Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲИФЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ВАТАНДОРӢ ВА ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
single-product

ҲИФЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ВАТАНДОРӢ ВА ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

2025-06-21 21:22:13

Имсол аз имзои санади муҳиму сарнавиштсози миллати тоҷик - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва неруҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодии давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд.

Баъди баргузории 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ бо намояндагони мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Дар бораи аҳамияти имзои ин санади муҳим Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар минтақа барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Имрӯз Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги худ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби омӯзиш дар Донишгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Кения табдил ёфтааст. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳомез ва эҳтироми арзишҳои башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо зиёда бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли кишвари моро расман эътироф намудааст. Дар кишвар стратегияҳои калидии рушди миллӣ, аз ҷумла, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин муваффақиятҳо меваи ширини Ваҳдати миллӣ аст.

Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагию ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳию худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад. Истиқлолият бошад ба мо имконият дод, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва ҷовидонаи миллат шуруъ намоем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки пояи давлати мо мањз бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд.

Зикр намудан зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти миллии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст, зеро ҳоло инсоният бо хатару таҳдидҳои мутлақан нав дучор гардидааст, ки масъалаи ваҳдати миллиро боз муҳимтар ва мубрамтар намудааст. Аз дидгоҳи он ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар меҳвари бозиҳои геополитикӣ ва манифатхоҳии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун узви ин минтақа аз доираи таъсир берун буда наметавонад. Фазои минтақа тақозо менамояд, ки муҳити идеологиву сиёсии кишвар боз ҳам пурқувват карда шавад.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро бо сарварии Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ кардем.

Шамсулло ЮСУПОВ,

сардори Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосиботи Кумита