
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - САМАРАИ ТАЛОШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2025-06-21 21:17:33
Ваҳдати миллӣ
шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ
ҳукмфармост, он рӯз аз рӯз, гул - гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва
фарҳангӣ пеш меравад. Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша дилчасп ва форам
ба гӯш мерасад.
Вожаи сулҳ ин
якдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ мебошад. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, поктиннатӣ ва
миллатдӯст буданро ифода мекунад. Маҳс ваҳдат аст, ки дар қалбҳои тамаддунофар
ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди
воқеан таърихӣ ва азизу гироми чун ҷон муқаддас мебошад.
Асосгузори
Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯьтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд «Созишномаи сулҳ барои
сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба
вуҷуд овард зиндагии мардумро фароҳам сохт, ки онро ҳар як фарди покдилу
некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».
Заминаи асосии
Ваҳдати миллӣ ин пеш аз ҳама сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ
Раҳмон ва саъйю талошҳои ин шахси бедордил ва бо меҳнати софдилона, созандаю
бунёдкоронаи мардуми баору ватандӯсти диёр мебошад. Ҳар як тоҷики ватанпарвар
ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳудӯсту
бунёдкор буд. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳони бори дигар исбот намуд, ки халқи тоқикро
дар масири таърих ҳамчун миллати кӯҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ,
бунёдкору заҳматкаш ва дорои хиради азалӣ эҳтирому эътироф менамоянд.
Он ҷанги
бародаркуш, ки боиси қатлу ғорати мардуми бегуноҳ буду оташи доманадораш деҳьа
ба деҳа ва хонаҳои мардумро ба коми худ фурӯ мебурд. Мардум қад - қади соҳили
дарёи Панҷ бо зарурати убури сарҳад ҷони худу оила ва кӯдаконашро наҷот
медоданд. Мардуми гурезаи тоҷик ба Афғонистон гузашта дар мавзеи Мазори Шариф
қарор гирифта буданд. Президенти кишвар Пешвои хирадманд ҳамаи гурезагонро ба
ватан баргардонид, зерро баъди он ҳама гирудорҳои замони ҷанг Эмомалӣ Раҳмон
барои наҷоти давлату миллат кӯшиш намуда, бо паёми орифонааш «Ман ба хонаи шумо
сулҳ меофарам» гурезаҳои дар кишварҳои хориҷа сарсону саргардон бударо ба ватан
баргардонид.
Ба имзо
расидани созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботи оромии воқеиро
таъмин намуд, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард. Сулҳ оштиву фарзонагӣ,
якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум намуд. Ваҳдат бошад
беҳтарин неъмат, орзуву ормони мардум, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду
нумӯъи давлат ва ҳастии инсон дар ҳар як давру замон мебошад.
Дар Тоҷикистони
соҳьибистиқлол бо шарофати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати наве бо
номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он
тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали
хирадмандона самараи нек ба бор овард, ниҳоят тоҷикон ба мувоффиқа омада, даст
ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти
миллӣ 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Хушбахтона пас аз имзои созишнома
зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул - гул шукуфт.
Маҳз бо
кӯшишҳои пайгиронаи Призиденти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миллати
парешон сарҷам омад. Мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик
нишони хурсандӣ, ваҳдату сулҳ, тинҷию оромӣ падидор аст.
Умри неки
ҷовидон аз Ваҳдат аст,
Шодии пиру
ҷавон аз Ваҳдат аст.
Меҳани ободу
зебои маро,
Ифтихори шаъну
шон аз Ваҳдат аст.
Манзура Раҳматуллозода, директори Литсейи касбии агросаноатии шаҳри Конибодом