
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЧАРОҒИ РӮШНОИИ МИЛЛАТ
2025-06-10 17:27:33
Мафҳуми ваҳдати миллӣ имрӯз барои мардуми тоҷик аз як шиори сиёсӣ болотар
рафта, ба як ғояи муқаддас ва пояи аслии ҳастии давлат табдил ёфтааст. Вақте ки
сухан дар бораи ваҳдати миллӣ меравад, пеши назар лаҳзаҳои душворе меояд, ки
халқи тоҷик баъди ба даст овардани истиқлолият аз сар гузаронид. Ҷанги
шаҳрвандие, ки дар ибтидои солҳои 90-ум оғоз гардид, Тоҷикистонро ба вартаи
нобудӣ ва парокандагии миллӣ бурда буд. Аммо бо хиради сиёсӣ ва иродаи қавии
фарзандони бонангу номуси миллат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон, кишвари мо аз он буҳрони шадид наҷот ёфт. Имзои Созишномаи умумии сулҳ
ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид, ки заминаи
асосии барқароршавии сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд.
Маҳз пас аз ба имзо расидани ин созишнома, шинохти амиқи манфиатҳои миллӣ,
эҳтироми арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва эҳёи ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ дар
ҷомеа густариш ёфт. Ваҳдат дар шароити бисёрқавмӣ ва гуногунандешии ҷомеаи
Тоҷикистон ба рамзи ягонагӣ ва нишонаи баландтарини суботи иҷтимоӣ табдил ёфт.
Бе ваҳдати миллӣ на рушди иқтисодӣ имконпазир аст, на амнияти давлатӣ, на
муаррифии шоистаи миллат дар арсаи байналмилалӣ. Ваҳдат маънои ҳимояи умумии як
кишварро аз ҳар гуна ҷудоӣ, ихтилоф, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ дарбар
мегирад. Он мисли қалъаи мустаҳкамест, ки ҳар яки мо бояд хишти онро бо меҳнат,
фазилат ва садоқат болобардорӣ кунем.
Мутаассифона, таҷрибаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳар вақте ваҳдат ноустувор
бошад, пояҳои давлатдории миллӣ фурӯ мерезанд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон
на танҳо василаи сулҳ, балки шарти асосии бақои миллат ва рушди ояндаи он
мебошад. Ин рисолати таърихӣ, ки бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар аст, бояд бо
дарки баланди масъулият амалӣ гардад. Хусусан насли ҷавон, ки ояндасозони
давлатанд, бояд шомили фаъолонаи раванди таҳкими ваҳдат бошанд. Онҳо бояд
донанд, ки таҳкими сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ на дар шиор, балки дар амалҳои
рӯзмарраи ҳар нафар таҷассум меёбад.
Имрӯз мо мебинем, ки дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии
кишвар арзишҳои ваҳдати миллӣ ҳамчун меъёр ва раҳнамои ҳаракат қарор
гирифтаанд. Тараққиёти соҳаҳои муҳими иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг,
рушди инфрасохтор ва сиёсати хориҷии мутавозин маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ
ба даст омада истодааст. Ҳама гуна дастовардҳои назаррасе, ки Тоҷикистон дар ин
се даҳсолаи охир ба он ноил гардид, маҳз дар фазои ваҳдат ва суботи сиёсӣ амалӣ
шудааст.
Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ имрӯз на танҳо як вазифаи сиёсӣ, балки қарзи
виҷдон, қарзи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди миллат мебошад. Миллате,
ки ваҳдат надорад, наметавонад мустақилона тақдири худро муайян созад. Барои
ҳамин, бояд мо ҳама якҷо — новобаста аз миллат, мазҳаб, забон ё минтақа — зери
як парчам, бо як ормон ва як дилу як ният кор кунем. Танҳо дар ҳамдигарфаҳмӣ ва
якдилист, ки мо метавонем ба марҳилаҳои нави тараққӣ қадам гузорем, насли навро
дар рӯҳи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия кунем ва Тоҷикистонро ба сарзамини
пешрафтаву шукуфон табдил диҳем.
Дар фарҷом бояд гуфт, ки ваҳдати миллӣ он шӯълаест, ки дар тӯли таърих
ториктарин лаҳзаҳоро рӯшан карда, халқи тоҷикро аз парешониву парокандагӣ наҷот
додааст. Ин рӯшноӣ имрӯз низ фурӯзон аст ва вазифаи мо – наслҳои имрӯз ва фардо
– онро ҳифз кардан, рушд додан ва ҳамчун арзиши муқаддас ба наслҳои минбаъда
мерос гузоштан мебошад. Зеро танҳо бо ваҳдат, танҳо бо якдилӣ ва танҳо бо
эҳтиром ба ҳамдигар метавон давлати миллии устувор ва ҷомеаи мутамаддину
пешрафта сохт.
Сарбоззода Беҳрӯз,мудири шуъбаи таълими Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод