаи
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақдим гардид.
Бояд қайд намуд, ки маросими ҷамъбастии
даври ниҳоии озмун санаи 27 майи соли 2025 дар Амфитеатри Боғи фарҳангию
фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо пешниҳоди дастовардҳои хонандагону
донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбии техникии шаҳри Душанбе ва барномаи ҷолиби
фарҳангӣ баргузор гардид.
Аз раванди ташкил ва баргузории даври ниҳоии озмун метавон хулоса кард, ки
хонандагони литсейҳои касбии техникӣ бо омодагии ҷиддӣ ба озмун омада, малака
ва маҳорати касбии худро нишон доданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар тайёр кардани
хонандагон ва иштироки онҳо дар даврҳои якум ва дуюми озмун саҳми омӯзгорону
устоҳои таълими истеҳсолӣ ва роҳбарияти литсейҳои касбии техникӣ назаррас
мебошад.
Воқеан, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати
мамлакат барои гузаронидани чунин озмунҳо ва ҷалби бештари хонандагону
донишҷуёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ин гуна
озмунҳо тамоми шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шудааст. Зимнан бо ин,
хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
метавонанд аз ин имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода бурда, донишу
маҳорати худро сайқал диҳанд.
Рушди рӯзафзуни зинаҳои таҳсилоти касбӣ, хусусан зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбӣ дар мамлакат ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ нишон медиҳад,
ки танҳо бо илму донишҳои муосир ва ихтирооту навоварӣ дар назди аҳли башар
метавон сарбаланд шуд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар андешаи омӯхтани илму
дониш, ихтирооту навоварӣ ва аз худ кардани касбу ихтисосҳои муосир бошем.
АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло,
муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
